11:36:15 23-уми Октябри 2026 сол

Тоҷикистон ва Урал: Самтҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва илми муосир

Рӯзгори орому фаровони сокинони кишвар ва рушди устувори иқтисоди муосир мустақиман ба сифати таҳсилоти аграрӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нави кишоварзӣ ва тарбияи мутахассисони касбӣ вобастагӣ дорад. Дар ин самт, Тоҷикистон ҳамкориҳои илмию таълимии худро бо марказҳои пешрафтаи хориҷӣ густариш медиҳад.

333 Safari-kor-ba-Donishgo-i-davlatii-agrarii-Urali-anub-Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Холназар Ғоиб бо роҳбарияти яке аз марказҳои пешбари илмии Русия — Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ мулоқоти созанда анҷом дод. Дар ин дидор дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Аз инфрасохтори муосир то лабораторияҳои нодир

Тавре ки аз Консулгарии генералии кишвар дар шаҳри Екатеринбург хабар доданд, дипломати тоҷик аз наздик бо инфрасохтори илмӣ-таълимии ин донишгоҳи нуфузӣ шинос шуд. Мавсуф аз осорхонаҳои беназири анатомия ва зоологияи донишгоҳ, ки дорои маводи васеи таълимӣ, методӣ ва таҳқиқотии муосир мебошанд, дидан намуд. Ин марказҳои илмӣ заминаи асосиро барои омӯзиши амиқи соҳаи чорводорӣ ва ветеринария фароҳам меоранд.

Кадрҳои баландихтисос — кафолати рушди деҳот

Зимни музокирот, ҷонибҳо алоқамандии ҷиддии худро барои таҳкими робитаҳои шарикӣ дар соҳаҳои зерин изҳор доштанд:

- Тарбияи мутахассисони ҷавони тоҷик дар бахшҳои мухталифи агрономӣ ва ветеринария;

- Роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ бо мақсади беҳтар кардани ҳосилнокии заминҳо ва рушди чорводорӣ;

-Табодули таҷриба миёни устодону профессорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур.

Коршиносон бар он боваранд, ки омӯхтани таҷрибаи пешқадами Урал ва ворид кардани технологияҳои нави аграрӣ ба Тоҷикистон метавонад ба суръатбахшии соҳаи кишоварзии кишвар ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ мусоидат кунад.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854