00:12:20 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сазовори ҳама номи баланд аст

Муин Ҳасанов, олиму инсони комиле, ки хоксору фурутан аст, дӯсти беғаразу рафиқи ҷонист. Пайроҳаи тайнамудаи ӯ дар зиндагӣ басо печдарпеч аст, аммо ӯ он ҳама мушкилоти зиндагиро бо азоб ҳам бошад, паси сар карда, ба ин дараҷа расидааст.

mardi-naku 5445545Имрӯз устод ба синни мубораки 60 солагӣ расиданд - шаст соли камолот. Тавре устод ёдовар мешавад, умр чун оби равон як ҷо намеистад, балки беист ҷористу ҷорист... Гӯиё дирӯзакак буд, ки тифли хокбоз буду андешаву афкори тифлӣ дар сар мепарварид. Ҳанӯз ӯ дусола буд, ки модари ҷавону ғамхору меҳрубонаш чашм аз олами рушан пӯшид. Бино ба гуфтаи устод, баъд аз модар тарбияи ӯро бибияш Муҳаррамабону ба дӯш гирифта ӯро ба воя расонид. Ҳарчанд Муини хурдсол аз меҳру навозиши модар маҳрум буд, аммо бибиаш кӯшиш мекард, то ӯро аз вартаи ноумедиву бемодарӣ раҳо созад.

Муин афтодаву хеста ба камол расид, мактаб хатм намудаву дар дил нияти идомаи таҳсил дар макотиби олиро дошт. Овони мактабхонӣ Муини ташнаи илму адаб, ҷиҳати расидан ба қуллаи мурод, аз таҳти дил мехонд. Дар мактаб хонандаи намуна буд, мактабро низ бомуваффақона хатм намуда, соли 1971 ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба факултаи Меъморию сохтмонӣ, ихтисоси "сохтмони саноативу шаҳрвандӣ" дохил шуд.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали донишҷӯйӣ, миёни устодон соҳибном гашт, зеро ҳам ахлоқи ҳамида дошту ҳам донишу истеъдоди воло. Мактаби олиро бо муваффақият хатм кард, ба қавле пурра ба илм дода шуд. Олими ҷавон ҳам дар илм комёб шуду ҳам дар зиндагӣ: рисолаи номзадӣ дифоъ кард, соҳиби хонаю ҳамсари бовафою меҳрубон гардид. 32 сол аст, ки бо ҳамсари вафодораш апаи Мамлакатбону зиндагӣ дорад ва се фарзанди хонадон меваи шаҳдбори боғи воидайнанд.

Бо устод чанд сол пеш, ҳангоми дар маркази хабаргузории "Мизон" адои вазифа карданам ошно гашта будам. Аз рӯзи аввал дарк кардам, ки воқеан ҳам устод инсондӯстанд, зуд ба дилу дида ҷой мегиранд. Аз боби сиёсат суҳбат намояд, гумон мекунед сиёсатмадори маъруфе рӯ ба рӯятон нишастааст, чун аз шеъру адаб сухан равад, дар ин ҷода низ таассуроти хуб дорад, дар навиштани мақолаҳои таҳлилӣ низ беҳамтост. Дар қатори дигар аз рӯзноманигорон узвияти Итиҳоди журналистони Тоҷикистонро низ соҳиб аст. Овоне, ки дар нашрияҳои гуногун адои вазифа меардам, устод ҳатман меҳмони дафтари кориамон шудаву маводҳои хуби хонданбоб пешкашамон мекарданд.

Ростӣ, ки бароям басо хушу гуворо буд бо устод то дер гоҳ суҳбат кардан. Зеро аз гуфтаҳои устод чизеро барои худ касб мекардам, панди рӯзгор мегирифтам. Чун сухан аз мушкилоти рӯзгору ҳар гуна нобасомониҳо мерафт, устод Ҳасанов як нуктаро ба таъкид такрор мекарданд: -Ҳама чиз мегузарад, умри инсонӣ ҳам дар гузар аст, муҳимтар аз ҳама он аст, ки инсон дар зиндагӣ ноумед нагардад ва ҷиҳати расидан ба мақсад талош кунад, он гоҳ бо кӯмаки Худо ранҷи кашидааш ганҷаш ато мекунад.

Ба ифтихори зодрӯзашон дӯстону шогирдон дар ҳамдастӣ бо устод Ҳасанов китоберо тақдими ӯ кардаанд, он ҷо хотироту зиндагиномаи устод ҷо дода шудааст. Ҳар саҳифаи ин китоб, ки метавон онро меҳрнома номид, рангину пурмаъност. Ҳар варақи ин китоб аз рӯзгори пурсамари устод қиссагӯст.

Чанд муддат буд, ки устодро қабзи дил азият медод. Билохира бо маслиҳату мадади дӯстону пайвандон устод ба ҷарроҳӣ розӣ шуданд. Ҷарроҳи бомуваффақият паси сар шуд ва ранҷи устод камтар. Устод Ҳасанов аз он лаҳзае, ки ба қавле дӯстро дар чунин рӯз мешиносӣ ёдовар шуда, дар китобаш менигорад, ки рафиқони ҷониаш Ҳоҷӣ Эҳром Қутбиддинов бо аҳли оилааш, Сироҷиддин Хайриддинов ва Наим Нарзуллоев бо ҳамсаронашон, Наталия Филатова, Абдураҳмон Каримов ва дигарон ҳамеша болои сари ӯ буданд. Тавре устод ёдовар мешавад, дидори дӯстони ҷонӣӯро дар андак муддат ба по хезонд...

Устод Муин Ҳасановро олими пуркору сермаҳсул унвон мебаранд. Воқеан ҳам чунин аст. Ӯ дар амалӣ гаштани як қатор лоиҳаҳои ниҳоятан муҳим саҳмгузор аст, дар баргузории ҳар гуна чорабиниҳои илмӣ-методӣ дар дохилу хориҷи кишвар ширкати фаъолона мекунад, муаллифи як қатор асарҳои илмист. Муаллифи беш аз 350 корҳои илмӣ-методӣ ва 2 китоб ҳастанд.

Ба сифати муовини мудири шуъба оид бо робита бо кишварҳои аъзои ИДМ-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва мушовири вазири саноати ҶТ адои вазифа кардааст. Бо фармони Президенти ҶТ бо ордени "Шараф", дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.

Устод Ҳасанов аз соли 2003 то ба имрӯз дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа мекунад. Ҳамкорону ҳамкасбон ӯро ҳамчун олими тавоною дӯсти дилошно мешиносанду миёни эшон соҳибэҳтиром аст. Як тан аз шогирдони соҳибҷашн, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани филилали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш.Исфара Иномҷон Ҳомидов дар ҳаққи устодаш гуфтааст:

Бар ман ту зи илм бол додӣ,

Фазлу амалу камол додӣ.

Бо ин ҳама аз ту шодмонам,

Васфи ту ҳамеша дар забонам.

Воқеан ҳам устод Ҳасанов садҳо нафар аз шогирдони болаёқату кордон тарбия карда ба воя расонидааст, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Дар радифи табрикоти ёру дӯстон ва наздикону пайвандон мо низ устодро бо шасти камолот табрик гуфта орзу мекунем, то саҳфаи корномаву зиндагиномаи устод аз ин ба баъд рангинтару пурмазмунтар гардад ва бошад, ки ҳар саҳфа китоби рӯзгораш панди зиндагӣ барои ояндагон бахшад!

Бо эҳтирому ихлоси беандоза М.Идизода, рӯзноманигор

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №9, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi