03:16:36 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28            

БИЗНЕС-ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН МАЙДОН МЕХОҲАНД

Занони соҳибкори Тоҷикистон мехоҳанд, фазои кори онҳо амнтар бошад ва нақшашон дар ҷомеа эътироф шавад. Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон барои ҷалби занон ба бизнеси калон озмуни беҳтарин зани соҳибкорро эълон кард ва барои ғолиб 100 000 сомонӣ муодили беш аз 20 000 долларро муайян намуд.

/images/stories/2012/05/08_woman-biznesmam_8.5.12.jpgМуҳаббат Нозимова, намояндаи ин иттиҳод мегӯяд, кайҳо фурсат расидааст, ки занони тоҷик аз чаканафурӯшӣ ба тиҷорати бузургтар шуғл варзад ва дар эҷоди ҷойҳои корӣ ширкат кунад: «Мо тариқи ин озмун мехоҳем, занҳоро аз тиҷорати хурд ба истеҳсолот ҷалб намоем. Мо мебинем, ки занони зиёде мехоҳанд, ба тиҷорати калон роҳ ёбанд. Масалан, агар қаблан онҳо дар бозорҳо нуқта мегирифтанд, ҳоло ҷойи онро «супермаркетҳо»ишғол мекунад.”

Ба ақидаи раҳбарони Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон, бонувони тоҷик барои комёб шудан дар соҳибкорӣ ангезаи қавитар доранд ва дар ин авохир аллакай дар тиҷорати калон низ ба истилоҳ лидер-занҳо ба чашм мерасанд. Аз нигоҳи бону Нозимова, чунин пешравӣ то андозае ба осонтар шудани  фазои соҳибкорӣ ва рушди ин арса дар кишвар бастагӣ дорад. Аз сӯе ҳам, мегӯяд ӯ, занон дар пайи онанд, ки барои фарзандони худ шароити беҳтар фароҳам оранд. Мардҳои зиёде дар муҳоҷиратанд ва бархе аз онҳо хонаводаҳои худро ҳаволаи тақдир кардаанд.

Аммо, ба ақидаи худи занон, барои комёбӣ ҷасорат зарур аст. Лола Раҳмонова, як зани хонашини тоҷик, муддатест, ки мехоҳад, ба умури тиҷорат даст занад, аммо мушкилоти молӣ монеи ин амр шудааст. Ба гуфтаи вай, албатта, мешавад барои амалӣ шудани ин ният аз бонк вом бигирад, аммо боз ҳам аз муфлис шудан ҳарос дорад.

Лола гуфт «ман мехоҳам, аз кишварҳои дигар ба монанди Туркияву Ҳиндустон моли бозоргир ворид карда, дар бозор савдо кунам. Ба ин мақсад бо чандин тоҷир сӯҳбат кардам. Аммо, мутаассифона, теъдоде аз чунин одамоне, ки аз бонкҳо барои тиҷорат қарз гирифтанд, муфлис шудаанд. Чун дар баъзе мавридҳои нархҳо мувофиқат намекунанд ё борҳо дар роҳ гум мешаванд, дар натиҷа тоҷир қарзи бонкро баргардонида наметавонд.Чун  баҳраи бонкҳо низ баланд аст. Аз ҳамин хотир ман низ барои шурӯи кори худ аз қарз гирифтан метарсам.»

Бино бар мушоҳидаҳо, дар Тоҷикистон аксарияти занон ба монанди ин қаҳрамони мо бештар ба соҳибкории хурду миёна машғул мешаванд. Фаъолияте, ки бо вуҷуди машаққати зиёд, даромади кам меорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки занҳои тоҷик на ба хотири пайдо кардани нуфузу обрӯ дар ҷомеа ин шуғлро ихтиёр мекунанд, балки дар бештар маврид мехоҳанд, то аз ин тариқ вазъи иқтиимоӣ ва иқтисодии хонаводаашонро беҳбуд бахшанд. Аммо аз сӯи дигар расм дар ҷомеаи тоҷик ин аст, ки зан қабл аз ҳама модар ва нигаҳдорандаи оташдони хонадон маҳсуб меёбад.

Аммо, зоҳиран, тарси варшикастагӣ дар зери бори қарзи бонкҳо то рафт камтар мешавад. Бино бар омори расмӣ, дар 5 соли ахир шумораи заноне, ки ба хотири соҳибкорӣ аз бонкҳо қарз гирифтаанд, ба маротиб афзудааст. Зеро агар дар соли  2006 ҳамагӣ 55 ҳазор зан 168 миллион сомонӣ қарз гирифта бошанд, пас дар соли 2011 шумораи занони қарзгирифта ба 103 ҳазор нафар қарзи онҳо ба  521 миллион сомонӣ расидааст.

Бо он ки Наимаҷон Бобоева, маълумоти омӯзгорӣ дорад, аз соли 1995 ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст. Вай мегӯяд, тиҷораташро бо воми кучак, ки  120 сомониро ташкил дода буд, шурӯъ карда, ба тадриҷ фаъолияти худро, ки ба ҳунармандӣ рабт дорад, густариш бахшидааст. Ҳоло мегӯяд, вай чандин нафарро бо ҷойи кор таъмин кардаву барои фарзандон шароити хуби таҳсилу зиндагиро фароҳам овардааст.

Ӯ мегӯяд: «бо ҳамон маблағ ман матои якранг, картон ва риштаҳои зар харидорӣ карда,барои наварӯсон куртаҳои зардӯзӣ тайёр мекардам. Дар аввал чун ин маҳсулотро аз Узбакистон ворид мекардам, гузаштан аз сарҳад бароям хеле мушкил буд. Ҳоло бошад маҳсулоти заруриро аз Чин ворид мекунам ва бе мамоният фаъолияти худро идома медиҳам.»

Аммо дар ҳамин ҳол бархе аз масъулони созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар умури занон фаъолият мебаранд, мушкилоти аксари занони тоҷирро дар набудани амнияти комили онҳо дар бозорҳо ва ҷомеа унвон мекунанд. Ба гуфтаи онҳо баъзан маъмурони молиёт ва ҳам кормандони пулис ба фаъолияти онҳо монеа мешаванд.

Вале Наимаҷон Бобоева, соҳибкорзани тоҷик муттаҳид кардани нерӯи соҳибкорони инфиродиро омили муассир ва муваффақ дар ин росто арзёбӣ мекунад. Вай гуфт, «барои соҳибкори муваффақ шудан бояд маблағи кофӣ дошт ва ҳамчунин бозорро ҳамаҷониба омӯхт. Чун имрӯз талаботи мизонҷон гуногун аст ва  соҳибкор бояд мувофиқ ба талаботи муштарӣ кор кунад.Ва дар баробари ин омода бошад,ки ҳма гуна мушкилотро мардонавор пушти сар намояд. Зеро соҳибкорӣ роҳи ҳамвор надорад,муҳим рӯҳафтода шудан лозим нест».

Ин ҳам дар ҳолест, ки намояндагони Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон, мегӯянд, ҳарчанд ҳукумати кишвар барои рафъи монеаҳои мавҷуда ва мусоидат ба тавсеаи  соҳибкории занҳо талош мекунад, аммо боз ҳам ниёз ба қабули барномаи махсус дар ин замина вуҷуд дорад, ки битавонад, аз як тараф мушкили соҳибкории занонро осон кунад ва аз тарафи дигар имтиёзҳоеро барои онҳо дар назар бигирад.
Шаҳлои Гулхоҷа, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi