14:21:56 25-уми Октябри 2026 сол

“ИСТИҚЛОЛ” БА МУСОБИҚОТИ ЧОРЯКФИНОЛ РОҲ ЁФТ

Дастаи “Истиқлол” дар охирин бозии гурӯҳӣ бар дастаи “Нефтчӣ”-и Қирғизистон бо ҳисоби калони 5 бар сифр пирӯз шуд. Дар бозии дигари гурӯҳи “А” дастаи “Интер”-и Озарбойҷон дастаи “Искра-Стал”-и Мулдовиро бо ҳисоби 1 бар сифр мағлуб кард.

 

golБад ин тартиб, дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон якҷо бо дастаи “Интер” ба мусобиқоти чорякфинолии Ҷоми Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили Муштаракулманофеъ дар шаҳри Санкт-Питерсбург роҳхат гирифт. Ин нахустин пирӯзии чашмраси дастаи қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар чунин мусобиқот маҳсуб мешавад. Дар солҳои қаблӣ, дастаҳои Тоҷикистон дар мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили Муштаракулманофеъ мағлуб шуда ва аз имкони идомаи бозиҳо дар мусобиқоти баъдӣ маҳрум мешуданд.

 

Афзун бар ин, дасти “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, қаҳрамони футболи соли 1997-и Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба дастаи “Спартак”-и шаҳри Маскав бо ҳисоби нанговари 19 бар сифр мағлуб шуда буд. Рӯзи чоршанбеи 19 январ дар мусобиқоти чорякфинолӣ дастаи “Истиқлол” бо дастаи “Сконто”-и Латвонӣ рақобат хоҳад кард.

 

Ҳамчунин, имрӯз дастаҳои “Интер”-и Озарбойҷон бо “Мика”-и Арманистон, “ХИК”-и Финлонд бо “Зенит”-и Санкт-Питерсбурги Русия ва “Шахтёр”-и Солигорски Русия бо “Динамо”-и Киеви Укройн зӯрозмоӣ хоҳанд кард. Дастаҳои пирӯз ба мусобиқоти ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/4189-2011-01-19-06-23-47.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854