02:08:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Собиқ Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 70-сола шуд

Имрӯз, 15-уми марти 2017, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (равонаш шод бод), собиқ раҳбари Иттиҳоди Нирӯҳои оппозиссиюни тоҷик, Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ агар дар қайди ҳаёт мебуд, синни мубораки 70-солагиро пур мекард. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз ҷумлаи он шахсиятҳои таърихии кишварамон ҳаст, ки дар дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии охири асри 20 ва аввали асри 21-и Тоҷикистони азиз нақши муҳимеро аз худ боқӣ гузоштааст.

ustod-nuri-2554215454

Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин сиёсатмадор ва олими шинохтаи дини мубини исломи кишвар чи дар даврони зиндагонияш ва чи баъди маргаш (9-уми августи 2006) дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ иттилооти зидду нақизе ба нашр мерасиданд. Вале имрӯз мо мехоҳем бо пайравӣ ба анъанаҳои неки ниёгонам, ки дар нисбати фавтидагон аз қадим риоя мешуд,танҳо зикри хайри ин марди шарифро бикунем.

Ба хусус боз аз он сабаб, ки ин сиёсатмадори донишманд ҳанӯз дар даврони зинда буданаш аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2000 барои хидматҳояш дар татбиқи Созишномаи истиқрори сулҳу оштии миллӣ ҳангоми ба ҳайси Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ фаъолият карданаш (июли 1997-марти 2000) бо мукофотҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ордени Исмоили Сомонӣ (соли 2000) ва июни соли 2007 баъди маргаш ба ифтихори 10-солагии ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳу субот ва оштии миллӣ дар кишвар бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи якум қадрдонӣ шудааст.

Ва билохира боз ба он хотир, ки 70 солагии зодрӯзи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба соле рост омад, ки дар кишварамон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ 20-солагии Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштии миллӣ таҷлил карда мешавад. Созишномае, ки дар як гӯшаи он ҳамин шахсияти таърихӣ имзо гузоштааст.

Камина Сайид Абдуллоҳи Нуриро аз соли 1993 ҳангоми дар Афғонистон дар муҳоҷирати иҷборӣ буданамон то соли 2004, яъне то ду сол қабл аз маргаш, хеле аз наздик мешинохтам. Зеро тӯли ин солҳо (дар ин байн як - ду бор бо фосилаи яксолаву дусола аз ҳам дур будем) банда ба ҳайси мушовири сиёсӣ ва сарвари дафтари матбуотии ИНОТ дар паҳлӯяш будам. Дар ин бора дар бархе аз навиштаҳоям ва мусоҳибаҳоям бо расонаҳо борҳо ёдовар шудаам, ки эҳтиёҷ ба такрор кардани онҳоро дар ин ҷо намебинам.

Дар ин муддат Сайид Абдуллоҳи Нуриро ҳамчун инсон ва сиёсатмадоре шинохтам, ки дар даврони ҳиҷрат ҳамеша дар фикру андешаи бо роҳи мусолиматомез пайдо кардани роҳҳои истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар ва бозгашти обрӯмандонаи муҳоҷирини иҷборӣ ба Ватан буд. Дар даврони дар Комиссияи Оштии Миллӣ ба ҳайси Раис фаъолият карданаш бошад мекӯшид то масоиле, ки дар назди ин ниҳоди муштараки ба ҳаёт татбиқкунандаи асноди сулҳ меистоданд, ҳамагӣ ҳаллу фасли худро тарзе ёбанд, ки ҳам ба манфиати мардум ва ҳам ба манфиати миллату давлат бошанд.

Манофеи милливу давлатиро ӯ ҳамеша бар манофеи гуруҳи алоҳида, ҳизб ва ё маҳал тарҷеҳ медод. Ин ҷиҳати мусбати Сайид Абдуллоҳи Нуриро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ҷамъбасти нахустин мулоқоташ бо ӯ дар шаҳри Кобул -пойтахти Афғонистон 19-уми майи соли 1995 дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон эълом дошта буд. Раҳбари давлати тоҷикон он вақт дақиқан чунин пешгӯӣ карда буд: «Ҷаноби домулло Абдуллоҳи Нуриро ҳамчун шахси дилсӯзи миллат шинохтам. Бо ӯ мо, иншооллоҳ, ба сулҳи пойдор мерасем».

Ҳамагӣ ду солу даҳ рӯз баъди ибрози ин пешгӯии паёмбарона Созишномаи умумии сулҳу оштии миллӣ аз сӯи ду фарди дурандешу хирадманди миллат ба имзо расид. Вале пеш аз он ки ин ҳуҷҷати барои миллат сарнавиштсоз ба имзо бирасад ва дар ҳаёт татбиқи худро пайдо кунад, ба Пешвои миллат зарур омад, ки бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ боз шаш маротибаи дигар дар хориҷ аз кишвар ва боз наздик ба чил маротибаи дигар дар пойтахти Ватани азизамон шаҳри зебои Душанбе мулоқоту суҳбатҳои пурмуҳтавову пурманфиат доир намояд.

Имрӯз мардуми кишвар Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар меноманд. Дар ҳақиқат, қабл аз ҳама агар иродаи устувори ӯ, майлу хоҳиши ӯ ҳамчун раҳбари давлат ва кӯшишу талошҳои хастагинопазири ӯ дар барқарории суботу оромиш дар Ватанамон намебуд, даст ёфтан ба сулҳу оштӣ дар кишвар имконнопазир мешуд. Дар ҳамон шабу рӯзҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Тоҷикистон дасти худро барои сулҳу оштӣ кардан ба раҳбари оппозисиюн Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дароз намуд, дар дохили кишвар нирӯҳои зиёди пурқуввате буданд, ки ҳам рӯирост ва ҳам пинҳонӣ зидди ин сулҳу оштикуниҳо бо мухолифини мусаллаҳ буданд.

Дар ҳамин замина шоҳиди ошӯбҳои низомӣ аз сӯи собиқ баъзе аз ҳарбиёни ҳукумат низ будем. Соли 2002 ба хотири навиштани мақолае ман бо худораҳматии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ суҳбатҳои зиёде доштам. Дар яке аз суҳбатҳоям ӯ дар бораи хидматҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳ суханҳои хеле самимиву мантиқӣ гуфта буд. Баъдан ин суханҳоро камина дар шакли мусоҳиба таҳти унвони «Саид Абдуллоҳи Нурӣ: Президент аз ақлу хирад кор гирифт» моҳи июни соли 2007 дар ҳафтаномаи «Миллат» ба ифтихори даҳсолагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштии миллӣ дар кишвар ба нашр расондам.

Бале, сулҳ кардан корест басо мушкил. Низоъҳое, ки дар беш аз чил соли ахир дар рӯйи ҷаҳон ба вуқуъ пайвастанд ва ҳанӯз ҳам идома доранд, далели гуфтаҳои мо шуда метавонанд. Масалан ҷанг дар Афғонистон беш аз чил сол боз идома дорад. Дар кишварҳое ҳамчун Ироқ, Ливия, Сурия, ки онҳо низ мувоҷеҳи ҷанги дохилиянд, набардҳо давомдору тӯлонӣ шуданд. Табиист, ки аз ин низоъҳо кишвар харобу мардум дар азобанд. Садҳо ҳазор нафар куштаву захмӣ, миллионҳо нафар овораву дар ба даранд. Чаро сулҳу оштӣ дар ин кишварҳо бо гузашти солҳои тӯлонӣ даст намедиҳад?

Албатта омилҳо хеле зиёданд. Яке аз сабабҳои асосии ба сулҳ даст наёфтани тарафҳои даргир дар ин кишварҳо агар дар ноуҳдабароии сарони дар қудратбудаи ин кишварҳо дар масъалаи ба таври мусолиматомез ҳал кардани мушкилоти ҷонибҳои даргир бошад, сабаби дигар дар мухолифату зиддиятҳое, ки дар дохили оппозисиюни ин ҳукуматҳо ҷараён дорад, нуҳуфтааст. Оппозисиюни ин кишварҳо яклухту якмаром нестанд. Ҳар гуруҳе фикру андешаи худро дорад, роҳи ҳалли қазияро ба таври худ мефаҳмад.

Як хидмати Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамчун сиёсатмадори дурандеш ҳамин буд, ки на танҳо нагузошт, ки мухолифин дар ҳиҷрат чандпорча шаванду ҳар гуруҳе ба сари худ роҳбар, нирӯи низомӣ дошта бошаду даъвогари ҳукумат шавад, балки ҳамаи гуруҳҳову ҳизбҳоро таҳти як созмон муттаҳид сохту дар раъси он муборизаи худро дар чаҳорчӯбаи қонунҳои байналмилалӣ бо роҳи мусолиматомез идома дод. Ҳамин якпорча будани оппозисиюн ва аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, шахсияти дурандешу сулҳхоҳ, итоат кардани тамоми гуруҳҳо ва афроди маъруфи оппозисиюн ба он мусоидат кард, ки сулҳу оштӣ дар кишвари мо дар қиёс бо дигар низоъҳое, ки дар ин ва ё он гӯшаи дунё ҳанӯз шуълаваранд, нисбатан зудтар барқарор шавад.

Бояд рӯйи рост гуфт, ки миёни Иттиҳоди оппозисиюн тоҷик буданд сиёсатмадорҳову фармондеҳони низомие, ки аз талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ ибрози норозигӣ намуда, алайҳи он садо баланд мекарданду ҳатто баъзе аз онҳо ба муборизаи мусаллаҳона низ бармехестанд. То солҳои 2000 ва баъдтар ҳам мардуми кишвар борҳо шоҳиди чунин ошӯбҳои мухолифони сулҳ буданд.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар чунин мавридҳо ҳамеша аз мавқеи дифои манофеи миллӣ ва давлатӣ амал мекард, мавқеи ҳукуматро дар масъалаи таъмини сулҳу субот дар кишвар дастгирӣ менамуд. Зеро ба андешаи ӯ шарти асосии бақои миллату давлат, рушду тараққиёти он, беҳтар шудани шароити зиндагонии мардум, пеш аз ҳама дар барқарории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аст.

Суханҳои мегуфтанӣ дар бораи хидматҳои ин марди шариф ба миллат хеле зиёданд, вале мо бо сабаби тангии чаҳорчӯбаи мақола бо ҳамин иктифо мекунем ва аз Парвардигори азимушшаън талаби онро дорем, ки рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бошаду Худованди бузург ӯро ғарқи раҳмату шоистаи ҷаннат карда бошад. Омин!

Аз саҳифаи фейсбукии Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi