Ганҷинаи пурарзиш
Илми таърихро донишмандон ҳофизаи башар хондаанд ва ҳамвора ба он таваҷҷуҳи амиқ ва дақиқ зоҳир намудаанд. Ин талошу кӯшиш ва ковишу кандуков имрӯз низ идома дорад ва таърихнависону муҳаққиқони муосири тоҷик аз Аллома Садриддини Айниву Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторов, Раҳим Масов, Ҳайдаршо Пирумшоев ва Намоз Ҳотамов бад - ин сӯ бо осори таҳқиқиву тадқиқии хеш мудом бар ҳифзи ҳаводис ва воқеъоти муҳиму мубрам кӯшидаанд.
Яке аз китобҳое, ки дар ин авохир ба зевари табъ ороста шуд ва дар маҳофили илмию адабӣ мавриди таваҷҷуҳи аҳли назар қарор гирифт, китоби "Таърихи халқи тоҷик", навиштаи бародарон Сайфулло ва Асадулло Муллоҷонов аст, ки дар 432 саҳифа дар шаҳри Душанбе мунташир шуд. Китоби мазкур барои донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон таълиф шуда ва бо қарори Шӯрои илмӣ - методии Донишкадаи молияи Тоҷикистон таҳти рақами 7 аз 27 марти соли 2011 ба чоп тавсия шудааст.
Албатта, дар заминаи омӯзиши таърихи халқи тоҷик чандин асар то кунун навишта шуда, вале вижагии ин китоб ҳамоно диди амиқу тозаи муаллифони он аст, ки ҳаводисро на аз дидгоҳи материалистию моддӣ ва зиддидинӣ, балки мунсифона ва огоҳона ба риштаи таҳриру таҳлил кашидаанд. Чунончӣ, агар дар замони ҳукумати Иттиҳоди Шуравӣ истилои Осиёи Марказиро бо ибораҳои дуруғини "ҳамроҳшавӣ" ва ё "пайвастшавӣ" рупӯш мекарданд, дар фасли 10-ум-и китоби мазкур, ки ба ин мавзӯъ ихтисос ёфта, "Тоҷикон дар замони ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна (солҳои 60-уми асри 19 - 1917 )" унвон гирифта ва нависандагон аз вожаҳои "забт" ва "ҳамла" кор гирифтаанд, ки як амри воқеъӣ аст. Ҳамчунин, нависандагони китоб ҳаргиз ба ҳаводис беэҳтиромона ва бо мавзеъгирҳои сиёсӣ нанигариста, балки талош кардаанд ҳеҷ ҳодиса ва рӯйдод аз назарашон пинҳон намонад.
Арзиши дигари китоб дар он аст, ки муаррихони борикназар бо забони суфтаю муъҷаз ва равону ноби форсии тоҷикӣ ба баёни ҳаводис пардохтаанд ва ниҳояти маҳоратро ба кор бурдаанд, ки дар ҳаҷми кӯтоҳ муҳтавои зиёдро баён намоянд.
Ногуфта намонад, ки то чанд сол қабл аксари таърихномаҳои муосир аз асри сангӣ (палеолит, мезолит ва неолит) оғоз мешуданд, ки барои хонанда аввалан дилбазану хастакунанда буд, аз сӯи дигар барояш чандон кашиш надошт, вале бародарон Муллоҷоновҳо дар китоби хеш аз таърихи аввалин давлатҳои ориёӣ - Пешдодиён, Каёниён пардохта, сипас бо мурур аз пайдоиши хату ҷашнҳои бостонӣ, Эломиён, Модҳо, Ҳахоманишиён, Ашкониён, Кушониён, Сосониён, Кидориён ва Хиёниён, Ҳайтолиён, Хоқонии Ғарбии Турк, давраи хилофати аъроб, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, Қарахониён, Салҷуқиён, Ғуриён, Хоразмшоҳиён, ҳамлаи муғулҳо, давлати Куртҳои Ҳирот, Сарбадорон, Музаффариҳо, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён, Манғитҳо ва то замони истиқлоли Тоҷикистон (1991) ба хонанда аз сарнавишти пурфарозу нишеби халқи тоҷик ҳикоя кардаанд.
Чизи дигаре, ки ба назари мо хуш намуд ва дар нигоштани таърих бояд аз он истифода кард, вобаста набудани назари муаллифон ба идеоложиҳои бегона аст. Онҳо ҳеҷ ҳамлаи идеоложии хориҷиро ба унвони муждае раҳоибахш ва ё ягона гузинае надонистаанд ва аз ҳар ҷониб авоқиби ҳодисаро ба баҳсу баррасй кашидаанд. Дар китобҳои дарсии мактабҳои миёна барои синфҳои 9-11, ки давраи истеъмориро тасвир кардаанд, ба ин чиз зиёд дучор меоем. Охир тасаввур кунед мо вақте дар мактаби миёна ба хонанда мефаҳмонем, ки агар истилои Русия набуд, мо дар ҷаҳлу тирагй мемондем ва рӯи растагориро намедидем, чй руҳияеро ба ӯ талқин мекунем?
Ё дар бораи ҷараёни коллективонй, ки бар асари он ҳазорон ҳамватани мо қурбон шуду даҳҳо ҳазори дигар беватан, чаро бо таассуб сухан меравад ва тарзе ҳаводис баён шудааст, ки гуё ҳеҷ гузинаи дигаре барои мардум ва кишвар вуҷуд надоштааст. Ба талабаи синфи 11 бошад, китоби дарсии таърихи халқи тоҷик инро гӯшзад мекунад, ки давлати ягонаву муқтадир ва боазамати Шӯравй бар асари хиёнат ё саҳлангории роҳбарон пош хӯрд.
Пас истиқлол -ин неъмати бебаҳоро чигуна қадрдонй кунем, зеро дар ҳамин китоб аз ин ҳодисаи муҳимтарини таърихи муосири кишвар бе шавқу завқ ҳикоят мешавад! Ҳамин тарзи тафаккур дар макотиби олй ҳам давом меёбад. Имсол дар рӯзи Дониш Президенти кишвар бо нигаронй изҳор дошт, ки баъзе устодони Донишгоҳҳо (ҳатто Донишгоҳи миллй) ҳанӯз ба донишҷӯён афсона мехонанд.
Дар солҳои нахустини истиқлол, ки худ донишҷӯ будам, устодони фанни таърих, хусусан таърихи сиёсии асри 20, ки меросхӯри таърихи ҳизб буд, устодони мо аз фурӯпошии шӯравй, ки соле қабл иттифоқ афтода буд, бо оҳу нола қисса мекарданд ва мегуфтанд, ки безоранд аз чунин истиқлол, ки шакар ва ҳасиб намеёбанд. Инак, биёянду бубинанд дастархони имрӯзаро, ки нон ҳам ҳасту шакар ҳам, вале рӯҳияи худшиносй ва фидокориро ҳанӯз кам дорем ва барои бозёфтани он таърихе бояд бинигорем, ки ҷавононро огоҳй ва бедорй бахшад ва барои нигоҳ доштани арзишҳои волои истиқлол талош варзанду бо асолатбохтагй дар ситез бошанд.
Ногуфта намонад, ки муаллифони китоб дар шарҳи давраҳои гуногун ба адабиёт, ҳунар, фарҳанг, вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ низ пардохта, иттилооти комил ва тозаю муфидро дар ихтиёри хонандаи боҳуш қарор додаанд, ки донистани онҳо барои ҳамаи алоқамандони таърихи халқи тоҷик воҷиб аст.
Тавре муаллифони чирадаст дар охирсухани китоб тазаккур додаанд: "бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки агар нигоҳ ҳарчӣ қадар мухтасар ҳам бошад, бояд сарсариву шитобкорона набошад. Агар як рӯйдоди таърихӣ ҳам мавриди баррасӣ қарор гирад, кофист, ки бар сари он тааммул намоем, сабаб, натиҷа ва муҳимтар аз ҳама сабақи онро барои имрӯзу фардо муайян созем. Ҳамеша бояд масали маъруфи аҷдодамонро дар хотир дорем, ки мефармуданд: "бар ҷӯи рафта рӯзе об меояд". Миллате, ки дар гузашта ин ҳама корнома дорад, имрӯз ҳам қудрати офаринандагиро дорад".
Ба ҳар сурат, китоби "Таърихи халқи тоҷик" на танҳо барои донишҷӯёни макотиби олӣ, балки барои ҳар фарди тоҷик арзиш ва аҳамияти болоро дорост ва ин колои воло дар ҳар замон харидор ва муштарӣ дорад.
Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад, Шоҳмансури Шоҳмирзо, аъзои Иттиҳодияи байналмилалии рӯзноманигорон
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №27, 04 декабри соли 2013