17:57:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«Суханро вазну тамкини замин бояд!»

(Чанд андеша перомуни китоби устод Мӯъмин Қаноат "Ёддоштҳо ва бардоштҳо", нашри "Паёми ошно" - Душанбе - 2012с).

Ёддоштнависӣ як анъана, жанри бадеиест, ки дар осори адибон, олимон, зиёиёни гузаштаи кулли миллатҳои муттамаддин нақши муҳиме ба ҷой гузоштааст. Чунин асарҳо барои таърихнигорон, адабиётшиносон,ҷомеашиносон, соҳаҳои дигари илм сарчашмаи омӯзиши давраи муайяни таърихӣ шуда метавонанд.

1.mumin-qanoat-4545Хусусан агар чунин асар аз тарафи олиму адиб, сиёсатмадору зиёиёни равшанфикри миллӣ рӯи кор оянд, арзиши онҳо ба маротиб боло хоҳад рафт. Зеро ёддоштҳо ва андешаҳо на нақли оддӣ, балки гуфтори шахсе мебошанд, ки бо ақлу хиради пешрав, бинишҳои амиқи фалсафӣ ва диди воқеъбинона ба рӯйдоди солҳо нигаристааст ва аз ҳамин назар онро ба риштаи таҳлил кашидааст. Аз ин рӯ бо гузашти солҳо ҳам арзиши фарҳангиву таърихии худро гум намекунанд.

Барои ин метавон аз ёддошту хотираҳои классикони илму адаби форсизабонон, адабиёти Аврупо ва махсусан ёддоштнависии асри "тилло"-и фарҳанги рус - асри Х1Х ва ҳамчунин асри ХХ мисолҳои зиёдеро овард. Кофист ёдовар шуд, ки имрӯз ёддоштҳое чун ёддоштҳои Пушин (адиб, дӯсти А.С.Пушкин), хонума Карн (дӯсти А.С.Пушкин), А.Ф.Кони (ҳуқуқшинос ва адиби бузурги рус), ёдномаҳои И.Панаев ва Д.В. Григоревич, хонум Водовозова ва дигарон, ки оид ба ҳаёту муҳити адабии асрҳои Х1Х, ибтидои асри ХХ ва дар бораи арбобони илму фарҳанг, арбобони сиёсӣ, ҳаракатҳои миллӣ- озодихоҳӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, маорифи вақти Русия иттилои муҳимеро медиҳанд ва барои муҳаққиқони имрӯзаи рус ва хориҷи он оид ба омузиши ҳаёту фаъолияти Пушкин, Лермонтов, Белинский, Одоевский, Толстой, Гогол, Тургенев, декабристҳо ва дигарон чун сарчашмаи бебаҳо хизмат мекунанд.

Аз адабиёти тоҷик кофист аз ёддоштҳои устод Айнӣ, ки доир ба ҳаёту фаъолияти худ, вазъи фарҳангии шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, дигар мавзеъҳои таърихӣ, оид ба шахсиятҳои алоҳида, расму оинҳои роиҷ, ҳаёту сохти давлатдории сулолаи манғитиён бо як маҳорати хосаи қаламкашӣ ва аниқу дакиқ, бо тасвирҳои бадеӣ ба қалам додааст ё аз навиштаҳои Аҳмади Дониш ёд овард. Ин анъанаҳоро минбаъда низ адибону олимон, рӯзноманигорони алоҳидаи тоҷик дар шаклҳои гуногуни ёддоштнависӣ давом додаанд, ки ҳар кадом қиммату арзиши хос доранд. Ва охирин хотироте, ки ба дастамон расид, навиштаҳои арзишманди шоири фарзонаи миллат, устод Муъмин Қаноат аст.

Китоби мазкур, ки ҳаҷман калон набуда, ҳамагӣ 250 саҳифаро дар бар гирифтааст ва дар он шоир ёддоштҳои худро оид ба овони наврасӣ, ҷавонӣ, давраи таҳсил, солҳои кору эҷод, муҳити адабӣ, шахсиятҳои алоҳидаи фарҳангу сиёсат ва воқеаҳои давр ба хати андеша кашидааст.

Шоири тавонманди мо дар сароғози ёддоштҳои худ сатрҳоро аз сарахбори достони "Тоҷикистон - исми ман" оварда, баъдан дар сарсухан андешаҳояшро оиди китоби хотираҳо чунин ба қалам додаст: "Ҳар фарди эҷодкор дар ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияташ ба корҳои маъмурӣ, адабӣ, илмӣ ва сиёсӣ машғул мешавад. Фаъолияти маъмурӣ ва сиёсии шахсиятҳои адабӣ маълум ва ошкоранд. Вале камолоти маънавӣ, фардӣ ва эҷодии онҳо дар осорашон комилан равшан нест. Зеро дар таҳоввул ва таҷаддуди зиндагӣҷаҳонбинӣ ва арзишҳои ҳунарӣ камранг ё беранг мешаванд. Ин як қонуни табии ҳаётист. Танҳо худи эҷодкор метавонад дар поёни умр сирру асрори эҷодӣ, ҳолатҳои равонӣ, парвозҳо, шикастаболиҳо,фарозу фурудҳои роҳи зиндагӣ ва эҷодиашро бозгӯ ва равшан кунад. Бахусус, шоирон бо ҳама омӯзиш ва муҳаббате, ки ба мардум доранд, ҳамеша танҳоянд. Ман чандест, ки ба навиштани чунин ёддоштҳо машғулам. Он чӣ пешниҳод мешавад на нақли воқеаҳо, на мантиқи илмӣ, балки ба публисистикаи илмӣ шабоҳат дорад".

2.mumin-qanoat-4545Дар асар бобҳое аз қабили - ривояти шоҳони Дарвоз, таърихи қадими Дарвоз, таърихи Қалъаи Қаҳқаҳа, Қаъа ва Боғи шоҳон, аҳли ҳунар ва адаб, роҷеъ ба баъзе ҳаводиси сиёсӣ, беху буми авлоди модариям, ҳамоҳангии олами сағир ва олами кабир, назаре ба таърихи забон, чили чила ва панҷоҳи нишон, ду вижагии дигари Наврӯз, доираи адабии Дарвоз, тақвими мусиқии Борбад ва таъсири он дар мусиқии Дарвоз, касбу ҳунари шаҳрӣ дар Дарвоз, саргузашти муҳим дар замони кӯдакӣ, навҷавонӣ, шеър ва мусиқӣ ва ғайраҳо ҷой дода шудаанд.

Дар боби "Ривояти тоҷи шоҳони Дарвоз" шоир оид ба ҳодисаҳои таърихӣ ва сарнавишти шоҳони Дарвоз, ки дар тамаддуни Ориё ва зинда нигоҳ доштани гӯишҳои порсӣ, номҳои ҷуғрофӣ, урфу одатҳо ва сирати ориёӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши бузургеро то имрӯз ба ҷой гузоштааст, бо эҳсоси баланд  ва андешаи зеҳнӣ ва фарҳангии худ суханронӣ намудааст.

Шоир бо як маҳорати хоса муқовимати охирин шоҳигарии Дарвозро ба муқобили истилогарони манғитӣ, барканор шудани охирин Шоҳи Дарвоз дар соли 1878 ва тибқи дархости шоҳи Афғонистон Абдураҳмонхон дар соли 1888 ба Афғонистон ҳиҷрат кардани охирин сулолаи шоҳони тоҷик бо дард сухан карда, оиди тақдири онҳо, ки ҳамагӣ ин сулола чун сулолаи шоҳони қадим ва асил дар таърихи Афғонистон ҳама вақт соҳибэҳтиром ва болонишин будаанд, бо ғурури тоҷикона ҳарф зада, аз Муҳаммадвалихон яке аз шоҳзодагони Дарвоз, ки сиёсатмадори маъруфи Афғонистони ибтидои асри ХХ, вазири вақти дифоъ ва хориҷӣ буда, аввалин тоҷикест, ки бо Ленин чанд маротиба вохӯрда, шартномаҳои муҳими байнидавлатиро имзо кардааст ва писари ӯ Шоҳ Валии Таронасоз, бузургтарин оҳангсози 50-соли охири Афғонистон, ки оҳангҳои ӯро ҳунармандони афғон аз ҷумла Аҳмад Зоҳир зиёд мехондааст, бо ҳарорат сухан мекунад. Дар воқеъ ҷойгоҳи Шоҳвалӣ Валии Таронасоз ва авлодонаш дар таърихи Афғонистон бисёр баланд аст ва мо инро борхо аз барномаҳои шабакаи телевизионии "Ориёно", ки аз хориҷи кишвар пахш мешавад ва сулолаи шоҳони Дарвозро сахт эҳтиром мекунанд ва онҳоро асилзода меноманд, борҳо ба мушоҳида гирифтаем.

Устод на танҳо ба таърихи Дарвоз, балки ба таърихи дигар сарзаминҳои тоҷикнишин Бадахшону Балх, Хуросон, Зарафшон, Ҳисору Хатлону Раштонзамин низ ишораҳои ҷолиби диққате додаст, ки наметавон тамоми фикру андешаҳои ӯро сари масъалаи решапайвандии фалсафӣ, кайҳонӣ ва заминии точикони кӯҳистону кӯҳистониён аз як тараф ва решаҳои ориёии онҳо тибқи сарчашмаҳои китобҳое чун "Авесто" ва "Ригведа" дар ин мақолаи хурд ба таҳлил кашид. Шоир чун мутахассиси баландпоя оид ба таърихи забон, рушди забони тоҷикӣ, лаҳни зодгоҳаш андешаи баланди илмиро баён доштааст.

Дар бобҳои алоҳида оид ба анъанаҳои мактаби паҳлавонии Дарвоз, паҳлавонони номии Дарвоз бо як муҳаббати хосае нақл кардааст.

Ӯ оиди замони наврасӣ, мактабравӣ, давраи мактаббачагони замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, таҳсил дар интернати ноҳияи Рашт, оғози шеърнависияш мухтассар, лекин равон, возеҳ, амиқан сухан рондааст.

Дар китоб ҳамчунин хотираҳо аз роҳбарони вақти Шӯравӣ ва ҶШС Тоҷикистон Брежнев, Расулов, устодон Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, дусташ Маҳмудҷон Воҳидов ва дигар фарҳангиён бо як тасвири тавонои насрӣ андеша рондааст.

Ҳамчунин шоир оид ба ҳаёти наврасӣ, мӯзадӯзӣ ва ҳезумкашӣ, меҳнати ҷисмонии худ хело равшан сухан рондааст.

Ман ин асарро, тарзи навишт ва фикронии шоирро, ки амиқан, мантиқан, бо андешаҳои амиқу ҳадафрас тасвир гаштаанд бо "Доғистони ман"-и Расул Ғамзатов монанд медонам.

Воқеан падид омадани ин осори насрии ёддоштӣ бо мазмуни баланд, ифодаи амиқу кӯтоҳ ва андешаи фалсафӣ, ки солҳои зиёде дар насри тоҷик мавҷуд набуд, қобили ситоиш аст. Онро метавон дастоварди насрии устоди азиз Мӯъмин Қаноат ва кулли адабиёти тоҷик номид. Умед мебандем, ки чопи андешаҳои устод даричаеро ба рӯи насрнависон ва ёддоштнависон кушода мегардонанд ва бахусус, насрнависони ҷавони мо аз ин китоб, ки китоби муҳаббат ба Ватан, халқу диёр ва оиди оини ҷавонмардист, хуб истифода мебаранд. Аз ин рӯ, падид омадани чунин осори тавоноро ба ҳамагон табрик мегӯям, умед мебандем, ки устоди бузург чопи русии онро дар Москав низ ба роҳ мемонанд, зеро дар 20 соли охир ба ҷуз навиштаҳои шоир Темур Зулфиқорову Мансури Суруш ва Ато Ҳамдам мо осори насрии миллии ҷавобгӯи сатҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мутаасифона, офарида натавонистаем.

Танҳо мояи ошуфтагии мо ин аст, ки чунин асари баландмазмун ба теъдоди хеле кам, 500 нусха чоп гаштааст, мебояд онро чанд ҳазор нусха интишор дод ва ба муассисаҳои соҳаи маорифу мактабҳои олӣ фириситод.

Варқа Зайниддин, узви ИЖ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти ҶТ, Аълочии ифтихории маорифи ҶТ, Аълочии фарҳанги ҶТ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi