15:12:21 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Рӯзгори Абдулҳайи Муҷахарфӣ ва намунаҳо аз осори ӯ - II

Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр Абдулҳайи Муҷахарфӣ ба ягон гуруҳу фирқае ҳамроҳ нашуда бо фарзандон чораи рӯзгори фақиронаи худро мебинад ва машғули эҷоди асарҳои наву тоза, таҳрири навиштаҳои пешинаву нусхабардориҳои онҳо мешавад. Қазияи марги Шайх Абдулҳай дар заминаи мақолаи Низомиддини Муҳаммадикром, таъйиди махсуми Муҳаммадикром, ки дар вақти ба маҳкама кашидани падараш нуҳсола будааст ва суҳбату пурсупос бо мӯйсафедони Муҷахарф чунин арзёбӣ гардид:

muhamadikrom-pisari-abdulhaСоли 1930 Абдулҳайи Муҷахарфӣ ва писари калониаш Абдулфаттоҳ, ки он вақт сисола буд, ба туҳмат дар Оби Гарм суд ва ба ҳукми паррон маҳкум карда мешаванд. Падари то ҳадде гармиву сардии рӯзгорро дидаву аз лаҳаззоти ҳаёт баҳраҳо бардошта- Шайх Абдулҳай бо роҳу василае писараш Абдулфаттоҳро мегурезонад. Абдулфаттоҳ ба Толиқони Афғонистон меояд ва он ҷоро маскани доимии худ қарор медиҳад.

Абдулҳайи 63-соларо барои гурезонидани писараш кормандони амнияти давлатӣ ба шаҳри Душанбе оварда, бо умеди он ки Абдулфаттоҳи дар ягон минтақаи Тоҷикистон паноҳбурдаро пайдо менамоянду баъд ҳардуро ҳамчун ҷинояткорони сохти нав ба қатл мерасонанд, муддати як сол зиндонӣ мекунанд. Чун масъулинро маълум мегардад, ки Абдулфаттоҳ сарҳадро убур карда, ба хориҷа гурехтааст, Абдулҳайро соли 1931, дар синни 64-солагӣ, ба қавли баъзе шоҳидон дар маҳаллаи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба шаҳодат расонданд. Ин воқеъа аз солҳои мудҳиши ба сари донишмандони замон омада гувоҳӣ медиҳад,

Ногуфта намонад, дар нимаи дуввуми солҳои 80-уми асри 20 дар байни зиёиёни Тоҷикистони онрӯза баъзе олимони худбину кӯрдиле пайдо шуда буданд, ки тамоми боигариҳои маънавӣ ва тамаддуни чандҳазорсолаи моро нодида гирифта, ҷаҳониёнро бовар кунониданӣ мешуданд, ки гӯё мо-тоҷикон маҳз бо шарофати ғалабаи инқилоби октябр ва пойбарҷоии Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби алифбои нахустин ва хату савод шуда бошем.

Ҳол он ки аз сарчашмаҳои хаттии мавҷудаи дар китобхона ва дар дасти  аҳли таҳқиқ маҳфузбудаву мавриди омӯзишу пажуҳиш қароргирифта маълум мешавад, ки Раштонзамин дар асри 19 ва аввали асри 20, новобаста ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давр доираҳои адабии худро доштааст. Ба ин мавҷудияти девонҳои ашъори Ҳаҷрӣ, Муҳиддини Бухороӣ, Ғабро, Сафо Ошурзодаи Ранҷа, Муҳаммадраҳими Ғармӣ, ашъори Сайфуллоҳи Хазон, Абӯсайиди Насимӣ, Хундил, Валеӣ, Рафиқӣ, Абдуваҳҳоб, Мулло, Давлат Додӣ, баёзҳои асри 20-у ибтидои қарни сипаришуда ва дар ин қатор осори зиёду пурмуҳтавои ба меросмондаи Абдулҳайи Муҷахарфӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Адабиётшинос А. Ҳабибов менависад, ки дар асри 19 ва ибтидои асри 20 дар Қаротегин 26 нафар шоир по ба арсаи адабиёт гузошта, беҳтарини онҳо дар ҳамин муҳити адабӣ эҷод кардаанд.

ОСОРИ АБДУЛҲАЙИ МУҶАХАРФӢ

Миқдори умумии асарҳои эҷодкардаи Абдулҳайи Муҷахарфӣ айни ҳол маълум нест. Дар он солҳои мудҳиш ва давраи пурошӯби гузариш нигоҳ доштани китобҳои қадимӣ кори ниҳоят сангину хатарнок буд. Аз гузаштаи начандон дур маълум аст, ки бисёре аз кутуби қаламӣ, ки мероси гаронқадртарини халқу миллат буданд. "зинда ба зинда" гӯронида, ё ғарқи дарёҳо гашта, ё туъмаи забонаи оташи ноинсофҳо гардида, ё баъзеи онҳо дар байни мардум парешон ва иддае тороҷи аҷнабиён шуданд.

Номгӯй ва вазъияти осори боқимондаи илмиву адабии то ба мо расидаи Абдулҳайи Муҷахарфӣ ба қарори зайл аст:

1."Муфизу-л-анвор"

2."Далелу-с-соликин". Ин асари манзуми ишқӣ-динӣ-ахлоқӣ мебошад.Он бо мавъизоту муноҷот ва ҳикоёти ҷолиб оро ёфта, анқариб 3800 байт аст. Шоир дар сифати ин асараш чунин мегӯяд:

Китобам рамзи асрор аст, эй дӯст,

Китобам шамъи анвор аст, эй дӯст.

Китобам мавҷи дарёи ҷунун аст,

Зи таърифе, ки бинмоям, фузун аст.

3."Муфиду-л-мӯъминин". Ин рисолаи манзуми дар жанри шеърии маснавӣ эҷод шуда, ҳамчунон ахлоқӣ-динӣ мебошад.

Он муштамил бар 4000 байт буда, санаи китобати он моҳи январи соли 1906 милодӣ мебошад.

4."Девони ашъор". Ин ҳамон девонест, ки дар як ҷилд бо рисолаи "Муфизу-л-анвор" ҷой дорад.

5.Канзу-л-мавоъиз. Ин асари динӣ-ахлоқии мансури бо порчаҳои манзум, ки аз адибони пешин ва худи мусанниф иқтибос шудаанд, ороёфта буда аз оғоз, 35 мавъиза ва хотима иборат мебошад.

6."Ойинаи шавқ"

7."Гулзори таҳрир"

8."Тахмисот"

Инак, намунаҳо аз ашъори Абдулҳайи Муҷахаррӣ

Дилро фараҳафзой паёми Муҳаммад аст

Гуфтори дилрабой каломи Муҳаммад аст.

Пайғамбари ҳамидахисолу накӯсифот,

Майхори даҳр маст зи ҷоми Муҳаммад аст.

Дар навбаҳори ишқи Муҳаммад чу булбулам,

Мурғи дилам фитода ба доми  Муҳаммад аст.

Ҷонам фидои ӯ, ки дили аҳли маърифат

Ҳар як дар орзуи саломи Муҳаммад аст.

Хатми расул расули амин, ҳодии сабил,

Пайғамбарӣ тамом ба номи Муҳаммад аст.

Олимтар аз мақоми тамоми паёмбарон

Дар рӯзи растахез мақоми Муҳаммад аст

Рӯзи ҷазо ҳар он касе бошад зи неку бад

Дар интизори раҳмати оли Муҳаммад аст

Абдулҳай ар ба ҳеҷ наярзад зи рӯйи қадр,

Нозе кунад бар он ки ғуломи Муҳаммад аст.

                                      ххх

Даме агар бинишинам ба хоки кӯйи Муҳаммад,

Ба дида рӯшанӣ бахшад чароғи рӯйи Муҳаммад.

Шаби сиёҳи ҷаҳон мешавад чароғистон,

Агарки шӯъла фурӯзад чароғи рӯии Муҳаммад

Насими анбару кофур музмаҳил гардад,

Сабо насими хеш орад агар зи бӯйи Муҳаммад.

Агар ба хона нишастам, ба рӯй дар бандам,

Ба дил равонам, ай дӯстон, ба сӯйи Муҳаммад

Ба коми ташна нахоҳам зи баҳри Ҷайҳун об,

Диҳанд қатраи обам агар зи ҷӯйи Муҳаммад.

Чӣ гуна васфи варо дар баён тавон овард

Худой гуфт дар Қуръон азим хӯйи Муҳаммад,

Агар турост ба сар ақлу ҳуш, Абдулҳай,

Бибоз ҷони худ дар роҳи ҷустуҷӯйи Муҳаммад.

                                           ххх

Он ки бӯйи одамӣ дорад, дар ин олам кам аст,

Мезанад дар ишқ лоф он ки ба чашмаш нам кам аст.

Насли одам гарчи бисёр аст дар рӯйи замин,

Бингарӣ бо дидаи таҳқиқ агар, одам кам аст.

Сози мизроби маъонӣ нағмаи бисёр дошт,

Бас намедонам чӣ рӯ оҳанги зеру бам кам аст.

Андалебони саҳаргоҳӣ фиғонҳо карда кам,

Бар дили эшон зи сӯзи ишқ оё ғам кам аст?

Он чи дар миръоти ишқ афтод ба чашми ҷони ман,

В-он чи дил дар худ намебинад ба ҷоми Ҷам кам аст

Сар намеорад фурӯ бо ҷайб кас дар ёди Ҳақ

Гардани аҳли масоҷидро, ки бинам хам кам аст.

Гӯиё дар оби ҷоми шавқ заҳр андохтанд.

Андар ин дӯккон бубинам шаҳд бешу сам кам аст.

Нӯш аз ҷоми хаёли васл оби хушгувор,

Бо дили маҷрӯҳи Абдулҳай чунин марҳам кам аст.

                                      ххх

Ай нафс, пайравӣ макун деви раҷимро,

Ёд ор норрову азоби алимро,

Бигзар ба сӯйи мақбара, бин халқи бешумор,

Дар хок кун наззора изоми рамимро.

Ёди Худой намой, ба ғафлат насоз хӯй,

То Ҳақ кунад қарини ту лутфи амимро

Бо ёди Кирдгор чу ёбад диле қарор,

Файзи азал қарин чунон қалби салимро,

Аз раҳмати Худои худ уммедвор бош,

Аммо на он чунон ки кунӣ дур бимро.

Бо ёди дӯст хӯ куну бо ишқи ёр бош,

Бар рӯйи хеш сард кун нори ҷаҳимро,

Бо Ҳақ талаб паноҳ зи дори азоби Ӯ,

Дархоҳ аз он ҷаноб саройи наъимро,

Абдулҳай аз ҳисоби қиёмат намой ёд,

Дойим ба ёд ор саройи муқимро,

                                   ххх

Соқиён то бодаи ирфон ба ҷомам кардаанд,

Мустақар андар миёни хосу омам кардаанд.

Майфурӯшони дари майхонаи ирфон маро

Шарбати ишқе насиби ҳалқу комам кардаанд

Рашҳае бар комам аз ҷоми муҳаббат рехтанд,

Бо вуҷуди бадхисолӣ некномам  кардаанд.

Миннат Эзидро, ки дурам аз раҳи куфру ҳаво,

Ёди лутфашро рафиқи субҳу шомам кардаанд.

Дар миёни дӯстон чун тӯтии Ҳиндустон

Хушбаён, зебосухан, ширинкаломам кардаанд,

Дар тариқи аҳли суннат карда моро роҳрав

Дӯстдори чорёрони изомам кардаанд.

Банди занҷири ҳаво будем дар доми ғурур.

Ин замон вораста аз ин банду домам кардаанд.

Шукри Эзид бар забон мерон ту, Абдулҳай, кунун

К-ин саманди тундро имрӯз ромам кардаанд.

Фароҳамсоз Саидмурод Шарифов, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi