Санҷиши прокурорӣ: Фаъолияти сусти комиссияҳои танзим ва қонуншиканиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз қонуни миллии кишвар ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст.
Ҳолати иҷрои талаботи қонуни мазкур дар ҳудуди вилояти Хатлон дар давраи 9-моҳи соли равон мавриди таҳлилу санҷиш қарор дода шуд.
Дар ҳудуди вилоят 182 адад комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин 1591 комиссияҳои ҷамъиятии танзими ҷашну маросими ташкилоту муассисаҳо амал менамоянд.
Дар ин давра, аз ҷониби комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 233 қонунвайронкуниҳо ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва барои баррасӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шудааст.
Санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти комиссияҳои доими маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ муайян намуд, новобаста аз корҳои анҷомдода дар фаъолияти ин комиссияҳо як қатор қонунвайронкуниҳо ҷой дорад.
Чунончи, санҷиш дар фаъолияти комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ муайян намуд, ки гарчанде, бо қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 05 сентябри соли 2025 таҳти №369 комиссияи доимии маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ оид ба танзими ҷашну маросим иборат аз 9 нафар қабул карда шуда бошад ҳам, вале Низомномаи комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ оид ба танзими ҷашну маросим ба қонун мутобиқ ва тасдиқ карда нашуда, дар давоми соли 2025 ва сипаришудаи соли 2026 ягон маротиба ҷаласа гузаронида нашуда, дар бастаи назоратӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда мавҷуд намебошад.
Ё ин, ки санҷиш дар фаъолияти комиссияи ҷамъиятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ муайян намуд, ки аз ҷониби комиссия дафтари сабти маъракаҳои кормандон, ҷиҳати ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ то баҳол ташкил карда нашуда, баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби кормандон дар ин самт амале ба анҷом расонида нашудааст.
Ҳамзамон, санҷиш дар фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти ‹‹Анористон››-и ноҳияи Дӯстӣ муайян намуд, ки то ба ҳол дар ҷамоати мазкур комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода нашудааст.
Бо ҳамин монанд, қонунвайронкуниҳо аз қабили таъсис надодани комиссияи доимии маҳалӣ ва ҷамъиятӣ, мувофиқат накардани ҳисоботҳои оморӣ, умуман фаъолият накардани комиссияҳо, қабули қарор ва фармоишҳои ғайриқонунӣ дар фаъолияти комиссияи доимии маҳалӣ ва ҷамъиятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Дӯстӣ, Панҷ ва Хуросон ошкор карда шуд.
Санҷиҳо собит намуд, ки баъзе шаҳрвандон аз беназоратии масъулини соҳа-комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим истифода намуда, ҷашну маросимҳои пурхарҷ доир карда, талаботи қонунгузориро вайрон намудаанд.
Масалан, Тропова Райҳон Юлдошевна, сокини ноҳияи Қубодиён санаи 26 апрели соли 2026 соати 20:00 дақиқа cap карда, зодрӯзи бародараш Турапов Ҷасурбек Юлдошевичро дар тарабхонаи Чирики Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноияи Қубодиён бо иштироки рафиқонаш яъне шахсоне, ки ба доираи оила дохил намешаванд, гузаронидааст.
Ё ин, ки Хоҷазода Дилшод Рустам, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, Ҷамоати шаҳраки “Хоҷамастон”, кӯчаи Озодӣ хонаи №55 санаи 22 августа соли 2026 маросими азодории “се”-и падараш - Хоҷаев Рустамро бо забҳи чорво ва додани таъом бо иштироки ҳамсоягон ва дигар шахсони даъватшуда гузаронидааст.Инчунин, Асроров Шӯҳрат Асламович, санаи 11 июли соли 2026 аз соати 22:00 дақиқа то соати 22:30 дақиқа дар манзили истиқоматиаш шаҳри Бохтар, бо забҳи чорвои майдаи шохдор маракаи ақиқаи фарзандашро бо оростани дастархон ва пешниҳоди ду хӯрок ба ҳамсоягон гузаронидааст.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин давра ҳамагӣ 194 ҳолати вайрон намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошкор карда шудааст, ки аз ин 2-нафар корманди тарабхона, 1нафар шахси мансабдор, 2 нафар корманди ташкилоту муассиса ва боқимонда 189 нафар дар ягонҷо кор намекунанд ва нафақахӯр мебошанд.
Ҳамин тариқ, бо натиҷаи 75 санҷиш баҳри бартараф намудани қонунвайронкунӣ ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда 164 пешниҳод, 60 амр унвони шахсони мансабдор ирсол карда шуда, бо санадҳои ғайриқонунӣ 18 эътироз оварда, нисбати 170 нафар истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ, нисбати 194 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбати 2 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ҳамчунин дар давраи ҷамъбасти 9-моҳи соли равон дар ташкилоту муассисаҳо вобаста ба фаҳмонидану шарҳи тавзеҳи қонунии зикршуда 306 вохӯриву сӯҳбатҳо анҷом дода шуда, аз тарафи кормандони прокуратура ҳамчунин аз васоити ахбори омма(радио, телевизион ва матбуот) мунтазам истифода бурда шудааст.
Ҳусейнзода С.Б., Сардори шуъбаи назорати умумиипрокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2
















