19:50:12 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Рӯзгори Абдулҳайи Муҷахарфӣ ва намунаҳо аз осори ӯ

Шайх Абдулҳайи Домулло Муҳаммадсобири Абдулазим соли 1284 ҳиҷрӣ, баробар ба 1867 милодӣ дар деҳаи Муҷахарфи ноҳияи Нурободи Раштонзамин ба дунё омадааст. Гузаштагони дури ӯ аз Даҳбеди Самарқанд будаанд.

mujakharfi-121212Волидайнаш дар деҳаи Чормағзак умр ба сар мебурданд. Аҳли оилаи онҳо баъдтар ба деҳаи Муҷахарф, ки дар он ҷо макону ҷойи авлодӣ доштанд, кӯч баста, муқими доимӣ мегарданд. Дар ин бора худи Абдулҳай дар оғози рисолаи "Му-физу-л-анвор" ҷойи истиқоматашро Муҷахарф муаррифӣ намуда, чунин навиштааст: "Аммо баъд мегӯяд бандаи гунаҳкору табаҳкору умедвор аз раҳмат ва лутфи ҳазрати Парвардигор, роҷии шафоати ҳазрати  Расули мухтор (с), муҳибби аҳбоби Аллоҳ, ходими аҳли шариъат ва мухлиси аҳли тариқат Абдулҳай ибни Муҳаммадсобир, сокини қарияи Муҷахарф ва ин қарияест аз қасаботи Қаротегин аз тавобеъи Бухорои Шариф… "

Дар оғози рисолаи "Канзу-л-мавоъиз" омадааст: "Абдулҳай ибни Мулло Муҳаммадсобир, сокини қарияи Муҷахарф аз тавобеъоти Қаротегин.."

Ин гуфтаҳои ӯро хотимаи маснавии "Муфиду-л-муъминин"-и адиб низ таъийд менамояд:

Ало, ай он ки назми мо бихонӣ,

Агар хоҳӣ, ки номамро бидонӣ.

Қаротегиниам, бишнав ту ҳарфам,

Ки Абдулҳай, зи қаряй Муҷахарфам...

Абдулҳайи дар тифлӣ баъди вафоти модар ятим монда, дар тарбияи бобои модариаш Охунди Мулло Шариф, ки аз шахсони фозилу муътабари дара буд, камол меёбад. Таълимоти ибтидоиро низ бо тамоми нозукиҳояш аз эшон фаро гирифта будааст. Баъд ӯ таҳсили худро дар назди падар, ки таҳсилёфтаву хатмкардаи мадориси Бухорои Шариф ва муфтии диёр буд, идома медиҳад, Падари Абдулҳай шахси ниҳоят худотарс ва ботақвое будааст.

Ӯ барои таълиму тарбияи фарзанд, дар асоси омӯхтаву андӯхтаҳояш дар Бухорои Шариф, тамоми шароиту имконияташро фароҳам оварда буд. Абдулҳай сабақомӯзии комилро дар назди падар фаро гирифтааст. Вай бо тавсияи падар аз пири тариқат Шайх Шаҳобуддини Ёзғандӣ (ин деҳа дар минтақаи Тавилдара воқеъ аст) муддати 7 сол сабақҳои ботинӣ омӯхта, маърифати ирфониро азбар менамояд ва дасти пир мегираду бо рухсати пири худ, чун орифи комил ва муршиди пухта, ба Ватан бармегардад.

Абдулҳайи Муҷахарфӣ аз диёри хеш дур нарафта бо саъю кӯшиши шахсӣ ва кӯмакҳои бедареғи ҳаррӯзаи бобову падар ва дасти пири Ёзғандро гирифтан дар нишастҳои илмиву адабии водӣ ширкат варзида, маҳфилҳоро гарму босафо менамуд. Ҳар як нишасту баҳс дониш ва диди адабиву бадеии ӯро меафзуд ва торафт ӯро ба такмили маҳорати суханронӣ уҳдадор ва раҳсипор мегардонид. Шуҳраташ рӯз аз рӯз болотар мерафт.

Акнун Абдулҳай метавонист бо хатмкардаҳои мадориси Бухоро паҳлӯ ба паҳлӯ бошад, ба онҳо суолҳо диҳаду ҷавобҳо шунавад, ба баҳсҳои илмиву мазҳабиашон ҳамроҳ ва ағлаб ғолибу дастболо гардад. Писари эшон Муҳаммадикром нақл менамояд, ки падари падараш Мулло Муҳаммадсобир аз ақлу хирад ва заковати баланди ӯ фахр намуда, боре ба як нафаре, ки хатмкардаи мадориси Бухорои Шариф буд, гуфтааст: -Додарам , чаро ба Бухоро рафтӣ? Охир, талабгори илм дар зери хор ҳам метавонад омӯзад ва донандаи хубе шавад!

Абдулҳайи Муҷахарфӣ баъди ба пояи зарурии дониш расидан бо Ҳурбибӣ духтари амакбачааш Мулло Ашрафи Абдулмӯъмин издивоҷ менамояд. Ҳурбибӣ баъди ба синни 45-солагӣ расидани Шайх ба хоҳиши худ ва мувофиқаи ҳамсараш ҳамдеҳаашон Майнаро ҳамчун зани дуввум ба ақди никоҳи шавҳараш дароварда будааст.

Аз онҳо фарзандони зиёде: Абдулфаттоҳ, Махсуми Мулло, Муҳаммадносеҳ, Муҳаммадикром (хушбахтона, ҳоло дар қайди ҳаёт аст). Муҳаммадсолеҳ, Муборакхоҷа, Муҳибба, Ҳусбона ва Зайтуна ба дунё омада, хонаи ӯро гармтар, чароғи фурӯзони маърифати хонадонро рӯшантар менамояд.

Аз эҷодиёти Шайх Абдулҳай чунин мазмуне бармеояд, ки вай дорои хулқу атвори ҳасана ва сифоти писандида, шахси хушахлоқ, покизарӯ, хайрандеш, мардумдӯст буда, улуми нақлӣ ва ақлӣ, Қуръон, тафсир, ҳусни хат ва илми ҳадисро то ҷое фаро гирифта, аз уламои номдори диёр ба шумор мерафт. Забони арабӣ забони дуввуми модариаш маҳсуб мешуд. Ӯ дар хаттотӣ дасти тамом ёфта, дар ин соҳа аз саромадони аҳди худ будааст. Мегӯянд, ки дар ҳафт намуди хат, бахусус хатти қуръонӣ ва настаълиқ забардасту камолёфта шинохта шудаасту он чӣ аз осораш имрӯз дастрас аст, асосан нусхаи қаламии муаллиф ва исботи фикри болост.

Тавре, ки маълум аст ва аз эҷодиёти худи шоир ҳам пайдост ("Муҳофизу-л-анвор" ва "Далелу-с-оликин"), дар замони ҳаёт ва фаъолияти ӯ дар манотиқи форсигӯён ва ҳатто берун аз он табақаҳои гуногуни тасаввуф, аз қабили чиштия кубравия, қодирия сӯҳравардия, нақшбандия ва ғайра амал мекарданд. Ҳар кадоми ин силсилаҳо баробари пайдоишу доштани ташкилоту хонақоҳҳои муайян ба дойираи хеш эътиқодмандони зиёдеро ҷалб менамуданд ва ҳадафи аввалияи онҳо тарбияи ахлоқи поки инсониву роҳ намудан ба сӯи Ҳақ буд. Табиист, ки ба Абдулҳайи ориф ин таълимот бетаъсир намондааст.

Охунди Мулло Шариф худ солики тариқаи қодирия буда, набераашро аз кӯдакӣ дар ҳамин рӯҳия тарбия менамояд. Аз тарафи дигар Абдулҳай ба ирфон ва тасаввуф майли зиёде дошт ва дар баробари силсилаҳои гуногуни он ба тариқаи нақшбандия ҷазба ва кашише дар дил мепарварид. Ашъори саросар орифонаи адиб баёнгари ҳол аст. Ин майлу рағбат бо таълим гирифтан аз Шайх Шаҳобуддини Ёзғандӣ қисмати Абдулҳайро ба ҷараёни нақшбандия пайваст намуд. Ҷустуҷӯ ва ошноӣ бо таълимоти нақшбандия сабаб мешавад, ки ӯ баъзе хулосаҳои худро дар мавриди ин ҷараён ва ҷанбаҳои инсонпарвариву аҳамияти иҷтимоӣ доштани он баён намояд Ӯ мегӯяд:

Ай валад, гардӣ зи файзи нақшбандон баҳраманд,

То ки аз файзи Баҳоуддин шавад корат тамом.

Ва ё:

Сияҳрӯзам, маро аз ҳиммати покон мадад ояд,

Хусус аз рӯҳи шоҳи Нақшбанду шоҳи Бағдодам.

Ба ин маънӣ, таваҷҷуҳи Абдулҳайи Муҷархарфӣ ба сарсилсилаи ин тариқа Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд ва Аҳмад ибни Абдулаҳад Форуқи Сарҳиндӣ дар рисолаҳояш хоса "Муфизу-л-анвор" ба маврид будаанд.

Осудаҳолии Шайх Абдулҳай чандон дер давом намекунад. Пас аз муддате озурдагиҳо аз муҳити зиндагӣ  дар ойинаи хотир ва қалби ӯ пайдо мегардад ва сӯзу фироқи ҳамешагие дар вуҷудаш меандозад. Нахуст падари бузургвор ва яке аз бародаронаш яке аз паси дигаре олами фониро падруд мегӯянд. Доғи ҷудоӣ аз падару бародар ҳанӯз аз дили вай зудуда нагардида фарзандаш Муҳаммадсолеҳ фавт мекунад ва ғамашро як бар сад меафзояд

Лаъли кони шодмониро асар гум кардаам,

Донаи ёқут аз кони ҷигар гум кардаам.

Доштам ман аз муҳити комронӣ як садаф,

З-он садаф ай ҳамнишинон, як гуҳар гум кардаам.

Ҳамчу Яъқуб аз ғами фарзанд менолам мудом,

Ман ҳам аз Канъони чашмон як писар гум кардаам.

Ай дареғо аз Муҳаммадсолеҳи хушгӯйи ман,

Шоми ғам ӯро ба ҳангоми дигар гум кардаам,

Сабр кардан дар балои ҳаҷр, Абдулҳай, хуш аст,

Пеш аз он зеро бародар бо падар гум кардаам.

Пас аз марги падару писари ба ҷон баробар ба сари Абдулҳай ва аҳли байти ӯ боз мусибатҳои дигар: фавти ду духтари дӯстрӯву зебояш Ҳусбона ва Зайтуна бор мешавад. Падари аз ҷигарбандону азизони худ барои ҳамешагӣҷудошуда парешонхотиру ошуфтаҳол бо ашки ҳасрату таассуф бонги нафир баланд мекунад:

Оташе сар зад, муҳиббон, аз дили девонаам,

Аз фироқи рӯии моҳи нозанин Ҳусбонаам.

Буд зебо духтаре аз баъди ӯ Зайтуна ном,

Аз чароғи ҳусни хубаш буд равшан хонаам,

Гаҳ ғами Зайтуна месозад парешон хотирам

Гаҳ ба сина мезанад ханҷар ғами Ҳусбонаам.

То марги нобаҳангоми ин азизон Шайх Абдулҳай, тавре пештар гуфта гузаштем, рӯзгори хушеро басар мебурда ва аз каму ғами дунё фориғ будаасту шодиву тараб ҳамроҳи ӯ:

Аз тараб бар чарх месуда кулоҳам пеш аз ин,

Даври гардун ин замон хоки замин медорадам.

Ва он ҳама дарду ғами афзуну беҳисобу шӯру шари беададе, ки дар вуҷуд ҳаст,- мегӯяд падари мотамзада, бо сухан баён кардан ғайриимкон мебошад. Ва агар ин имконият бошад ҳам дар баёни он ғуссаҳо сиёҳидон бесиёҳиву нӯги қалам ба тамомӣ фарсуда мегардад:

Гар ба назм орам саросар ҳоли кулфатҳои дил,

Ҳам давотам бе сиёҳӣ ҳам қалам бесар шавад.

Баъд аз ин Абдулҳай дар маҳфилу ҷамъомадҳо камтар менишаст, гӯшанишинӣ ва эҷоду китобати осор ҳамдами доимиаш гардида буданд.

Мувофиқи ишораи худи Абдулҳай ӯ ба сафарҳои дуру наздик низ баромада будааст:

Гоҳ Абдулҳай иқомат карда андар Муҷахарф,

Гаҳ ба атрофу ҷавониб рӯ ба рафтор оварад.

Дар баробари он ҳама нохушиҳои замон зиндагии Шайх Абдулҳай, ки ба солҳои пурошӯбу тазодҳои табақотӣ, яъне охири салтанати шоҳии Бухорову рӯ ба инқироз овардани он ва оғози ҳокимияти давлати Шӯравӣ рост меояд, ба ҳаёти ӯ бетаъсир намондааст. Вай аз бесару сомониҳои давраи гузариш аз вазъи баамаломада истифода бурда даст ба фисқу фасод ва ришвахорӣ задани амлоку мансабдорон ва муштзӯрону сипоҳиёни маҳаллаи Муҷахарф ,ки деҳаи мирнишин буд, қатлу ғорати мардуми бегуноҳ ва ғайра дар шигифт монда мегӯяд:

Ёди аҳли ҷоҳ бар дил ҷуз ғами озор нест,

Во дареғо мардумонро дидаи бедор нест.

(давом дорад)

Саидмурод Шарифов, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №10, 12 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi