11:29:52 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Каломи Мовароуннаҳр

(Нигоҳе ба китоби Шамолов Абдулвоҳид Абдуллоевич "Каломи Мовароуннаҳр", Душанбе, "Дониш", 2014)

Таҳти ҳамин унвон Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш таҳқиқоти пурарзиши донишманди тоҷик, роҳбари ҳамин пажуҳишгоҳ, профессор Абдулвоҳид Шамоловро ба табъ расонд.

movarounnahr-6596875Асари мазкур ба аҳвол, осор ва афкори яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илмии тоҷик дар қуруни вусто, бунёнгузори мактаби каломи Мовароуннаҳр, донишманди чаҳоншумул, имом Абумансур Мотуридии Самарқандӣ (вафоташ соли 994) ихтисос гирифтааст. Имом Мотуридӣ дар таърихи фарҳанги ислом бештар ба унвони яке аз бузургтарин донандагони илми калом (мутакаллимин) эътироф гардида, шӯҳрати ӯ дар ин ҷода ҳанӯз дар замони зиндагиаш саросари ҷаҳони исломро фаро гирифта буд.

Куллан калом илмест роҷеъ ба зоту сифоти Худованд, моҳияти нубуввату паёмбарӣ ва оғозу анҷоми ҳастӣ (мабдаъ ва маъод) дар заминаи таълимоти исломӣ. Ба таври густурдатар каломро метавон ба унвони андешаронӣ дар заминаҳои эътиқодию фалсафӣ талаққӣ кард. Омӯзаҳои каломӣ мубтанӣ бар далоили нақлӣ (яъне Қуръону суннати набавӣ) ва ақлӣ ҳастанд. Калом ба унвони илм пас аз ошноии мусулмонон бо фаласафаи классикии Юнон оғоз гардида, дар дифоъ аз усули ақоиди муслимин таййи чандин садсолаҳо ба унвони василаи муҳимме хидмат намуд.

Албатта, густариши ислом ва ошноии муслимин бо фарҳанг, дидгоҳҳои фалсафӣ, тамаддун ва гароишҳои динии ақвоми мухталифи таҳти тасарруфи хилофат аз ҷумлаи муҳимтарин аносири ташаккул ва такомули ҷараёнҳо ва мактабҳои гуногуни каломӣ, аз қабили хавориҷ, мурҷиъа, муътазила, ашъария, карромия, исноашария, ботиния ва ғайра гардиданд.

Ва дар чунин шароите нақши Мотуридӣ ва омӯзаҳои каломии ӯ дар рафъи ихтилофоти мазҳабӣ ва таъмини суботи сиёсию иҷтимоӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон хеле бузург буд. Бинобар ин метавон гуфт, ки таҳқиқи амиқи илмии ин мактаби каломӣ ва муқоисаи он бо назариёти ҷараёнҳои фавқуззикр аз аҳамияти зиёде бархурдор буда, имрӯз низ барои ҳаллу фасли ихтилофоти мазҳабӣ, ки метавонад ноамнии ҷомеаро дар пай дошта бошад, мусоидат хоҳад кард.  

Ва метавон гуфт, ки китоби профессор Абдулвоҳид Шамолов нахустин пажуҳиши илмии густурда ва фарогирест дар мавриди ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти илмии Мотуридӣ ва ҳамзамон роҷеъ ба вижагиҳои каломи исломӣ таййи таърихи таҳаввули он. Яъне муаллиф аз тариқи таҳлилу баррасии амиқи каломи Мотуридӣ нигоҳи дақиқу илмӣ ва нуктасанҷонае ба илми калом дӯхта, бадин васила ба авомилу аносири мухталифи он рушанӣ андохтааст. 

Дар боби аввали китоб сайри таҳаввули калом ба унвони илм ва василаи тавоною арзишманди ҷаҳонбинии динӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Аз ҷумла зуҳури калом ва шаклгирии равияҳои қадария ва ҷабрия дар он; пайдоиши макотиби каломии мӯътазила ва сар задани наҳзати ҷадиди суннатгароён аз ҷумла мактаби ашъария; каломи Имоми Аъзам ва мақоми он дар суннатгароии Мовароуннаҳр; вижагиҳои каломи ҳанафӣ ва ташаккули он аз чумлаи он масоили ҷолибе мебошанд, ки дар ин боб аз диди мухаққиқона таҳлил гардидаанд. 

Дар бобҳои дуввуму саввуми китоб моҳият ва мақоми низоми каломии Мотуридӣ дар илоҳиёти исломӣ, усулу вижагиҳои боризи ин низоми каломӣ дар муқоиса бо дигар мактабҳои каломӣ баррасӣ гардидаанд.

Аз ин таҳлилу баррасиҳо бармеояд, ки, бархилофи таъйиди бархе аз муҳаққиқон, миёни дидгоҳҳои каломии Имом Мотуридӣ ва мутакаллими маъруфи муосири ӯ Абулҳасани Ашъарӣ (873 - 935) ва пайравони ӯ, бо вуҷуди бархе аз нукоти муштарак, тафовутҳои боризе низ ба назар мерасад.

Яъне Мотуридиро метавон бунёнгузори мактаби каломии Мовароуннаҳр донист. Зимнан бояд мутазаккир шуд, ки ҳар ду мутакаллим низоми каломии худро дар посух ба фалсафаи муътазила ташаккул доданд. Мотуридӣ низ, мисли Ашъарӣ, тафсири оёти Қуръонро аз тариқи далоили ақлӣ имконпазир медонист. Аммо Мотуридӣ дар раванди дарки ваҳй (оёти худовандӣ) барои хирад (ақл) нақши бештаре қоил буд.

Ин матлаб, масалан, зимни исботи ҳастии Худованд ба таври ошкор ба назар мерасад. Дар ин маврид ашъариён танҳо бар далоили ваҳёнӣ (нақлӣ) такя мекарданд, вале Мотуриди ва пайравони ӯ дар ин амр истифода аз далоили ақлониро низ ҷоиз медонистанд. Мотуридӣ чунин мешумурд, ки далели ҳастии Худовандро метавон аз тариқи ақл дарк намуд. Аз тарафи дигар, аз диди Мотурдӣ авомири илоҳӣ аз тариқи ақл комилан қобили дарк нестанд, ва бояд танҳо ба унвони ваҳй ба онҳо имон овард. Яъне қазовати ниҳоӣ роҷеъ ба ҳусну қубҳи ашё ва аъмол бояд дар заминаи ваҳй сурат пазирад. Зеро моҳияти авомири илоҳиро роҷеъ ба ҳалолу ҳаром наметавон сирфан аз тариқи ақл ташхис дод.

Ба ҳамин минвол, Мотуридӣ ва пайравонаш дар қиёс бо ашъариҳо ба далоили ақлӣ бештар аҳамият қоил буданд ва аз ин лиҳоз қаробате ба муътазила доштанд. Вале дар айни ҳол онҳо бар хилофи муътазилиён ҳаргиз гирифтори ифроту тафрит нагардида, аз эътидол пайравӣ менамуданд. Аз ин ҷиҳат онҳо бо аҳли ҳадис ва фақеҳон низ, ки ақли инсонро дар ҳалли ин масоил нотавон ва қобили иштибоҳ медонистанд ва танҳо ба ваҳй такя мекарданд, то андозае ихтилофи назар доштанд.

Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки бо вуҷуди эътирофи далоили ақлӣ, Мотуридӣ барои Каломи Илоҳӣ авлавият ва аҳамияти бештаре қоил буд. Яке аз вижагиҳои равиши Имом Мотуридӣ иборат аз ин аст, ки вай зимни тафсири он оёти куръонӣ, ки даркашон аз тариқи табйини ақлӣ номумкин буд (муташобиҳот), аз оёте, ки маънии равшантаре доштанд (муҳкамот) истифода менамуд. Яне тафсири Қуръонро ба василаи худи Қуръон бар пояи оёте, ки фаҳмашон холӣ аз ҳар гуна мушкилот буд, ҷоиз медонист.

Пиромуни масъалаи зоту сифоти Худо низ Мотуридӣ назари шабеҳ бо ашъариён дорад ва воқеияти сифот дар зотро эътироф мекунад. Зимнан Мотуридӣ ва пайравонаш, ҳаммонанди ашъариён сифоти илоҳиро айни зоти ақдаси Ӯ намедонанд, тавре ки муътазила ба он ақида доштанд.

Тибқи назари мотуридия тамоми сифоти Худо, ҳам аз сифоти зотия ва ҳам сифоти феълия (ҳаёт, илм, қудрат, ирода, калом, самъ, басар ва таквин), азалӣ мебошанд, бар хилофи ашъариён, ки сифоти феълияро Ӯро ҳодис медонанд.

Роҷеъ ба масъалаи тадбири илоҳӣ ашъариён чунин мепиндоштанд, ки ин масъала куллан дар ихтиёри Худованд аст ва перомуни он набояд ба чуну чаро пардохт. Муътазилиён, ки муътақид ба ҳақиқати ташхиси моҳияти падидаҳо дар заминаи далоили ақлӣ буданд, назари комилан мухолиф доштанд, ва бар он буданд, ки Худованд ҳама чизро дар чаҳорчӯби қазову қадар меофаринад. Ва чун Худованд одил аст, пас Ӯ аз ду гузинаи имконпазир беҳтаринашонро меофарад.

Ба ин маънӣ, ки Худованд наметавонад ба анҷоми амали баде амр кунад ва аз кори хайре боз дорад. Мотуридӣ дар ин масъала роҳи миёнаро пеш гирифт. Ба ақидаи ӯ (ки ба муътазила қаробат дошт), Худованд ҳама чизро танҳо дар асоси қазову қадар меофарад. Вале бар хилофи муътазила хотирнишон месохт, ки Худованд дар амри офариниш ниёз ба касе ва ё чизе надорад, ва он чӣ мехоҳад, анҷом медиҳад ва иродаи мутлақ бо Ӯст.

Чуноне ки аз боби чаҳоруми китоб бармеояд, Мотуридӣ дар заминаи ихтиёри инсон ва қазои илоҳӣ низ назари бо дигарон мутафовите дошт. Масалан, ашъариён бар ин акида буданд, ки тамоми аъмоли инсонро Худо меофаринад. Ва инсон ин аъмолро танҳо касб мекунад. Ва касб иборат аз маҷмӯи амалҳоест, ки инсон қасди анҷоми онҳоро дорад ва тибқи хости Худованд сурат мегиранд. Инсон хеҷ гуна таъсир ва ё дахолате дар ин касб надорад. Вале Мотуридӣ, чунин мешумурд, ки Худованд он чиро, ки инсон ихтиёр мекунад, меофаринад.

Яъне инсон дар интихоби худ озод ва дорои ихтиёр аст. Ин донишманди мо ақидаи ашъариёнро дар бораи касб эътироф мекард. Вале бар хилофи онон, ки касбро офаридаи Худо медонистанд ва аз ин ҷиҳат ба ҷабриён наздик буданд, чунин мешумурд, ки касб ба воситаи нерӯе ба вуҷуд меояд, ки Худованд дар инсон халқ карда аст. Ва инсон бар асоси амалҳои озодона ва ихтиёрии хеш ризоият ва хушнудии Парвардгорашро касб мекунад. Ба ин тариқ, мавзеъгирии Мотуридӣ дар масъалаи озодии ирода миёни ашъария ва муътазила қарор дошт. 

Дар мавриди имкони дидори (руъяти) Худованд, ӯ чунин мешуморад, ки солеҳон ва растгорон дар ҷаннат ба дидори Худованд мушарраф мешаванд, вале чигунагии ин дидорро тавзеҳ намедиҳад, зеро ақли одамӣ дар тасвири он оҷиз аст.

Қуръон ба унвони каломи илоҳӣ аз дидгоҳи Мотуридӣ ноофарида ва ғайримахлуқ аст. Аммо ранге, ки бо он Қуръон дар коғаз навишта мешавад ва худи ин коғз махлуқанд. Ва ашъариён низ Қуръонро қадим, яъне ноофарида медонанд. Дар маҷмуъ мавзеъгирии аҳли суннат ва аз ҷумла мотуридиён нисбат ба ин масъала иборат аз он аст, ки қироат, китобат ва талаффузи калимоту ҳуруфи он махлуқ аст, вале маъонии Қуръон ғайримахлуқ ва қадим мебошад. Яъне Қуръон ба унвони сифате, ки дар зоти Худованд вуҷуд дорад (каломи илоҳӣ), монанди соири сифоти Ӯ, қадим аст.  

Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи Имом Мотуридӣ қарор дошта аст, қазияи омурзиши гуноҳон ва ин ки муъмин дар дузах ҷовидон намемонад, маҳсуб мешавад. Назари мотуридӣ пиромуни ин масъала бо нигариши уламои исломӣҷмоъ) мутобиқат дорад. Муътазилиён дар ин масъла назари дигаре доранд, ки тибқи он байни куфру имон як фосилае вуҷуд дорад (ал-манзилату байн ал-манзилатайн) ва мусулмони гунаҳкор на муъмин аст ва на кофир.

Бинобар ин агар мусулмони гунаҳкор тавба накунад, ба таври ҷовидон дар дузах боқӣ хоҳад монд. Аммо мавзеъи хавориҷ он аст, ки ҳар мусулмоне, ки даст ба анҷоми гуноҳон мезанад, кофир аст. Тавре ки мушоҳида мешавад, ҳам хавориҷ ва ҳам муътазила бар он ақидаанд, ки аъмоли инсон пайванди ногусастанӣ бо имони ӯ дорад. Вале аз дидгоҳи мотуридия амали инсон ҷузъе аз имони ӯ нест ва ҳатто муртакиби гуноҳи кабира аз имон хориҷ намешавад.

Абдулвоҳид Шамолов зимни таҳлили амиқи осори Мотуридӣ ва махсусан китоби маъруфи ӯ "Китобу-т-тавҳид", бо баррасии ҳамаҷонибаи осори мутакаллимини даврони баъдӣ ва ҳамчунин муқоисаи нуктасанҷонаи дидгоҳҳои донишмандони аврупоӣ пиромуни афкори ин алломаи ҷаҳоншумули тоҷик натиҷаҳои ҷолибе роҷеъ ба назарияи маърифат, шаклҳои маърифат, ғояҳои сиёсӣ ва ахлоқии ӯ ба даст овардааст, ки дар таърихи омӯзишу арзёбии илмии ақоиди мактаби каломии мотуридия назир надоранд.

Ин муҳаққиқи тоҷик ба сароҳат собит месозад, ки илми калом дар Мовароуннаҳр қабл аз даврони Мотуридӣ ба унвони мактаби дорои назарияи устувору пайрезишуда вуҷуд надошт. Ва маҳз Мотуридӣ буд, ки барои фаҳми дурусти насс (манобеи бунёдини динӣ - Қуръон ва суннат) ва дифоъ аз масоили ақидатӣ бо баҳра ҷустан аз нақл (омӯзаҳои динӣ) ва нерӯи ақл бар зидди пайравони мазоҳибу фирқаҳои гуногун ба муҷодалаи илмӣ пардохт ва мактаби каломии устувору тавоное ба вуҷуд овард.

Аз ин тариқ ӯ хидмати азиму арзишмандеро дар ростои ривоҷу равнақи илоҳиётшиносӣ, дифоъ аз мазҳаби Имоми Аъзам ва густариши бештари ин мазҳаб анҷом дод. Мотуридӣ бо нерӯи хирад дарёфта буд, ки чигуна асҳоби ҳадис (донандагони ҳадис) дар он даврон ба зоҳири насс пардохта, ба рӯҳу хақиқати он ба таври лозим таваҷҷуҳ намекарданд, ки ин равиш динро ба рукуду ҷумуд рӯ ба рӯ месохт. Ва ба ӯ муяссар гардид, ки миёни равиши асҳоби раъй (хирадгароён) ва асҳоби насс роҳе барои мусулмонон мақбул ва миёнаро пайдо намояд, ки ин амал муҷиби наҷоти ислом аз ифроту тафрит ва инҳирофоту рукуд дар Мовароуннахр гардид.

Албатта, зуҳури абармарде мисли Абумансури Мотуридӣ дар илм як фазои созгори маънавию фарҳангиеро тақозо менамуд. Ва чунин фазое бо баракати саъю эхтимоми амирони Сомонӣ ва низоми давлатдории онон арзи вуҷуд намуд. 

Дар таҳқиқи Абдулвоҳид Шамолов мароҳили ташаккул ва такомули мактаби каломии мотуридия арзёбӣ гардида, ҷанбаҳои мухталифу ба ҳам муртабити мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии ин падидаи арзишманд бо як равиши дақиқи илмию мантиқӣ таҳлил карда шудаанд. Ҳамчунин бахшҳои гуногуни каломи Мотуридӣ дар муқоиса бо дигар макотиби каломӣ дар мадди назар қарор гирифта, бартарии дидгоҳҳои каломии ин мутакаллими тоҷик ба таври дақиқ собит гардидааст.  

Замони мо, даврони фановарии пешрафта, аз афрод бархӯрди огоҳона ва мантиқиеро нисбат ба масоили маънавию ахлоқӣ тақозо дорад. Чун равобити олам наздиктар, пурмуҳтавотар ва ба таври бесобиқае печидатар шудааст. Ҳар дастоварди назарраси моддию маънавие дар андак замон дастраси ҷаҳониён мегардад ва вобаста аз арзиш ва аҳдофи худ то ин ё он андоза дар ҷомеаи инсонӣ нуфуз мекунад.

Гузашта аз ин дар ҷаҳони имрӯз афрод ва низомҳою нерӯҳои сиёсие низ арзи вуҷуд менамоянд, ки мехоҳанд аз тариқи таҳрифи арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии ислом, бо истифода аз бардоштҳои нодуруст аз омӯзаҳои исломӣ ва эҷоди ихтилоф миёни уммати ислом аҳдофи нопоки сиёсии хешро пиёда намоянд. Ин гуна нерӯҳо бештар рӯи афроде такя мекунанд, ки огоҳии чандоне аз ислом ва ҷаҳонбинии исломӣ надоранд ва онҳоро ба доми худ мекашанд.

Дар натиҷа миёни пайравони дини мубини ислом бар асари ҳамин ноогоҳӣ ва фирефтагӣ ихтилоф эҷод мешавад ва назму низом дар ҷомеа бо хатар рӯ ба рӯ мешавад. Ва инак ҳоло мо дар нуқоти мухталифи ҷаҳон шоҳиди чандин даргириҳои хунине ҳастем, ки маҳз бар асари тавтеаҳои ҳамин гурӯҳҳои нопок ва дар заминаи бехабарии омма аз арзишхои воқеӣ ва башардӯстонаи ислом сурат гирифтаанд.

Дар чунин шароит анҷоми пажӯҳиши арзишманде мисли китоби нави профессор Абдулвоҳид Шамолов "Каломи Мовароуннаҳр" хеле зарурӣ ба назар мерасад. Хосса, ки ин китоб бо таҳлили амиқу дақиқи илмӣ ва ҳамзамон бо шеваи хеле равшану фаҳмо таълиф гардида, на танҳо барои муҳаққиқон, кормандони мақомоти давлатӣ, ходимони динӣ, балки барои оммаи васеъи хонанадагон низ қобили фаҳм ва басо судманд мебошад. Барои ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуди ин гуна, китоб чун сипарест дар баробари тавтеаҳои он гурӯҳҳое, ки қасд доранд, мардумро аз чаҳорчӯби гароиши мазҳабии аҳли суннату ҷамоат берун сохта, аз ин тариқ оташи ихтилофоти мазҳабиро шуълавар созанд.

Муҳаммадсалом Махшулов

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 14 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi