02:32:04 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Диалектикаи зистан ё андешаҳо дар атрофи китоби Умар Сафар "Садое аз хилват"

Миёни аҳли илму адаб аз дер замоне марсум аст, ки чакидаҳои зеҳну ҳосили пажӯҳишу ковишҳои хешро пас аз нашр аз рӯи сидқу ихлос ба дӯстону ҳамкорон тақдим мекунанд. Воқеан ин фарҳанги хубест, ки фарогири ҷанбаҳои муфиду омӯзанда аст. Вале ба гумони мо ин фарҳанг қабл аз ҳама тақозо мекунад, ки зимни дарёфти китобу пажӯҳише бо соядасти меҳромез мо беҳису ботафовут набошем. Ҳадяи гирифтаро ба гӯшаи фаромушӣ насупорем, балки атрофи дастоварду комёбиҳои ҳамкори хеш изҳори назар кунем.

umar-safar 21546999Солҳост, ки устод Умар Сафар дар соядасти китобҳои худ маро бародари диданӣ ва дӯстдоштанӣ мехонад. Ростӣ баъди тақдими китобаш "Садое аз хилват", ки тахминан дар моҳҳои ноябри соли пор сурат гирифт, дар пеши устод хеле хиҷолатзада гаштам. Ҳарчанд масруфи нашри китоби "Муқаддимаи қуръоншиносӣ" будам, пеши худ тасмим гирифтам то анҷоми имтиҳоноти зимистона перомуни навиштаҳои устод ибрози назар намоям. Ин мақолаи шогирдона, вале ҳадяи меҳромез аз баҳри устод аст. Хуш ба ҳоли миллате, ки чунин афроди худогоҳ ва худшинос дорад.

Дар фарҳанги қуръонӣ чунин ашхос бо унвони соҳибназарон ва соҳибхирадон ва дар фарҳанги инсоншиносии ниёгонамон бошад бо номи озодмард, марди тамом ва зиндадил ёд шудаанд. Ин як нуктаи бисёр муҳим ва пурназокати фалсафа, ҳикмат, ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносиии мутафаккирони гузаштаи мост, ки ҷавҳари асосии осору андешааашонро мавзӯи моҳияти инсон ташкил додааст.

Шинохти инсон чун як рукни ҳастии олами вуҷуд, бо ҳама печидагиҳои ҳаёту мамот, мураккабтарин мавзӯи пурбаҳсу пурихтилофи фалсафа аз қадим то ба имрӯз аст. Албатта, ин амри табиист, зеро инсон бузургтарин ва шарифтарин мавҷуди халқкардаи Худованд ва халифаи ӯ дар замин бори амонатеро бар дӯш дорад, ки дигар махлуқот аз он бенасибанд. Пеш аз ҳама ӯ бояд дар шинохти худ ва баъдан дар шинохту маърифати олами ҳастӣ, падидаву ҳодисоти табиӣ фаъол бошад.

Ба қавли устод Муртазо Мутаҳҳарӣ "Худшиносӣ ба ин маънӣ ин аст, ки инсон макоми воқеии хешро дар олами вуҷуд дарк бикунад, бидонад, хокии маҳз нест, балки партаве аз рӯҳи илоҳӣ дар ӯ ҳаст". Ин ҳама масъулияту замонатҳо афроди ҷомеаро ба дарки амиқи қимати умр ва арзишҳои зиндагӣ водор месозанд, нигоҳи ӯро ба диди рангҳои зиндагӣ равшантар мегардонанд, растохези маънавӣ ва фикриро дар тафаккур ва андешааш ба амал меоранд. Чуноне ки худи устод дар мақолааш "Аз нуҳуфти чаҳор унсур. "Озодагон" №43(303), 13 ноябри соли 2013" менигорад: "Шинохту маърифати мазоҳири ҳастӣ, шигифтиҳои ҷаҳони айнӣ, амали мустамарест, ки аз замони зуҳури инсон оғоз мегардад ва то фарҷоми зиндагӣ идома меёбад. Ин раванди умумибашарист ва аз доштани чунин шинохте ҳеҷ касе мустасно нест".

Устод Умар Сафар доим дар сафар аст, сафари эҷодӣ, сафари маънавӣ, сафари ҷустуҷӯҳо, ковишҳо, дарёфтҳо ва заҳмату талошҳо. Сабки эҷод ва навишти устод ба куллӣ аз дигарон фарқ дорад. Маъноофарӣ, рангорангӣ, ҳикмату фалсафаи хос асоси эҷоди ӯст. Суханаш мисли анори сершираву ширин ширадору гуворост, аз дил мехезад ва ба дил менишинад. Устод хонандаи худро ба дунёи рангини андешаҳои фалсафӣ мебарад. Ба шеваи "зистан" ва "будан" дар ҷаҳони пур аз тазод ошно месозад. Роҳҳои дарёфт ва ҷавҳари саодату хушбахтиро бо як назокати пуробуранги бадеӣ, мантиқӣ ва фалсафӣ барояш баён медорад. Ба гуфти устод М. Аҷамӣ: "то ба фасли рангҳо" мекашонад. Аз ин ҷиҳат яке аз мавзӯъҳои меҳварии илми фалсафа он аст, ки ҳастиҳоро на он тавре ки ҳастанд бубинем, балки бидонем, ки чаро чунинанд. Асолату рисолати ҳар як инсони эҷодкор сангину вазнин аст. Обу ранги маънавии ҳар як навишта ва осору эҷоди ӯ бешак сарчашмаи лаззати маънавӣ ва завқи ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии дигарон мегардад. Нависандаи машҳури рус А.П. Чехов ба ин маънӣ навиштааст: "Қувваи халқ аз зиёиёни ӯст". Миллатро эҷодкорони асил ва тавоно ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Бузургони ҷаҳони андеша барои он бузурганд, ки афкори эшон диди дигаронро ба садсолаҳо пеш мебарад, бедор мекунад, дар амалӣ шудани орзуву ормони фард, миллат ва башарият нақши муҳим мебозад. Флутин намояндаи фалсафаи навафлотуния мегӯяд: "Ҳар инсон дар саҳнаи зиндагӣ ҳунармандест, ки нақши хоси худро мебозад. Инсони андешаманд ба афкори башарӣ ҳатман чизе зам мекунад". Устод дар асари худ "Садое аз хилват" аз ҳамин зовия баромад мекунад. Кам дар кам аст, ки як муҳаққиқи забон ё адабиётшинос сулуки нигориши фалсафӣ дошта бошад. Ба назари банда ин ҳама ҳунару истеъдоди худододи устод Умар Сафар аст, ки таровату нафосат ва фасоҳати андешаҳои ҳакимонаро хуб мефаҳмад ва ба хонанда пешкаш мекунад. Мисоли дигар, ин фақат устод аст, ки дар шинохту баррасии эҷодиёти адиби зиндаёд Сайф Раҳимзоди Афардӣ кӯшишу заҳмати зиёд мекунад. Фалсафаву ҳикмати осори Афардиро дар сатҳи олӣ таҳлилу ташреҳ медиҳад. Ёд дорам, вақте ки асарҳои Сайф ба нашр мерасиданд, бисёре аз "файласуфон"-у "адибон"-и соҳибунвон ба маънӣ ва мантиқи андешаҳои ӯ сарфаҳм намерафтанд, амиқтар фалсафа ва сабки нигориши ӯро намефаҳмиданд. Ман бар ин ақида устуворам, ки дар адабиёти мо агар нависандагоне чун Сайф, Баҳманёр, Ҷонибек, Сайдар ва чанде дигарон зуҳур намекарданд, хонандагони бечора аз гирудори ғайримантиқу ночаспони маънавии ба миллат додаи босмачӣ ва босмачизм бархе аз адибону нависандагони давраи шӯравӣ халос намешуданд. Мақсади банда таҳлилу баррасии ин мавзӯъ нест ва хонандагони арҷманд аз хабару мақолоти матбуоти даврӣ ба хусус навиштаҳои устод Ҷонибеки Асрориён ва Султони Ҳамад шояд огоҳӣ доранд. Фақат як сухани нависанда Ҳасан Садриддинзода, ки дар яке аз шумораҳои рӯзномаи "Миллат" чанд сол пештар нашр гардида буд, ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки гуфта буд: "Касе, ки ғасби кишвари бегонаро ба сарзамину миллату худ эътироф намекунад, даюс аст".

Аз ин нигоҳ барои миллати тамаддуновари ба истиқлолят расидаи тоҷик дар ҳама риштаҳои шуури ҷамъиятӣ: фалсафа, ахлоқ, фарҳанг, сиёсат, ҳуқуқ, адабиёт, маориф, дин, зебоишиносӣ ва ғайра инқилоби самарабахши фикрӣ лозим аст, ки дар шинохти асолату рисолати хеш фаъол бошад. Дар шароити истиқлол вазифаи аввалиндараҷаи аҳли зиё ва равшанфикрон ин такон бахшидан ба раванди худшиносии миллат ва расонидани миллат ба истиқлолияти фикрӣ мебошад. Ин таҳаввулоти маданӣ он замон сурат мегирад, ки нигоҳ ва андешаҳои афроди ҷомеаи мо худшиносии воқеии ӯро сабаб гарданд ва мардум аз тафаккури истеъморӣ, қолабӣ, шахшуда ва ғуломона бадар ояд. То кадом зина амалӣ шудани ормони миллӣ низ ба дараҷаи дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии пешвоёни наҳзати бедории фикрии умуми миллӣ сахт марбут аст. Аз ҷиҳат осору эҷоди устод Умар Сафар чун як равшанфикри миллӣ бароямон омӯзанда аст. Ман чизеро намедонам, вале барои шогирдони худ дар тамоми факултаҳо китоби устодро бо унвони "Ватандорӣ биёмӯзем" ҳамчун адабиёт тавсия мекунам.

Худи устод дар маколааш "Дилбохтаи хуршед", ки ба эҷодиёти Сайф Раҳимзоди Афардӣ бахшида шудааст, чунин суханони ҳакимона дорад: "… ончи ки як адиб ё ҳунармандро аз ҳамтояш ҷудо месозад, диду шеваи бархӯрди вай ба ашёву падидаҳо ва вусъату густурдагии назар аст. Аслан, ҳастӣ чунин шаклу сурат гирифта аст, ки мо инсонҳо ҳамагӣ ба аносири умдае аз табиат сару кор дорем. Дарахт, санг, кӯҳ, дарё, осмону ҷирмҳои осмонӣ, борону барф ба ҳама яксон мутаалиқанд. Вале шеваи дидан ва махсусан ба чашми зеҳну ҳуш дидану ламс кардани ашёву падидаҳо ва зиндагӣ қоил шудан ба мавҷудоти хурду резаи Худованд бар ҳама мақдур нест. Дар тӯли таърихи дуру дарози адабиёт адибону аҳли адабу фарҳанги мо дар атрофи тамоми мавзӯот сухан гуфтаанд. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё дигар мавзӯе, ки тозагиву ҷаззобият дошта бошад, мавҷуд нест. Вале ин барои як нависандае, ки диди тозаву зеҳни пажӯҳишгар, ҳунару истеъдод дорад, сидқ намекунад. Ҳунар, истеъдод, чирадастӣ замоне шинохта мешавад, ки инсонҳо аз дидаву ёфтаҳо, офаридаҳои ту лаззат бибаранд…."

Аз ин нуқтаи назар худ ин асари устод як достони фалсафии шаҳди маънирез барои хонанда маҳсуб мешавад. Зиндагӣ ва рӯзгори пурмоҷаро ва печидаи қаҳрамони ососии асар Моҳрӯ бо дигар иштирокчиёни саҳнаи ҳаёти ӯ хеле мароқангез ва ибратбахш аст. Устод девори суханашро дар бунёди ин асар чунон барчидааст, ки он ҳандасаи олӣ дорад. Баъди гузориши лаҳзоти саргузашти қаҳрамонони худ чун як тасвиргари моҳир ва равоншиноси рӯҳи инсон ба кашидани сурат ва шинохти сирати он, яъне нигориши фалсафӣ шурӯъ мекунад. Дарду алам, шодиву нишот, ғаму андӯҳ, буду набуд, каму кост ва дар маҷмуъ ҳастии ӯро ба риштаи хаёл мекашад. Аз ҷумла, таваҷҷуҳ шавад ба ин гуфтаҳо: "Ҳастии инсон дар паҳнаи хеш чеҳраҳои ҳазорранг дорад" (саҳ.23), "Дидбони ҳамешаҳушёру бедордили ин марзбуми дӯстдоштанӣ модар буд" (саҳ.27), "Гиря ин як муҳибати худовандист, ки дар вуҷуди инсонҳо маскан ёфта" (саҳ.36), "Инсон, ки дӯстдоштатарин мавҷуди Худо ва ҳақдори каломи Ӯст. Инсон будан ҳадяи бузурги илоҳист, ки барои бандагон арзонӣ шудааст. Ва нахустин шарти инсон будан меҳрубонист" (саҳ41), "Гаронбаҳотарин доройи шумо инсонҳо андеша аст, ки бояд сарриштааш дар ихтиёри шумо бошад. Вуҷуди ҳамин гавҳар аст, ки инсонро инсон месозад, ӯро аз дигар мавҷудот бартару болотар мегузорад, гӯшаҳои торики ҳастияшро равшанӣ мебахшад, шеваи зистану зиндагӣ офариданро меомӯзад"(саҳ.61) ва ғайра…

Агар инсон фитрати табиӣ ва заковату фаросати худовандӣ надошта бошад, ин олами саршор аз зебоиҳоро ба чашми дил дида наметавонад ва умраш ғофил аз шинохти зебоиҳои маънавӣ мегузарад. Ҳама бузургони маънӣ лаззати маънавиро асоси камолоти маърифати инсонӣ донистаанд. Устод чун як мусаввири хаёл калимоту ибораҳои жарфмаъноеро дар бандубасти фикри худ ҷо додаст, ки дар насри муосири тоҷик навгӯӣ аст. Ба монандӣ-дунёбино, шодирез, рӯзи хуршедрез, хулосаи ҳастӣ, хандаборон, ёднигор, зоту заманд, панҷараи нишоту шодиҳо, дарахти меҳру ишқ, субҳи сафедарӯву сафедандоми сафедарез ва ғайра. Бузургтарин ҷанбаи таъсирбахш ва хотирмони асари мазкур бедор кардани ҳастии инсон дар фаҳмишу дарки қимати сармояи безаволи умр ишқу муҳаббат ва умедвориву дӯстдорӣ аст. Устод инсонро ба худшиносии комил ва андешаи солим дар шебу фарози зиндагӣ даъват менамояд, то ин ки дар шинохти ҳувияти худ ғофил набошад.

Ба таври дигар гӯем диалектикаи зистанро ба намоиш мегузорад, то ин ки инсон худ меъмори вуҷуди хештан бошад. Ҳамзамон нерӯ ва қудрати одамиро дар муқовимат бо бартараф кардани дарду ранҷ, азобу машаққат, камбудиву носозгории рӯзгор баён медорад. Устод худ як донанда ва дорандаи фарҳанг, расму ойин, анъана, дин, арзишу муқаддасоти миллӣ дар китоби худ ба ин масъала диққати зиёд додаст ва фалсафаи зиндагӣ ва рӯзгори мардуми моро бо нишондоди ҳодисаву воқеоти аслӣ қаламдод сохтааст. Файласуфи машҳури олмонӣ Гегел мегӯяд: "Ҳарчӣ ҳақиқат аст, воқеяит аст ва ҳар воқеият ба худ ҳақиқате дорад". Баргирии мазмун ва муҳтавои ҳар воқеияти асар аз ҳақиқати зиндагӣ, расму ойин ва дигар арзишҳои фарҳангии хоси ин миллат ва ин сарзамин бархостааст ва ниҳоди заминӣ дорад на хаёливу фантастикӣ, Ҷо-ҷое устод аз гӯишҳои лаҳҷавии мардуми ин марзу буми аҷдодӣ кор гирифтааст, ки бемуҳобот қадри сухан ва зебоиву таровати онро меафзояд.

Он чи муддати фаъолият дар Донишгоҳ аз мушоҳидаҳои шахсиям бардошт кардам инсоният ва муоширату муносибати устод ҳамчун омӯзгор, муҳаққиқ, адиб, тарбиятгар, раҳнамо ва раҳнаварди илму маърифат бо ҳамагон дар ҳадди боло ва воло аст. Дар фарҷоми мақола гуфтаҳои дар фавқ зикршударро такроран меорам, ки хуш ба ҳоли миллате, ки чунин фарди рӯшанзамиру соҳибназару андешаманд ва бедордилу соҳибмаърифат дорад. Хуш ба ҳоли мо, ки чунин устоди дарёдилу дилошное дорем, ки вуҷудаш саршор ва моломол аз меҳру муҳаббати самимиву заминист.

Мирзоҳусайни Бадалипур, устоди факултаи фалсафаи ДМТ

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №13, 02 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi