01:45:59 20-уми Октябри 2026 сол

Маърифати ҳуқуқӣ — сипар аз экстремизм: Пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонони Хатлон

Вобаста ба иҷрои Нақшаи дохилиидоравии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2030 аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон дар давраи 9-моҳи соли 2026 корҳои муайяне ба иҷро расонида шудаанд.

7 tarbiyai javonon 2121454545Аз ҷумла,вобаста ба иҷрои банди 1-и нақшаи оиди гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва ватандӯстӣ дар байни аҳолӣ ва роҳҳои пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят чораҳои мушаххас андешида шудаанд.

Пеш аз ҳама дар прокуратураи вилоят нақша-чорабиниҳо оиди баромади кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят тартиб дода шуда, онҳо вазифадор карда шудаанд, ки мунтазам дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаю хоҷагиҳо ва мактабу донишгоҳҳо вохӯрию сӯҳбатҳо ташкил намуда, баромадҳоро доири мавзӯъҳои ҳуқуқӣ ва ватандӯстӣ роҳандозӣ намоянд.

Ба замми ин доири ин масъала нақша-чорабиниҳои прокуратураи вилоят барои баромад тариқи ВАО (радио, телевизион.матбуот ва торномаҳои интернетӣ) баромад намудаанд. Ин нақша-чорабиниҳо бо супориши прокурори вилоят ба шаҳру ноҳияҳо фиристода шуда, онхо низ муаззаф карда шудаанд, ки ба тарбияи ҳуқуқӣ ва ватандӯстии аҳолӣ диққати лозима диҳанд. Аз ҷумла, баҳри амалӣ намудани чорабинии мазкур тибқи нақша-чорабиниҳои прокуратураи вилоят оиди гузаронидани вохӯриҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти осебпазири шаҳру ноҳияҳои вилоят, муассисаҳои олӣ, миёнаи махсус, бозорҳои марказии ҳудуди вилоят вохӯриҳои зиёде анҷом дода шуданд.

Тибқи нақшаи мазкур аз тарафи роҳбарият ва кормандони прокуратураи вилоят дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии сокинони вилоят, пешгирии ҷавонону наврасон аз даст задан ба амалҳои номатлуб, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ корҳои муайяне анҷом дода шудаанд.

Ба тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субеъктҳои андозсупоранда, фаҳмонидани моҳияти терроризм ва ифротгароӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноблиғон ва ҷавонон, нақши бонувон дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, аз ҷумла тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, хизмат дар сафи Артиши миллӣ, оиди ҳифзи муҳити зист, табиати кишвар, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, тағйиру иловаҳо ба қонунгузориҳои кишвар, риояи қоидаи ҳаракати роҳ ва ғайраҳо аҳамияти махсус дода шуд.

Доир ба иҷрои банди 2-и нақшаи мазкур вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои кормандони давлатӣ низ аз тарафи прокуратураи вилоят чораҳои амалӣ андешида мешаванд.

Масалан, бевосита дар ин давра аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят дар як қатор муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, шабакаҳои барқӣ, нозиротҳои андоз, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, дар мақомотҳои иҷроияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Левакант, Кӯлоб, Ҷ.Балхӣ, Данғара, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷ, Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ вохӯрию сӯҳбатҳо анҷом дода шудааст. Дар ин вохӯриҳо ба масъалаи таълиму тарбияи ҳуқуқии ва мақсади ин санадҳои ҳуқуқии қабулгашта аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст. Чунин вохӯриҳо ҳамчунин аз тарафи кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо низ анҷом дода шудаанд.

Вобаста ба иҷрои банди 3-юми нақшаи мазкур оиди таҳлили ҳолати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 691 аз санаи 9.04.1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 383 аз санаи 22.08.1997. сол «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2030 аз тарафи Шӯроҳои методии таълиму тарбияи ҳуқуқии назди раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва прокуратураи вилоят низ чораҳои лозима андешида шудаанд.

Аз ҷумла, тибқи банди 10-и нақшаи кории прокуратураи вилоят барои нимсолаи 1-уми соли 2026 фаъолияти Шӯроҳои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва субъектҳои ин шӯроҳо дар давраи солҳои 2024 ва 2025 аз тарафи ёрдамчии калони прокурори вилоят оиди таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дод шуд. Натиҷаи ин санҷишҳо дар ҷалласаи фаврии назди прокурори вилоят бо иштироки сардорони шуъбаҳо, ёрдамчиёни калони прокурори вилоят ва дигар кормандони фаврӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо натиҷаи санҷиш, барои бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоргашта дар фаъолияти Шӯроҳои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раисони шаҳру ноҳияҳои зикршуда ва субъектҳои ин шӯроҳо ба унвонии сардорони раёсатҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва адлияи вилоят ҷамъан 4 пешниҳод ирсол карда шуда, бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта ва ҷоннок намудани фаъолият дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқӣ дар фаъолияти кории ниҳодҳои поёнии онҳо, ки аъзои шӯроҳои мутобиқсозию методии назди раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд талаб карда шуд.

Вобаста ба иҷрои банди 5-уми нақшаи мазкур оиди ташкил намудани баромадҳо тариқи телевизион ва радио бо мақсади дарку фаҳмиши шаҳрвандон аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағиру иловаҳои ба онҳо воридгашта низ кормандони прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо пайваста истифода бурдаанд.

Масалан, дар давраи 9 моҳи соли равон кормандони прокуратура тариқи барномаи “Инсон ва қонун”-и ТВ «Хатлон» ва барномаи “Қонун ва ҷомеъа”-и Радиои Хатлон, барномаи “Прокуратура”-и ТВ “Ҷаҳоннамо” ва дигар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ доири мавзӯъҳои “Нақши прокуратура дар роҳи нигоҳ доштани волоияти қонун дар ҷомеъа ва пешгирии ҷинояткорӣ” ва қабули тағироту иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ пайваста баромад баромад намудаанд.

Дар ин давра дигар кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят дар самтҳои алоҳидаи назорати прокурорӣ тариқи радио ва телевизион баромад намуда, аҳолиро доири қонунгузориҳо дар самти замин, оиди музди меҳнат, нафақа, хизматрасони дар самти соҳаи тандурустӣ,ҳуқуқи истеъмолкунандагон, оиди шаҳрсозӣ ва меъморӣ, оиди ҳифзи табиат, самти андозсупорӣ, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд,танзими ҷашну маросим ва ғайраҳо воқиф намуда, дониши ҳуқукии онҳоро то андозае боло бурдаанд.

Аз тарафи прокуратураи вилоят барои ҷоннок намудани кор вобаста ба ташкил ва гузаронидани рӯзи ягонаи ахбори ҳуқуқӣ тибқи нақшаи корӣ ба раисони Шӯроҳои мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раисони шаҳру ноҳияҳои Левакант, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус, Ҷ.Балхӣ, Дӯстӣ, Панҷ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар моҳҳои феврал , апрел ва майи соли равон ёрии амалӣ расонида шудааст.

Умуман дар ҷамъбасти 9 моҳи соли равон дар байни аҳолӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ 4176 маротиба бо лексия ва сӯҳбатҳо баромад намуда, тавассути воситаҳои ахбори умум (радио, телевизион ва матбуот) ҷамъан 912 маротиба оид ба натиҷаҳои санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии аҳамияти зиёди ҷамъиятӣ дошта баромад кардаанд.

Прокуратураи вилояти Хатлон ба иҷрои бандҳои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2030 диққати ҷиддӣ дода, минбаъд низ баҳри баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ чораҳои дахлдор хоҳад андешид.

Варқаи Зайниддин,ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ