13:28:39 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Гулназар: "Бозор Собир "лолоӣ" гуфту устод Турсунзода эътироз карданд"

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ устод Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Шеъргӯиро дар дабистон оғоз кардаву нахустин маҷмӯаи шеъраш бо номи "Расми сарбозӣ" ҳанӯз соли 1969-ум мунташир шуда ва имрӯз аз ҷумлаи саршиностарин шоирони тоҷик ба шумор меравад. Ба гуфтаи профессор Мирзои Муллоаҳмад, "вежагии боризи ашъори Гулназар ҷанбаи қавии иҷтимоъии онҳост ва Гулназар тавониста дарди мардумро ба забоне сода ва самимӣ бигӯяд, ки боиси пазируфта шудани ашъораш аз сӯи мардум шудааст."

gulnazar-keldi-001Намунаи осори устод ба забонҳои зиёд тарҷумаву нашр шуда ва Қайсари Аминпур гулчине аз ашъори Гулназарро бо номи "Забони ошиқӣ" дар Теҳрон мунташир кардааст. Ҳамчунин, гузашта аз шеъргӯӣ устод Гулназар дар навиштани осори насрӣ ва филмноманависӣ низ қалами гиро дорад ва дар ин замина низ корҳои чашмрасе анҷом дода. Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман бо устод Гулназар перомуни вазъи забони шеъри имрӯз суҳбате дошт, ки онро манзури Шумо мегардонем.

- Устод, ба андешаи Шумо имрӯз шеъри тоҷик чӣ вазъ дорад ва чи тамоюлҳои тозае дар назми мо ба чашм мехӯрад?

- Аз ҳама тамоюли номатлуб ин аст, ки шеърнависон хеле зиёд шудаанд. Ҳар кӣ вазну қофияро медонад ва ё намедонад, ба навиштани шеър машғул аст ва риққатовар аст, ки навиштаҳои ҳамаи онҳо дар шакли китоб ба табъ мерасад. Зеро, чопхонаҳои мо ба тиҷорат машғул ҳастанд ва нашри китоб барои онҳо яке аз шохаҳои муҳими тиҷораташон аст.

Ба ҷуз нашриётҳои давлатие чун "Адиб", "Ирфон" "Адабиёти бачагона" ва ғайра, ки муҳаррирҳо доранд ва китобҳоро пеш аз чоп меомӯзанду таҳрир мекунанд, дигар чопхонаҳои мо агарчӣ худро ҳамчун нашриёт муаррифӣ кунанд ҳам, лек нашриёт нестанд ва ин аз нуктаи назари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи табъу нашр" низ ғалат аст. Зеро онҳо танҳо ба чоп кардан салоҳият дошта, ба кайфияту сифати асар кор надоранд. Аз ҳамин лиҳоз китобчопкунӣ дар Тоҷикистон хеле ривоҷ гирифта ва ман гумон мекунам, ин гузаранда аст.

-Чопи ҳамин гуна китобҳое, ки арзиши адабӣ надоранд, оё баръакс, ба ҷомеа зарари маънавӣ намерасонанд?

- Албатта. Бори дигар мегӯям, ки нашри китоб дар мо ба тиҷорат табдил ёфтаву ҳар чопхона кӯшиш мекунад, ба ҳар роҳ бештар чоп кунад. Барои вай аз ҳама муҳим даромад аст. Онҳо аз он зарари фарҳангӣ, зарари ахлоқӣ ва маънавие, ки бо ин роҳ ба хонандагон мерасад, парвое надоранд. Мо, мутаассифона, қонуне надорем, ки ин чизро пешгирӣ кунад.

-Ба ҳар сурат, дар мавриди шеъри имрӯзи мо чӣ андеша доред?

- Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар шеъри имрӯзи мо бисёр равияҳои хуб ба чашм мерасад. Ман дар як маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагон ҳам гуфта будам, ки навиштаҳои ҷавононе, ки имрӯз ба майдони адабиёт меоянд, аз лиҳози забон ва бадеият хеле хуб ҳастанд. Ҳамаи ин ба шарофати дастрасӣ ба адабиёти ҳамзабонон аст. Зеро имрӯз дастрасӣ ба адабиёти ҳамзабонон хеле сода шуда. Ҳамин ошноӣ бо адабиёти Эрону Афғонистон ба тозагии забони мо ва равнақу пешрафти забони шеъри тоҷик бешубҳа кӯмак кард. Ман ҳеҷ гоҳ забони шеъри шоири ҷавони имрӯзаро бо шеъри шоирони солҳои чилуму панҷоҳум ва ё шастум муқоиса карда наметавонам.

-Ман ҳам гоҳо ашъори шоирони ҷавонро мутолиа мекунам ва ба он фикр ҳастам, ки шеъри ҷавоншоирони мо ба маҷрои ягонаи шеъри форсӣ ворид шудан дорад ва дигар накҳати обу хоки Тоҷикистон аз шеърҳои онҳо кам ба машом мерасад. Ба фикри Шумо ин бурди шеъри тоҷик аст ё бохт?

-Гироиш дар миёни шеърҳои форсизабонон бад нест. Ман ба ин зид нестам. Аммо, мояи шеър бояд тоҷикӣ бошад. Ман ин нуктаро борҳо зикр кардам, ки дар Афғонистон камтар ва дарЭрон бештар гироиш ба шеърҳои бегона, аз ҷумла ба шеърҳои аврупоӣ ва амрикоӣ зиёд шуд, зеро онҳо забонҳои хориҷиро хуб медонистанд. Шояд ин ба инкишофи шеъри ҳамзабонҳо кӯмак ҳам кард, аммо мактаби мо мактаби Рӯдакист. Сабки мо сабки хуросонӣ ва ё сабки Рӯдакист. Шеърҳое, ки шоирони мо гуфтанд, шуруъ аз устод Рӯдакӣ то шоирони имрӯз, то устодон Турсунзода, Лоиқ ва Қаноат, то Гулрухсору Бозор ва ҳамаи мо ки имрӯз шеър мегӯем, бисёр сода, самимӣ ва зебост. Аммо ин чизро мо дар шеърҳои давраи охири шоирони ҳамзабони эронӣ ва ё афғон кам мебинем. Ин мактаб дар мо идома дорад ва ин бисёр хуб аст. Ман дар ёд дорам, ки боре Бозор Собир дар як шеъраш ба ҷойи калимаи "алла" "лолоӣ"-ро истифода бурда буд ва устод Турсунзода эътироз карданд. Устод гуфтанд, ки модари ту лолоӣ мегуфт ё алла?

-Аммо истифодаи ин гуна вожаҳо дар ашъори ҷавоншоирони мо хеле ва хеле зиёд ба чашм мерасад…

- Ин тақлиди кӯр-кӯрона аст. Масалан, баъзеҳо ба ҷойи "тиреза" вожаи "панҷара"-ро ба кор мебаранд. Охир панҷара дар Тоҷикистон ба маънии дигар аст. Ё гули Марямро дар умраш надидааст, аммо дар васфи гули Марям шеър мегӯяд. Ин гуна чизҳои хандаовар хеле бисёр шуда дар шеъри мо. Ман гумон мекунам, ки ҳавзаи шеъри мо бояд ягона бошад, шеъри мо бояд ба ҳамаи ҳамзабонҳо фаҳмо бошад, аммо зебогиву накҳати хоси худро ҳифз кунад. Инро ман аз лиҳози корбурди вожа мегӯям, аммо тасвир тамоман чизи дигар аст.

Шеъримородаркуҷое, кихонанд, бояддарккунанд, кионротоҷикгуфтааст. Ва ё шеъри як шоири Эронро хондаву бояд дарк кунанд, ки онро эронӣ гуфтааст. Агар мо аз ҳамдигар таркибҳо, ибораҳо ва ё мазмунҳоро гирифта, такроран истифода бурдан гирем, мушаххасоти худро гум мекунем. Овози худро гум мекунем. Бояд ҳар кас дарди худро гӯяд, бо забони худ гӯяд. Есенин дар як шеъраш ба ҳамин мазмун гуфта, ки "қурбоққа ҳам бошӣ, бо ҳамон лаҳни худат вақ-вақ кун". Агар дағалтар бигӯем, мо ҳам бояд ба лаҳни худамон вақ-вақ бикунем. Ҳарчанд, ки вақ-вақи қурбоққа ин қадар гӯшхарош нест. Ман онро бисёр дӯст медорам. Вақте, ин садо ба гӯшам мерасад, худ ба худ мегӯям, ки Худоро шукр, баҳор омад!

-Шумо ҷое гуфтаед, ки:

Акси рухи ту афтод,

Бар оинаи чашмам.

Бо мижжа роҳаш бастам,

То гашта бурун н-ояд.

Пурсиданӣ ҳастам, ки аз нигоҳи Шумо шеъри асил бояд чӣ гуна бошад? Шеъре, ки барои иддае хос гуфта шуда ё шеъре, ки онро ҳама мардум мехонанду мефаҳманд?

-Шеър мисли зебоӣ, мисли зиндагӣ бояд содаву равшан бошад. Шоире чӣ хуб гуфта, ки:

Сухан то чанд гӯям печ дар печ,

Туро ман дӯст медорам, дигар ҳеҷ

Боз мегӯям ба гумони ман шеъри мо ҳамон шеъри устод Рӯдакист. Шеъри мо ҳамон дубайтиҳову рубоиҳои мардум аст.

Аз ағба фуромадам ба бӯйи гули газ,

Як бӯсаи ваъдагит ҳафт пуштама бас.

Бояд ҳамин гуна шеър гуфт. Ман инро барои софу покиза будани забони шеър мегӯям. Сода ба маънои кӯчагӣ нест, ки ҳар кӣ хоҳад шеър гӯяд. Ман бар он ҳастам, ки шеър бояд кӯчагӣ набошад. Забони шеър шоиронаву зебо бошад ва беҳуда мураккаб кардани он ҳам шарт нест. Масалан ҳазорон нафар аз Бедил пайравӣ кардаанд, аммо ягон кас мисли Бедил натавониста бигӯяд. Ҳол он ки Бедил бисёр шоири содагӯ ҳам ҳаст. Ӯ мегӯяд:

Дарду доғи рафтагон дар нармии дил бастаем,

Дар заминҳои мулоим нақши по афзунтар аст.

Аз ин содатар гуфтан мумкин аст?

-Аммо Бедил шеърҳои мураккаб ҳам дорад. Имрӯз бисёр дар мавриди тасвиргироӣ мегӯянд. Аммо тасвирҳои Бедил ҳамааш дар асоси мантиқ аст.

-Имрӯз дар шеъри мо тасвирҳои аҷибро ҳам дучор меоем. Масалан, шоире гуфта, ки "Даст ба пешонаи хуршед задам, таб дошт"…

-Ин гуна суханҳоро гуфтан мумкин, агар дар зимни он зиндагии мо ифода ёбад. Масалан, агар бигӯем, ки дидам, ниҳолеро шикастанд ва даст ба пешонии хуршед бурдам, ки ӯ таб дошт. Ин гапи сода аст. Аз ин зеботарашро ҳам ёфтан мумкин. Адабиёт ин ҷустуҷӯ аст. Ман ҷонибдори он ҳастам, ки ҳама гуна тасвир дар зимни худ иҷтимои моро ифода кунад. Чунки беҳтарин шеър шеърест, ки ба иҷтимоъ рабт дорад:

Ёри мо ҳаргиз наёзорад дили ағёрро,

Гул саросар оташ аст, аммо насӯзад хорро.

- Бигзор нақши пои қалами Шумо ба баъд ҳам коғазҳои зиёдеро сиёҳ бикунад ва аз килки Шумо рӯи авроқи сафед ҳамеша маъниҳои бикр ва шеърҳои воқеан тоҷикона бирезад. Ба Шумо саломатии бардавом ва илҳоми саршор таманно дорем устод! Муваффақ бимонед. Сипос барои суҳбат.

Суҳбати Баҳман, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №06, 12 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi