10:18:09 24-уми Октябри 2026 сол

"Фараж"+"Чашма" - ғолиби мусобиқаи волейбол байни кормандони ВАО

Мусобиқаи волейбол ба муносибати 85-солагии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” байни кормандони васоити ахбори омма (ВАО) бо пирӯзии дастаи “Фараж”-“Чашма” хотима ёфт.

faraj-chashma-45895656.jpgДастаи “Фараж”-“Чашма” дар мусобиқаи волейбол ба муносибати 85-солагии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” байни кормандони васоити ахбори омма, ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон рӯзҳои 10-14 апрел дар шаҳри Душанбе барпо гардид, ғолиб шуд.

Дар ин бора ба мо Наврӯз Қурбонов, мутхассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон рӯзи 14-уми апрел хабар дод. Вай афзуд, “имрӯз даври ниҳоии мусобиқа баргузор шуд. Барои ҷои сеюм тимҳои “Озодагон” ва “Тоҷикистон” рақобат карданд. Бо сабаби ба бозӣҳозир нашудани тими “Тоҷикистон” дастаи “Озодагон” ғолиб дониста шуда, соҳиби ҷои сеюм гардид. Барои ҷои аввал “Фараж” – “Чашма” бар “Ҷаҳоннамо” ғолиб омад”.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Баҳром Ишратов, сармутахассиси ин кумита ва Самариддин Асоев, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба дастаи ғолиб ва тимҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд, ҷом ва медалҳо супориданд.

“Озодӣ”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854