06:14:20 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Остондори Фалғарзамин - II

Қурбон Восеъ, академики Академияи улуми иҷтимоӣ-педагогии Россия, профессор

Устод Турсунзодаву хамсафон ва шогирдони он кас бошанд, ҳар бегоҳ маҳфилҳои шеърро дар назди Муллосиддиқ побарҷо медоштанд, ки Ҷӯрабек «нонрезаҳои» устодро замзама мекард. Ёдовард мегардем, ки устод Мирзо Турсунзода ба хонадони Муллосиддиқ на ҳамчун шоири миллат, балки ҳамчун узви хонадони ӯ буда, аҳди бародардӯстӣ доштанд.

111 siddiq-zarifov 111Аз ин рӯ, пеш аз кору баъди кор ба аёдати бародардӯсташон мешитобиданд. Боре устод Мирзо ба Муллосиддиқ муроҷиат карда гуфтанд: дар хотир доред, ки ин шербачаҳо (Султону шодравон Давронро, ки ҳарду дар Академияи улуми иҷтимои мехонданд), тӯҳфаву дастовезҳои ба Маскав овардаи Шуморо дар як нишаст бо арусони исавимазҳабашон барбод доданд. Ҳа, ҳа ин якбору дубор не, балки борҳо ин гунна муносибати хархоҳонаро ба камин ин мушкетдорон арзони доштаанд.

Хайр, мо хам шаби соли Навро бо ҳамроҳии дӯстони банда, дар хонадони Суслов Д.С., ки Косигин ҳам ҳузур дошт, хеле шодиовару пурмуҳтаво гузаронидем. Ҳеҷ гап не, мо ки кайҳо айшҳои зиндагиро басе зиёд чашидаему баҳри манфиати миллатамон то бардошти имкон талош меварзем, бигузор, ки ҷавонони мо ҳам лаҳзае аз ҳисобамон фароғатеву айше дошта бошанд. Охир айшу ишрати онҳо низ моли мост. Албатта ин лаҳзаҳо, ки мову шумо акнун садрнишинем, рӯзе хоҳад расид, ки онҳо низ ҷойнишинони мо гарданду тӯҳфаҳои онҳоро низ боз навҷавонони дигар сарфи айшу нӯши хеш кунанд, зеро додану хӯрдан ойини ниёгони мо будааст, ки падаршеъри миллатамон фармуда:

Некбахт он касе, ки бидоду бихӯрд,

Шӯрбахт он, ки ӯ нахӯрду надод.

Воқеан дар маромномаи зиндагии Муллосиддиқ дасткушодиву саховатмандӣ иқдоми навинаву лаҳзина набуд, балки меҳмоннавозиву ширинзабониро ӯ мероси аҷдодӣ медонист, зеро айёми тифливу навҷавоняш, ки дар деҳаи зебоманзари Шамтич сипари гардидаасту мардумонаш бо дастархондориву меҳмоннавозӣ ва тарзи ва тарзу тариқи меҳмонқабулкуниву гусели онро волотарин нишонаи одамияти хеш медонистанду бо ин гунна иқдом миёни дигар деҳоти Фалғорзамин мақоми шоистаеро касб менамуданд. падарарӯсаш Ҳаётулло аз авлоди арбобони ин деҳа буда, меросбари маънавии Мирзосаиду дигарон будааст, ки лутфу Сухану амалҳои солеҳонаи хеш мақом дошта, ҳамеша даррову дастархонро бо кушодагии чеҳраи хеш ба рӯи меҳмон боз медошт. Биби Фотима ҳамсари Муллосиддиқ, ки парвардаи чунин хонадони файзбори авлоди арбобон аст, боли муқтадири саховатпешагии Муллосиддиқро бо азамати латифтабъонаи хеш истеҳкоми нек мебахшад. Шояд чунин иқдоми мубораки хонадонӣ дилу дидаи меҳмонони меомада, ҳусни эҳтиромро афзун менамуд. Ҳамзамон кордониву ҷомеаписандии ӯ боис бар он мегардид, ки инсонҳои саршиносе чун устод Турсунзодаву Абдулаҳад Қаҳҳоров, Маҳмадулло Холлову Воҳид Шарифов, Боқи Раҳимзодаву Назаршоҳ Додхудойв, Ҳоҷи Содиқ ва садҳ шогирдону ҳамкорони ин азизмардон ба хонадони Муллосиддиқ назиктарин шахсон мебошанд. 

Чуноне ки мебинем, марди дарёдил будану дасткушодӣ ва дастгирии ҷавононро мароми ҳамешагӣ донистани ин марди ҷомеадор хоси худаш буд. Дар тамоми умри бобаракаташ ҳар куҷое, ки баҳри ифои вазифа рафта бошад, ба ҳамкорон пеш аз ҳама, аз рӯи истеъдоду чашмикордонӣ ва саҳми онҳо баҳо медод. Арзишмандтарин коргузор ҳамонеро медонист, ки худкора бошаду ҳарфу амал ва гуйишаш мантиқосо ба зуҳур пайвандад. Фармоишро сари вақт иҷро намояду дар доираи салоҳияташ амал карданро фаромӯш накунад. Гуфтору кирдораш баробар вазн бошаду  адолатро ҳамеша дар миён гузорад, ки ба андешаи ӯ тамоми костагиҳои кори олам аз костагии адолаи, ба хусус, адолати иҷтимоӣ сар мезанад, таъкид мекард Муллосиддиқ. Аз ин рӯ қотеона амалӣ гардонидани адолати иҷтимоиро риоя мекарду пос медошт. Ба инсонҳои хасакии мунофиқ эътимод доштанро кори носавоб ва иқдоми новоҷиб меҳисобид, ки ин ҳама хусусиятҳои ботинии руҳафзо шояд дар густариши риштаи дӯстияш бо бузургоне чу Мирзо Турсунзодаву дигар аҳли илми фарҳанг саҳмгузор бошад.

222 siddiq-zarifov 111Барои Муллосиддиқ хешу бегона фарқе надошт. Муҳим ин буд, ки инсон дар роҳи пеша намудааш мустақилу соҳибирода ва илмдусту фарҳангпарвар бошад, ҷонсӯзона  муносибат менамуд. Боре ҳангоми зимистон аз Масква ҷавонписаре ки дар Академияи Темирязев таҳсил дошт, баҳри дастрас намудани номаи домоди Муллосиддиқ наздаш омад. Мавриди аз назди ӯ баромадан ба Сару пои донишҷӯ Бобоев Муҳиддин нигариста, таъкид намуд, ки Муҳиддинҷон як лаҳза таваққуф намоед. Сипас ба курсии зери дар нишаста, аз пояш мӯзаҳои нимсоқи зимистонии худро кашида, маҷбуран ба ӯ пӯшониди таъкид кард:

«Масква басо сард асту кӯчаҳояш серобанд. Фикр мекунам, ки ин мӯзаҳо тобовари он яхбандиҳову сардиҳоянд. Танҳо танҳо таманнои мо аз Шумоён ин аст, ки ҳар чи бештар илми маслакиву улуми башариро фарогир бошед, то рӯзе баҳри дафъи ҳаводис ба кор ояд», ин гунна иқдомро ба тарзи ҳамешаги иҷро мекард. Ҳангоме, ки дар ноҳяҳои Айниву Панҷакент адои вазифа менамуд ва ба сафари душанбеву дигар шаҳрҳои кишвар мерафт, тамоми донишҷуёни он манотиқро ҷамъ меоварду аз зисту зиндагӣ ва ҳолати хониши онҳо воқиф мегардид. Ба раисони хоҷагиҳо таъкид менамуд, ки дар ҳудуди имкониятҳояшон ба муалимони мактабҳову донишҷӯён дасти ёри дароз намоянд, то онҳо тавонанд, ки ҳарчи бештару дақиқтар фарогири илм гарданд. Ин гуна муносибати ҷонсӯзона, иқдоми фараҳпарварона доштани Муллосиддиқ нисбати аҳли илм дарахти сербори маърифатбори Зарафшонро шодоб менамуд, ки аз ин ноҳияҳои дурдасттарин даҳҳо докторҳову садҳо номзадҳои илм, иддаи зиёди шоирону нависандагону овозхонон тарбият ёбанд.

Маҳз тавассути ӯ солее чанд маротиба мулоқоти адибону аҳли илму фарҳанг бо коргарону колхозчиёни ноҳияҳои номбурда баргузор мегардид, ки устод Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода косагули чунин маъракаҳо буданд. Ин гуна муносибати ҷазбману ҷонани Муллосиддиқ дар фаро гирифтани шеъру адаби мардуми ин водӣ ва бедории фикри тоҷикшиносонаи миллатамон хело назаррас аст. Фикр мекунам, агар ҳамин муҳити фарҳангпарваронаро тамоми котибони ҳизби коммунисти навоҳии ҷумҳурӣ чун Муллосиддиқ ба роҳ мемонданд, ҳам лаъл ба даст меомаду ҳам ёр намеранҷид. Чуноне, ки мебинем, дӯстии хонадонии ин марди бедордил бо бузургону адибон дӯстии танҳо як хонаводаи шахсии ӯ набуда, балки дӯстиву рафоқати аҳли зиё бо мардумони Зарафшонзамин буда, дар густариши худшиносиву бедордилии ин мардум саҳми ҷовидона доштааст.

Муллосиддиқ бо ҳама серкории шабонарӯзии вазифа, ки барои бисёр вазнину муқаддас аст, марди ботамкину хоксор ва бовиқору соҳибирода буд, худро мунавваркунандаи курсии вазифа меҳисобид, на вазифаро барои шукуҳи мавсимӣ. Аз ин рӯ, ба ҳар самте, ки аз ҷониби роҳбарияти ҷумҳурӣ фиристода мегардид, дар он ҷо нақши муҷаллои хидматгузории сиддиқонаро бисёр ба нур мегузошт, ки даҳҳо иншоотҳову таълимгоҳҳои ноҳияҳои номбурда маҳз бо саҳму дастгирии ӯ бунёд ёфтаанд ва ҳанӯз ҳам побарҷоянд.

Ин марди ҷомеадор мунтазам таъкид мекард: «Дар кори роҳбарӣ масоили аввалдараҷаву дувумдараҷа вуҷуд надоранд, балки ҳама ҷузъиётҳо муҳиманд. Фақат дида тавонистану сари вақт ҷо ба ҷо гузоштан ва аз ҳама муҳим азхудгузарониву бар сар нафси шахсӣ ҳоким будан, гарави умдаи муваффақиятҳост». Ин гуфтаҳо дар рӯзгори кунинии соҳибистиқлоламон барои равнақи кори роҳбарони ноҳияҳо ба ҳукми дастури зиндагӣ метавонанд қобили қабул ва мавриди истифода қарор бигирад, ба тамоми раҳбарони зердасташ қотеона иҷрои вазифаро талабгор будвақтро муҳимтарин рукни боарзиш меҳисобид, истеъдодҳоро дарёфтану онҳоро тарбият намудан ва сари вақт ба самти зарурӣ сафарбар карданро гиреҳкушои мушкилоти ҷомеадорӣ меҳисобид. 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №25, 20ноябри соли 2013

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi