01:44:49 20-уми Октябри 2026 сол

Марям Давлатова: «Хирадмандии занро дар сабр мебинем, пас хирадмандии мард куҷост?»

Оила маҳзани муқаддасест, ки солимии равонии ҷомеа ва насли оянда аз он сарчашма мегирад. Аммо дар замони таҳаввулоти босуръати технологӣ ва тағйироти ҷиддии иҷтимоӣ, оилаи тоҷик бо буҳронҳо ва чолишҳои нави равониву гендери рӯбарӯ шудааст. Чаро ҳамсарони ҷавон «забони муҳаббат»-ро гум кардаанд? Чӣ гуна метавон пули ворисияти насли гаҷетҳо ва волидонро устувор нигоҳ дошт ва оё шеъру адабиёт метавонад наҷотбахши оилаҳои мо бошад?

maryam davlatova 4578454512Барои посух ҷустан ба ин ва дигар саволҳои доғи рӯз, мо бо муаллима Марям Давлатова — равоншиноси ҳирфаии оилавӣ, гендершиноси шинохта ва адабиётшиноси тоҷик, ки беш аз 40 соли умри худро сарфи омӯзиши масоили оиладорӣ ва равони инсон кардаанд, ҳамсуҳбат шудем. Сӯҳбати мо ошкоро, амиқ ва саршор аз формулаҳои ҳаётии равоншиносӣ аст, ки мутолиаи он барои ҳар як узви ҷомеа — аз ҷавонони дар остонаи издивоҷ қарордошта то калонсолони таҷрибадор, зарур ва муфид хоҳад буд.

БАХШИ 1: ЛОИҲАИ «АЛИФБОИ ОИЛАДОРӢ» ВА БУҲРОНҲОИ ОИЛАВӢ

- Муаллимаи азиз, Шумо зиёда аз 40 сол аст, ки дар соҳаи равоншиносии оилавӣ фаъолият доред. Ба назари Шумо, дар ин чанд даҳсолаи охир сохтор ва мушкилоти оилаи тоҷик чӣ тағйироте кард? Оё сабабҳои ҷудошавии оилаҳо дар солҳои 90-ум ва имрӯз фарқ доранд?

- Бале, қариб 40 сол аст, ки ман сари ин масоил меандешам. Вале на ҳамеша чун равоншиноси ҳирфаӣ. Дар давраи фаъолияти журналистӣ ва фаъоли ҷамъиятӣ (созмони ҷамъиятӣ) низ ин мавзӯъ - масоили гендерӣ дар мадди назарам буданд ва ба саволҳои мушкилу доғ ҷавоб меҷустам. Ҳанӯз соли 1990 дар ҳафтаномаи номдори вақт “Адабиёт ва санъат” мақолае дар мавзӯи дузанагӣ интишор карда будам, ки ангезаи бардавому ҷиддии хонандагонро барангехт ва тайи қариб як сол муҳокимаи он дар саҳифаҳои ҳафтанома идома ёфта буд. Он вақт дузанагӣ мавзуи то андозае табу буд ва анқариб ҳамаи вокунишҳо зиддияти шадиди ҷомеаро дар ин масъала нишон медоданд. Дар ин муддат хеле чизҳо дигар шуданд. Дузанагӣ, аниқтараш чандзанагӣ қариб ба меъёри ҷамъиятӣ табдил ёфтааст. Мушкилоти оила хеле бештар шудааст, зеро давраи гузариш, буҳронҳои сиёсиву иҷтисодӣ ва иҷтимоӣ пеш аз ҳама ба оила зарба заданд. Солҳои 90 арзишҳо дигар буданд, давлати шӯравӣ сиёсати қавии иҷтимоӣ дошт, оила ҳамчун бахши истеҳсолкунандаи инсони солим зери ҳимояи қавии давлат буд. Айни замон мо дар олами сармоя зиндагӣ дорем ва табиист, ки аъзои ҷомеа ва хосса афроди то 40 солаи мо дар ин муҳит тарбия ёфтаанд ва ба олам аз ҳамин дидгоҳ менигаранд. Аксаран, зиндагии осон, даромади калони таъҷилӣ мехоҳанд ва ин ҳама бо арзишҳои суннатии оила мувофиқат намекунад.

- Дар лоиҳаи худ «Алифбои оиладорӣ» Шумо ба «санъати мулоқот ва гуфтугӯ» таъкид мекунед. Чаро ҳамсарони ҷавони мо наметавонанд бо ҳам оромона гуфтугӯ кунанд ва чӣ тавр метавон ин «забони муҳаббат»-ро дар амал омӯхт?

- Саволи ҷиддист. Онҳо чунин мактаб надоранд! Дар давраи гузаришҳои ҷиддии ҷомеа, донишу малакаҳои дархӯри замон лозиманд, ки онро на оилаҳои волидонашон, на мактабу донишгоҳ, на дигар сохторҳои марбута дода наметавонанд. Ман солҳои сол ҳамроҳи ҳаммаслакон дар мавриди ташкил додани марказҳои равоншиносии оила дар назди идораҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) ва судҳо мегуфтем. Ҳоло дигар шахсан ман бас кардам, зеро масъала роҳи ҳалли худро наёфт, ки наёфт. Сабабҳо шояд сохторӣ, ё молиявӣ бошанд. Бисёр мешавад, ки як ё чанд суҳбат бо равоншиноси ҳирфаӣ оилаҳоро аз парешонӣ ҳифз мекунад. Агар машваратҳо пеш аз бунёди оила сурат бигиранд, боз ҳам беҳтар аст. Зеро на ҳамеша ҷавонон мушкилоту махсусиятҳои оиладориро медонанд, вижагии табиати мардону занонро фарқ карда метавонанд. Аз ин рӯ, баъзан бо як баҳонаи ночиз оила парешон мешаваду фарзандон дар аъроф мемонанд.

- Муносибати келину хушдоман ва дахолати калонсолон ба оилаи ҷавон аз мушкилоти доимии ҷомеаи мост. Шумо кадом формулаи равониро пешниҳод мекунед, ки ҳам ҳурмати калонсолон ҳифз шавад ва ҳам сарҳадҳои оилаи ҷавон вайрон нагардад?

- Боз ҳам додани донишҳои равоншиносӣ ба насли калонсол, ки махсусиятҳои психологии насли ҷавонро бишносанд, узви нави оиларо нисбатан мутаносиб қабул бикунанд.

- Шумо дар бораи буҳронҳои даврии оиладорӣ (соли аввал, соли 7-ум ва 15-ум) мегӯед. Вақте оила ба ин буҳронҳо ворид мешавад, аввалин нишонаҳо кадомҳоянд ва зану шавҳар чӣ гунабояд «ёрии аввалини равонӣ»-ро ба худашон расонанд?

- Ин мавзӯи як рисолаи илмист. Ин ҷо намеғунҷад.

БАХШИ 2: РАВОНШИНОСИИ ТАРБИЯ ВА НАСЛИ НАВИ ҶАВОНОН

- Имрӯз волидон зиёд шикоят мекунанд, ки насли нави ҷавонону кӯдакон (насли гаҷетҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ) тамоман дигар шудаанд ва забони ҳамдигарро намефаҳманд. Аз нигоҳи равоншиносӣ, фарқи асосии насли нави имрӯз аз насли пешин дар чист ва чӣ гуна бояд ин «пули ворисият»-ро устувор нигоҳ дошт?

- Ҷавоби мухтасар он аст, ки насли пешин эҳтиромро дар заминаи тарс, аз поён ба боло бунёд мекард. Масалан, эҳтироми калонсолон, вазифадорон ва ғайра маъмул буд. Дар бораи эҳтироми кӯдакон ва зердастон мардум тасаввуроти камтар дорад. Насли ҷавон дар мавриди эҳтиром ин шартро қабул карда наметавонад. Ин насл бо талаботи модарзодӣ ба эҳтиром ба дунё меоянд ва шакли кӯр кӯронаи онро қабул надоранд. Онҳо сарпасту гапдаро нестанд, онҳоро бояд бо далелҳо мутмаин кард. Вале на ҳамаи тарбиятгарон ин гуна далел ё доранд, ё пешниҳод карда метавонанд.

- Шумо ҳамеша мегӯед, ки кӯдакон на бо панду насиҳат, балки бо рафтори волидон тарбия меёбанд. Вақте зану шавҳар мудом ҷанҷол мекунанд, вале дар зоҳир кӯшиш менамоянд, ки ба кӯдак нишон надиҳанд, ин ҳолат ба равони кӯдак чӣ таъсир дорад? Оё кӯдакон ин «сирри хонаводагӣ»-ро ҳис мекунанд?

- Табиист, ки ҳис мекунанд. Кӯдакон дар ҳамаи давру замонҳо ҳассостарини инсонҳоянд, аз ин сабаб ин қадар ширинанд. Зеро самимиянд. Ва ин самимияту ҳассосӣ дар муҳити сарду сохтаи хонаводагӣ зарба мехӯрад, боварии онҳоро ба волидон мешиканад.

- Мушкили дигари рӯз — вобастагии кӯдакон аз телефон ва бозиҳои компютерӣ аст. Чӣ тавр метавон кӯдакро бе ҷанҷолу фишори равонӣ аз телефон дур ва ба китобу дигар машғулиятҳои солим ҷалб кард?

- Волидон худашон аз телефон дур бошанду бо кӯдакон машғул шаванд, тамом. Бо кӯдакон китоб бихонед, бозӣ кунед, ба сайри боғ биравед.

- Сарҳади байни «эҳтироми озодии кӯдак» ва «худсар шудани ӯ» дар куҷост? Чӣ кор кунем, ки кӯдакро натарсонем, вале ҳурмати калонсолонро барояш омӯзонем?

- Пеш аз ҳама худи кӯдакро биомӯзеду бишносед. Кӯдак қимматтарин неъмати Худованд аст ва ҳар кадом як олами хосанд. Баъдан шаклҳои эҳтиром, зарурати онро гаштаву баргашта бо мисолҳо бифаҳмонед. Ҳангоми тамошои якҷояи филм, хондани китоб, баррасии ҳодисаҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ. Яъне ҳар ҳолатро босамара ва мақсаднок истифода баред.

- Дар шароити Тоҷикистон, мутаассифона, муҳоҷирати меҳнатии волидон ба тарбияи кӯдакон таъсири ҷиддӣ мерасонад. «Кӯдакони замони муҳоҷират», ки дур аз падар ё модар калон мешаванд, дар оянда бо кадом буҳронҳои равонӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд?

- Ин вобаста ба ҳолатҳои фардӣ ва шахсиятҳост.

БАХШИ 3: МАРКАЗИ СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ ВА ҲУҚУҚИ ЗАНОН

- Вақте дар аввали солҳои 2000-ум «Маркази сиёсати гендерӣ»-ро таъсис додед, ҷомеа калимаи «гендер»-ро чӣ гуна қабул мекард ва имрӯз, пас аз зиёда аз 20 сол, ин фаҳмиш то куҷо тағйир ёфтааст?

- Он солҳо ҳама, аз ҷумла журналистон аз ин мафҳум “қимоб” буданд. Ҳоло дигар одат кардаанд. Вале дилпур нестам, ки ҳанӯз ҷомеа саросарӣ онро дарк карда бошанд. Гендер як олами хеле фарох аст, дар ҳамаи маврид мо бархурди қолабҳои наву куҳнаи гендериро мебинем, вале то куҷо мешиносем, ин саволи дигар аст. Насли мо, гендершиносони солҳои 2000 дигар дар майдон нестем, ҳоло бо омӯзиши ин масоил кӣ ва чӣ хел машғул аст, намедонам.

- Бисёриҳо дар ҷомеаи мо то ҳол фикр мекунанд, ки баробарии гендерӣ як ғояи ғарбӣ аст, ки оиларо вайрон мекунад. Посухи Шумо ба ҳайси як равоншинос ба ин андешаҳо чӣ гуна аст?

- Ин ҳамон дарки нодуруст ва тарси мардони ҷомеаи мардсолор аст. Адолати гендерӣ дар фалсафаи адолати иҷтимоӣ ҳазорсолаҳо инҷониб будаасту ҳаст. Шумо омори китоби муқаддаси мо Қуръонро бубинед. Он ҷо калимаҳои марду зан аз диди миқдор баробар омадаанд. Таърихи пайдоиши инсонро ба ёд биёред. Ҳазрати Одам бо як зан Момоҳавво зистааст. Олимони ғарбӣ онро шакл додаанду бас.

- Шумо дар Марказ лоиҳаҳои зиёдеро барои тарбияи занони роҳбар гузаронидед. Ба назари Шумо, чӣ чиз бештар монеи рушди зани тоҷик мешавад: стереотипҳои ҷомеа ё набудани эътимод ба худи зан?

- Ҷавоб дар дохили савол аст. Қолабҳо ё хурофотҳои гендерӣ, ки ҳам мардон ва ҳам занон дар дохили он шах шудаанд.

БАХШИ 4: «ГЕНДЕР ВА ЖУРНАЛИСТИКА» ВА НАҚШИ РАСОНАҲО

- Дар дастури «Гендер ва журналистика» Шумо расонаҳоро барои стереотипкунонии симои зан (нишон додани ӯ танҳо ҳамчун «қурбонӣ» ё «ороиши рӯзгор») танқид кардаед. Оё ВАО-и имрӯзаи Тоҷикистон аз ин қолабҳо берун омада тавонистанд?

- Танқид нест. Хулосаҳои тадқиқотҳост. Азбаски журналист инсони ҷомеаи худ, парваридаи муҳити мардсолорист, сарфи назар аз ҷинсу мақомаш он қолабу хурофотҳоро бозгӯ мекунад. Азбаски ҷомеа ӯро ҳамчун шахси боътимод қабул мекунад, масъулияташ хеле зиёд аст. Дар мавриди назари гендершиносӣ қарор гирифтани журналистика ҳам аз ҳамин ҷост.  Айни замон, аз мушоҳидаҳои маводҳои ҳирфавии шабакаҳои иҷтимоӣ, ба назарам хеле беҳбудӣ дари озодии афкор ҳаст.

- Ҳангоми инъикоси қазияҳои зӯроварии хонаводагӣ дар сомонаҳо, рӯзноманигорон бештар ба ҳангома (сенсатсия) рӯ меоранд. Журналисти имрӯза бояд кадом меъёрҳои ахлоқӣ ва равониро риоя кунад, то бо маводи худ ба қурбонии зӯроварӣ зарари бештар нарасонад?

- Журналисти ҳирфавӣ аз пайи ҳангома намеравад, виҷдони касбияшро барои осон шӯҳрат ёфтан намефурӯшад. Ӯ мавзӯъро ҳаматарафа меомӯзад, пеш аз нашр кардан андеша мекунад, ки ният аз ин амал чист. Меъёрҳои ахлоқии журналист дар асоси меъёрҳои ахлоқии инсони масъул ва соҳибшараф, донандаи хуби мавзӯъ бояд бунёд ёбад.

БАХШИ 5: РӮЗГОР, ФАРҲАНГ ВА РАВОНШИНОСИИ МИЛЛӢ

- Шумо ҳамчун адабиётшинос ва равоншинос, ки рисолаи илмиатон ба эҷодиёти Мирзо Турсунзода бахшида шудааст, чӣ гуна метавонед фарҳанг ва адабиёти классикиву муосири моро ҳамчун як воситаи терапия (равоншифоӣ) барои оилаҳои имрӯза истифода баред? Оё шеъру адабиёт метавонад оиларо наҷот диҳад?

- Адабиёт ҳамеша мададрасони инсонҳо дар мавриди омӯзиши ҳаёт, дарёфти роҳи баромад аз бунбастҳо буду мемонад. Воқеан, касби равоншиносӣ, касби калом аст, шахсан барои ман адабиётшиносӣ дар ин маврид хеле кумак мекунад. Як усули равоншиносӣ адабиётдармонӣ (библиотерапия) ном дорад ва ман дар мактаби бузурги равоншиносони Эрон, шеърдармониро ҳам дарёфтам. Рисолаи номзадии ман “Таҳаввули қаҳрамони лирикии Мирзо Турсунзода” пайванди адабиётшиносӣ бо равоншиносист.

Шеър ё адабиёт рисолати наҷоти оиларо албатта, надорад. Вале инсони бомаърифат ва адабиётдӯст дар мавриди мушкилоти оила метавонад осонтар аз он берун биёяд. Зеро адабиёти хуб моро ба олами инсонӣ, арзишҳои бунёдӣ қарин мекунад. Оила, сохтори инсонсозиву инсонмеҳварӣ бояд бошад. Барои ҳифзи ин муқаддасот адабиёти хуб хеле хизмат карда метавонад.

- Дар гузашта оилаҳои тоҷик дар асоси интиқоли шифоҳии рӯзгори бобоёну бибиҳо ва нақли афсонаҳо тарбия меёфтанд. Имрӯз ҷойи ин «қиссагӯии хонаводагӣ»-ро кадом арзишҳо гирифтанд ва оё ин ба солимии равонии кӯдакон таъсир расонд?

- Мутаассифона он фазо, аксаран тиҳист ё тамошои тасвирҳои бемаънии интернетӣ онро пур мекунад.

- Сарҳади равонӣ ва фарҳангии байни «сабри зани хирадманди тоҷик» ва «сукути қурбонии зӯроварӣ» дар куҷост?

- Аҷиб аст, ин савол. Мо хирадмандии занро дар сабр мебинем. Хирадмандии мардро чӣ? Он куҷост? Ин савол воқеан, шоҳиди ҳамон қолабҳои гендериест, ки пештар гуфтем. Маъмулан, ин қолаб метавонад, боиси қурбонии зӯроварӣ шудани занон гардад. Зеро бадбахтона, он золимро сафед мекунад ва занро масъули ягонаи устувории оила эълон мекунад.

- Аз нигоҳи равоншиносии касбии Шумо, оё фарҳанги шунидорӣ ва биноии оилаҳои мо ба рафтори иҷтимоии онҳо таъсир дорад? Оилае, ки бо санъати асил (мусиқӣ, китоб) ҳамнишин аст, аз оилае, ки танҳо бо иттилооти ҳангомавии шабакаҳо зиндагӣ мекунад, чӣ фарқ дорад?

- Албатта таъсир дорад. Санъати асил зар асту иттилооти ҳангомавӣ хармӯҳра. Инсони асил дар ҳама ҷо чеҳраи яксон дорад. Дар оила ҳам ҳамин арзишҳои бунёдиро ба аъзои оилааш мерасонад. Ҳамзамон истеъдод, унвонҳо ҳанӯз кафили одамият ё хирадмандӣ  нестанд. Баъзан онҳо сарчашмаи кибр мешаванду инсонро аз асли худ дур мебаранд. Оила инро меҷаббад. Шабакаҳои иҷтимоии мо, баҳсҳои бемаънии он ҷо худ шоҳиди равшани ин андеша ҳастанд.

- Имрӯз бисёр ҷавонони мо дар хориҷ аз кишвар рӯзгор мебаранд. Ин «дурӣ аз решаҳо ва ватан» аз нигоҳи равонӣ ба ҳувияти насли нав чӣ гуна таъсир мерасонад? Чӣ кор бояд кард, ки ҷавони тоҷик дар ҳар гӯшаи ҷаҳон бошад, оромии рӯҳӣ ва пайванди худро бо рӯзгори миллаташ гум накунад?

- Агар инсони ҷавон дар оилаи солим, бо ҳуввияти инсониву миллӣ ба воя расида бошад, оила дар дурии ҷисмонӣ ҳам метавонад пайванди худро ҳифз кунад (телефону суҳбатҳои видеоӣ дар назар аст) инсони ҷавон дар мусофират сайқал меёбад.

БАХШИ 6: САОДАТИ ШАХСӢ ВА ФАРҲАНГИ ХУШБАХТӢ

- Шумо ҳамеша дар баромадҳоятон ба тафаккури позитивӣ (мусбат) ва озод будан аз тарсу ҳаяҷон даъват мекунед. Дар ин дунёи пур аз стресс ва иттилооти манфӣ, худи Марям Давлатова чӣ гуна оромии рӯҳии худро ҳифз мекунад? Равзанаи хушбахтии Шумо дар чист?

- Худҷӯиҳо, сӯҳбат бо Худованд, мутолиаи асарҳои хуби касбӣ ва бадеӣ,муоширати бештар бо фарзандону наберагон ва чанд нафар дӯстони асил. Тамошои манзараҳои табиат.

- Паёми асосии Шумо ба ҷавононе, ки дар остонаи издивоҷ ҳастанд, чист?

- Оила яке аз муқаддасоти инсонист. Барои ба он ворид шудан омода бошед. Аз чанд ҷиҳат. Хосса аз диди равоншиносӣ. Яъне илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ бояд кард. Ва на танҳо ҷавонон, аъзои калонсоли ҳар ду тараф. Зеро дар фарҳанги мо бунёди оилаи нуклеарӣ, ки аз як зану як мард иборат бошад, имкон надорад. Ҳатто агар оилаи ҷавон дар кишвари дигар зиндагӣ дошта бошад. Оилаи тоҷикӣ маъмулан се пуштро дар бар мегирад. Бобову бибиҳо, волидони ду тараф, хешовандони зиёд ва танҳо баъди ин навхонадорон. Аз ин рӯ, бояд нозукиҳои муносибатсозиро бояд пешакӣ бидонем, то дарнамонем.

ОХИРСУХАН

Ин мусоҳибаи самимӣ ва пурбор бори дигар собит сохт, ки бунёд ва ҳифзи оилаи солим на танҳо эҳсос, балки як санъат ва илми амиқи равоншиносӣ мебошад. Хулосаи муҳими андешаҳои Марям Давлатова ин аст, ки мушкилоти оилаҳои имрӯзаро наметавон бо қолабҳои куҳна, фишору тарс ва ё сукути қурбониёни зӯроварӣ ҳал кард; балки роҳи наҷот дар дониш, хирад, эҳтироми мутақобила ва фарҳанги гуфтугӯи солим нуҳуфта аст.

Дар шароите, ки оилаи тоҷик омехтае аз се пушт ва пайвандони зиёд аст, омодагии равонии пеш аз издивоҷ барои ҳамаи тарафҳо кафили устувории хонавода мебошад. Мо ба муаллимаи азиз барои ин дарси зиндагӣ ва маслиҳатҳои гаронбаҳояшон изҳори сипос намуда, ба хонандагони худ таманно дорем, ки ҳамеша дар пайи дарёфти «зар» — яъне арзишҳои асили инсонӣ бошанд ва равзанаи хушбахтии худро дар муҳити гарми хонаводагӣ ҳифз намоянд.

Ҷаҳонгири Султон, “Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ