19:01:50 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Абдумумин Шарифов: «Магар мешавад дар ҳаққи ҳамкор туҳмат зад?»

Ё посух ба мусоҳибаи "Тағоймурод Розиқов: "Имрӯз актёре надорем, ки образ офарида тавонад" (Ҳафтаномаи "Рӯзгор" №21 аз 23.10.2013).

То замоне ки ин миллат ин равиш ва ин сохтор вуҷуд дорад, корвони ҳунари театрии ӯ дар роҳ аст, новобаста ба озу ниёзи касе ва ё гурӯҳе! Ҳеҷ чизе пеши роҳи ӯро наметавонад гирифт, магар мушкилӣ ва саддҳо, ки ин корвон кам надида ва шукр то ҳол дар ҳаракат аст...! Ҳар шахсеву гурӯҳе вобаста ба ният ва тиннати хеш мехоҳад ба ин корвон кӯмак кунад ва ё баръакс...!

tanqidi 45465666Баъди андешаҳои зиёд қалам ба даст гирифтани банда ҳам танҳо ба хотири рушанӣ андохтан ба ҳақиқат ва умед аз он ки ба ҳаракати ин корвони ҳастии миллати хеш қудрат ба тавоноӣ таъсире дошта бошам, ба хотири кӯмак. Ин тасмим баъди мутолиаи мусоҳиба бо ҳунарманди мардумӣ Тағоймурод Розиқов "Имрӯз актёре надорем, ки образ офарида тавонад" дар рӯзномаи "Рӯзгор" гирифта шуд. Дар аввал хостам ҷавоб нагӯям, ба қавли нафаре "ҳавола ба Худо" кунам.

Аммо андешаи баъдӣ маро водор сохт ки бояд ҷавоб гӯям! Чаро мо ҳама мушкилиро ба Худо ҳавола кунем, ба хусус озу ниёзи "дупула"-и худ ва ё касеро ва ё ҳар вазнинӣ ё нотавоние, ки пеш меояд...! Пас рисолати инсонӣ ва ҳунармандӣ куҷо мешавад! Агар ақидаи шахсе, ки вазифаи фарҳангиро бар дӯш намедошт, агар омӯзгор ва нафаре, ки ҳаракати ин корвон бисёр вобастагӣ ба ин гуна нафарҳо намебуд, шояд хомӯширо авлотар медонистам. Ва аз ҳама муҳим, агар муҳтавои мақола (дурусташ мусоҳиба) аз ғараз, тӯҳмат ва дурӯғи маҳз орӣ мебуд, шояд таваҷҷуҳи бандаро ба худ ба ин ҳад ҷалб намекард.

Хашму шавқ дар мусоҳиба ҷои мантиқу маънӣ, ҳақиқат ва адолатро чунон гирифтааст, ки ибрози баъзе андешаю ақидаҳо касро дар ҳайрат мегузошт! Вагарна чи гуна метавон ин гуна қазоват кард: (намуна аз мусоҳиба) "- Мутаассифона ман имрӯз намебинам он актёреро, ки образ офарида тавонад... Аммо ягон нақши онҳоро таҳлил кардаву гуфта наметавонам, ки образ аст. На дар театри Ҷавонон, на дар театри Лоҳутӣ, на дар театри Маяковский, на дар театри лӯхтак ман намебинам актёреро, ки образ офарида тавонад...". Ҳамоно чанд ҷумла баъд мехонем: «-Ман аз шуъбаи актёрӣ розӣ ҳастам, чунки актёрҳои беҳтарин дар донишкада ҷамъ шудаанд, чун ... ва дигарон». Пас ин актёрҳои беҳтарин аз кадом театранд...?! Мантиқ куҷост...?

Инсоф кунед, дар тули 22-соли истиқлолият аз рӯи ҳисоби банда ҷоизаҳои байналмиллалие, ки ҳунармандони тоҷик дар ҷашнвора-озмунҳои байналмиллалӣ гирифтаанд,фақат ҷоизаи "Беҳтарин нақши мардона" дар соҳаи театр қариб ҳудуди 10-то мебошад. Ин ҷоизаҳо баъди таҳлилу баҳогузории мутахасисон ва мунақидони ҳирфаӣ байналмиллалӣ ба ҳунармандони тоҷик тақдим карда шуд. Ҷои дигари мусоҳиба: "- Бубинед, давоми 22-соли истиқлол оё мо дар сатҳи "Эдип"-и Ҳошим Гадо саҳнае офарида тавонистем? Не, ин гуна спектакл пайдо нашуд. Сабабаш дар он аст, ки беҳтарин коргардонҳо рафтанд аз Тоҷикистон".

Мехоҳам бе ҳеҷ хусумат ва ғараз каме ба торих рӯ орем. Оё дар 70-соли шуравӣ театри тоҷик дар сатҳи "Эдип" намоише дошт...? Чаро театри тоҷик тӯли ин муддат намоише насохт, ки мисли "Шоҳ Лир" ё "Ҳамлет"-и Роберт Стуруаи гурҷӣ, "Субҳи инҷо ором аст"-и Василев, "Юнона ва Авос"-и М.Захаров ва ё намоишҳои баъзе коргардонҳо мисли Римас Туминас, Туманишвили ва Чхаидзе, Тавстаногов, ва Эфрос, ки на танҳо дар кишвари шуравӣ, балки дар ҷаҳони театрӣ ҳунари миллати хешро муаррифӣ кунад? Оё мисли ин коргардонҳо мо коргардоне доштем, ки ҷаҳони театрӣ шиносад?

Баъди таҳлил ва дарёфти асосу далели шаръӣ ба назари банда театри тоҷик ҳарчи обрӯю эътибори байналмиллалӣ гирифт, ин дар замони 22-соли истиқлолият буд. Фақат ҷоизаҳое, ки намоишҳои устод Фаррух Қосим, Султон Усмонов ва Барзу Абдуразоқов аз хориҷи кишвар овардаанд, ба ҳисоби сатҳии банда шуморааш аз 20-то болост. Намоиши "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон"-и Фаррух Қосим таҳаввулоти ҳунарӣ на ин ки дар театри тоҷик, балки ҳадди ақал дар ҳунари театрии шарқ буд. Фақат ирфонро дар намуди театрӣ дар ин шакле, ки Ф. Қосим нишон дод, падидаи нав дар ҳунари театрии ҷаҳон буд.

Ин баҳои ман нест, балки андешаи мутахасисон ва мунаққидони театри ҷаҳон аст. Барои исбот метавонед, баъзе далелҳоро дар китоби "Фаррухнома"- и Қ.Собир дастрас кунед! Намоишҳои Фаррух Қосим, Барзу Абдуразоқов ва Султон Усмонов ифтихор ва муаррификунандаи ҳунари театри тоҷик дар фазои ҳунарии театри ҷоҳон мебошад. Беҳуда соли 1990 дар маҷаллаи "Театр"-и Маскав Душанберо Маккаи театрҳои давлатҳои муштаракулманофеъ(СНГ) наномида буданд. Ва ё соли 2008 дар ҷашнвораи байналмиллаӣ "Наврӯз" дар шаҳри Алмаатои кишвари Қазоқистон Ф.Қосим, Барзу ва Султонро фахри театри Шарқ номида буданд.

Шоҳҷоизаи намоиши "Рустам ва Суҳроб"-и С. Усмонов аз ҷашнвораи "Даҳаи Фаҷр" дар байни 10-давлати ҷаҳон, ки нисфи зиёдашон аз кишварҳои Аврупо буданд, магар боиси ифтихор набуд...? Агар ба қавли шумо актёрон образ офарида наметавонистанд, магар намоишҳои боло ба ин дастовардҳо муваффақ мешуданд? Ман ҳайронам ки кадом коргардони беҳтарини театр аз Тоҷикистон рафт...? Агар бо имзою номаҳои қалбакӣ ва туҳмат ин се коргардони ҳирфаӣ ва ифтихори ҳунари театри тоҷикро аз "театратон" пеш намекардед, шояд баъзеашон муваққатан ба хориҷ намерафтанд.

Пас ин ҳасрат дар мусоҳиба чи маънӣ дорад...? Иқтибоси дигар: "- Ҳоло дар театри мо ягон намоише нест, ки ман гӯям, ки моли Театри ҷавонон аст. Бубинед, спектакли "Рустам ва Сӯҳроб" намоиши Театри Маяковский буд, чӣ зарурат дошт, ки онро оварда дар Театри ҷавонон ба саҳна гузоранд? Ё "Бойзан"-ро чи лозим буд овардан? Одамоне ба театри мо омадаанд, ки худхоҳанд. (Суоли рӯзноманигор)- Ҳатто ҳамон саҳнаи "Шабе дур аз ватан" ҳам? -Ман фикр мекунам ин чиз бисёр аз драматургия дур аст ва тарзи бозияшон ҳам ба ман маъқул нест. Мо мехоҳем, ки насле биёяд, ки роҳи моро идома диҳад. Мо ҳудуди чилу се сол ин театрро пеш бурдем, дигар он тарафаш ба дасти ҷавонон аст".

Ин аст ақидаи марди солори фарҳангӣ ва ҳунарманди мардумӣ ва омӯзгори донишкадаи ҳунар...! Кор ба ҷое расидааст, ки акнун намоишҳоро ба худию бегона тақсим мекунем. Аҷаб, чаро намоиши "Моҷаро дар Кеоҷа"-ро номбар накарданд, ки он ҳам аввал дар Театри Маяковский гузошта шуда буд. Ё намоиши "Моҷарои имтиҳон"-ро, ки дар Театри Кӯлоб гузошта шуда буд? Чаро танҳо ду намоише, ки ба ватан 6-ҷоизаи байналмиллалӣ овардаанд, шумо моли театри худ намедонед...? Одамҳоро метавонед ба худиву бегона ҷудо кунед, аммо намоишҳо чи гуноҳ доранд...? ( Ва боз чи гуна намоишҳо...!)

Ман ҳамчун ҳунарманд муроҷиат ба ҳунарманд мекунам. Чаро намоишҳои номуваффақи Барзуро номбар мекунед, аммо намоишҳое ки Барзу ҳунари театри тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард ёд накардед...? Фаррух Қосим, Барзу ва Султон яктарафа шуданд, акнун навбат ба Нозим расид! Магар мешавад дар ҳаққи ҳамкор ва воқеан ҳунарманди асил ингуна қазовати бераҳмонаю туҳмат зад...?! Магар шумо намедонед, ки намоиши "Шабе дур аз ватан"-и коргардон Нозим Меликов муддати се соли ҳастияш 7-номгӯй ҷоиза ва тандису дипломҳои ҷашнвораҳои дохилӣ ва байналмиллалӣ ба театри ҷавонон овард?

Шукри Худо ин намоиш ба ҳайси меҳмон дар ҷашнвораи теотрии шаҳри Кобули кишвари Афғонистон, дар ҷашнвораҳои байналмиллалии шаҳри Бишкеки кишвари Қирғизистон, дар Кишинёви кишвари Малдова ва шаҳри Челябинский кишвари Русия аз назари драматургӣ, коргардонӣ, ороиш, мусиқӣ ва иҷро дар қатори беҳтарин намоишҳои театри дунё дониста шуд. Дар ин ҷашнвораҳо аз 4 то 11 кишвари ҷаҳон ҳузур доштанд ва баҳоро беҳтарин мунаққидони ҳирфаии театрии ҷаҳон аз кишварҳои Қирғизистон, Гурҷистон, Малдова, Укроин, Русия,Лаҳистон ва Олмон гузоштанд, ки баъзеашон ҳатто аъзои ҷамъияти мунаққидони "ЮНЕСКО" буданд. Дар маҷалла ва рӯзномаҳои ин кишварҳо мақолаҳои зиёд чоп шуданд, ки навор ва намунаҳои чопи ин мақолаҳо шукр дар дасти мо ҳаст.

Метавонед аз интернет сафҳаи ин ҷашнвораҳо ва ё маҷаллаҳои теотрии "Петербурский театральный журнал"-и кишвари Русия, маҷаллаи теотрии "Исскуство"-и кишвари Белорусияро боз кунед, бори дигар дурустии ин гуфтаҳоро дарёфт хоҳед кард. Фаррух Қосим ва Барзу шояд ба қавли шумо барои театри ҷавонон коре накарда бошанд, аммо Султон Усмонов бо намоишҳои "Зани сарватманд" ("Бойзан"), "Як рӯзи дарозтар аз қарн" ва "Рустам ва Сӯҳроб" соли 2008 -2009 дар тӯли 5-моҳ ба театр ва ватан 9-ҷоизаи байналмиллалӣ овард, ки яке аз онҳо "Шоҳҷоиза" буд, ки дар торихи театри тоҷик ин дастоварди нав ва нодир буд. Баъдан ин намоишҳо боз 3-ҷоиза ва тандису дипломи байналмиллалӣ ба театру ватан оварданд. Магар шумо инро намедонистед...?

Чаро дар мусоҳиба дастовардҳои намоиши "Шабе дур аз ватан",ки дар боло номбар шуд ва намоиши "Қаториҳо"-и Н.Меликов, ки дар ҷашнвораи "Муқовимат" дар кишвари Эрон беҳтарин намоиш шинохта шуд, чизе гуфта нашуд...? Чаро дар тули 6-соли охир 22-номгӯй ҷоиза, тандис ва диплом,ки театри ҷавонон аз ҷашнвораҳои дохилӣ ва байналмиллалӣ ба даст овард, ки ин ҳам дастоварди нодир дар торихи театри тоҷик аст,боиси ифтихор ва ё ақалан баён дар мусоҳибаи шумо ҳамчун пири ҳунар ва ғамхори ояндаи ин театр шуда натавонад? Магар инҳо дастоварди фарҳанги миллати мо ва ё намоишҳои беҳтарини театри ҷавонон нестанд...? Ва ё ҳунармандони ин намоишҳо аз театри ҷавонон нестанд...?

Бештари иштирокчиёни ин намоишҳо ҳунармандони ҷавону миёнасоли ин театр ва хатмкунандаи донишкадаи Душанбе ҳастанд ва ҳама қариб замони муаллимии шумо он ҷоро хатм кардаанд? Пас роҳи онҳо кадому аз шумо кадом аст...? Чаро ва чи гуна баъди ин дастовардҳо аз театр рондани Султон Усмоновро, ки 5-сол аст дар театрҳои кишвари Қазоқистон заҳмат мекашад ва ё бо ҳар баҳона пеши роҳи ба саҳна омадани намоиши "Рустам ва Сӯҳроб"-ро гирифтан дар театри ҷавононро нагуфтед? Пас масъулият ва рисолати шахси солори фарҳангии миллат ва ҳақиқату адолат куҷо мешавад?

Бисёр хуб мешуд ин суолҳо аз тарафи рӯзноманигор сари вақт дар мусоҳиба матраҳ мешуд. Ҳеҷ мушкилие надошт, ки пеш аз мусоҳиба бо вазъи театри ҷавонон ва дастовардҳояш то қадри лозимӣ шинос мешуданд ва лозим намебуд, ки аз забони мо ин далелҳо гуфта шавад ва боиси таънаи дигарон намешудем, ки мо худро тавсифу таъриф мекунем. Аҷаб миллатем. Ҳама эътимод ба худу ҳамватан ва миллату ватани худ кунанд, ҳоло ҳам беъзеи мо умед аз бегонагон дорем. Дар ҷашнвораи Кишинёв Суҳроб Ҷанҷолов, ҳунарпешаи театр аз коргардони машҳури Гурҷистон Нугзар Лоркипанидзе суол кард:

 -Коргардонҳои шумо таҳсилкунандаи Маскаванд ? Лоркипанидзе бо эҳсос:

«-Шумо чи…, дар мо хатмкунандагони Маскав навъи дуюм ҳисоб мешаванд. Барои онҳо дар Гурҷистон кор ёфтан хеле мушкил аст, чунки онҳо мактаби Туманашвилиро нагузаштаанд. Худоро шукр мо мактаби устод Туманашвилиро дорем, ки беҳтарин мактаби коргардонии дунё аст...!»

Мо дидем ки ин марди солхурда ва коргардони бузурги гурҷӣ чи қадар ифтихор аз ҳамватани боҳунари худ дошт. Мактаби хоси Фаррух Қосимро имрӯз аз Белжик то Эрону Афғонистон ва тамоми кишварҳои собиқ шуравӣ васф ва эътироф мекунанд ва паи омӯзиши ин мактабанд, ба ҷуз ҳамватанони худамон! Мо ҳанӯз ҳам раҳоиро дар дигар ҷо ва аз дигарон меҷӯем. "Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем"! Имрӯз давомдиҳандагони ин мактаб дар ватанамон шукр кам нестанд, фақат ба онҳо имконият, дастгирӣ ва боварӣ намерасад.

Ин ақида пас аз мушоҳида дар сафарҳои ҳунарии ҷанвораҳои байналмиллалӣ дар ман ҳарчи бештар мустаҳкам мешуд. Вақте муаллими фанни "Нутқи саҳна"-ам ғайри тоҷик аст, ман чи гуна метавонам аз мантиқу маънӣ ва қонунҳои забони тоҷикӣ дар саҳна ба қадри лозимӣ ибрози ақида кунам. Ба ин хотир манзалати забони модарӣ имрӯз то ҷое хор шудааст! Имрӯз аз камхонию камсаводии ҷавонони ҳунарманд зиёд ҳарф мезанем, аммо бадбахтона кам надидам ҳунармандони пуртаҷрибаву унвондорро, ки дар тафсири ду мисраъ шеъру тақсимбандии ҷумла аз ин ҷавонон ҳеҷ фарқе надоранд. Баъзеашон ин қадар қолабӣ шудаанд, ки даҳшат аст. Мо мехоҳем ё не мухлисони театр мардуми андеша буданд ва хоҳад буд. Вақте суханронӣ, масъалагузорӣ ва андешаронии ҳунарманд аз мардуми оддӣ фарқ намекунад, пас чаро нолем, ки театр бинанда надорад...?! Бояд ҳар кас барои амал ва суханаш на ин ки назди Худо, балки назди ҷомеа ва виҷдони худ ҳам ҷавоб гӯяд...!

Абдумумин Шарифӣ, ҳунарпешаи Театри ҷавонон

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №24, 13 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi