18:45:52 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Рисолати Донишномаи миллӣ таълими насли давронсоз аст

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ ТОҶИК - шаҳкитоби китобҳои илмӣ-оммавӣ барои кулли мардуми тоҷик. Бо шарофати истиқлол, хушбахтона, мо тоҷикон соҳиби ин шаҳкитоби муқаддас шудаем, ки дар баробари байрақ, нишон ва суруди миллӣ гиромӣ дошта мешавад. Дуруст аст ки бо қарори КМ СССР аз соли 1969 ҳар як ҷумҳурии шомили Иттиҳоди Шуравӣ вазифадор карда шуда буд, ки Энсиклопедияи шӯравии хурди худро дошта бошанд.

bahodur 245445Аммо ин энсиклопедия аз энсиклопедияи онрӯзаи тоҷик аз замин то осмон фарқ дорад, зеро на характери умумӣ, балки хусусиятҳои сирф миллӣ дорад... Дар ин бора ва дигар масоили марбути энсиклопедия сӯҳбати хабарнигори "Рӯзгор" Сафаралӣ Раҷабро бо ҷонишини сармуҳаррири муассисаи Давлатии сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, олими шинохтаю писандидаи ҷумҳурӣ Баҳодури Раҳматзод, пешкаши хонандагони арҷманди ҳафтанома мекунем.

ӯҳтарам Баҳодури Раҳматзод, сараввал хуб мешуд мафҳуми энсиклопедияро шарҳ дода аз таърихи он каме маълумот медодед?

-Бо ҷону дил. Энсиклопедия китобест, ки дар он аз ҳар боби илм маълумотҳои зарурӣ барои оммаи васеи хонандагон пешкаш карда мешавад. Агар ба дарозои таърих аз қуллаи имрӯз назар кунем, мебинем ки ҳар як қавму миллат дар ҳама давру замонҳо асарҳои энсиклопедии худро доштаанд. (Ба мисли давлатҳои қадимаи Рим, Юнон, Миср ва ғайра). "Авасто" мисоли барҷастаи асари куҳани энсиклопедии Шарқ ба шумор меравад.

Баъдтар аз ҷониби тоҷикон ва дигар халқиятҳо низ асарҳои энсиклопедии умумӣ ва соҳавӣ рӯи кор омадаанд ("Рисолаҳои бародарони пок ва дӯстони бовафо", "Китоб-уш-шифо" ва ғайра). Азбаски дар ҳама давру замонҳо инсоният ба илм таваҷҷуҳи хосса доштааст, тавлиди донишнома-китобҳои ба омма нигаронидашудаи ҳамаи илмҳои замонаро фарогиранда кори зарурӣ маҳсуб меёбад. Дар даврони шуравӣ кор болои энсиклопедияҳои хурди миллӣ ҳанӯз солҳои 50-уми асри гузашта оғоз гардида буд.

Соли 1969 бо қарори бюрои КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон дар назди Академияи Улуми Тоҷикистон бо сарварии олими зиндаёд Муҳаммад Осимӣ кумитаи давлатии табъ ва нашр таъсис ёфт. Яке аз вазифаҳои он дар заминаи нашри 3-юми Энсиклопедияи калони СССР дар республикаҳои бародарӣ пайдо шудани энсиклопедияҳои хурди миллӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тариқ Энсиклопедияи Советии Тоҷик таъсис дода шуд. Бо қарори КМ СССР соли 1974 фаъолияти мустақил пайдо кард (дар тобеияти кумитаи табъу нашр). Дар давраи солҳои 1969 то 1987 ҳашт ҷилди Энсиклопедияи Советии Тоҷик ба табъ расонда шуд. Ин ҷилдҳо зиёда аз 35 ҳазор мақолаҳоро дар бар мегирифт, ки ба соҳаҳои гуногуни илм бахшида шуда буданд.

-Солҳои истиқлолият кор болои Энсиклопедияи миллии тоҷик чӣ гуна оғоз шуду ҷараён гирифт ва фарқи энсиклопедияи миллии тоҷик аз энсиклопедияи қаблӣ дар чист?

-Солҳои ҷанги бародаркушӣ, мутааcсифона (солҳои1992-97) кору фаъолият болои энсиклопедия қатъ гардид ва танҳо аз соли 2000-ум боз аз нав оғоз гардид. Соли 2007 ҳукумати республика ва соли 2008-ум Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбати нашри Энсиклопедияи Миллии тоҷик баромад ва хушбахтона, то имрӯз дар натиҷаи меҳнати пайвастаи олимони мо 3 ҷилди Энсиклопедияи миллӣ ба чоп омода гардид. Бешубҳа энсиклопедияи имрӯза характери миллӣ дошта аз энсиклопедияҳои солҳои шӯравӣ бо куллӣ фарқ мекунад, ки дар навишти он ягон маҳдудият нест.

Масалан, дар Энсиклопедияи советӣ аз боби фарҳанги ислом навиштан мумкин набуд ё аз ҳудудҳои таърихии Тоҷикистон ҳарфе навиштан ба хаёли касе намеомад. Хушбахтона, имрӯз мо метавонем энсиклопедияи миллиамонро бо салоҳдиди худ ба чоп омода созем ва бо салоҳдиди худ мақолаҳои мухталифро дар он ҷой бидиҳем. Агар ҷилди якуми Энсиклопедияи советӣ ҳарфҳои а,б,в,г,-ро дар мегирифт, имрӯз танҳо ҳарфи А ҷилдҳои 1ва 2-и Энсиклопедияи миллиро фаро гирифтааст. Тахминан ҷилдҳои Энсиклопедияи миллӣ ба 25 адад хоҳад расид.

Тифли истиқлол-муассисаи Давлатии сарредаксияи илмии Энсиклопедияи милли тоҷик дар баробари кор болои Энсиклопедияи миллӣ боз болои таҳия ва нашри энсиклопедияҳои соҳавӣ низ фаъолият дорад. Хушбахтона, то имрӯз "Энсиклопедияи адабиёт ва санъат" (дар се ҷилд), "Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқ"(дар ду ҷилд) таҳия ва чоп гардида дар хизмати васеи омма қарор доранд.

Китоби энсиклопедии Абуали Ибни Сино "Ал-қонун" (дар тарҷумаи олим Шаҳобиддинов аз арабӣ) дар се ҷилд ба чоп расид. Чопи "Энсиклопедияи маърифат", "Энсиклопедияи фалсафа" ва "Энсиклопедияи физика"-ро дар оянда дар нақша дорем.

-Ба ақидаи Шумо, ки зинаҳои касбиро аз муҳаррири хурд, калон, илмӣ, муҳаррири калони илмӣ, мудири шуъба гузашта то ҷонишини сармуҳаррири Энсиклопедия расидаед, рисолати асосии энсиклопедия дар чист ва он дар ҳаёти имрӯза чи мавқеъ пайдо кардааст?

-Рисолати асосии қомусномаи миллӣ таълими насли давронсоз буда, инчунин боло бурдани саводнокии (чи толибилмону чи мардуми оддӣ) омма аст. Дар он на мақолаҳои баҳсталаб, балки мақолаҳои илмии бо забони соддаву фаҳмо иншошуда ҷой дода шудаанд, ки дар раванди хештаншиносии миллӣ, таълиму тарбия ва ғайраву ҳоказо саҳми босазо гузошта метавонанд. Чаро ки қомусномаро метавон батамом китоби рӯимизии илмию оммавӣ номид, зеро барҳақ шиносномаи миллат ба ҳисоб рафта, чеҳраи воқеии моро чи ба худи мо ва чи ба дигарон мешиносонад. Яке аз сабабҳои аз мутолиа дур шудани омма ин нашри китобҳоест, ки арзиши лозимии бадеию илмӣ надоранд ва дар заминаи ба пул эҳтиёҷ доштани матбаа пайдо мешаванд.

Энсиклопедияи миллӣ бошад баръакс метавонад (ва инро мо аллакай дар амал дида истодаем) таваҷҷуҳи мардумро ба китоб зиёдтар намояд, зеро ҳар як мақолае, ки мо дар он ҷой медиҳем, аз назари донишмандони варзида гузашта, тавре мегӯянд аввал ба кондитсия расонда шуда баъд дар Донишномаи миллӣ ҷой дода мешаванд, то дархури табъи оммаи хонандагон бошанд. Хурсандибахш аст ки на танҳо одамони алоҳида, балки намояндагони муассисаҳою коллективҳои меҳнатӣ ба коргоҳи мо ташриф оварда ба Энсиклопедия пешакӣ обуна мешаванд, то ин Донишномаро дошта бошанд. Теъдоди онҳо то ҳануз ба 3000 расидааст.

-Ман рӯи мизи Шумо энсиклопедия барои наврасонро мебинам,дар ин бора каме маълумот медодед!

-Бале, хушбахтона ин донишнома махсус барои наврасон таълиф шудааст ва он то мағозаи китоб ҳам рафта нарасид, зеро аз худи коргоҳ одамон омада харидорӣ карданд, новобаста аз нархи он ки 230 сомонро ташкил медод. Ин китоб барои бисёр оилаҳои тоҷик ҳодисаи хурсандибахш аст, зеро на танҳо ба саволҳои аҷоибу ғароиби дар сари наврас пайдошуда ҷавоб медиҳад, балки кори волидайнро низ осон мекунад. Охир наврас саволи дар сараш пайдошударо аввал ба волидайни худ баъд ба муаллим медиҳад.

-Таълифи китобҳои илмӣ-оммавӣ хусусиятҳои худро дорад. Ин ҷо қимати бадеию эстетикӣ, оммафаҳм будани забони таълиф, дақиқият, илмият(научност) ... ва ғ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ба болои ин вақте мазмуни илмиро бо забони содда (на ҷиддии илмӣ) ба хонандагон пешниҳод мекунед, мушоҳидаи коҳиши мазмуни илмӣ ба чашм расиданаш мумкин... Шумо ин масъалаҳои ба истилоҳ "истеҳсолӣ"-ро чӣ гуна ҳал мекунед?

-Рости гап, ҳаракат мекунем ба кори таълифи мақолаҳои энсиклопедӣ олимони варзида, нафаронеро ҷалб намоем, ки на танҳо унвонҳои илмӣ доранд, балки бо услуби илмии навишту нигориш ошноянд ва хуб медонанд ки хусусияти асосии нигориши илмиро ҷиддияти мантиқи иншо (инчунин дақиқият) ташкил медиҳад. Нафарони зиёде бо мо ҳамкорӣ доранд, боз ҳаракат карда истодаем, ки хоҳишмандони ба талаботи мо ҷавобгӯро низ бо шартнома ба кор ҷалб намоем.

Сафаралӣ Раҷаб, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi