10:25:59 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Гавҳар Шарофзода: "Забони тоҷикӣ метавонад аз байн равад, агар..."

Марҳабо Ҷабборова, муовини сарвазири Тоҷикистон аз зиёд шудани навиштаҳои пурғалату бемантиқ, тарҷумаҳои таҳтуллафзии бемаъно ва риоя нагардидани қойдаҳои забони тоҷикӣ дар воситаҳои ахбори омма изҳрои нигарониӣ намуда, мегуяд, дар баъзе ҷойҳо тарҷумаҳои таҳтуллафзие овехта шудаанд, ки ягон соҳибзабон ва ҳатто одамони таҳсилнадида чунин ифодаҳои аз мантиқ дурро ба забон намеоранд. Ин нуктаро номбурда зимни як нишасте, ки таҳти унвони "Маданияти сухан" дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошта, таъкид намуд, ки дар ин самт Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додааст, аммо боз бисёр корҳои дигарро анҷмо додан лозим.

marhabo-45546556Марҳабо Ҷабборова дар баробари интиқодаш аз забони нашрияҳои хусусӣ, ҳамчунин илова намуд, ки ифодаҳои ғалат дар телевизионҳои давлтӣ низ ба назар мерасад: "Дар ҳар гуна ҷомеа телевизионро, ки бинандаи зиёд дорад, мактаби ҳамагонӣ меноманд ва ин рисолатро бояд шабакаҳои телевизионҳои давлатии мо ҳам ба ӯҳда гиранд ва намоиши барномаҳояшонро ба таври ҷиддӣ назорат баранд. Ҳодисаи дигари номатлуб, ин истифодаи лаҳҷаҳо дар радиоиву телевизион ва миёни ҷавонон мебошад, ки масъулияти ин бар дӯши омузгорону устодон буда, онҳо бояд маданияти сухан карданро ба шогирдон омӯзонанд".

Гавҳар Шарофзода, раиси тозатаъини Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, гуфтаҳои Марҳабо Ҷаббороваро дар мавриди паст шудани маданияти сухан тасдиқ намуда, иброз дошт, ки ҳоло хатарҳои ҷиддие дар атрофи забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ки дар сурати наандешидани чораҳои зарурӣ забон метвонад аз байн биравад.

gavhar-sharofzoda-4556456Гавҳар Шарофзода аз истифодаи ибораҳои "эй, тоҷикиш кун" ё "тоҷикиш кардӣ" мисол оварда қайд намуд, ки ки ҳоло ҳар ҳаракати ноҷову бемаъниеро, ки ҳар нафаре мекунад, ба забони шевои дилнишинамон нисбат дода чунин ибораҳоро пеш меоранд, ки ин муносибати баде нисбат ба забон аст ва дар ягон давру замон ниёгони мо ба чунин таҳқир сазовор набуданду нестанд.

Саттор Турсун, нависандаи халқии Тоҷикистон зимни баромадаш дар ин нишаст аз нодурусту ғалат истифода шудани ибораву ҷумлаҳои забони тоҷикӣ мисолҳои зиёде оварда иброз дошт, ки на танҳо радио ва телевизионҳо, балки ҳатто миёни аксари нависандаҳои мо низ истифодаи ғалати ибораву ҷумлаҳо дида мешавад.

Номбурда аз ифодаҳои ба мисли зиёда қариб аз 10 кас, хуррамгардонӣ, дастаҳои духтарона, дар ин ташкилотҳо, деҳаи ба номи Рамазон Файзиев, хати нави обрасонӣ, пӯшока, хӯрока, либоса, ғалладонагӣ, нарина, модина, дар ҳар куҷое набошад, ҳар хеле, ки набошад" мисол оварда қайд намуд, ки истифодаи чунин калимаву ибораҳо аз харобшавии забон гувоҳӣ медиҳад.

Ба қавли ин нависандаи халқии Тоҷикистон, вайрон шудани забон як система шудааст ва дар Тоҷикистон ашхосе надорем, ки онро назорат карда тавонанд: "Ҳатто мансабдорони баланде, ки дар соҳаи маориф масъул ҳастанд, аз ифодаҳои нодурусте ба монанди "мориф", "малим" истифода мекунанд".

Аскар Ҳакимов, адиби шинохтаи тоҷик, зимни ин нишаст иброз дошт, ки, аввалин чизе, ки мо бояд дарк кунем ин аст, ки забон вобастагии комил ва ҳамаҷониба ба тафаккур дорад, агар тафаккур дуруст, комил ва ғанӣ нест, забон ҳеҷ гоҳ ислоҳ нахоҳад шуд: "Яъне ба назари ман чунин менамояд, ки аввал мо бояд ба тафаккури мардум кор кунем ва дар ин ҳолат дар бораи забон суҳбат кардан ҳам шояд зарурият пайдо намешавад. Чаро забони мо дар замони муосир, фарз кардем дар асри 20 нуқсонҳои зиёде пайдо кард, зеро, тарбия дигар шуд ва тафаккур нодуруст шуд".

ӯзгор"



Шарҳҳо   

 
0 #1 Забони мо чахони мо!Guest 15.01.2014 22:08
Ман фикр мекунам имруз бояд дар чомеа оид ба истифодаи лахни адабиву поку беолооиши забон корхои таблиготи на дар шакли маъруза, балки ба сурати хамсухбат бо чавонон ва хонандагони макотиби миёна бо номи "Дарси ватандори" ва ё "Забони мо ифтихори миллии мост" дар як муддатхои кутох ба шакли 10 ё 15 дакика ташкил карда шавад ва ба чавонон оиди истифодаи дурусти забон сухбати озод гузаронда шавад. Барои боз хам боло бурдани киммати забон ва чун нишонаи он ташкили гушаи забони точики дар Китобхонаи милли айни муддаост хоричиёни дар точикистон буда метавонанд дар ончо ройгон забони точики омузанд ва ин хам як навъ таъсиргузори ба тафаккури чавонон аст.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi