17:46:31 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Амсала ва зарбулмасал, ҳикмати иҷтимоии Ҳофиз

Муҳаммадризо Тоҷдинӣ - шоир, нависанда ва пажӯҳишгари эронӣ, аъзои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд

Табиӣаст, кипешинаизарбулмасалҳобагузаштаибостонӣмерасад. Ва ба таври куллӣ, зарбулмасал дар тамоми адабиёти мансур ва манзуми ҷаҳон вуҷуд дорад. Аммо дар Эрон баъд аз ислом ва ривоҷу равнақи шеъри форсӣ ба василаи Одамушшуаро Рӯдакӣ нахустин зарбулмасалҳои шеъри форсиро бояд дар девони гаронқадри ӯ  ҷустуҷӯ кард, ки  метавонад худ китоб ё рисолаи арзишманде бошад.

Аз ҷумла:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷба ба дар кӯфтанат мушт.

Ё:

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Ё:

Ба рӯзи неки касон гуфт, то ту ғам нахӯрӣ,

Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.

tojdin-010201452Аммо дар мавриди зарбулмасалҳои Ҳофиз бояд гуфт Хоҷаи Шероз пеш аз он ки шоир бошад, инсони шоиста ва вораста аст. Ва беш аз он ки ҳунарманду шоир бошад, дардманду ошиқи маънавият ва арзишҳои инсонӣ ва рӯҳонию маънавӣ аст. Ӯ ҳам дарди дарунии худ ва ҳам дардҳои дарунии афроди ҷомеаро эҳсос мекунад. Дар ҳақиқат ӯ дарди муштараки инсонҳост дар ҳамешаи таърих. Чаро, ки Ҳофиз нек дарёфта буд, ки ғамҳои ҷовидони одамӣ ва дарду ранҷҳои абнои башар, уқдаҳо ва ниёзҳои одамизода бо дигаргуниҳои рӯзгор чандон дигаргун намешаванд ва аз байн намераванд. Одамӣ ҳамеша аз танҳоӣ ранҷ мебарад. Ғамҳои беҳамдилию беҳамзабонӣ дорад. Гузашти умри шитобандаро дармеёбад ва ҳастиро ва умрро ҳамчун оби ҷӯю ҷӯйбор мебинад:

Бар лаби ҷӯй нишину гузари умр бубин,

К-ин ишорат зи ҷаҳони гузарон моро бас.

Ёрони ҳамнишин ҳама аз ҳам ҷудо мешаванд, рафиқон аҳди сӯҳбат мешикананд, умри гаронмоя мегузарад ва ҷони ориятӣ танро раҳо мекунад. Ҷавонӣ дар гузари бод аст ва қасри амал сахт сустбунёд, осмон киштии арбоби ҳунар мешиканад, замон ба мардуми нодон диҳад замоми мурод, қути доно ҳама аз хуни ҷигар аст, аблаҳонро ҳама шарбат зи гулобу қанд аст, ҳунар бе харидор мондаасту ҳар замон хармӯҳра бо дурр баробар мешавад, ҳунарманд бозораш касод аст ва илму дониш дар назди арбоби ҷоҳил  ва нодон беэътибор аст ва рӯзгор бар вифқи муроди аҳли ҳунар нест, баҳор дар гузар аст ва умри гул чанд рӯзе беш нест ва доим гули ин бӯстон шодоб намемонад.

Биноҳо халалпазиранд ва аз байн мераванд, ҷаҳон сустниҳоду аҳдшикан аст ва аҷузаву пиразанест ҳазордомод. Ҷамшед ҷуз ҳикояти Ҷоми Ҷам аз ҷаҳон набурда ва чарх сифлапарвар ва замона хунрез аст ва садҳо нуктаи ғамбор ва таассуфбор ва ба дур аз адлу адолат ва осоишу оромиши одамӣ. Ва аз ин рӯ аст, ки  ӯ мехоҳад "сақфи фалакро бишкофад" ва "тарҳе нав дарандозад", чаро ки ӯ ба дурустӣ дарёфтааст, ки одамӣ дар олами хокӣ вуҷуд надорад, пас бояд оламу одами дигар сохт то муносибот ва равобити ғайриинсонӣ ва зиддиахлоқӣ ва ноодилона миёни инсонҳо тағйир ёбад ва инсон ба каромат ва шарофти инсонии худ даст ёбад.

Ба ҳар ҳол, Ҳофиз дар табу тоби ин гуна дардҳо ва ранҷҳо месӯзад, аммо хокистар намешавад, балки дар ҳарорат ва гармии ин оташ обдидатар ва сахттар мешавад ва табдил ба як инқилобӣ мешавад, ки мехоҳад назми навине дарандозад ва орзу дорад, ки некӣ харидоре надорад, бар бадӣ мусаллат шавад ё ғалаба кунад. Ва ӯ дар равнақ ва ривоҷи бадиҳо ва беадолатиҳо, ки гӯё қонуни замони ӯ ҳастанд, ҳаргиз ба бадӣ рӯй намеоварад ва ҳаргиз бо бадӣ канор намеовараду ва ба бадӣ ва ноҳақ майл намекунад, дар воқеъ ӯ ба эҳтироми зот ва нафси хубӣ аст, ки ҳамроҳи бадӣ намешавад. Чаро ки медонад, ки ба қавлиХайём "чун ту бо бад бад кунӣ, пас фарқ чист".

Ва агар дар асри ӯ ҳунар арзише надорад, ӯ ба беҳунарӣ рӯй намеоварад ва ба дурустӣ медонад, ки хирадмандон хирқаи беҳунаронро ба пашизе намехаранд ва бо Саъдӣ ҳамақида мешавад, ки маҳол аст, ки ҳунармандон бимиранд ва беҳунарон ҷои эшон бигиранд. Ҳарчанд, ки дар давронҳое ҳукумат ва ҳукуматҳо ба дасти аҳли ҷаҳлу диктаторҳову худкомагон бошад ва аспи тозӣ зери бор маҷрӯҳ шавад ва тавқи заррин бар гардани хару харон бошад. Аммо Ҳофиз ба дурустӣ медонад, ки ин амр доимӣ ва ҳамешагӣ нест ва рӯзе ҳар чизе ҷойгоҳ ва пойгоҳи воқеии худро меёбад:

Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нагашт,

Доиман яксон набошад ҳоли даврон ғам махӯр.

Ба ҳар ҳол, ба назари Ҳофиз, зиндагӣ бо ин ки гузарон аст, аммо набояд бар умри рафта афсӯс хӯрд ва дами гузаронро ба дарду дареғ табоҳ кард ва дар ин фурсати гузарон бояд замони ҳолро дарёфт, зеро гузашта рафта асту боз намегардад ва оянда низ номаълум аст, пас бояд ба замони ҳол таваҷҷӯҳ карду шоду хуррам зист. Дар ҳақиқат Ҳофиз ба андешаи Хайём бисёр наздик мешавад ва дамгароию ғанимат шумории умрро шеъру шиори хеш қарор медиҳад:

Дар айни тангдастӣ, дар айш кӯшу мастӣ,

К-ин кимиёи ҳастӣ, Қорун кунад гадоро.

Ё:

Ғами дунёи данӣ чанд хӯрӣ, бода бихӯр,

Ҳайф бошад дили доно, ки мушавваш бошад.

Он чи Ҳофизро Ҳофиз намуда ва бисёре аз ашъори ӯ амсила ва зарбулмасалҳои қавӣ, ғанӣ ва амиқе шудааст, бармегардад ба наҳваи андеша ва тафаккур, фалсафа ва ҷаҳонбинӣ ва озодандешии ӯст. Дар воқеъ бояд гуфт шеъри Ҳофиз ҷавҳар ё усораи шеъри форсӣ ва инсони осӣ аст. Ва дарбаргирандаи андешаҳо ва таҷрибиёт ва ранҷҳои ӯст, ки дар ҷой-ҷойи девонаш мавҷ мезанад. Дар воқеъ, Ҳофиз дарди муштараки ҳамаи инсонҳост. Дар миёни ин ҳама дардҳо дар воқеъ Ҳофиз ин дардҳоро бисёр шево ва расо баён карда ва дар мавориде ҳамчун табибе илоҷ ва табобате ҳам барои онҳо пешниҳод мекунад. Дар воқеъ, ӯ табиби доно ва моҳир аст ва кори ҳунарманд ба таври куллӣ низ ҳамин аст. Пеш аз Ҳофиз дигарон ҳам аз дардҳои ҷовидони одамӣ сухан гуфтаанд ва баъд аз ӯ низ гуфтаанду ҳам акнун низ мегуянду хоҳанд гуфт. Аммо, он чи Ҳофиз бо шевоии тамом ва лутфи сухани хоси худ сарбаста ва ё ошкоро гуфтааст, дар аъмоқи дилҳо ҷойгузин гашта ва дар рӯзгорон ба сурати зарбулмасал ё амсала боқӣ мондааст. Садои Ҳофиз дар воқеъ садои осмонӣ, малакутӣ, рӯҳонӣ ва садои имон, ростӣ, ҳақиқатҷӯӣ, инсоният ва дар ниҳоят садои инқилобу эътирозу мубориза аст. Ва садои таҳаммулу муқовимату ишқ аст, ки "аз садои сухани ишқ хуштар надидааст". Ва ӯ бо баҳрагирӣ аз ҳамин ишқ аст, ки ашъоре барои бедории афкор ва зеҳни ҷомеа месарояд. Ӯ ба зиндагӣ ошиқона менигарад ва ишқро ба зиндагию инсон ва некиву маънавият пайванд медиҳад. Вай ишқро фанни шариф ва ҳунари воло медонад ва умедвор аст, ки ин ишқ барои ӯ ғами тоза ба бор наёварад ва муҷиби таассуфу ранҷи ӯ нашавад:

Ишқ меварзаму уммед, ки ин фанни шариф,

Чун ҳунарҳои дигар муҷиби ҳирмон нашавад.

Ҳофиз ишқро муқаддас мешуморад ва намоз мегузорад, аммо ҳаргиз дар ин ишқи поки худ дучори шаҳватҳои ҳайвонӣ намешавад ва ишқро сарчашмаи хилқату ҳастӣ ва зебоию фазилату меҳрубонӣ ва баромада аз олами минавӣ медонад. Аз манзари дигар, Ҳофиз шоири мутааҳҳид, масъул ва мардумӣ аст, ки нигарони ҳолу рӯзи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум аст. Ва ба навъи орифона "сайри халқ илал халқ" мекунад ва шеърҳояшро дар хизмати манофеъ ва масолеҳи мардум мегирад ва дар рисолати шеърии ӯ бояд гуфт бузургтарин ҳунари Ҳофиз ҷанги оштинопазираш бо ситамгарон, ҳокимон, золимон, воизон, динфурӯшон ва зоҳидони риёӣ ва суфинамоён аст, ки бо ҳукуматҳои вақт иттиҳоде номуқаддас бастаанд ва бо гирифтани музду ҷираи ночиз худро ба ҳуккому дарбориён фурӯхтаанд ва вазифаи муқаддасашон дурӯғу риёву найрангу аҳмақ кардани мардум аст ва дар ҳақиқат ҳаминҳо ҳастанд, ки нардбони ҳукуматҳои фосид ва золиманд. Ва Ҳофиз ин дастаро ҳайвон мехонад:

Суфии шаҳрро бубин луқмаи шубҳа мехӯрад,

Пордумаш дароз бод ин ҳаявони хушалаф.

Ё:

Хирқапӯшии ман аз ғояти диндорӣ нест,

Пардае бар сари сад айби ниҳон мепӯшам.

Аз тарафе, Ҳофиз дар бисёре аз ашъори худ ва зарбулмасалҳояш ба шоҳони ситамгар ва худкома бо истиора ва маҷоз ҳушдор медиҳад, ки аз ҷавру зулми худ бикоҳанд ва ба мардум таваҷҷӯҳ намоянд, чаро, ки дар ғайри ин сурат мардум сар ба шӯришу инқилоб бармедоранд ва онҳоро сарнагун мекунанд:

Соқӣ ба ҷоми адл бидеҳ бода то гадо,

Ғайрат наёварад, ки ҷаҳон пурбало кунад.

 Дар ҳақиқат Ҳофиз аз табори родмардону ошиқону озодагони таърих аст ва ҳаргиз сари таслим ва таъзим ба даргоҳи нокасон ва зӯрмандон фурӯд намеоварад ва аз ин рӯ аст, ки мегӯяд:

Гарчи гардолуди фақрам шарм бод аз ҳимматам,

Гар ба оби чашмаи хуршед доман тар кунам.

Зеҳнияти Ҳофиз зеҳнияти мутафовит бо бисёре аз шуарост ва озодандешии ӯ густараи бисёр васеъ дорад ва мӯҳтавои фикрӣ ва ақаидатии ӯ бозу васеъ аст. Аз ин рӯ, гоҳе ба фирқаи "муътазала", гоҳе ба "ашоира", замоне  ба "ихвоннуссафо", гоҳе ба "шиъа", гоҳе ба "суннӣ" ва замоне ба "қаландария" ва оини "зардуштӣ" ва "маломатия" назар меафканад ва аз ҳамаи ин макотиб ва мазоҳиб баҳраҳо мегирад ва беҳтаринҳоро интихоб мекунад, чаро ки ӯ ба даври зеҳнаш ҳисор накашида ва ҳамвора мурғи андешаашро дар осмони ақоиди мухталиф ба парвоз дармеоварад.

Боре сухан дар бораи тафаккур ва андешаи Ҳофиз ва шеъри ӯ бисёр аст, ки бисёре аз онҳоро дар амсала ва зарбулмасалҳои худ овардааст, ки дар ҳавсалаи ин мақола намегунҷад, ба ҳар ҳол ишороте ба баъзе аз зарбулмасалҳои Ҳофиз мешавад. Ва аз миёни ҳудуди 700 зарбулмасал, ки фақат дар ғазалиёти ӯст, ба порае аз онҳо ишора мешавад. Аммо қабл аз пардохтан ба ин зарбулмасалҳо бояд гуфт амсала ва зарбулмасалҳои шеъри форсӣ ва Ҳофиз ба 3 сурат ба кор рафтаанд:

1.Як байт рӯи ҳам рафта як зарбулмасалро ба вуҷуд меоварад: монанди:

Зи инқилоби замона аҷаб мадор, ки чарх,

Аз ин фасона ҳазорон ҳазор дорад ёд. (Ҳофиз)

Ё:

Дар корхонае, ки раҳи ақлу фазл нест,

Фаҳме заифраъй, фузулӣ чаро кунад. (Ҳофиз).

2.Як мисраъ дар ҳукми зарбулмасал аст, монанди:

Дар тангнои ҳайратам аз нахвати рақиб,

"Ё раб мабод он, ки гадо муътабар шавад". (Ҳофиз).

Ё:

Худойро ба маям шустушӯи хирқа кунед,

"Ки ман намешунавам бӯи хайр аз ин авзоъ". (Ҳофиз).

3.Гоҳе ҳар ду мисраъ дар ҳукми масал ҳастанд, яъне ҳар мисраъе ба сурати як зарбулмасали комил аст, монанди:

"Хира он дида, ки обаш набарад гиряи ишқ",

"Тира он дил, ки дар ӯ шамъи муҳаббат набувад". (Ҳофиз).

Ё:

"Пойи мо ланг асту манзил бас дароз",

"Дасти мо кӯтоҳу хурмо бар нахил" (Ҳофиз)

ки ба ин гуна зарбулмасалҳо ирсол-ул-масалайн мегӯянд. Аммо нуктае, ки бояд ба он ишора кард, ин аст, ки агар дар зарбулмасал дар фосилаи миёни ду мирсаъ ҳарфҳои рабт монанди ки, агар, то, чун, ҳарчанд, зеро ки, зеро ва ғайра, қарор нагиранд, истилоҳан ба он "услуб-маодила" мегӯянд, монанди:

Миқдори ёри ҳамнафас чун ман надонад ҳеҷ кас,

"Моҳӣ, ки бар хушк уфтад, қимат бидонад обро (Саъдӣ).

Ё:

Саъдӣ аз сарзаниши халқ натарсад ҳайҳот,

"Ғарқи дар Нил чи андеша кунад боронро" (Саъдӣ).

Ё:

"Ба мастурон магу асори мастӣ",

"Ҳадиси ҷон магу бо нақши девор"  (Ҳофиз).

Ё:           

"Дар паси ойина тутисифатан доштаанд",

"Ончи устод азал гуфт бигӯ, мегӯям" (Ҳофиз).

Ё:

"Пои мо ланг асту манзил бас дароз",

"Дасти мо кутоҳу хурмо бар нахил".

Баъзе аз зарбулмасалҳои Ҳофиз

(Байтҳое, ки дар нохунак (" ") қарор гирфтаанд, маҷмуан як зарбулмасал аст ва мисраъҳое, ки ин аломат (*) дар охири мисраъҳо меояд, як зарбулмасали мустақил аст):

1."Раҳзани даҳр нахуфтаст машав эмин аз ӯ

Агар имрӯз набурдаст, ки фардо бибарад".

2.Зоҳид ар роҳ ба риндӣ набард маъзур аст,

Ишқ корест, ки мавқуфи ҳидоят бошад*.

3."Зери боранд дарахтон, ки тааллуқ доранд,

Эй хушо сарв, ки аз бори ғам озод омад".

4.Ситам аз ғамза маёмӯз, ки дар мазҳаби ишқ,

Ҳар амал аҷрею ҳар карда ҷазое дорад*.

5.Сиришкам омаду айбам бигуфт ба рӯй,

Шикоят аз ки кунам, ки хонагист ғаммозам*.

6.Сайъ нобурда дар ин роҳ ба ҷое нарасӣ*,

Музд агар металабӣ тоати устод бибар*.

7.Осмон киштии арбоби ҳунар мешиканад*,

Такя он беҳ, ки бар ин баҳри муаллақ накунем.

8.Сифлатабъ аст ҷаҳон бар карамаш такя макун*,

Эй ҷаҳондида суботи қадам аз сифла маҷӯй*.

9."Мо озмудаем дар ин шаҳр бахти хеш,

Берун кашид бояд аз ин варта рахти хеш".

10."Як қисса беш нест ғами ишқу в-ин аҷаб,

К-аз ҳар забон, ки мешунавам, номукаррар аст".

11."Даври фалакӣ яксара бар манҳаҷи адл аст,

Хуш бош, ки золим набарад роҳ ба ҷое".

12."Давлат он аст, ки бе хуни дил ояд ба канор,

В-арна бо саъю амал боғи ҷинон ин ҳама нест".

13."Даҳрӯза меҳри гардун афсона асту афсун,

Некӣ ба ҷои ёрон фурсат шумор ёро".

14."Ҳофиз ар хасм хато гуфт нагирем бар ӯ,

В-ар ба ҳақ гуфт ҷадал бо сухани ҳақ накунем".

15.Худойро ба маям шустушӯи хирқа кунем,

Ки ман намешунавам бӯи хайр аз ин авзоъ*.

16.Хилвати дил нест ҷои сӯҳбати ағёр*

Дев чу берун равад фаришта дарояд*.

17."Хуш бувад гар маҳаки таҷриба ояд ба миён,

То сияҳрӯй шавад ҳар ки дар ӯ, ғаш бошад".

18."Хуш арӯсест ҷаҳон аз раҳи сурат лекин,

Ҳар ки пайваст бад-ӯ умри худам ковин дод".

19."Ғуломи ҳиммати он назанинам,

 Ки кори хайр бе рӯю риё кард".

20."Ғами дунёи данӣ чанд хӯрӣ, бода бихӯр,

Ҳайф бошад дили доно, ки мушавваш бошад".

21."Ғами ғарибию ғурбат чу бар наметобам,

Ба шаҳри худ раваму шаҳриёри худ бошам".

22."Фурсат шумор сӯҳбат к-аз ин дуроҳа манзил,

Чун бигзарем дигар натвон ба ҳам расидан".

23.Фикри беҳбуди худ, эй дил, зи дари дигар кун*

Дарди ошиқ нашавад беҳ ба мудовои ҳаким*.

24."Филҷумла эътимод макун бар суботи даҳр,

К-ин корхонаест, ки тағйир мекунад".

25.Туфайли ҳастии ишқанд одамию парӣ*,

Иродате бинамо то саодате бибарӣ*.

26.Ошиқ ки шуд, ки ёр ба ҳолаш назар накард,

Эй хоҷа дард нест, вагарна табиб ҳаст*.

27.Ишқу шабобу риндӣ маҷмӯаи ҳаёт аст,

Чун ҷамъ шуд маонӣ гӯйи баён тавон зад*.

28.Инон ба майкада хоҳам шитофт з-ин маҷлис,

Ки ваъзи беамалон воҷиб аст нашнидан*.

29.Айби дарвешу тавонгар ба каму беш бад аст,

Кори бад маслиҳат он аст, ки мутлақ накунем*.

30.Айби май ҷумла бигуфтӣ ҳунараш низ бигӯй*,

Нафйи ҳикмат макун аз баҳри дили хоме чанд*.

31."Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,

Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо".

32.Ҳар гаҳ, ки дил ба ишқ диҳӣ хуш даме бувад,

Дар кор хайр ҳоҷати ҳеҷ истихора нест*.

33.Ҳазор нукта бориктар зи мӯ ин ҷост,

На ҳар, ки сар битарошад Сикандарӣ донад*.

34.Ҳама корам зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охар,

Ниҳон кай монад он розе к-аз ӯ созанд маҳфилҳо*.

35.Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёр чи маст,

Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид чи куништ*.

36.На ҳар, ки чеҳра барафрӯхт дилбарӣ донад*,

На ҳар, ки ойина созад Сикандарӣ донад.

37.Нест уммеди салоҳе зи фасоди Ҳофиз,

Чунки тақдир чунин аст чи тадбир кунем*.

38.Нест бар лавҳи дилам чуз алифи қомати ёр,

Чи кунам ҳарфи дигар ёд надод устодам*.

39.Некномӣ хоҳӣ эй дил бо бадон сӯҳбат мадор*,

Худписандӣҷони ман бурҳони нодонӣ бувад*.

40."Вуҷуди мо муаммоест, Ҳофиз,

Ки таҳқиқаш фусун асту фасона".

41."Фалак ба мардуми нодон диҳад зимоми мурод,

Ту аҳли донишу фазлӣ ҳамин гуноҳат бас".

42."Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,

Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд".

43.Чок хоҳам задан ин далқи риёӣ чи кунам,

Рӯҳро сӯҳбати ноҷинс азобест алим*.

44.Чаман ҳикояти урдибиҳишт мегӯяд,

На оқил аст ҳар ки нася хариду нақд биҳишт*.

45."Чу зикр хайр талаб мекунӣ, сухан ин аст,

Ки дар баҳои сухан симу зар дареғ мадор".

46."Оташи зуҳди риё хирмани дин хоҳад сӯхт,

Ҳофиз, ин хирқаи пашмина биандозу бирав".

47.Ҳофиз, на ҳадди мост чунин лофҳо задан,

Пой аз гилеми хеш чаро бештар кашем*.

48."Ҳадис аз мутрибу май гӯю рози даҳр камтар ҷӯ,

Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо".

9."Ҳарими ишқро даргаҳ басе болотар аз ақл аст,

Касе он остон бӯсад, ки ҷон дар остин дорад".

50."Ҳуснат ба иттифоқи малоҳат ҷаҳон гирифт,

Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт".

51."Чу ғунча гарчӣ фурӯбастагист кори ҷаҳон,

Ту ҳамчу боди баҳорӣ гиреҳкушо мебош".

52.Чу мастам кардаӣ мастур маншин*,

Чу нӯшам додаӣ заҳрам манӯшон*.

53."Чун саромад давлати шабҳои васл,

Бигзарад айёми ҳиҷрон низ ҳам".

54.Чун таҳорат набувад каъбаву бутхона якест*,

Набувад хайр дар он хона, ки исмат набувад*.

55."Ҳофизо, такя бар айём чун саҳв асту хато,

Ман чаро ишрати имрӯз ба фардо фиканам".

56."Ҳофиз аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ,

Фикри маъқул бифармо гули бехор куҷост".

57.Дар паси ойина тутисифатам доштаанд*,

Ончи устоди азал гуфт бигӯ, мегӯям.

58.Дар тангнои ҳайратам аз нахвати рақиб,

Ё раб мабод он ки гадо мӯътабар шавад*.

59."Дар раҳи ишқ нашуд кас ба яқин марҳами роз,

Ҳар касе бар ҳасаби фаҳм гумоне дорад".

60."Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд,

Чунон намонд чунин низ ҳам нахоҳад монд".

61.Ризо ба дода бидеҳ в-аз ҷабин гиреҳ бикшой,

Ки бар ману ту дари ихтиёр накшодаст*.

62."Бар лаби ҷӯй нишину гузари умр бубин,

К-ин ишорат зи ҷаҳони гузарон моро бас".

63."Биёмузамат "Кимиёи саодат",

Зи ҳамсӯҳбати бад ҷудоӣ, ҷудоӣ".

64.Бе умр зиндаам ману ин бас аҷаб мадор,

Рӯзи фироқро ки ниҳад дар шумори умр*.

65."Бе музд буду миннат, ҳар хидмате, ки кардам,

Ё раб мабод касро махдуми бе иноят".

66.Пойи мо ланг асту манзил бас дароз*,

Дасти мо кӯтоҳу хурмо бар нахил*.

67."Пайванди умр баст ба мӯест, ҳуш дор,

Ғамхори хеш бош, ғами рӯзгор чист".

68.Тоҷи шоҳӣ талабӣ гавҳари зотӣ бинамой*,

В-ар худ аз тухмаи Ҷамшеду Фаридун бошӣ.

69.То шудам ҳалқабагӯши дари майхонаи ишқ,

Ҳар дам ояд ғаме аз нав ба муборакбодам*.

70.То нагардӣ ошно з-ин парда розе нашнавӣ*,

Гӯши номаҳрам набошад ҷои пайғоми сурӯш*.

71.Туро чунон, ки тӯӣ ҳар назар куҷо бинад,

Ба қадри дониши худ ҳар касе кунад идрок*.

72."Такя бар ҷои бузургон натавон зад ба газоф,

Магар асбоби бузургӣ ҳама омода кунем".

73."Танҳо на зи рози дили ман парда бар афтод,

То буд фалак шеваи ӯ пардадарӣ буд".

74."Ҷоми майю хуни дил ҳар як ба касе доданд,

Дар доираи қисмат авзоъ чунин бошад".

75."Ҷои он аст, ки хун мавҷ занад дар дили лаъл,

З-ин тағобун, ки хазаф мешиканад бозораш".

76."Аз садои сухани ишқ надидам хуштар,

Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд".

77.Исми аъзам бикунад кори худ, эй дил, хуш бош,

Ки ба талбису риё дев мусалмон (Сулаймон) нашавад*.

78.Агар шароб хӯрӣҷуръае фишон бар хок,

Аз он гуноҳ, ки нафъе расад ба ғайр чи бок*.

79."Авқоти хуш он буд, ки бо дӯст ба сар рафт,

Боқӣ ҳама бе ҳосиливу бе хабарӣ буд".

80.Эй бехабар бикӯш, ки соҳибхабар шавӣ,

То роҳрав набошӣ, кай роҳбар шавӣ*.

81."Эй дил ар ишрати имрӯз ба фардо фиканӣ,

Мояи нақди бақоро, ки замон хоҳад шуд".

82.Эй дил, ба ҳарза донишу умрат ба бод рафт,

Сад моя доштиву накардӣ кифояте*.

83.Эй дил андар банди зулфаш аз парешонӣ манол,

Мурғи зирак чун ба дом афтад таҳаммул боядаш*.

84."Эй магас арсаи симурғ на ҷавлонгаҳи туст,

Ирзи худ мебарию заҳмати мо медорӣ".

85.Бо хароботнишинон зи каромот малоф,

Ҳар сухан вақтею ҳар нуқта маконе дорад*.

86.Боз ой, ки боз ояд умри шудаи Ҳофиз,

Ҳарчанд, ки н-ояд боз тире, ки бишуд аз шаст*.

87."Ба хулқу лутф тавон кард сайди аҳли назар,

Ба дому дона нагиранд мурғи доноро".

88.Бар бисоти нуктадонон худфурӯшӣ шарт нест*,

Ё сухан дониста гӯ, эй марди оқил ё хамӯш*.

89.Ба мастурон магӯ асрори мастӣ*,

Ҳадиси ҷон магӯ бо нақши девор*.

90.Бас таҷриба кардем дар ин дайри мукофот,

Бо дурдкашон ҳар ки дарафтод, барафтод*.

91.Бишнав ин нукта, ки худро зи ғам озода кунӣ,

Хун хурӣ гар талаби рӯзаи нанҳода кунӣ*.

92.Ба тараб ҳамл макун сурхии рӯям, ки чу ҷом,

Хуни дил акси бурун медиҳад аз рухсорам*.

93.Нозпарварди танаъум набарад роҳ ба дӯст*,

Ошиқӣ шеваи риндони балокаш бошад*.

94.Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис боз пурс,

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд*.

95."Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ки бо ман ҳар чи кард он ошно кард".

96."Май хӯр, ки шайху Ҳофизу муфтию мӯҳтасиб,

Чун нек бингарӣ ҳама тазвир мекунанд".

97."Мо бад-ин дар на пайи ҳишмату ҷоҳ омадаем,

Аз бади ҳодиса ин ҷо ба паноҳ омадаем".

98."Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем,

Худ ғалат буд он чи мепиндоштем".

99.Мабӯс ҷуз лаби соқию ҷоми май Ҳофиз,

Ки дасти зуҳдфурӯшон хатост бӯсидан*.

100."Гарчи пирам ту шабе танг дар оғӯшам гир,

То саҳаргаҳ зи канори ту ҷавон бархезам".

101.Гарчи роҳест пур аз бим зи мо то бари дӯст,

Рафтан осон бувад ар воқифи манзил бошӣ*.

102."Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,

Оре, шавад валек ба хуни ҷигар шавад".

103.Кай шеъри тар анагезад хотир, ки ҳазин бошад*,

Як нукта аз ин маънӣ гуфтему ҳамин бошад.

104."Гарчи гардолуди фақрам шарм бод аз ҳимматам,

Гар ба оби чашмаи хуршед доман тар кунам".

105."Гар ангушти Сулаймонӣ набошад,

Чи хосият диҳад нашқи нигине".

106."Гар бадӣ гуфт ҳасудеву рафиқе ранҷид,

Гу ту хуш бош, ки мо гӯш ба аҳмақ накунем".

107."Гар ҷон бидиҳад санги сияҳ лаъл нагардад,

Бо тинати аслӣ чи кунад бадгуҳар афтод".

108.Камоли сирри муҳаббат бин, на нуқси гуноҳ,

Ки ҳар, ки беҳунар афтад, назар ба айб кунад*.

109."Файзи Руҳулқудус ар боз мадад фармояд,

Дигарон ҳам бикунанд он чи Масеҳо мекард".

110."Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,

Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо".

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №7-8, 19-26 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi