00:56:25 23-уми Июли 2026 сол

Натиҷаи бозии даври 1/2 ниҳоӣ Фаронса - Испания

Рӯзи 14 июл дар Варзишгоҳи "Эй-Ти-энд-Ти Стэдиум"-и Арлингтон Техас, ИМА аввалин бозии нимфиналии Ҷоми ҷаҳон-2026 баргузор гардид. Испания бо ҳисоби 2:0 Фаронсаро шикаст дод ва аввалин финалисти ин Чемпионат гардид.

photo 2026-07-15 09-38-13Испания дар дақиқаи 22-ум ба пеналтӣ расид. Микел Оярсабал зарбаи 11-метраро дақиқ иҷро кард ва Испанияро пешсаф гардид 1:0. Дар 58-ум дақиқа Педро Порро паси тӯби Дани Олмо гирифта, аз мавқеи хуб дарвозаи Фаронсаро кушод 2:0. Ламин Ямал дар 64-ум дақиқа голе зад, аммо он ба сабаби ҳолати афсайд бекор карда шуд.

Фаронса дар дақиқаҳои 67 (Мбаппе) ва 83 (Дуэ) фурсатҳо эҷод кард, аммо дарвозабони Испания Унай Симон дастаи худро наҷот дод.

Бори аввал пас аз соли 2010 Испания ба финали чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт. Испания силсилаи шикастнопазири худро дар вақти асосӣ ба 37 бозӣ расонд ва бо рекорди Италия (2018–2021) баробар шуд. Дар ин чемпионат Испания 13 гол зад, ки рекорди нав барои ин даста аст. Микел Оярсабал 30-умин голи худро барои Испания ба сабт расонд. Педро Порро беҳтарин бозигари бозӣ эътироф шуд. Фаронса бори аввал пас аз соли 2018 ба финал нарасид ва дар ин бозӣ танҳо 2 зарбаи дақиқ ба сӯи дарвоза зад.

Финал

Испания дар финал, ки 19 июл дар Варзишгоҳи "MetLife"-и Ист-Ратерфорд Ню-Йорк Ню-Ҷерсӣ, ИМА баргузор мешавад, бо ғолиби бозии нимфиналии Англия – Аргентина рӯ ба рӯ мешавад.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ