21:59:46 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Сафар Абдуллоҳ: Ниёз ба ниҳоди вижаи "Шоҳномашиносӣ" дорем!

Дар ин маҷмуъа рисолаҳои арзишманди ирфонӣ ва кутуби мазҳабӣ ва китобҳои муҳимми адабиёти мо гирд омада аст. Аз ҷумла, яке дастнависи бисёр муҳимми "Туҳфат ул Аҳрор"-и Абдураҳмони Ҷомӣ аст. Пас, аз бозҷӯйии нусхаҳои мавҷуд, мо ба ин натиҷа расидем, ки ин китоб қадимитарин нусхаи маҳфуз дар ҷаҳон аст. Муҳақиқони осори Ҷомӣ, аз ҷумла Аълохон Афсаҳзод ва Ҳусайни Тарбият, ки ъумри худро ба мутолиъаи осори ин шоъир ва ъорифи бузурги мо бахшидаанд ва тақрибан ҳама нусхаҳои мавҷуди ҷаҳонро дидаанд, аз вуҷуди чунин нусхае огаҳӣ надоштаанд. Ин амр табиист ,зеро феҳрист нашуда буд.

safar-abdulloh-0102013Дар ҳоле ки нусхаи мазкур дар рӯзгори муаллиф ва шояд бо супориши худи ӯ дар шаҳри бостонии Балх 23 сол пеш аз марги Ҷомӣ китобат шуда аст! Дасти рӯзгор ин нусхаро ба Қазоқистон оварда ва чи асроре дар он ниҳон аст,ки ин дастнавишт зери ҷилди "Нисоб ус- Сибён"-и Форуқӣ ҳифз шавад ва пас аз солҳо як тоҷик онро дар китобхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон биёбад. Ҷолиб он буд, ки дар ин китобхона боз ду нусха аз қадимитарин нусхаҳои китоби дигари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ "Нафаҳот ул Унс" мавҷуд аст, ки яке аз онҳо дар соли 883 ҳиҷрӣ, яъне 15 сол пеш аз марги Ҷомӣ китобат шуда аст. Дар бораи мавҷудияти ин нусха низ муҳаққиқон иттилоъе надоштанд.

То замоне ки мо ин дастнабиштаҳоро пайдо кардем ва муъаррафӣ намудем, қадимитарин нусхаи "Нафаҳот ул-Унс" нусхаи китобхонаи Абурайҳони Берунии шаҳри Тошканд маҳсуб мешуд, ки дар соли 901 ҳиҷрӣ китобат шуда аст.Чунон ки мебинед, нусхаи Тошканд пас аз ҳаждаҳ соли нусхаи Олмотӣ китобат шудааст! Хушбахтона, яке аз нусхаҳои ин китоб ,ки дар китобхонаи миллии Қазоқистон нигаҳдорӣ мешавад, бисёр хуб нигаҳдорӣ шуда, бо хати бисёр зебо китобат шуда ва дар ҳошияҳояш тавзеҳоти муҳимме оварда шуда аст.

Пас аз интишори гузоришҳои мо дар бораи ин нусха бархе аз ъолимони Эрон ҳадс мезананд, ки шояд яке аз нусхаҳо, ки дар он номи котиб наёмада аст, дастнависи худи шоъир бошад. Агар чунин бошад, арзиши ъилмии ин нусхаҳо даҳчанд мешавад... Бояд Тоҷикистон алоқаманд мешуд, ки ин нусхаро дастрас намояд ва ё ба сурати факсималӣ ба чоп расонад, ки дастраси муҳақиқон шавад... Вале афсус, касе то кунун алоқамандие зоҳир накарда аст.

 Мо ҳамроҳи доктор Камоладдинӣ ин нусхаҳоро барои интишоротии "Мероси Мактуб"(Эрон) барои чоп омода кардем. Боз нусхаҳои дигари нодире ҳаст, ки ман дар мақолае аз онҳо ёдовар шудаам. Масалан, яке аз нусхаҳои нодири "Авроди Фатҳия"-и ъорифи машҳур Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, ки дар соли 1191 ҳиҷрӣ бо хати зебои насх китобат шуда аст, дар ин ҷо нигаҳдорӣ мешавад. Ва нусхаҳои дигар, ки дар феҳристи мо, ки қарор аст таҳти унвони "Нусхаҳои хатии форсӣ дар Қазоқистон "дар Эрон интишор шавад, омадааст.

Мутаассифона, дар бораи чӣ гуна ба китобхонаи миллии Қазоқистон роҳ ёфтани ин нусхаҳо ҳеч иттилоъи дақиқ мавҷуд нест. Вале ман ҳадс мезанам, ки ҳам аз тариқи форсизабононе дар ин диёр будаанд, ки босавод буданду китоб мехондаанд ва ҳам намояндагони ақвоми дигаре, ки ба забони порсӣ ошнойӣ доштанд. Аз замони Обой ва Шоҳкарим то даврони шӯравӣ афроди босавод дар даштҳои қазоқ дар баробари забони модарӣ забони порсиро низ медонистаанд ва бархе аз эшон, масалан, Турмуҳамбет Истлеюф дар мадрасаҳои Бухоро таълим гирифтаанд.

Табиист, ки китобҳои форсӣ аз тариқи эшон ба Қазоқистон рафта ва ниҳоят аз коллексионҳои шахсӣ ба китобхона роҳ ёфта аст! Вале бештари китобҳое, ки ман дар колексионҳои хусусӣ дидам, масалан дар колексиони Озод Акимбеки уйғур, ки аз 250 нусхаи дар ихтиёри ӯ буда беш аз 160 -тои он ба забони порсист, ҳама дар бист соли охир ва пас аз фурупошӣ аз Узбакистону Тоҷикистон ба Қазоқистон интиқол ёфта аст.

Теъдоди зиёди мардум ба хотири пули ночизе ин китобҳоро фурӯхтаанд ва афроде, ки корашон атиқафурушӣ аст, мисли Акимбек, онро бо пули ночизе харидаанд ва бо пули зиёд ба пулдорони дигар мефурӯшанд. Хеле касоне дар Қазоқистон ба ман муроҷиат мекунанд, ки дастнавиштаҳояшонро бубинам ва барояшон мушахас бикунам,ки чӣ китоб аст ва чӣ арзише дорад. Вақте мепурсам, ки аз куҷо овардед, мегуфтанд, ки аз ?збакистон оварданд ё аз Тоҷикистон ва мо харидем. Ҳоло чунин дастнавиштаҳо низ зиёд аст ва рӯз аз рӯз бештар мешавад.

Ҳар миллати дигаре чунин китоб медошт, ниҳоди вежаи "Шоҳномашиносӣ" таъсис мекард

- Шумо дар мақолаи "Иран и Туран по "Шах-наме" Фирдоуси" ба баррасии илмии як масъалаи басо ҳассос, мансубияти Турон ба туркон даст задаед ва ин мақолаи пажуҳиширо бо забони русӣ интишор додаед, то даъвогарони асосии қаламрави Турон низ онро бихонанд. Чӣ Шуморо водор ба ин кор кард?

- Охиран, чунонки ишора рафт, пас аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва бар асари "озоди"-ҳое, ки ба осонӣ ба даст омад, дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ на танҳо ъилми дуруғин рушд кард, балки дастёзӣ ба таъриху фарҳанги дигарон ва таърихсозӣ ва воруна нишон додани таърих равнақ ёфт. Яке аз мавзӯъҳое, ки бисёр баҳсбарангез ва боиси суйитафоҳум шуд ва бархе ъуламо аз он суиистифода карданд, марбут ба ҷуғрофиёи таърихии эрониён (тоҷикон!) буд.

Бархе аз кишварҳое, ки дар давронҳои қадим дар кишвари Олтой ва Сибри ба сар мебурданд, вале дар ҳазорсолаи охир бо далоили мухталиф нақли макон карданду ҳоло дар сарзаминҳое, ки қаблан ақвоми эронӣ сокин будаанд, зиндагӣ мекунанд, шурӯъ карданд ба дурӯғпардозӣ, ки гӯё аз замонҳои Одаму Ҳаво обою аҷдодашон дар Осиёи Миёна зиндагӣ мекардаанд! Дар ин миён бисёре аз кишварҳои туркизабон, масалан дар Туркия ва Озорбойҷон, ки забони худро аз даст додаву турк шудаанд, фаровон аз таъбири "Тӯрон" ва "тӯрониён" суиистифода карданд ва чунин ҷилва доданд, ки ин мафоҳим марбут ба туркон аст ва чунин таблиғ мутаассифона, дар кишварҳои дигари туркизабон низ дида мешавад.

Дар ҳоле, ки ҳеч далели ъилмӣ барои турк хондани тӯрониён мавҷуд намебошад. Чун ман солҳост, ки бо "Шоҳнома" ишқ меварзам, бо иттако ба матни "Шоҳнома" хостам ба ин мудаъиён посух бигӯям. Ва ҳудуди 12- 13 сол пеш дар ҳамоиши ъилмии байналмилалии Эроншиносӣ, ки дар Маскав баргузор шуд, ширкат кардам ва дар мавзӯъи "Эрон ва Тӯрон бар ривояти "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ" суханронӣ кардам. Иттифоқан, аз ағлаби кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз Эрон дар ин ҳамоиш донишмандон ҳузур доштанд. Пеш аз ин мақолае дар Эрон таҳти унвони "Муносибати марзии Эрон ва Тӯрон бар ривояти "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ" ба чоп расонида будам.

Ҳамчунин соли 2008 ба муносибати 70 солагии дӯсти фақидам, профессор Раҳмат Раҳимов, дар Санкт Петербург маҷмӯъае аз мақолоти ъилмии донишмандон ба забони русӣ интишор ёфт, ки шакли такмилёфтаи он суханрониамро чоп карданд. Ҳоло хушҳолам, ки бисёре аз донишмандон дар навиштаҳояшон ба он мақола истинод кардаанд. Ман дар ин мавзӯъ пижуҳишамро идома хоҳам дод. Дар ин мақолаҳо талош намудам таваҷҷуҳи муҳақиқинро ба он ҷалб кунам,ки дар ҳоли ҳозир бархе аз ъуламо ва ҳатто сиёсатмадорон бидуни таваҷҷуҳи ъилмӣ аз таъбири "Тӯрон" ва "тӯрониён" суиистифода мекунанд ва пайдост, ки ағрозе доранд.

Ман бо такя ба матни "Шоҳнома" ёдовар шудам, ки тӯрониён ақвоми кучии эронӣ ҳастанд (яъне ҳамон сакоиҳо буда, ҳеч нисбате ба туркон надоранд!), ки дар ин бора пеш аз ман даҳҳо тан аз ъолимони бузург дар ин сую он суи ҷаҳон ишораҳо кардаанд. Вале ҳанӯз бархе аз бародарони туркизабони мо дурӯғпардозӣ мекунанд ва худро тӯронӣ муъаррифӣ мекунанд! Ва вақте мо ба "Шоҳнома" муроҷиъат мекунем, мебинем, ки тӯрониён каси дигаре ҷуз ҳамон эрониёни кучнишин намебошанд, ки дар даштҳои паҳновари Уруосиё зиндагӣ доштанд ва гоҳе ба шаҳрҳо ҳуҷум мекардаанд.

Ман моҳи октябри соли гузашта дар ҳамоиши байналмилали ховаршиносон, ки ба муносибати накӯдошти яке аз донишмандони бузург оқои Владимир Минорский баргузор шуд, ширкат намудам ва дар мавзӯъи "Шоҳномаи Фирдавсӣ :Посух ба таърих, ё ниёзи ҷомиъа" суханронӣ кардам, ки матни он дар маҷмӯъаи суханрониҳои конфронс, ки онро Институти дастнавиҳои шарқии вобастаи Академии Ъулуми Русия ба чоп расонда аст, интишор ёфт ва ин мақола низ идомаи ковишҳои ман дар шинохти "Шоҳнома" мебошад. Бадеҳист, ки "Шоҳнома"уқёнусест бекарон ва китобест беназир. Агар, ҳар миллати дигаре чунин китоб медошт, ниҳоди вежаи "Шоҳномашиносӣ" таъсис мекард ва фарозу фуруди ҳастии миллатро дар ойинаи ҷону хиради "Шоҳнома" месанҷид ва мутолиъа мекард.

- Ҳамчуноне ишора кардед, Шумо муассиси маҷаллаи русии "Эроннома" ҳастед. Магар чопи маҷаллае дар ҳаҷм сангин набуд? Ва зимнан дар бораи ин маҷалла каме маълумот диҳед. Аз ҷумла дар мавриди персонали кориву хароҷоти шуморавии он.

- Маҷаллаи русӣ на, балки ба забони русӣ интишор мешавад.  Ин фаслномаест ъилмӣ ва ҳеч аҳдофи дигаре надорад, ҷуз интишори андешаҳои ъилмӣ дар заминаи эроншиносӣ ва иртиботи таърихию фарҳангии эрониён дар тӯли таърих бо ақвоми дигар, аз ҷумла бо ҳамсояҳои наздики мо, ақвоми туркӣ, ки садсолаҳост бо ҳам доду ситад доштаем. Манзур аз Эроне, ки ман мегӯям танҳо маҳдудаи ҷуғрофиёии Эрони кунунӣ нест, балки Эрони таърихӣ ва ҳамаи ақвом ва тираҳои эрониро фаро мегирад.Тибқи манобеъи таърихии мо Тоҷикистони кунунӣ ва шаҳрҳои таърихии мо дили Эрон буд.

Ман солҳо дар андешаи таъсиси чунин як маҷаллаи ъилмӣ будам ва замони Шӯравӣ, ки маҷаллаи "Советская Тюркология" дар Боку интишор мешуд, ҳамеша ба худ суол мекардам, ки чаро мо дар Душанбе як маҷаллаи Эроншиносӣ надошта бошем?! Бо бархе афрод, аз ҷумла устод Латифӣ солҳои ҳаштодум ин масъаларо ба миён гузошта аз эшон маслиҳат ва ёрӣ хостам ва бо кумаки эшон бо саркорхонум Гулҷаҳон Бобосодиқова, ки дабири ҳизби кумунист дар умури фарҳангӣ низ буданд, мулоқот намудам. Устод Латифӣ гуфтанд, ки барои ин аввал бояд ъузви ҳизби кумунист бишавед, баъдан аз тариқи созмонҳои ъилмӣ бояд пешниҳод шавад, ки Маскав иҷоза диҳад...

Танҳо оғози солҳои навадум, равоншод Мақсуди Икром ваъда дода буд, ки барои таъсису ташкили маҷалла бароям ёрӣ мерасонад. Вале дареғо, ки туфони ҳаводис моро парешон кард ва ба ман муяссар шуд, ки танҳо соли 2007 нашри ин маҷалларо роҳандозӣ кунам. То кунун 28 шумора аз ин фаслнома интишор шуда аст. Хушбахтона, ин маҷалла аз сӯйи мутахассисон ва ховаршиносон ба унвони яке аз беҳтарин маҷаллаи ховаршиносӣ талақӣ мешавад. Ин фаслномаро ман бе он ки подошеро интизор дошта бошам, тани танҳо бо ишқу алоқаи зиёд ва бо кумаки як нафар дастёр омода мекунам ва бо ёрии Худо ва кумаки молии ройзании фарҳангии Эрон чоп мекунем ва аз тариқи ройзаниҳои фарҳангии Эрон дар кишварҳои мухталиф интишор мешавад.

Новобаста ба ин ки бар асари бӯҳронҳои иқтисодӣ ва таҳримҳои ноҷавонмардона алайҳи Эрон, мо низ барои чопи маҷалла ба мушкилоти сангине рӯ ба рӯ шудем, боз ҳам умедворам, ки нашри ин маҷалла идома ёбад. Ман хушҳол ҳастам, ки фаслнома, дар ҳаҷми аз 350 то 380 сафҳа бо тирожи 1000 нусха интишор мешавад, маҷаллаи ъилмӣ ва ғайритиҷорӣ буда, барои марокизи муҳими эроншиносии ҷаҳон ирсол мешавад. Мо номаҳои зиёде мегирем, ки дар онҳо коршиносон фаъолияти маҷалларо мусбат ва муҳим арзёбӣ мекунанд ва аз банда сипосгузорӣ кардаанд. Ин маҷалла як нашрияи байналмилалӣ буда, дар он то кунун матолиби ъилмӣ аз донишмандони бисёре аз кишварҳои ҷаҳон интишор ёфта аст. Ҳайати таҳририяи мо низ аз кишварҳои мухталиф буда, дар баъзе шаҳрҳо мо намоянда дорем. Ҳамаи ин ъазизон ройгон ва ба хотири эҳтиром ба ъилм бо мо ҳамкорӣ мекунанд.

Мутаассифона, мо тақрибан нақди адабӣ надорем

- Иртиботи Шумо бо ҳавзаи илмии Тоҷикистон: бо кадоме аз созмонҳо ва шахсиятҳо ҳамкориҳои илмӣ доред? Оё ба чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон даъват мешавед?

-Ман тоҷикам, табиист, ки бо бисёре аз шахсиятҳои ъилмӣ ва фарҳангии кишварамон иртибот доштааму дорам. Инҳо дар донишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳо, муассисоти фарҳангӣ кор мекунанд. Ҳамеша дар ғаму шодии кишвар шарик будааму ҳастам. Ман фориғуттаҳсили донишкадаи забону адабиёти донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будам. Хушбахтона, донишгоҳи мо дар он рӯзгор яке аз беҳтарин донишгоҳҳои шӯравии собиқ буд. Вақте пас аз хатми донишкадаи забону адабиёт барои идомаи таҳсил ба Маскав рафтам, эҳсоси заъф ва нороҳатӣ надоштам, зеро дар ҳамон вақту фазо донишгоҳи мо, аз ҷумла донишкадаи мо ҳама донишҳои лозимаро, ки дигарон дар донишгоҳҳои худашон мегирифтанд, ба мо медод.

Ман ҳамеша аз устодонам сипосгузор хоҳам буд. Худо баъзеяшонро биёмурзад, аз ҷумла устоди беназири ман Шарифҷон Ҳусейнзодаро, устодон Воҳид Асрорӣ, Додоҷон Тоҷиев, Саъдоншоҳ Имронов, Нозирҷон Арабзода ва дигаронро... Ва табиист, ки бо онҳое, ки ҳанӯз хушбахтона ҳастанд, ба наҳве дар иртибот ҳастам. Ва ҳамчунин бо ҳамаи донишмандони воқеъии ъулуми инсонӣ ба наҳве равобит доштаам. Дар робита ба даъват барои ширкат дар ҳамоишҳо, танҳо як бор, дар ҳамоиши марбут ба Имоми Аъзам буд, ки маро аз сӯи давлат ва аз тариқи сафорат даъват карданд, ки маъзарат хостам ва изҳор кардам ки, дар ин замина ман мутахассис нестам...

-Бо адабиёти муосир, манзурам назму насри даҳ соли охир шиносед? Онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Бале, ошнойӣ дорам. Кишвари мо ва миллати мо, ҳамеша шахсиятҳои бузургеро дар домони худ парваронида аст ва умедворам ҳамеша чунин хоҳад буд. Дар адабиёти муосири мо, ба назарам, чун дар адабиёти бисёре аз кишварҳо дар баробари афроди боҳунар ва сазовор теъдоди муайяне аз беҳунарон низ ахиран роҳ ёфтанд  ва худро чун адиб ҷилва медиҳанд, ки навиштаҳояшон ба ҳеч ваҷҳ наметавонад моли адабиёт бошад. Ман бо чунин навиштаҳо зиёд рӯ ба рӯ шудаам ва дар мақолаи "Мо, ки кӯрона асоҳо мезанем..." ба он ишора карда будам. Ҳоло дар ин мусоҳиба намехоҳам зиёд дар бораи он осори беарзиш фикр кунем... Чун арзёбии мутуни адабиёт майдони дигаре мехоҳад ва ин ҷо мехоҳам аз равандҳои роиҷ ҳарф бизанам.

Яке аз вежагиҳои адабиёти мо, умумигӯйӣ аст, ки дар ҳоли равнақ ёфтан аст  ва касе нест пеши ин ҳамакораҳои ҳичкораро бигирад. Баъзе ғазалҳоро мехонӣ ангор на шоъири муъосир, балки нафаре аз рӯзгорони Ҳофизу Мавлоно ё Бедилу Соиб бо шумо сухан мегӯяд. Бисёре аз шоъирон ва нависандагон забонро ёд нагирифтаанд. Робитаи як шоъир ё як нависанда бо калима ва истифодаи он, то ҳадде бо ба корбарандаи одии он фарқ мекунад. Ин монанди робитаи наққош аст бо ранг. Кори нависанда ин аст, ки нерӯ ва танини вожаро аз дарунаш берун бикашад ва аз он як ҳолати зинда  падид оварад. Ба қавли донишманде ин монанди танини ҷом аст.

Ҷоми шикаста танине надорад. Набояд фаромӯш кард, ки сухан, калом ва калима, ки мафоҳими шабеҳ доранд, дар баъзе аз тамаддунҳо муқаддас дониста мешавад ва аз сухан интизори эъҷоз ва гушудани тилисму шифои беморро доштаанд. Ин сухан бояд дар хидмати мардум бошад, на дар ситоишу накӯҳиш! Чанде пеш шоъири хуби мо Сиёвуш ба ман пешниҳод кард, ки ҳамроҳ дар бораи шеъри ҷавонон сӯҳбат бикунем... Мо истеъдодҳои хубе дорем, вале ин соҳибони истеъдод барои сайқал додани тавоноиҳои худ бояд ташвиқ ҳам шаванд, ҳимоят ҳам шаванд ва нақд ҳам шаванд ва бояд осори эшонро баррасӣ кунанд. Вале мутаассифона, мо тақрибан нақди адабӣ надорем.

Нақди адабие, ки созанда бошад ва ба равнақи адабиёт ёрӣ расонад, тақрибан вуҷуд надорад. Бархе аз хомазанон бо аҳдофи муғризона, баъзе аз нависандагони заъифро ба пояи Фирдавсӣ мебардоранд ва гоҳе чунон арзёбӣ мекунанд, ки ангор ҷуз санохонӣ чизеро балад нестанд. Гоҳе хабарнигорон ба кори нақди адабиёт даст меёзонанд ва ҳоло кор ба ҷое расида, ки сабки нақди адабӣ ба мақолаҳои публитсистӣ бадал шуда аст. Хулоса, дар даҳ соли охир ҳам осори арзишманде дар адабиёти мо падид омад, ки бархе бисёр қобили арзёбӣ ва арҷгузорӣ ҳастанд ва бисёре тасодуфӣ. Ба ғайр аз устодони сухан теъдоде аз ҷавонҳо низ ба майдони адабиёт ворид шуданд ва корҳои хубе мекунанд, ки дар ин бора бояд дар ҷои дигар ва мавриди дигар сӯҳбат бикунем.

Устод Улуғзода бетардид аз шахсиятҳои барҷастаи миллати мо буданд

- Дар бойгонии шумо аксҳои зиёдеро бо шахсиятҳои машҳур дидем, аз ҷумла бо Темур Зулфиқоров, Сайид Муҳаммади Хотамӣ, устод Улуғзода...Ва мехостам дар бораи як лаҳзаи бо устоди шодравон Улуғзода буданатон, ки дар акс мебинем, нақл мекардед? Ба назарам ин шояд охирин солҳои ҳаёти устод буд, ки хеле солманду бемадор менамоянд.

- Аз солҳои донишҷӯиям ба донишмандон, шахсиятҳои бузурги ъилмию фарҳангӣ эҳтироми вежае қоил будам. Ва ҳамеша талош кардаам, ки дар маҳзари эшон чизе биёмӯзам. Бо устод Улуғзода, ки ман ҳамеша иродат доштаам, дар Маскав ошно шудем. Ин ошно шуданамон таърихи ҷолибе дорад, ки шуниданист. Дӯстам Тимур Зулфиқоров, ки бо ӯ ҳанӯз дар Душанбеи оғози солҳои ҳафтодуми қарни гузашта пас аз чопи достонаш дар бораи Умари Хайём, аввал бо ҳам даъво кардаву баъд дӯст шуда будем, рӯзе ба ман занг зад, ки устод Улуғзода аз ӯ хоста аст, ки бархе аз намоишномаҳои эшонро, ки духтарашон Элеанора тарҷума карда буд, дубора тарҷума кунад.

Ман гуфтам, Шумо мехоҳед аз рӯи тарҷумаҳои таҳтулафз тарҷума кунед? Гуфт, устод мефармоянд, ки ҳамин тарҷумаҳоро дуборакорӣ кунам, яъне қалам бизанам. Ман гуфтам, хондед? Гуфт, оре, хондам ва ба ин натиҷа расидам, ки ҳамин тарҷумаҳо хуб аст, набояд кори дубора кард. Ман гуфтам, беҳтар аст ба устод бигӯед, ки ҳамон тарҷумаҳои духтаратон хуб аст ва агар лозим донед, ман фақат веросторӣ мекунам. Ӯ гуфт, оё намешавад фардо ҳамроҳ ба дидори эшон биравем. Ман ҳам қаблан бо эшон зиёд ҳамсӯҳбат нашуда будам. Ин воқеъа оғози солҳои 1980 буд. Ман гуфтам, аввал аз устод бипурсед, агар мувофиқ бошанд, ҳамроҳ меравем.

Тимур баъд аз чанд дақиқа ба ман телефон кард ва гуфт, ки бо устод гуфтугӯ кардам, ҳамроҳ меравем. Ӯ гуфт устод туро мешиносанд. Ин буд, ки мо ҳамроҳи Тимур ва боз яке аз ҳамватанонамон ба дидори устод рафтем. Манзили эшон дар метрои "Каломенский"- и шаҳри Маскав буд, ки ман баъдан солҳо дар он ҷо зиндагӣ кардам. Вақте Тимур маро шинос кард, устод гуфтанд, ки ғоибона маро мешиносанд ва бархе навиштаҳоямро дидаанд. Албатта,  барои ман ҷолиб буд ва дидам, ки рӯи мизи устод як даста рӯзномаҳо ва чанд шумораи "Садои Шарқ" ҳам буд, ки ҳамон солҳо бархе навиштаҳои шогирдонаи ман низ чоп мешуд.

Ман дар ин сӯҳбат назари худро ба устод Улуғзода дар робитаи заҳмати эшон барои ба наср баргардондани "Шоҳнома" иброз доштам ва дар бархе маворид (бо он хӯйи деҳотие, ки доштам) бепарда  норасоиҳоро низ гуфтам. Дидам, ки чашмони устод бозтар шуд ва бо диққати тамом ба рӯйи ман нигоҳ мекарданд. Ман нигарон шудам, ки Худо накарда, устод нороҳат шаванд... Вале медидам, ки ҳарфҳоямро гӯш мекарданд ва дар бобати "Шоҳнома" пай дар пай чанд суол доданд ва посухи маро бишниданд. Дар ҳар маврид барои исботи андеша ман пораҳоеро аз достонҳои мухталифи "Шоҳнома" аз ёд мехондам.

Устод пас аз ҳудуди ним соат гуфтугӯ бо ман дар бораи "Шоҳнома", тақозо карданд, ки бархезам  ва оғӯш кашида гуфтанд, "биллои ъазим" (ин таъбирро чанд бори дигар низ аз устод шунидаам!) дар байни ҳамватанонамон ман кам касеро медонам, ки "Шоҳнома"-ро комил хонда бошад, вале Шумо хондаед! Вале мо бо Шумо  бояд ҷиддитар сӯҳбат кунем, ҳоло ин меҳмоно зиқ нашаванд. Ва аз ман телефони манзиламро хостанд ва дигар сӯҳбат ба забони русӣ аз боби тарҷумаи намоишномаҳо буд... Ҳамин тавр ошноии мо бо устоди бузургвор Сотим Улуғзода шурӯъ шуд ва ин ъишқи мо ба "Шоҳнома" буд, ки моро бо ҳам дӯст кард ва аз он пас, тақрибан ҳамеша бо ҳам дар тамос будем ва иртиботи самимӣ доштем, то охирин лаҳзаҳои зиндагии заминии устод дар ғаму шодии якдигар шарик  ва ҷуёӣ ҳоли ҳамдигар будем.

 Ман даҳҳо нома аз устод дорам ва ёддоштҳои бисёр ҷолибе дорам, ки ҳатман агар зинда будам, бо ёрии Яздон онҳоро дар китобе гирд меоварам... Рӯзҳое, ки устод сактаи мағзӣ карданду дар бемористон беҳуш буданд, як шабонарӯз ман ва як шабонарӯз Любов Андреевна, хонуми меҳрубонашон бо навбат меистодем. Рӯзе, ки устод дори фониро видоъ гуфтанд, Давлат Худоназарову Муборак Шарифӣ аз Маскав ба ман телефон карда хоҳиш карданд, ки бо хонуми устод сӯҳбат кунам ва ризояти эшонро бигирам, ки ҷанозаи устод Улуғзодаро ба Душанбе баранд. Табиист, ки ман ҳамон лаҳза телефон карда ва хоҳиш кардам ва тавзеҳ додам, ки устодро бояд ҳатман дар меҳанашон ба хок биспорем... Ман бо устод мусоҳибаҳои фаровоне доштам, ки бахше аз он дар Душанбе, ҳангоме ки боевикҳо хонаамро ғасб карданд, бо китобхонаам аз байн рафт ва яке аз сӯҳбатҳоямон авохири солҳои ҳаштодум дар ду сафҳаи "Адабиёт ва Санъат" чоп шуда буд...

Ман устодро шахсияти бузурги миллӣ медонам ва боре бо эҳсос навишта будам, ки ба назарам дар адабиёти Тоҷикистон беҳтарин ҳикоя "Марги Ҳофиз", беҳтарин румон "Восеъ", беҳтарин намоишнома "Ъалломаи Адҳам ва дигарон", беҳтарин қисса "Ривояти Суғдӣ" мебошад. Ин ҳарфест, ки сиюанд сол пеш гуфта будам. Умедворам, дар бораи зиндагӣ ва осори устод китобе бинвисам, ки дар назди рӯҳи бузурги эшон бидеҳкор ҳастам.

- Умуман, дар бораи шахсияти Улуғзода чун қавитарин насрнависони садаи 20 тоҷик ва пири аксари адибони имрӯза чӣ метавонед бигӯед?

-Ман ба устод эҳтироми зиёде қоил ҳастам, вале ҳамин эҳтиром ва муҳаббате, ки дорам маро во медорад, ки аз истифодаи таъобире амсоли "қавитарин", "бартарин", "зӯртарин" ба иҷозататон, худдорӣ кунам. Чанде пеш яке аз бузургонамон низ устод Улуғзодаро  дар як сӯҳбаташон "бузургтарин" гуфтаанд ва бо устод Айнӣ муқоисаи бемаънӣ кардаанд. Бо ҳамаи эҳтироме, ки ба он бузургвор дорам, ҳаргиз ин андешаро дар ин шакл намепазирам.

Мо бузургмарде мисли устоди бемисл Садруддини Айнӣ доштаем ,ки устод Улуғзода борҳо ба ман гуфтаанд, ки нақши устод Айнӣ дар ташаккули миллати мо беназир аст. Ва бетардид барои ман "Ёддоштҳо" ва "Марги судхур" беҳин намунаҳои насри сад соли охир аст! Мо вақте ба шахсиятҳои бузургамон баҳо медиҳем, бояд ҳамеша онҳоро дар матну батни фарҳанги миллиамон дар давраи хоссе аз зиндагии ҷомиъа, арзёбӣ кунем. Метавонам, бигӯям, ки устод Улуғзода бетардид аз шахсиятҳои барҷастаи миллати мо буданд ва дар сангинтарин рӯзҳое, ки сарнавишт ба сарашон овард, наҷобат, бузургӣ, одамият, миллигаройӣ, башардӯстӣ, виқор ва ҷавонмардиро аз даст надоданд.

Вақте эшонро аз ҳама ҷо ронданд, хостанд, ки болашро бишкананд ва тақозо карданд, ки ба ивази афви "гуноҳаш" бояд аз фарзандаш даст бикашад, устод  ин пешниҳоди номаймунро рад карданд! Ин аст ҷавонмардӣ! Дар рӯзгороне, ки ағлаб ситоиши низомро мекарданд, устод ба суроғи бузургони миллии мо рафтанд ва чеҳраҳои мубаррои устод Рӯдакӣ, Шайх ур-раис Бӯъалии Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш ва дигаронро ба мардум пешкаш карданд  ва ҳаргиз дунболи он набудаанд, ки ба ивази хиёнат ба миллат ва чоплусӣ, бо ҷалолу шукӯҳ зиндагӣ бикунанд...

Ҳамаи қаҳрамонони устод Улуғзода ба мардум паёми одамият, футувват, мурувват ва ҷавонмардӣ медиҳанд ва дар хидмати мардум будаанд. Албатта, дар як мусоҳибаи кутоҳ наметавонам ҳама вежагиҳои осори устодро фаро бигирам, вале ҳатман дар ин бора хоҳам навишт. Ман дерест, ки як китоберо бо номи "Чеҳраҳо" шуруъ кардаам ва мехоҳам дар он чеҳраҳои бузурги миллӣ ва фарҳангиамонро аз устод Айнӣ то имрӯз, ки теъдодашон 35 нафар тарроҳӣ шуда аст, бинвисам. Дар миёни ин бузургон устод Улуғзода ҷойгоҳи вежае доранд.

- Ва баргардем ба аввали суҳбат: кай азми бозгашт ба Ватан мекунед?

-Бародари гиромӣ,ман ҳаргиз ба он маъние,ки мепиндоред, аз Ватан нарафтаам. Тамоми вуҷуди ман бо меҳанам аст. Як лаҳза ҳам бе ёди Ватан назистаам. Ватан дар қалби ман аст. Ва ҳар куҷое, ки ман зиндагӣ мекунам ва дар гӯшае маскан мегирам, он ҷо Тоҷикистон аст. Бисёре аз ҳамватанони мо, ки меҳмон мешаванд, хонаи маро гӯшае аз Тоҷикистон гуфтаанд. Вале ба суоли Шумо чӣ бигӯям?! Дар ин бора, агар иҷоза бидиҳед, бо овардани ду қитъа шеър аз ду шоъири бузургамон посух бигӯям:

Ин порае аз як ғазали Саъдӣ аст :

…Зоҳир он аст, ки бо собиқаи ҳукми азал,

Ҷаҳд суде накунад, тан ба қазо дар додам.

В-ар таҳаммул накунам ҷаври замонро чӣ кунам,

Доваре нест, ки аз вай биситонад додам.

Дилам аз сӯҳбати Шероз ба куллӣ бигирифт,

Вақти он аст, ки бипурсӣ хабар аз Бағдодам.

Ҳеч шак нест, ки фарёди ман он ҷо бирасад,

Аҷаб  аз соҳиби девон нарасад фарёдам.

Саъдиё ҳубби ватан гарчи ҳадисест,саҳеҳ,

Натавон мурд ба сахтӣ, ки ман ин ҷо зодам.

Ва ин ҳам як ғазали Ҳофизи малакутӣ бо андак ихтисор, ки фикр мекунам, посухи маро дар ин маврид, ин бузургон беҳтару хубтар гуфтаанд:

Гар бувад ъумр ба майхона расам бори дигар,

Ба ҷуз аз хидмати риндон накунам кори дигар.

Хуррам он рӯз, ки бо дидаи гирён будам,

То занам об дари майкада як бори дигар.

Маърифат нест дар ин қавм худоро сабабе,

То барам гавҳари худро ба харидори дигар.

Гар мусоъид шавадам доираи чархи кабуд,

Ҳам ба даст оварамаш боз ба паргори дигар.

Ҳар дам аз дард бинолам,ки фалак ҳар соъат,

Кунадам қасди дили реш ба озори дигар.

Боз гӯям на дар ин воқеъа Ҳофиз танҳост,

Ғарқа гаштанд дар ин бодия бисёри дигар

Фикр мекунам ба ҳама суолҳоятон посух гуфтам. Боқӣ, умедворам,ки сӯҳбати мо малоли хотири ҳеч нафаре набошад ва дархури завқи хонандагони нуктадон бошад.

Мусоҳиб Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №10-11, 12-19 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi