20:06:26 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Маҳалгароӣ микробест дар хуни мо

Шаҳрия Адҳамзод 2-юми сентябри соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе буда, фаъолияти кориашро дар нашриёти "Маориф" оғоз намудааст. Аз ҷавонӣ ба навиштани шеър оғоз намуда, ранҷкашидаҳои қаламаш дар китобҳои "Бӯсаҳои маҳтобӣ", "Шамимаи Нур", "Зан дар асорати танҳоӣ", "Дар канори шеър", "Меҳри шеър", "Таманно", "Ашки шақоиқ", "Таронаи сабз", "Ниёиши Истиқлол" ва чандин маҷаллаву китобҳои дастҷамъии дигар дарҷ гардидаанд, ки хеле муассиру хонданианд.

shahriyabonu 5456414845Шаҳрия воқеан бо завқи баланду табъи болида ба олами ҳастӣ, ба дунёи безаволи суханварӣ ворид шудааст. Ин зани саропо ҳунару истеъдод аз ғаму шодии шахсии худ ва муҳите, ки ӯро иҳота кардааст, сухан мегӯяд. Меҳри ватани маҳбубро пайваста месарояд. Парвози шеъраш бештар ба самти ватандориву ифтихори миллист. Гарчанде ашъораш гуногуннавост, вале собит гашта, ки ӯ маҳз барои сароидани ғазал офарида шудааст. Барои ороиши ғазал ӯ қофияву радифҳои муносибро ҷустуҷӯву пайдо мекунад ва дар зебоишиносӣ маҳорати беандоза дорад. Ғазалҳояш чун ғазалҳои Симину Фарзона самимианд.

Умедворем, барои мову шумо боз шеъру таронаҳои аз ин хубтару хуштар ва олитарро манзур менамояд. Зеро ӯ ба мафҳуми ишқ, модар ва зебоӣ дил баста аст. "Ниёиши Истиқлол"-и Шаҳрияро мутолиа карда, меҳру муҳаббат ба Ватан, ба зодгоҳ, ба миллат, ба фарзонафарзандони он ва ба арзишҳои волояш боз ҳам зиёдтар мегардад. Ин зани меҳанпарасту инсондӯст тавассути офаридаҳояш арз мекунад, ки бе Ватан, бе обу хоки равонбахши он худро асло шоду мамнун нахоҳад дид. Бо медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардидааст. Аълочии фарҳанг ва матбуот мебошад.

Вале имрӯз мо ба шумо, хонандаи азиз, мақолаи публисистии ӯро пешкаш мекунем.

Бояд гуфт, ки дар ин мавзуъи ҳамешагӣ ва баҳсталаб чизе навиштан ва андеша рондан бароям хеле мушкил аст, вале хомушу бетараф ҳам будан наметавонам, зеро дардест, ки ҳар лаҳза ба зиндагӣ ва ҷони мо неш мезанад. Оре, маҳалгароӣ мисли алафи заҳрпечакест, ки дар танаи дарахти ормону орзуҳои беназири мо печидааст ва ба гумони ман ин дардест, ки аз каммаърифатӣ ва тангназарии мо об хӯрдааст.Чаро муҳаққиқе наметавонад сабаби пайдоишашро аниқ намояд?

Яке чунин арза медорад: Шояд аз он сабаб бошад, ки "тӯли асрҳо тоҷиконро монеаҳои табиӣ аз қабили кӯҳҳои душворгузар, дарёҳои пуртуғён ва ғайраву ғайраҳо аз ҳам ҷудо медоштанд". Ва дигаре ҳам андешаи аввалиро тақвият мебахшад, ки бале, шояд ин андешаҳои ибтидоӣ аз он рӯзгор сарчашма мегирад, ки воқеан тоҷикон ҳамчун вориси тамаддуни бостонӣ ва бумӣ аз фишору таъқиби аҷнабиён шаҳру заминҳои хосилхези хешро аз даст дода, миёни дараю қуллаҳои сарбар фалаккашида ҷон ба саломат бурдаанд. Куҳҳои баланд барояшон мисли деворе буданд, аз як ҷониб онҳоро аз ҳам дур нигоҳ медоштанд, аз сӯйи дигар аз таҳоҷуми душманон эмин меёфтанд. Ва гӯё ана ҳамин аз ҳам дур буданҳо эшонро дар миёнашон тухми бегонагӣ кошт…

Дигаре мегӯяд: ин ҳама сабабгори он шуд, ки мардуми тоҷик худро шаҳрию деҳотӣ ва шимолию ҷанубӣ номида, гурӯҳе бартарию афзалияташро аз дигаре боло гузошт. Устод Лоиқ низ ҷое фармуда:

Фарқ набвад аз шимолӣ ё ҷануб,

Фарқ он бошад, ки зиштӣ ё ки хуб.

Аммо баъзе низ баронанд, ки бештар дар ин ҷода шоирон саҳм мегиранд, яъне ба фаҳмиши аксарияти хонандагони ашъори шоир гумонашон бар он аст, ки тавассути васфи деҳааш дар дили мардум тухми маҳалгароӣ мекорад.Чӣ дурӯғи маҳзе! Бале. Боло донистани як маҳали кишварро аз дигар ва гӯшааш кори номатлуб аст. Ба гумонам ин "беморӣ" решаҳои дерина ва амиқ дорад. Ҳатто Камоли Хуҷандӣ дар замони худ аз маҳалгароии ҳаммиллатонаш нолидааст.Ӯ ҳангоми сафарҳояш барои муддате дар шаҳри Самарқанд мондагор мегардад. Вале эҳсос мекунад, ки бо ӯ муносибати хуш надоранд ва ҳарчи мехоҳанд зудтар аз шаҳрашон бадар равад. Шоири бузург ин номардумию бегонагиро дар байте чунин тасвир кардааст:

Ҳар замон гӯянд, ки берун шав зи шаҳри мо Камол,

Ин Самарқандигарӣ ба як Хуҷандӣ то ба кай?

Хайр, гуфтем, ки дар гузашта роҳҳо байни ҳам баста буданду аз ҳоли ҳамдигар хабар надоштем ва чи тавре ки мегӯянд "нур дар дида аст", яъне чун аз ҳам дур будем миёнамон меҳру муҳаббат набуд, вале имрӯз чӣ? Ҳама роҳҳо кушода, имкони аз ҳоли ҳамдигар хабардор шуданро дорем, вале боз ҳамон маҳалбозиҳои давраи Камоли Хуҷандӣ идома дорад-ку!

Ба гумони кӯчаки ман ин "беморӣ"-ро бештар дар миёни тоифаи беҳунарон ва мансабдорони бемаърифат ҷустуҷӯ кард, Бубинед, ҳатто агар ба рӯзгори ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, таваҷҷуҳ зоҳир намоем, бараъло эҳсос мекунем, ки маҳалбозии то дигар кишварҳои бегона, ба вижа Русия рафтааст. Дар Русия ҷавонони мо деҳа ба деҳа , ноҳия ба ноҳия ва шаҳр ба шаҳр гурӯҳбандӣ шуда, ба сар мебаранд. Масалан мегӯянд: бозори бачаҳои Ванҷ, бозори бачаҳои Ҳисор, бозори бачаҳои Рашт ва ғайраву ғайраҳо…

Ана акнун ин "касалӣ" -ро мо то мамлакатҳои бегона бурдаем. Ва ин падидаи номатлуб пасоянди хуб надорад, зеро нафароне ки дар ғурбат қарор доранд ҳама ҷавонанд ва хотираҳои ҷавонӣ "чун нақш бар санг" буда, ҷовидона дар зеҳнашон сабт мегардад ва ба ҷуз ҳаммаҳали худ бо дигар ҳамватанонаш унс намегирад ва худро ба ҳамешагӣ дар ҳисори тафаккури маҳдуд нигоҳ медоранд.

То ҳол мебинем, ки нафаре ягон мансабро гирифт, ҳатман ёвараш, сардори иттиоллоташ, котибааш, аз ҳама муҳимтараш сармуҳосиб ва мудири хоҷагиро аз миёни хешу табор ва ҳамшаҳриҳояш интихоб мекунад. Бовар намекунед, як бор ба вазорату Кумитаҳову дигар корхонаҳои шаҳри Душанбе сар занед, аз ин зиёдашро мебинед..

Дар корхонаҳои хусусӣҷои гиллаву ҷингила нест, аз қаравули пеши дар то охирин кормандаш хеш ва ё ба гуфте ҳамшаҳраш аст.

Аз назди бинои Ҷомӣ мегузарам, чашмам ба реклама меафтад: ҳамаи сарояндаҳо аз як маҳал, ин хуб аст, вале шумо бовар мекунед, ки ҳама тамошобин низ аз як маҳал мешавад, агар бовар накунед ба он консерт равед худатон ба чашми худ мебинед.

Чун назар ба рӯзгори мардуми шаҳр меафканед, бештар дарк менамоем, ки мо асосан ба ҷанубиву шимолӣ, яъне кӯлобӣ, раштӣ, хуҷандӣ, ҳисорӣ ва дигар номи маҳалҳо табақабандӣ шудаем. Ҳар як хонаводаи мо номгузорӣ шудааст: хонаи ҳо ун помирӣ, хонаи ғармӣ, мағозаи ҳисориҳо ва боз чандин номҳои дигар.

Биёед, азизони дил як борак тоҷик шавем, ку бубинем аҳволамон чи тур мешавад? Мардумро аз рӯи заковату ақлу хираду истеъдод баҳо бидиҳем ва худро аз андешаҳои ҷамъияти ибтидоӣ дуртар бигузорем.

Медонед, вақте ки аз тариқи расонаҳои хабар ёфтам, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон катибаҳои форсии рӯи мақбараи шоири бузург Низомиро аз

байн бурда, ба ҷояш ин катибаҳоро тарҷумаи туркӣ карда гузоштаанд, ашк рехтам. Зеро солҳои 80-и асри гузашта, мо ҷавонон сафаре ба Озарбойҷон доштем ва вақте ки аз мақбараи устод Низомиро зиёрат мекардем, ҷавонони ҷумҳуриҳои назди Балтик бо забони шикастаи русӣ ба мо тоҷикон хитоб карда мегуфтанд, ки Ваш поэт ва илтимос мекарданд, ки он катибаҳои ба забони тоҷикӣ навиштаро бихонем ва мо эҳсоси хушӣ мекардем, ки чӣ қадар фарҳанги барҷаста дорем. Охир Низомӣ худ гуфта: Туркисифатӣ вафои мо нест,

Ва ҷои дигар низ гуфта:

Низомӣ, ки назми дарӣ кори ӯст,

Дарӣ назм кардан сазовори ӯст.

Аз ин рӯ азизон имрӯз мо бояд андешаҳои хурду маҳалиро аз сар дур афканда, пайи тоҷик будан бикӯшем. Ҳар ҷое ки тоҷик асту забони нобаш, аз ӯ дифоъ намоем, бо ҳам бошем, то на дар Самарқанду Бухоро ва на дар Афғонистону Русия моро таҳқир нанамоянд. Барои ин ҳатман мо бояд аз маҳалгароӣ даст бикашем. Ва ин чаҳорпораро барои шуморо ба андеша овардан менависам:

Аз дасти маҳалбозии худ нотобем,

Андар бадани миллати худ микробем.

Дидам ба ҷамоа марди бедоре гуфт:

З-ин рӯ ҳама комёбу мо дар хобем!

Шаҳриябону

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №9, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi