11:01:25 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Нозими Мелик: «Барои рушди театр муҳим ғоя аст, на маблағ»

Нозими Мелик, коргардон ва ҳунарпешаи маъруфи Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ду сол қабл намоишномаи «Шабе дур аз Ватан»-ро аз рӯйи ашъори шоири саршиноси миллат Бозор Собир рӯйи саҳна овард. Намоишнома аввалин бор дар ҷашнвораи театрҳои касбии кишвар - Парасту- 2011 пешниҳоди алоқамандони ҳунари театр гардид ва мақоми дуввумро касб кард. Ҳамчунин Баъдтар дар шаҳри Кобули Афғонистон, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, шаҳри Челябински Русия ва ҷашнвораи театрие дар шаҳри Кишиневи Молдова намоиш дода шуд. Хабарнигори «Рӯзгор» Баҳман суҳбате дошт бо Нозими Мелик дар мавриди  ин намоишнома ва умуман театри имрӯз, ҳамакнун пешкаши шумо, хонандагони азиз, мекунем.

1.nizom-malik-544545-Ғояи таҳияи намоиши «Шабе дур аз Ватан» чӣ гуна ба сари Шумо омад ва бо таҳияи ин намоиш Шумо танҳо дарди устод Бозорро мехостед нишон бидиҳед ё мақсади дигар низ доштед?

-Ғояи таҳияи ин гуна як намоишнома давоми ду сол дар андешаҳоям чарх мезад ва дар ҳама маврид дунболагири ман буд. Шабе банди ҳамин гуна андешаҳо хеле дер хобам бурд ва намедонам аз чӣ бошад, ки устод Бозорро хоб дидам. Хобе аҷиб буд. Атрофи устод бо чӯбҳои пусткандаи бедӣ печонида шуда буд. Гӯё ӯро дар қафас гирифта буданд ва ӯ як-як он чӯбҳои пустандаро мегирифту дар давра рақс мекард. Ва дар чӯбе халтаи чакка овезон буду дастаи гандум.

Ман баъди ин хоб аввал чанде ҳайратзада будам ва баъдан тарсида-тарсида мутолиаи дубораи китобҳои устодро оғоз кардам ва баъди хондани ҳар шеър фикре дар зеҳнам рӯ мезад ва ман онҳоро рӯйи варақ меовардам. Ҳамин гуна андешае рӯйи андеша зам шуд ва ман ба хулсоае омадам, ки шеърҳои устодро дар як риштаи муайян занҷирбандӣ кунаму онро чун намоишномаи мукаммал рӯйи саҳна оварам.

Баъди бозгашти устод Бозор баъзе дӯстон гуфтанд, ки «акнун устод омаданд, оё намешавад, ки қисмати охири намоишномаро дигар кунед?» Ман гуфтам, ки устод омаданд, аммо бисёранд ҳанӯз муҳоҷирон. Инҷо мақсади ман на танҳо нишон додани мушкили ғарибии устод, балки кулли инсоният буд, чун муҳоҷират мушкилоти ҷаҳонӣ аст. Аз нигоҳи дигар худи омадани инсон ба ин дунё як муҳоҷират аст.

-Дар интихоби шеърҳо барои ин намоишнома бо нафаре аз аҳли адаби кишвар маслиҳату машваратҳо доштед?

-Шеърҳоро худам интихоб кардам ва пеш аз ба рӯйи саҳна овардан барои маслиҳат ба устод Низом Қосим пешниҳод кардам. Устод хонданду хуб қабул карданд  ва гуфтанд, ки шеърҳо яке аз пайии ҳам бамавқеву зебо риштабандӣ шудаанд ва баъзе маслиҳатҳо ҳам доданд. Аммо ба воситаи шеър намоиш омода кардан қабл аз ин ҳам дар театри тоҷик буд ва Фаррухи Қосим, устоди равоншоди мо аз рӯи ашъори классикон спектаклҳои ҷолибе ба саҳна овардаву театри тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда буданд.

-«Шабе дур аз Ватан» саропо шеър аст, шеъри зебову волои шоире, ки дур аз Ватан ба ёди Ватан месӯзад. Суолам ин аст, ки чаро барои иҷрои нақши шоир ё худ нақши асосии спектакл интихоби Шумо рӯйи беҳтарин ровиёни шеъри кишвар амсоли Ортиқи Қодир, Муҳаммадҷони Шодӣ ё Фирӯзи Умару Қурбони Собир қарор нагирифт? Магар бо интихоби яке аз ин ҳунармандон намоиши Шумо бештар муваффақ намебуд?

-Аввалан, агар тамошобини арҷманд намоишномаро дида бошад, хуб медонад, ки нақши офаридаи Абдумуъмин Шарифӣ на он нақше аст, ки ҳамин хел баромада дар саҳна шеърро қироат кунӣ. Мо бо Абдумуъмин Шарифӣ кӯшиш кардем тамоми он ҳаяҷон, тамоми он ҳассосият, тамоми талоши шеъри Бозор Собирро дар саҳна нишон бидиҳем.

Баъдан, ҳамин гуна як қонуни нонавиштае вуҷуд дорад, ки чун ман дар Театри давлатии ҷавонон кор мекунам, бояд намоишномаро бо ҳунармандони худи ин театр ба саҳна  оварам. Ва аз байни ҳунармандони театр ман интихоб кардам Абдумуъмини Шарифиро. Чунки ҳунари ин ҳунарманд серпаҳлӯ асту мутобиқи ин нақш. Ӯ ҳамчунин овозхони хуб аст, дарки мусиқии олӣ дорад. Аз ин рӯ интихоби ман рӯйи Абдумуъмин қарор гирифт ва аз ин то дараҷае пушаймон ҳам нестам. Зеро ӯ сад ҳам набошад, навад фисади хостаҳои коргардонро дода тавонист.

-Бо чанде аз ҳунармандони маъруф суҳбат доштам ва онҳо рушд накардани санъати театрии кишварро ба камбуди маблағ рабт доданд. Аммо Шумо бо таҳияи «Шабе дур аз Ватан» нишон додед, ки барои офаридани спектакли хуб чандон маблағи зиёд ҳам даркор нест.

- Шумо дуруст қайд кардед, барои офаридани спектали олӣ асоси асос ғоя аст, идея аст. Идея агар хуб бошад, барои роҳандозии он маблағҳои бузургу сохтани декорҳои гароннарх муҳим нест, шарт нест. Аммо бояд инро ҳам бигӯям, ки махсус асарҳое ҳастанд, ки вобастаи маблағ ҳастанд, лекин чун ту хоҳиш, мақсаду маром ва кӯшиш барои амалӣ кардани ғояи ҷолиби худ дошта бошӣ, метавонӣ идеяатро бо як дарза қамиш, бо як халта пахта ҳам рӯйи саҳна оварӣ.

-Шояд ҳунармандоне, ки мегӯянд маблағ несту дастгирӣ нест, мехоҳанд зери ин баҳонаҳо нотавонии худро пинҳон кунанд?

2.nizom-malik-544545-Бале, мехоҳам як нуктаро ҳамин ҷо зикр кунам. Мо дар ҷашнвораи байналмилалии «Человек - театр» дар Русия намоишеро тамошо кардем, ки онро аз Сербия оварда буданд. Намоиш аз рӯи асари Достоевский «Ҷиноят ва ҷазо» таҳия шуда буд. Шумо тасаввур кунед, ки ин асари психологии комилу бузург ва доирааш чӣ қадр васеъро коргардони сербиягӣ бо як матрас ё рахти хоби фарсуда, бо як китоби Инҷилу як табар ба саҳна гузошт ва тамоми даҳшати Расколников (қаҳрамони романи Достоевский)-ро нишон дода тавонист, бинандаро ба ваҷд овард. Вақте ин спектаклро мебинӣ, ба баданат мурғак медавад. Бубинед, пас асос ҳамон декорҳои бузург, ки маблағҳои бузургро тақозо доранд, нест. Боз мегӯям, асос дар ҷавҳар, дар идея аст ва вобастаи оне аст, ки ту чӣ тавр пешниҳод мекунӣ.

-Пас сол аз сол поён рафтани сатҳи ҳунари театрии мо ҳам ҳамин набудани андешаи солим ё худ идея аст? Чӣ намерасад ба театри мо?

- Ман гумон мекунам, ки ба театри мо андеша намерасад дарки ғоя намерасад, пешорӯйи худ гузоштани суоли «чӣ мехоҳам?» намерасад. Муҳим андеша асту зеҳни буррову қавӣ. Он таҳаввулоте, ки дар зеҳни як коргардон ба вуҷуд меояд, бояд ба бинанда пешниҳод карда шавад.

-Ин чиро талаб мекунад?

–Албатта, меҳнати бузургро, меҳнати эҷодкоронаро.

-Шумо дар намоишҳои маъруфи Барзу Абдураззоқов нақшҳои марказиро хеле ҳунармандон офарида будед. Ҳамин иҷрои як нақши девона аз силсислафилми «Ширин» кофист, бигӯем, ки Шумо қалби ҳазорон бинандаро тасхир кардаед. Аммо чаро дигар бозигарӣ намекунед? Ё комилан пайвастед ба коргардонӣ ва ё ин ҳам таҳаввулотест дар зеҳни Нозими Мелик?

ӯшида нест, ки солҳои охир камтар саломатиям ноҷӯр аст ва сабаби кам нақш бозиданам ҳам дар ҳамин аст. Аммо ба ҳар сурат то ҳозир нақш мебозам. Масалан, дар пӯшидашавии мавсими театрии худамон чанд моҳ пеш нақш офаридам, лекин ман ҳудуди бозигариямро каме коста кардам ва неруамро бештар сарфи коргардонӣ кардам, чунки он талаботе, ки ба ҳунарманд дар рӯи саҳна аст, дар коргардонӣ камтар аст, агарчӣ бори сангин аст. Барои ҳунарманд муҳим нест, ки коргардонӣ мекунад ё бозигарӣ, муҳим он аст, ки ором набошад.

-Дар чанд ҷашнвораи «Парасту» театри устод Фаррухи Қосим агар бигӯем он қадр муваффақ набуд. Ва бархе санъатшиносон мегӯянд, ки онҳо дигар «Зардушт»-у саҳнаҳои дигарро чун давраи будани Фаррух рӯйи саҳна оварда наметавонанд. Ҳатто услуби кори коргардонии Фаррух дар спектаклҳои онҳо кам дида мешавад. Чаро Шумо, Қурбони Собир ё дигар ҳунармандоне, ки дар домани ин театр нумуъ кардаед, аз Фаррух хеле чизҳоро омӯхтаед, ба он намепайвандед, то суннатҳои фаррухӣ дубора эҳё гардад?

-Ҳар як театр тақдири худро дорад. Ҳар як давра айёми худро мегузаронад. Замоне, ки Фаррухи Қосим буду театраш овозадор ин талаботу хости ҳамон давра буд, тақозои замон буд. Ҳозир пеши ман на пайвастан ба театри Аҳорун, балки вазифаҳои дигар меистад. Имрӯз агар театри Фаррух бузургии худро гум карда, ин ҳам тақозои замон аст.

Аммо ман медонам, ки ду сол аст театри Аҳорун ду гуруҳи бузурги ҳунармандонро тарбия карда истодааст. Шояд баъди панҷ-шаш сол Аҳорун дубора сатҳи пешинаашро касб кунад. Лекин ман чун аъзои собиқи ин театри бароям хеле азиз наметавонам, ки ба он театр баргардаму он давру замони тиллоии Аҳорунро дубора биёварам. Барои Нозими Мелик замони дигар пеш омадааст, рисолати дигар пеш омадааст, ки ман онро бояд ин ҷо, дар театри ҷавонон анҷом бидиҳам. Ин ҳам косаи давр аст.

-Устод баъди таҳияи намоиши маъруфи «Шабе дур аз Ватан» боз чӣ корҳои тозае доштед ё дунболи таҳияи чӣ чизҳои нав ҳастед?

- Баъд аз намоиши «Шабе дур аз Ватан» мо якчанд намоишҳоеро таҳия кардем, ки махсус барои тамошобин наврас нигаронида шуда буд мисли «Нопадид гаштани шоҳдухтар Фифелла». Ҳамчунин асари классики адабиёти рус Гогол – «Қиморбозон»-ро таҳия намудем ва дар нақша дорем, ки асари фалсафии нависандаи бузурги фаронсавӣ Алберт Камю – «Иштибоҳ»-ро рӯйи саҳна оварем.

-Сипос барои суҳбати пурмуҳтаво.

Мусоҳиб Баҳман, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi