Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояи Кувайт ба Тоҷикистон
Рӯзи 29 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо муовини мудири кулли Утоқи бозаргонӣ ва саноати ин кишвар Имод Аз-Зайд мулоқот намуд.
Таҳлилгарони соҳаи иқтисод бар ин боваранд, ки кишварҳои Халиҷ, бахусус Давлати Кувайт, дорои имконоти бузурги молиявӣ ва сармоягузорӣ мебошанд, ки ҷалби онҳо ба иқтисоди миллии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад. Бино ба иттилои расмии Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт, дар ҷараёни ин мулоқоти созанда роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоягузории кувайтӣ ба Тоҷикистон, афзоиши мизони табодули тиҷоратӣ, инчунин таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки судманд мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, ба масъалаи таҳкими робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории ду мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Коршиносон қайд мекунанд, ки барои ба сатҳи амалӣ баровардани ин ҳадафҳо, дар раванди музокирот пешниҳоди муҳим содир шуд. Аз ҷумла, ҷонибҳо пешниҳод намуданд, ки то охири соли равон дар шаҳри Ал-Кувайт Форуми муштараки соҳибкорӣ ва Намоишгоҳи фаровардаҳои Тоҷикистон баргузор карда шавад. Ин чорабиниҳои сатҳи баланд ба манзури мусоидат ба тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар дар арсаҳои тиҷорату сармоягузорӣ заминаи устувор хоҳанд гузошт.
“Рӯзгор”
















