16:32:04 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Табъи хуршедии манро набувад деворе

Ҳафтаи гузашта дар Душанбе рӯнамоии китоби ашъори доктор Абдулғафури Орзу, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон бо номи "Лабханди Худо" баргузор гардид. Дар он шоирон, нависандагон, олимону рӯзноманигорони тоҷику афғон ширкат доштанд.

1 doctor-orzu 1Доктор  Абдулғафури Орзӯ дар ҷаласаи рӯнамоии китоби худ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе бо ишора ба ду вожаи "сафир" дар забони форсӣ гуфт, ки ӯ танҳо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон нест, бал сафир ва садои дӯстию ҳамбастагии мардуми кишвараш бо мардуми Тоҷикистон ҳам мебошад.

"Дар хатти Рӯдакӣ мо ду вожа дорем: яке "сафир" ба син  ва дувумӣ "сафир" ба сод, -афзуд ӯ. Фарҳехтагон медонанд, ки "сафир" (бо син) намояндаи фавқулъодда ва мухтори як кишвар дар кишвари дигар аст ва аз кишвар ва миллати худ дар кишвари дигар намояндагӣ мекунад. Аммо "сафир" (бо сод) ба маънои овои осмонии ишқ, озодӣ ва дӯстӣ аст. Ман ифтихор дорам, ки бо масъулияти сиёсӣ ва масъулияти фарҳангӣ ва тамаддунӣ робитаи дӯстонаи ду кишварро мустаҳкамтар месозам".

"Лабханди Худо" ба теъдоди ҳазор нусха бо  ҳуруфи форсӣ ва кириллӣ дар чопхонаи "Мега-принт" ба нашр расидааст.

2 doctor-orzu 2Абдулғафури Орзу 53 сол муқаддам дар шаҳри бостонии Ҳирот таваллуд шудааст. Риштаи адабиёти форсиро дар Донишгоҳи тарбияти мударриси Теҳрон  хатм кардааст. Шеърҳои зиёде гуфтааст, ки дар маҷмӯъаҳое "Ҷоритар аз ҳамеша", "Чашм дар чашми ойина", "Суруди мусалсал" ва "Ҳамосаи Сотӣ Барзан" ба нашр расидаанд. Доктор Орзу инчунин чандин рисолаи илмию пажӯҳишӣ ва кутубе, монанди "Хӯшаҳое аз ҷаҳонбинии Бедил", "Диранге дар адабиёти Фаранг (барои донишҷӯён)", "Шод зӣ...(дар қаламрави Рӯдакӣ)", "Агар Фарҳод шуд, Ширин бимонод" дар бораи достони "Хусраву Ширин"-и Низомӣ, "Нақди Халилӣ", "Шеъру шуҳуди орифона", "Муқоисаи инсони комил аз дидгоҳи Бедил ва Ҳофиз", "Дар хонаи офтоб" (дар бораи Бедил) ва ғайраро мунташир сохтааст. Доктор Орзу аз соли 2010 сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон мебошад.

Ҳоло, хонандагони арҷманди ҳафтаномаи "Рӯзгор" намунаи чанд ғазалеро, ки устоди бузургвор доктор Орзу дар Тоҷикистон иншо намудаанд, аз китоби "Лабханди Худо" манзури хотири Шумо менамоем.

Гуфтумони дидаву дил

Гуфтумони дидаву дилро намедонад касе,

Мастии пинҳони бисмилро намедонад касе.

Мавҷи лабрез аз қазалолои дарёи хаёл,

Ташнакомиҳои соҳилро намедонад касе.

Бар баландои азал килки ғазалоро навишт,

Мустазоди пири комилро намедонад касе.

Аз ҳаро ояд сафири накҳатафзои камол,

Сураи сабзи музаммилро намедонад касе.

Бо нигоҳе менамоям машқи зебои гуноҳ,

Рози ин оҳанги ботилро намедонад касе.

Аз фаросӯ чидаам як чома иншои ҷунун,

Иддаои ринди оқилро намедонад касе.

Метапад дил дар нигоҳаш, вожагон номаҳрам аст,

Қиссаи хомӯши маҳфилро намедонад касе.

4.11.1389 ҳ., Тоҷикистон

Рӯдбори бориқа

Дил додаам, ки мастии дарё биёварӣ,

Мавҷе зи авҷи олами руъё биёварӣ,

Дил додаам, ки партави лабрез аз ҳузур,

Аз боргоҳи ҳазрати зебо биёварӣ.

Дил додаам, ки бо нигаҳи маънипарварат,

Як даста гул зи бовари фардо биёварӣ.

Аз рӯдбори бориқа бо чангаки хаёл,

Дар қолаби ғазал қазалоло биёварӣ.

Дил додаам, ки то нафаси вопасини субҳ,

Сад гуна офтоби дилоро биёварӣ.

Бо рақси нотамоми ғазалҳои обдор,

Гулвожаҳои нашъаи воло биёварӣ.

Мастона бо табассуми саршор аз сукут,

Як сура аз самоҳати саҳбо биёварӣ.

Тафсири ошиқонатарин машриқи шуҳуд,

Ҳар ламҳа бо тараннуми имо биёварӣ.

Бо гуфтумони дидаву дил чомаи висол,

Бар хотири фасурда Масеҳо биёварӣ.

17 далви 1389ҳ. Тоҷикистон

Дасти офтоб

Дар кӯчаҳои шабзада хуршед гум нашуд,

Дар гирдбоди ҳодиса умед гум нашуд.

Парвози паршикастаи наврӯз гул намуд,

Аз чашми ғамчакидаи дил ид гум нашуд.

Озода шуд ғубору ғурураш ғиреви бод,

Табболи бетааққули табъид гум нашуд.

Тардомане ба ашки надомат навишту гуфт:

Имони ношукуфтаву тардид гум нашуд.

Дар интиҳои кӯчаи бунбаст рӯшанист,

Дил бо шуҳуди бориқа рақсид, гум нашуд.

Аз машриқи шуҳуди табассум пиёла гир,

Ойинадори ҷилваи ҷовид гум нашуд.

То осмони отифа бо дасти офтоб,

Аз гармии нигоҳи ту гул чид, гум нашуд.

2.12.1389ҳ., Тоҷикистон

Хандаи хуршед

Баҳори бовари саршор аз сафо гул кард,

Суруди ҳамҳамаи сабзи ошно гул кард.

Хумори мастии чашме шукуфа басту шукуфт,

Ва дар сапедадамон мастии сабо гул кард.

Дар он дақиқа, ки лаб буду найлабак хомӯш,

Дили шикастаи лабрез аз наво гул кард.

Сафири қуи ғазалофарини танҳоӣ,

Ба умқи отифаи ринди порсо гул кард.

Дар интиҳои дили ғамкашидаи маҷзуб,

Нишоти нашъаи саршор аз Худо гул кард.

Ва гуфтумони шабоҳангу шаб нашида нашуд,

Шиори хандаи хуршед дар фазо гул кард.

Бо шахсори дили ғарқ дар ниёиши ишқ,

Румузи ройиҳаи васл дар дуо гул кард.

5 ҳути 1389 ҳ., Тоҷикистон

Яхбасти отифа

Оташ гирифт сарву шақоиқ суруд шуд,

Қумрӣ фиканд тавқу барошуфту дуд шуд.

Хокистаре, ки ҳамнафаси бод медавид,

Дар гирдбоди ҳодиса рамзи суъуд шуд.

Ин қиссае, ки ғусса дар он пар кашидааст,

Лабрез аз ҳикояти буду набуд шуд.

Ашки ҷаҳида аз нигаҳи чомаҷӯши оҳ,

Амвоҷи гӯр гирифтаи Зояндарӯд шуд.

Пӯёии тараннуми саршо аз Худо,

Бо яхбасти отифа ғарқи ҷамуд шуд.

Дил бо гудози лолатарин доғ дар гирифт,

Ойинадори обидаи ёдбуд шуд.

Парвона пар шикасту парешида машъале,

Оҳе кашиду шуъла фурӯ мурду дуд шуд.

7.12.1389 ҳ., Тоҷикистон

Дар остонаи дарё

Шикастаболаму боли шикасташуд қафасам,

Дар ин миёна надонам киям, чиям, чӣ касам?

Ба ёди қуи ғазалофарини танҳоӣ,

Дар остонаи дарё нишаста мултамасам.

Сафои мастии саршор аз сапедадамон,

Ҳавои тоза дамад бар нигоҳи мундарасам.

Ва бо тараннуми лабрез аз шукуфоӣ,

Ба поси сабзи табассум асири хору хасам.

Бунафша гуфт, ба сарви фитода дар оташ:

Ба доси кажманишӣ боғбон кунад ҳарасам.

Ба сони қақнуси оташгирифта мехонам,

Аз он ба тӯри ғазал ҷовидона чун қабасам.

Ба лаҳни бодаву борон тароват афшонам,

Масеҳи зиндадилӣ метароват аз нафасам.

13.12.1389 ҳ., Тоҷикистон

Тараннумҳои дилтангӣ

Тараннумҳои дилтангӣ ба дарё пар заду қу шуд,

Чакидан дар нигоҳи найлабак печиду Ому шуд.

Шақоиқ, Лайлии ошуфта дар саҳро кунад иншо,

Шуҳуди мастии Маҷнун нишоти чашми оҳу шуд.

Зулоли хандаи хуршедро шабнам чӣ медонад?

Ба оҳанги шикоят шуълавар шабтобу шаббӯ шуд.

Ба чашмам чашмасори зиндагӣ талхобаи ғам буд,

Чу аз чашми ту дидам кавсарафшон гашту мину шуд.

Ба Аржанги маъонӣ дода килки минавӣ ранге,

Ки Монӣ аз тамошои зарофат хаста, хасту шуд.

Аналҳақ мезанад табъи ғазаловои қақнусӣ,

Аз ин хокистари зоянда олам дар ҳаёҳу шуд.

Ба тоқи хилвати андеша су-су мезанад шамъе,

Аз ин оташсаро парвонаро майли фаросӯ шуд.

Ба дилдори барин дил додаму ойина гардидам,

Дарин ойина ӯ дил гашту дил ойинасон ӯ шуд.

29.13.1389 ҳ., Тоҷикистон

Обии дарё

Дар ҷаҳоне, ки дар он ҳамҳамаи неку бадаст,

Сурмаандуди алам ҳанҷараи Борбад аст.

Кӯчабоғе, ки дар он нест навои дафу най,

Бар саропардаи дилдор қасам чун лаҳад аст.

Дар тараннумкадаи ин дили саршор аз ишқ,

Нағмапардози азал чомасарои абад аст.

Осмон, обии дарёи табассум бар лаб,

Моҳтоби ғазал ойинае аз ҷазру мад аст.

Мавҷ аз мастии дарёшуда дорад парвоз,

Гарданафрозии бебоки ҳубоб аз ҳасад аст.

Шабнам аз хандаи хуршед ситонад мастӣ,

Гуфтумони шабу шабтоб агар мустанад аст.

Табъи хуршедии манро набувад деворе,

Сафрчини сафари меҳрбурун аз адад аст.

11.1.1390 ҳ.

Шаҳри ғазал

Тиҳӣ чу най шудаму нола дар гулӯ мондаст,

Садои рӯйиши андеша дар нумӯ мондаст.

Кабӯтарони ҳарам пар шикаста, ҷон доданд,

Ба зеҳни зоири афсурда бақ-бақу мондаст.

Замонае, ки дар он обрӯ шавад тақтеъ,

Чӣ гӯямат, ки чи сон об рафту рӯ мондаст.

Диле, ки саркашии мавҷ дар нигоҳаш буд,

Ба шоми дилҳура дар банди тори мӯ мондаст.

Румузи мастии рандони ташналаб, эй дӯст,

Зи бими муҳтасиби шаҳр дар сабӯ мондаст.

Зи ашки нолаи ман кӯҳ гашт мавҷи равон,

дар ин миёна ғамово тарона, қу мондаст.

Наметавон зи гули қоғазӣ гирифт гулоб,

Чи сон ба дафтари Беҳзод рангу бӯ  мондаст.

Агарчи моҳ лагадкӯби одамӣ гардид,

Вале ба шаҳри ғазал васли моҳрӯ мондаст.

Рабуда ними нигоҳаш тамоми донишу дод,

Диле, кина надорад ба Орзу мондаст.

Гусастасилсила, сабки суруд буду сукут,

Ҳазор ойина тасвири ту ба ту мондаст.

Қасам ба маснавии сабзи ҷовидонаи ишқ,

Тиҳӣ чу най шудаму нола дар гулӯ мондаст.

13.5.1391 ҳ., Тоҷикистон

Куҳантаронаи такрор

Навои нав шудам аз нойи ид мешунавам,

Сафои мастии субҳи умед мешунавам.

Ва аз каронаи маввоҷи ҷовидонаи ишқ,

Нишоти нашъаи куи сапед мешунавам.

Ғурури қуфли ғамангези шаб шикаста нашуд,

Пагоҳи панҷараро аз калид мешунавам.

Нуҳуфта дар нафаси сардоб гармии нур,

Суруди соҳили садди садид мешунавам.

Куҳантаронаи такрорро ба фасли сурур,

Дареғу дард зи насли ҷадид мешунавам.

Ба фоли қаҳва чӣ ҳоҷат, сафири озодӣ,

Ба авҷи дилхура аз боду бед мешунавам.

Баҳори бовари парвоз гул накарду фасурд,

Фусуни шабзадагони палид мешунавам.

Ва Боязиди дил имшаб чунон занад, ё Ҳу,

Ки тарсу воҳимаро аз Язид мешунавам.

Нигоҳи дилшуда имшаб, нишоти хулди барин,

Шуҳуди бориқаро аз шаҳид мешунавам.

2. 6. 1391 ҳ., Тоҷикистон

Таҳияи Султони Ҳамад, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi