09:28:50 24-уми Октябри 2026 сол

«ИСТИҚЛОЛ» - БАРАНДАИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2009

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2009 гардид. «Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ, ки 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ду голи ин бозиро капитани "Истиқлол" Юсуф Рабиев ва як голи соҳибони ҷомро Фатҳулло Фатҳуллоев ба самар расониданд. Як голи ССКА "Помир"-ро фарангӣ аз Гана Чарлз Накутӣ ба самар расонид. Бояд тазаккур дод, ки шурӯъ аз соли 1992, дар 17 мусобиқаи пешин, нӯҳ даста барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидаанд. Аз ҳама бештар – 4 бор дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода Ҷомро ба даст овардааст.

 

Барои бори аввал ду дастаи пойтахти кишвар - «Истиқлол» ва ССКА «Помир - дар бозии ниҳоӣ ширкат карданд. Пас аз 10 сол Ҷоми Тоҷикистон боз насиби дастаи намояндаи шаҳри Душанбе шуд.

 

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи «Истиқлол», ба Радиои Озодӣ гуфт: «Мо яке аз вазифаҳои худро, ки ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон буд, ба ҷо овардем. Ва акнун тамоми қувваамонро ба бозиҳои панҷ даври боқимондаи мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ равона хоҳем кард. Мақсади мо ба даст овардани медалҳои биринҷии чемпионат мебошад».

 

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854