15:03:59 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НАЗРИ ЯЗДОНӢ – ВАССОФИ ВАТАН-2

Назри ЯздонӢ муаллифи

«БӮйи ҷӮйи МӮлиён»-и даврони мост
Ё худ он  шоире, ки  фақат як шеъраш ғарибонро соҳибватан карду
Тоҷикистонро беҳтар аз ҷон, шастсола шуд.

 «Тоҷикистон ҷону ҷонон»

Баҳори соли 1993. Шаҳри Қундузи Давлати Исломии Афғонистон. Раҳбарияти Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки сарпарастии муҳоҷиринро ба ӯҳда дошт, бар ин назар буд, ки барои бозгашти сарбаландонаи муҳоҷирин ба Ватан муборизаи мусаллаҳонаро як муддате ба мақсади фишор овардан болои ҳукумат идома додан даркор аст. Барои чунин як кореро кардан пеш аз ҳама мардумро сарҷамъ нигоҳ доштан лозим буд. 

Вале  як қисмате аз мардум моҳҳои апрел ва майи соли 1993 бозгашт ба Ватанро шурӯъ карданд. Вақте, ки раҳбарияти кумитаи муҳоҷирин сабаби бозгашти фирориёнро он замон таҳлил намуд, аён гашт, ки яке аз сабабҳои асосии бозгашти онҳо ин даъвати радиои Тоҷикистон, махсусан гуфторҳои барномаи «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар», мебошад.

 

Авдаткунандагон мегуфтанд: «Мо дар Афғонистон аз лиҳози хурду хӯрок, амният, ҷои зист, доштани машғулият камбудие надорем. Камбудии мо ин беватанист. Тоҷикистон Ватани мост. Тоҷикистон ҷону ҷонон аст, мегуфтанд бо ишора ба суруди «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон». Бубинед, акаи Саидқул дар сурудаш чӣ мегӯяд: 

Пардаҳои нағмаҳоямро бикан,

Бар барои бекафанҳоям кафан.

Эй ғарибони Ватан овардаам,

Пораеро аз Ватан дар ҳар сухан.

 Онҳо низ имрӯз барои мо ғам мехӯранд. Ёди моро мекунанд. Онҳо эҳсоси надомат аз ин ҷанг мекунанд»,- мегуфтанд фирориҳои азми ватанкарда. Вақте ба онҳо мегуфтанд, ки охир дар Тоҷикистон ҳанӯз оромӣ нест, ҷони худро аз даст хоҳед дод, фирориён бо мисраи дигари ҳамин шеър ҷавоб мегуфтанд: «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон!» Майлаш, ҷонамонро бигиранд, вале дар Тоҷикистон бигиранд. Охир Тоҷикистон беҳтар аз ҷон аст...».

 Ҳамин тариқ оҳиста- оҳиста ин суруд гурезаҳоро як-як, ду-ду  ба Ватан бармегардонд.

 «Шеър хоҳарони моро аз беномусшавӢ наҷот дод»

 Ана ин қиссаро бошад ман  аз забони як қумандони «Фронти халқӣ», ки номашро Таваралӣ гуфт, шунидам. «Баҳори соли 1993 буд,- ба ёд овард ӯ. Моро ба маркази  водии Рашт барои аз байн бурдани дастаҳои мусаллаҳи мухолифини ҳукумат фиристода буданд. Дастаи мо аслан аз тоҷикони мӯъмину мусалмони намозхон иборат буд. 

Аммо дар водӣ гурӯҳҳои мусаллаҳи мансубияти миллиашон ғайритоҷик, ки худро нирӯӣ ҳукуматӣ гуфта нисбати мардум аз ҳад зиёд бедодгарӣ мекарданд, кам набуданд. Махсусан гурӯҳҳое низ буданд, ки аз кишвари ҳамсоя ворид шуда, асосан бо баҳонаҳои гуногун ба қатлу куштор ва ғорати моликияти мардуми бегуноҳ машғул буданд. Мо инро медидем, вале дар аввал ихтилоф нашавад гуфта, чизе намегуфтем. 

Як субҳ аз радио суруди «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон»-ро дар иҷрои Саидқул Билолов шунидам.  Фаҳмидам, ки суруди нав аст. Рости гап,  баъди шунидани ин суруд ман фикр кардам, ки сиёсати ҳукумат нисбати ҷанг ва муносибат бо мухолифин тағйир хӯрд. Зеро ишораҳое дар ин шеър ба ин чиз мушоҳида мешавад. Суруд ба ман сахт таъсир кард. Махсусан мисраъҳои зерин маро ба амалҳои қотеъона алайҳи беадолатиҳои ҳамяроқони золимам даъват мекард: 

Тоҷикистон, зиндаам бо бӯи ту,

Кӯр бодо чашми бад бар сӯи ту,

Дур бодо ранги зарду гарди дард

Ҷовидон аз рӯи ту, аз ҷӯи ту.

 Бачаҳоямро гирифта ба кӯча баромадам. Дидам, ки  дар маркази ноҳия панҷ шаш мусаллаҳи ғайритоҷик панҷ-шаш духтари 17-18 солаи тоҷикро ба болои як мошини боркаш зӯран бор карда истодаанд. Ду се нафар пиру кампир бо гиряву нола аз нафарҳои мусаллаҳ халосии духтаронро талаб мекарданд. Вале яке аз он нафарҳои мусаллаҳ, ки базӯр ба забони тоҷикӣ гап мезад, гуфт, ки «инҳо ҷосусҳои Ризвонанд. Онҳоро бурда пурсидан даркор. Агар доду вой гӯед шуморо низ мебарем».

 Рости гап,  ҳарчанд салоҳият надоштам, ки аз онҳо ҳуҷҷат пурсам, вале дигар тоқат накарда ҳуҷҷат пурсидам. Чун дидам, ки ҳуҷҷат надоранд, фармон додам, ки онҳоро халъи силоҳ кунанд. Духтаронро  ба дасти волидайнашон супоридем. Ана ҳамин тавр ин суруди Саидқули Билол, ки баъд фаҳмидам матнаш аз шоири дӯстдоштаам Назри Яздонӣ будааст, чанд хоҳари моро аз беномус шудан наҷот дод».

  …Шеъри «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» танҳо шоҳу аҳли рикобашро ба Ватан боз гардонду халос. Ва бубинед, ки  инак беш аз ҳазору сад  сол аст  вирди забонҳост. Муаллифони зиёде аз замонаш шурӯъ карда то ба имрӯз ин лаҳзаро ба ёд оварда Рӯдакиро барои ин шеъраш васфу тараннум мекунанд, ки «шоҳеро ба Бухоро ҳамчун моҳеро ба осмон»  бо зӯри сухан баргардондааст.

 Хонандаи гиромӣ, биёед акнун даст болои сина бигзорему бигӯем, ки оё шеъри «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон» камтар аз «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» ба миллат хизмат кардааст? Бале, матну оҳанги «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён»-ро танҳо як худи Рӯдакии бузургвор эҷод кардаасту онро худ сароидааст. Дар ин ҷои баҳс нест. Бале, матни «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон»-ро Назри Яздонӣ ва оҳанги онро Саидқули Билол, яъне ду нафар, эҷод кардаанд.

 Мусиқиро мутрибон навохтаанд, дастаи ҳофизон ҳамовозӣ кардаанд, хизмати радио низ  дар ин ҷо кам нест ва ғайраву ҳоказо. Дуруст аст. Вале мақсади асосӣ аз эҷоди ин суруд чӣ буд? Оё муаллифон ба ҳадаф расиданд? Ин аст саволи матраҳ ва ҷавоб ҳам як аст. Оре, ин  суруде, ки  ҳанӯз дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ эҷод шудааст, як тарафи мухолифатро  агар аз ғурбат ба Ватан боз гардонда бошад, тарафи дигарро ба қатъи қатлу ғорат ва пос доштани ҳисси  ватандорӣ даъват кардааст ва таъсири амалии худро дар ин росто гузоштааст.

 Ба ибораи дигар гӯем тарафҳои даргирро ин тарона бо як назокати ба муаллифонаш хос  ба мусолиҳаву ҳамдигарфаҳмӣ даъват кардааст. Баъди шунидани суруд дар ҳар як шунавандаи баору номуси тоҷик ҳисси ватандӯстӣ боло мегирад. Воқеан, суруди «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон» имрӯзҳо ҳам рисолати худро ба ҷо оварда истодааст. Имрӯзҳо ҳам ҳазорҳо ҳамватанони мо, ки пайи ризқу рӯзӣ ба кишварҳои дуру наздик рафтаанд, бо шунидани ин суруд дар сар хумори Ватан кӯшиши ҳарчӣ тезтар бо обрӯйи баланд ва дасти пур баргаштан ба Тоҷикистони азиз, ба назди зану пайвандонро мекунанд.

 Дар тӯйю ҷашнҳову маъракаҳо низ ин сурудро ҳама ҳозирин имрӯзҳо ҳам бо як ҳиссиёти баланд дастҷамъона мехонанд. Бешубҳа, он ба ҳайси як суруди ғайрирасмии умумимиллӣ миёни мардум эътироф шудааст. Дар бархе аз кишварҳо  на танҳо  муаллифони чунин таронаҳоеро, ки мардумро сарҷамъ месозанд, ба ваҳдат меоранд, қадру иззат мекунанд, балки худи сурудҳоро қадршиносӣ мекунанд. Тарғибу ташвиқ мекунанд. Бале, дуруст гуфтам. Зеро чунин сурудҳо хусусиятҳои зиёди созандагӣ доранд, онҳоро мебояд аз ҳамин роҳ, яъне аз роҳи таблиғ, истифода кард…

 Ман дар ин рӯзи саид ба муаллифи матни ин  тарона устоди меҳрубон Назри Яздонӣ, ки ба синни мубораки шаст медароянд, таманнои хушбахтиву саломатии бардавом карда орзуманди онам, ки Парвардигори муттаъол барояшон имконияту шароите бидиҳад, ки ба миллаташон боз бештар аз ин хизмат кунанд.

 Воқеан, муаллифи оҳанг, устоди ҳунари мусиқии тоҷик Саидқули Билол низ рӯзи 5-уми октябр зодрӯз доранд. Ба ин муносибаи ин марди шарифро низ шодбош гуфта барояш комёбиву бахту саодатро хоҳонем. Бигузор Худованди бузург садои довудии ӯро асрҳо дар фазои ин кишвари ҳамешабаҳору соҳибистиқлол танинандоз бисозад.

 Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi