16:37:08 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сафар Абдуллоҳ: Қадимитарин дастхати "Нафаҳот ул Унс" -и Ҷомӣ дар Қазоқистон аст

Давроне, ки ман дар Маскав будам ёрии амалии ӯро ба намояндагони ақвоми гуногун борҳо шоҳид будаам, ба Тимур Зулфиқорови тоҷик, ба Магамед Алиеви доғистонӣ, ба Борис Ряховскии рус ва ба даҳҳо тан шоъирону нависандагони дигар  ёриашро дидаам. Яъне, мақсад аз овардани ин ёддоштҳо ин аст, ки бигӯям, нисбат ба осораш ва шахсияташ бетараф набудаам ва ин аст, ки бо камоли майл дар ҳадди тавони хеш барои тадвину ба чоп омода кардани осораш саҳме доштаам.

safar-abdullo-485214555Вақте устод дар Итолиё сафир буд, тасмим гирифтам, ки бояд осори ӯро гирдоварӣ бикунам ва мунтахаби онро барои чоп омода созам. Ва ин корро анҷом додам ва осори мунтахаби ӯро дар ҳашт китоб ва ҳафт ҷилд дар нашриёти "Отамура" (яъне "Мероси ниёкон")-и Олмотӣ ба чоп расонидам. Дар маросими муъарифии ин мунтахаб солуни бузурги китобхонаи миллии Қазоқистон ва роҳравҳо пур аз мардум буд ва беҳтарин намояндагони ъилму фарҳанг ширкат доштанд.

Дар ин ҳамоиш устод Олжас ва бархе шахсиятҳои дигар аз ман сипосгузорӣ карданд ва барои ман гуворо буд, ки мегуфтанд тоҷикон дар дарознои таърих ҳамеша ъилму фарҳанг ва маънавиятро интишор кардаанду ва ҳоло ҳам чунин корҳоро беҳтар аз дигарон анҷом медиҳанд... Баъдан боз чанд маҷмӯъае аз осори устод Олжас Сулаймоновро ман барои чоп омода кардам ва ба онҳо пешгуфтор навиштаам. То кунун осори зиёде аз эшон ба сурати ашъор, мақолаҳои ҷудогона, гузоришҳои мухталиф, мусоҳибаҳо дар ин сую он суйи ҷаҳон интишор шуда ва касе таваҷҷуҳе накарда буд, ки онҳоро гирдоварӣ намояд ва ба сурати китоб дароварад.

Ман вазифаи худ донистам, ки ин корро анҷом диҳам. Ҳатто як китоби устод Олжасро, ки се бор интишор ёфт, устод чанд бор аз тариқи матбуот эълом кард, ки агар фалонӣ набуд, худам ҳам намедонистам, ки чунин китобе дорам. Ин китоб "Но, людям я не лгал..." ном дорад, ки мисраъи худи шоъир аст. Вақте ман осори мунтахабашро омода мекардам, эҳсос намудам, ки устод Олжас марди мутафаккир аст ва андешаҳояш саршор аз ҳикмат аст. Забонаш забони истиъора аст. Аз маҷоз ва киноя ба хубӣ истифода мекунад.

Ман барои худам ҷумлаҳо, таъбирҳо, бандҳои ҳакимонаро дар дафтаре навиштам, баъд дидам, ки ин ҳикматҳоро, ки ман аз матни суханрониҳо, мақолот ва ё сӯҳбатҳои ӯ иқтибос намудаам, бисёр ҷолиб ва хонданӣ аст. Бархе аз андешаҳои муҳимро эшон  40- 50 сол пештар гуфта буд, ва бархеро худаш ҳам фаромӯш карда буд, вале он суханҳо имрӯз ҳам ба дарди мардум мехурад ва дархури ниёзҳои ҳамешагии башарият аст! Ин китобро ду бор ба чоп расондем.

Ва яке аз бонкҳои маъруфи  Қазоқистон бо ҳамкории мо, бо ороиши зебо ва бо истифода аз беҳтарин коғаз ва ҷилди махсус аз чарм чоп кард ва ба меҳмонҳои бонк ҳадя мекунад. Ҳамчунин, чунонки ишора кардам, бо устод Олжас мо як интишороти кучаке бо номи "Китобхонаи Олжас" таъсис намудем, ки барои нашри беҳтарин шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон ихтисос додаем...

Хулоса дӯстии мо ба ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ табдил ёфт ва устод Олжас ҳамеша ба тоҷикону тоҷикистон эҳтиром дошта бо устод Мирзо Турсунзода,  Тимур Зулфиқоруф, Марат Орифов, устод Муъмин Қаноъат, хонум Гулрухсор, Қутби Киром, Лоиқ Шеръалӣ равобити дӯстона доштааст. Дар сӯҳбатҳое, ки бо ҳам доштаем дар бораи сафарҳояш ба Тоҷикистон ва равобиташ бо тоҷикон бисёр бо муҳаббат ёд мекунад. Дар ин бора умедворам дар китобе, ки мехоҳам дар бораи ӯ бинвисам, таҳти унвони Олжас ва Тоҷикистон бахшеро ихтисос бидиҳам.

Бо ҳам сафарҳои аҷибе ба Эрон ва Озорбойҷон, Санк Петербург ва шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон доштаем, ки дар ин бора низ дар фурсате муносиб хоҳам навишт...Дар мавриди рашк бояд ёдовар шавем,ки ин масъала фаромиллӣ ва фароминтақаӣ мебошад ва дар ҳама ҷой ҳаст ва бояд онро нодида гирем. Зеро касоне ки дар дили худ ъишқро ҷой мекунанд, барои рашку ҳасад, ҷое намемонад. Боре бо устод Олжас наҳор мехӯрдем, ки касе ба телефони ҳамроҳи эшон занг зад ва аз мақолаи ман, ки ҳамон рӯзҳо дар ҳафтаномаи "Қазоқ Адабиёти" чоп шуда буд, таъриф мекард ва мегуфт "чаро бачаҳои мо наметавонанд, чунин матлаб бинвисанд?" Посухи устод чунин буд, Шумо чӣ мехоҳед, фаромӯш накунем, ки ӯ пуштувонае бузург бо номи адабиёти порсӣ дорад! (За ним великая персидская литература!).

Баъд ба ман гуфтанд, ки шинохтӣ, ин фалонӣ буд... Аз ин ҳарфи устод Олжас ман чунин натиҷа гирифтам, ки тоҷик бо он таърихи пуршукуҳ ва пуштувонаҳои фарҳангӣ ва адабие,  ки дорад, ҳақ надорад, заъиф бошад ва ҳар қаламандозро ба унвони моли ъилм ё адабиёт пешкаш кунад. Яъне мо дар назди фарҳанги бузурги хеш масъулият дорем ва набояд инро фаромӯш кунем. Муҳим нест, дар куҷо зиндагӣ мекунем, ҳамаи порсизабононе, ки кори ъилм ва адабро бар дӯш доранд, бояд дар ёд дошта бошанд, ки ин бори сангин ва масъулияти гарон аст ва агар мо вориси он тамаддун ва фарҳанги беназир ҳастем, бояд сазовори он низ бошем, варна набошем беҳтар! Чунонки устод Лоиқ мефармуд: Ё тири замин шавем, ё зери замин!

Албатта, дар бораи устод Олжас дар Қазоқистон ва ҳатто кишварҳои мухталиф, масалан, Озорбойҷон, Русия, Украин ва ғайра рисолаҳои фаровоне навиштаанд ва китобҳое чоп кардаанд. Шояд бидуни ман ҳам ин корҳо дер ё зуд анҷом мешуд. Вале ба ивази ҳама некиҳое, ки устод барои ман карда, ман хостам коре аз дастам меояд, барояш анҷом бидиҳам. Ва дар ин муддат талош кардам, ки муҳаббат ва эҳтиромаш нисбат ба фарҳанги мо ва миллати мо афзун гардад. Шумо ин ишқу алоқаи ӯро дар мусоҳибаҳояш бо банда, ки дар рӯзномаи "Независимая Газета" ва маҷаллаи "Иран Наме"ба чоп расида аст, эҳсос хоҳед кард. Ҳамчунин бо пешниҳоди ман шогирдонам дар мавзӯъи "Олжас ва адабиёти тоҷик" поённомаҳои донишгоҳӣ низ навиштаанд.

-Шумо дар гирдоварии нусхаҳои хатии форсӣ дар Қазоқистон гомҳои муассир бардоштед. Ин иқдом чӣ гуна муяссар шуд ва кадом рӯйдод Шуморо ба ин гуна кор таҳрик дод?

-Ин кори муҳим буд, ки бояд яке онро анҷом медод. Қазоқистон кишварест, ки дар тӯли таърихи ин сарзамини паҳновар (масоҳати он панҷ баробар бузургтар аз Фаранса мебошад!) макони буду боши ақвоми эронӣ ва туркию муғулӣ, исловӣ ва ғайра будааст. Ақвоми бисёре дар ин сарзамин ба сар бурда ва мероси ъазимеро ба наслҳои баъдӣ во гузоштаанд. Шумо медонед,ки номи шаҳрҳое амсоли Тарозу Исфиҷобу, Фаробу Туркистон дар осори таърихии мо ва ҳатто шеъри порсӣ бисёр омадааст. Номи Тарозу Исфиҷоб аз номҳои дерини эронист (суғдӣ!) ва дар "Шоҳнома"и гаронсанг - бузургтарин ҳамосаи миллии мо ниp, борҳо омада аст! Яъне ин сарзамин барои мо чандон бегона нест. Ва пайдост, ки дар саросари ба истилоҳ "ҷодаи абрешим" шаҳрҳо ва корвонсаройҳо ва ободиҳоро суғдиён бунёд кардаанд. Ва ҳатто яке аз шаҳрҳо дар марзи Чин Ёрканд ном дорад...

Дар забони қазоқӣ беш аз се ҳазор вожаи муштарак бо забони моро гирдоварӣ кардаам, ки ният дорам онро чоп бикунам. Гузашта аз ин,  садҳо номи эронӣ (тоҷикӣ) дар миёни қазоқҳо роиҷ аст.Ҷолиб ин аст, ки бархе аз номҳо номҳои то исломӣ ва дерина ҳастан. Амсоли Рустам, Инфандиёр, Бежан, Равшан (дар сурати Рустем, Аспандияр, Бижан!) ва ғайра. Танҳо бо таркиби Гул беш аз сад номи занона дар Қазоқистон роиҷ аст! Аз Гулноз, Гулбаҳром, Гулбадан, Гулбону, Гулдона, то Гулғунча, Гулфирӯз, Гулҷону Гулнор ва ғайра…

Ва ё бо таркиби вожаи "хона" даҳҳо вожа дар забони қазоқӣ сохта шуда аст. Яъне, ҳамаи ин гувоҳ аст, ки мо аз дер боз бо бародарону хоҳарони қазоқӣ доду ситад доштаем. Дар устони Ҷанубии Қазоқистон тоҷикони маҳаллӣ ба сар мебаранд ва мадориси тоҷикӣ доранд. Вақте дӯсти ман, Мурод Авезов яке аз чеҳраҳои маъруфи ин кишвар, фарзанди нависандаи бузурги қазоқ Мухтор Авезов, раиси китобхонаи миллии Қазоқистон буд, ман муваффақ шудам, ки дар назди китобхонаи миллии Қазоқистон марказеро бо номи маркази мутолиъоти Эрон ва Осиёи марказӣ таъсис намоям. Ва бо ёрии ниҳодҳои эронӣ соле яке ду бор ҳамоишҳои байналмилалии ъилмӣ ва яке ду бор шабҳои шеъру адаби порсӣ ташкил намоям.

Ҳамоиши Мероси мактуб ва китобу китобхона дар Эрон ва Осиёи Марказӣ, Рӯдакӣ ва ҳазор соли шеъри порсӣ, Фирдавсӣ ва рушди ҳамосаҳои миллӣ дар Эрон ва Осиёи Марказӣ, Мавлоно ва тамаддуни ҷаҳон, Равобити мутақобил ва дороиафзоии фарҳангии ақвоми туркизабон ва эронизабони Осиёи Марказӣ, Ирфон дар Эрон ва Осиёи марказӣ аз ин қабил ҳамоишҳое аст, ки дар он беҳтарин мутахассисон аз кишварҳои мухталиф аз ҷумла аз Тоҷикистон, ширкат намудаанд. Албатта, барои анҷоми чунин ҳамоишҳо тарафи эронӣ, сафорати Эрон ва ройзанӣ ёрии хешро дареғ намедошт, ки сипосгузор ҳастам ва ин бисёр муҳим буд.

Дар баъзе маворид ман талош мекардам сафоратхонаҳои ҳар се кишвари порсизабонро ҷалб кунам, то дар ҳадди тавони хеш ёрӣ расонанд ва як ё ду нафар ъолимро, ки даъват мекардем, ҳазинаҳои роҳашро қабул бикунанд. Дар бисёре аз ин ҳамоишҳои байналмилалӣ суфарои кишварҳои хориҷӣ низ ширкат ва суханрониҳо мекарданд.

Чун бештари умрам дар китобхонаҳо мегузашт, дар китобхонаҳои Қазоқистон низ ба нусахи хаттие ру ба рӯ шудам, ки феҳрист нашуда буд ва дар миёни кутуби дигаре рехта буданд. Ҳам дар китобхонаи Академии Ъулум ва ҳам дар китобхонаи миллии Қазоқистон нусхаҳои ношинохта мавҷуд буд. Ва ман ба оқои Мурод Авезов пешниҳод кардам, ки нусхаҳои хаттиро феҳристи ъилмӣ бояд кард, то аз он тариқ мутахассисон бидонанд, ки масалан фалон нусхаи хаттӣ дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад. Эшон гуфтанд, ки ман ки розӣ ҳастам, вале ин корро кӣ анҷом медиҳад? Гуфтам, ба хотири муҳаббатҳои Шумо нисбат ба банда, ман метавонам ин корро анҷом бидиҳам.

Дар оғоз хостам, ки ҳам нусахи хаттии форсӣ ва ҳам нусахи арабиро феҳристи ъилмӣ мекунем ва ҳатто дар бораи нусхаҳои ъарабӣ бо дӯсти фозилам, Қурбонъалии Идрисӣ, ки ба назарам яке аз беҳтарин донандагони забони ъарабӣ дар минтақа аст, гуфтугӯ кардам, ки ҳамроҳ анҷом медиҳем. Ва шурӯъ кардам ба таҳияи феҳристи нусхаҳои хаттии форсӣ, ки дар ин ҳангом оқои доктор Камолиддинӣ устоди эъзомии забони форсӣ барои донишгоҳҳои Қазоқистон, аз Эрон  ба Олмотӣ омад ва мо бо ҳам дӯст шудем ва ҳамроҳ ин корро анҷом додем. Он бахши нусхаҳои хаттии маҳфуз дар китобхони  миллии Қазоқистонро феҳристи илмӣ кардем ва ба забони русӣ интишор ёфт, ки ҳамагӣ 112 нусхаро дар бар мегирад. Дар ин китобхона теъдоде аз китобҳои чопи сангӣ низ ба забони форсӣ маҳфуз мебошад.

-Дар Қазоқистон фикр мекунед дастхатҳои форсӣ зиёданд? Онҳо чӣ гуна он ҷо расидаанд?

-Албатта дар Қазоқистон ,теъдоди муъайяни дастнавиштаҳои шарқӣ мавҷуд аст, ки бештарини онҳо ба забони форсӣ мебошанд. Теъдоди аз ҳама бештари нусахи хаттӣ дар тамоми Осиёи Миёна, ки мероси гаронбаҳои ниёкони бузурги мост, дар китобхонаи Абурайҳони Берунии шаҳри Тошканд нигаҳдорӣ мешавад. Дар он китобхона ҳудуди 43 ҳазор нусхаи хаттӣ ё дастнавис мавҷуд аст, ки тақрибан беш аз навад дар сади онҳо  ба забони мост! Дар ҷое хондам, ки дар он китобхонаи бузург 39 ҳазор нусхаи хаттӣ, яъне дастнавис ба забони порсӣ маҳфуз аст.

Хуб, ин аҷаб нест, чун то инқилоби Октабр ағлаби донишмандони бузурги мо дар шаҳрҳоямон зиндагӣ мекарданд ва китобхонаҳое доштанд ва китобхонаҳои бархе аз бузургони мо машҳур буд, чунончи китобхонаҳои Бухоро ва Самарқанд ва ё китобхонаҳои шахсӣ амсоли китобхонаҳои Муҳаммади Порсо, Пирмаҳаммад Сиддиқ ибни амир Музаффари Ҳашмат, Муҳаммад Шарифи Садри Зиё, Қозӣ Бурҳонаддин, Абдурауфи Фитрат, Беҳбудӣ ва ғайра, ки дар он ҷо нусхаҳои нодир нигаҳбонӣ мешуда ва ҳама ин ганҷи шойгон ба таври ройгон моли Узбакистон шуд.

Нусхаҳои хаттии зиёде дар кишварҳои мухталиф мавҷуд аст ва теъдоде дар Қазоқистон низ ҳаст, ки миқдори умумии дастнависҳои форсии Қазоқистон, ки мо ҳамроҳи доктор Муҳаммад Боқири Камоладдинӣ феҳрист кардем, ҳудуди сесадто мебошад. Вале  муҳимтар  ин аст, ки бархе аз дастнавиштаҳоеро пайдо кардем, ки бисёр нодир буда, дорои арзиши бузурги ъилмӣ мебошанд. Масалан, ҳангоми мутолиъаи нусхаҳои хаттии китобхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон  ба нусхаҳое рӯ ба рӯ шудем, ки дорои аҳаммияти бузурги ъилмӣ ва таърихию фарҳангӣ мебошад. Барои мисол мо ба нусхае бархӯрдем, ки рӯи ҷилди он "Нисаб ас -Сибён" навишта шуда буд ва вақте ин нусхаи бузургҳаҷмро варақ задем, маълум шуд, ки дар ин ҷилд 9 китоби мухталиф, ки ҳар кудом дорои арзиши вежае мебошанд, нигаҳдорӣ мешаванд.

(давом дорад)

Бобоҷони Шафеъ, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №9, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi