20:22:04 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ёди рӯзгори ширин

Дуруди ҷони ҷонҳо, Аҳмади Зоҳир

14-уми июни соли 2013 дар тамоми қаламрави забони форсӣ, яъне дар он гӯшаву канори олам, ки забони ширину шевои форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ танинандоз аст, аз  67-умин солгарди зодрӯзи Аҳмад Зоҳир - маъруфтарин овозхони форсигӯ дар даврони мо таҷлил ба амал омад. Агар касе ба ин гуфтаҳои мо шубҳа дорад ҳамагӣ ним соат вақти хешро сарфи сайре дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет намояд ва ба чашми ақл мебинад ва ба гӯши дил мешунавад, ки дунё дар ин рӯз сухани нав аз Аҳмад Зоҳир мегӯяд.

Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон

2.ahmad-zahir 67-solagiДар Тоҷикистони азизи мо низ ҳамасола ин санаро бо як омодагиҳои хосае ҷашн мегиранд. Имсол чун порсола барои баргузории маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон, ниҳоде ки дар ду соли ахир дар баргузории чунин чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ хеле фаъол шудааст, ибтикори амалро ба даст гирифт. Узви раёсати Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон, кӯҳансолтарин афғонистоншиноси кишвар Савлатшоҳи Мерган ва муовини сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммаддовуди Иброҳимхел дар оғози маҳфиле, ки ба ин муносибат дар  Хонаи адибони Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид, ҳозиринро хайра мақдам гуфта аз ҳунару истеъдоди худододи Аҳмад Зоҳир гуфтанду зикри хайрашро карданд.

Ҷӯрабек Назриев, ҳунарманди машҳур, донишманди маъруф ва Меҳринисо, шоираи ширинзабони тоҷик дар ин маҳфил аз ёддоштҳои худ дар бораи Аҳмад Зоҳир ва он рӯзҳое, ки дар Кобул бо ӯ дар маҳфилҳо ширкат варзида якҷо шеъргӯиву сурудхониҳо кардаанд, қиссаҳои ҷолибе намуданд.

Аксҳо аз 67-умин солгарди зодрӯзи Аҳмад Зоҳир

Азҷумла Меҳринисо гуфт: "Ба устод Ҷӯрабек Назриев гуфтам як нафар мехонад ҳамин қадар овозаш зебо!". Устод Ҷӯрабек гуфтанд: "Янгаҷон, ин Аҳмад Зоҳир аст". Гуфтам: "Кӣ аст вай?" Гуфтанд: -"Мехоҳед дар хонаатон меҳмон шавад? Ҳафтаи оянда ӯро ба меҳмонӣ меорам". Ҳамин тавр ҷумъаи яке аз рӯзҳои моҳи феврал Ҷӯрабек Назриев занги дарамро заданд. Дарро кушодам се марди зеборо дидам. Онҳо Аҳмад Зоҳир, устод Ҷӯрабек ва Довуд ном як рафиқи дигарашон буд. Мо он шаб то дамидани субҳ сурудхонӣ кардем. Сароидему навохтем".

Кӯча бо номи Аҳмади Зоҳир….

1.ahmad-zahir 67-solagiҶӯрабек Назриев, устоди санъати тоҷик низ, ки яке аз дӯстони шодравон Аҳмад Зоҳир мебошад, аз меҳмонияшон дар хонаи шоира Меҳринисо ёдовар шуда, гуфт: "Дар хонаи Меҳринисо соати 10-и субҳ меҳмон шуда, то нимашаб сурудхонӣ кардем. Дигар халқу миллатҳои Шӯравӣ, аз ҷумла қирғизҳову қазоқҳо низ ҷамъ омадаанд. Аҳмад Зоҳир ҳангоми сурудан мӯъҷиза меофарид. Аз ҷумла таронаҳои машҳури бадахшӣ "Чашми сиёҳ дорӣ, қурбонат шавам ман", "Я встретил девушка"-ро сароида будем. Муҳаббати Аҳмад Зоҳир низ нисбат ба мардуми Шӯравӣ аз ҳамон рӯз шурӯъ шуд".

Аҳмад Зоҳир дар вақти хондани як сурудаш "Бевафо Ҷӯрабек" гуфтааст. Ҷӯрабек Назрӣ нақл кард, ки баробари дамидани субҳи барвақт, Аҳмад Зоҳир дарашро тақ-тақ зада меҳмонӣ меомад. Аз сабаби он, ки рафту омад байни шаҳрвандони Афғонистону Шӯравӣ озод набуд, як рӯз билохира устод Назриев гуфтааст: "Зоҳирҷони азиз! Ту афғон астиву ман шӯравӣ. Наздикии мо ин қадар оқибати хуб надорад!". Аммо Аҳмад Зоҳир дар ҷавоб  гуфтааст: "Гумаш кун ин суханҳоро! Хуни мо як аст. Мо аз ҳам ҷудо будан наметавонем".

Устод Ҷӯрабек дар суханронии худ пешниҳод намуд, ки "ҳеҷҷойи айб нест, агар мо дар шаҳри зебои Душанбе хиёбоне дошта бошем бо номи Аҳмад Зоҳир, бо номи Халилуллоҳи Халилӣ, бо номи Муҳаммад Иқбол ва дигар таблиғгарони забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ".

"Дуруди ҷони ҷонҳо Аҳмади Зоҳир"

3.ahmad-zahir 67-solagiБояд гуфт, ки ҳамасола бо ташаббуси як гурӯҳи дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир дар солгарди зодрӯзи сарояндаи мумтоз консерте баргузор мегардад, ки дар он ҳам овозхонҳои касбӣ ва ҳам ҳаваскор ширкат карда асосан суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳирро месароянд. Имсол консертро бо суруди Ҳотами Равшан, овозхон ва ҳунарманди театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов "Дуруди ҷони ҷонҳо, Аҳмади Зоҳир" ҳусни оғоз бахшиданд. Ин таронаро Ҳотами Равшан маҳз барои ҳамин маҳфил эҷод кардааст. Шеъри ин таронаро Назри Яздонӣ, шоири маъруфи кишвар навиштааст.

Ҳотами Равшан мегӯяд, ки  ин гуна маҳфилҳо бояд ҳамеша бошанд. Чаро? Барои он ки ин пеш аз ҳама ёд кардани як марди бузургест. Марде, ки барои миллату ҳамзабонони худ коре карда тавонист. Чизе гузошт. Тавре дар рушди санъати тоҷик Акашариф Ҷӯраев як чизи нав ба мардум доду то имрӯз барои мо идеал боқӣ мондааст, дар мусиқии боз муосиртар Аҳмад Зоҳир ҳамон гуна таъсири худро расонд. Барои рушду нумӯйи санъати тоҷик саҳми арзанда гузоштааст".

7.ahmad-zahir 67-solagi"Мегӯянд ростиро завол нест ё офтобрро бо домон намепӯшонанд. Агарчи баъзеҳо ҳаминро фаҳмидан нахоҳанд ҳам ҳақиқат, ҳақиқат аст"-, гуфт Ҳотами Равшан. Ҳамзамон Ҳотами Равшан зикр намуд, он сурудҳое, ки 30-40 сол пештар ансамбли "Гулшан" ба мардум дода буд, асоси барномаашон Аҳмад Зоҳир буд ва мардум ҳам онҳоро пазируфта буданд: "Имрӯз, ки мо ёд аз Аҳмад Зоҳир мекунем, шояд баъзеҳо бигӯянд, ки чаро мо ягон нафар аз санъаткорони худамонро ёд намекунем? Зодрӯзашро дар ин сатҳ таҷлил намекунем? Бинобар ин гуфта метавонам санъату мусиқӣ сарҳаду миллат ва нажод надорад. Ҳар касе тавонист баҳри мардум чизе дода хоҳу нохоҳ он қабул мегардад"

Бузургии ин сарояндаи Шарқ маҳз дар он аст, ки ба шароиту муҳит нигоҳ накарда баҳри миллаташ чизе офарида тавонист. Аҳмад Зоҳир бузургтарин суханҳои бузургони форсро сароиду ба мусиқӣ даровард.

"То он замоне, ки забони форсӣ ҳаст, Аҳмад Зоҳир ҳаст"

6.ahmad-zahir 67-solagiҲунармандони мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов, Лола Азизова, Соҳиба Давлатшоева, Фурқат Саидов, Қурбоналӣ Абдуллоев, хонандаи ҷавону боистеъдод Остон Азизов дар ин консерт таронаҳои  ба тозагӣ таҳиякардаи  худро  аз осори Аҳмад Зоҳир суруданд. Дар суҳбат бо хабарнигори мо Қурбоналӣ Абдуллоев, яке аз сарояндагони машҳури ансамбли "Дарё" таҷлили зодрӯзи Аҳмади Зоҳирро иқдоми хуб унвон карда гуфт: "Ҳар боре сухан дар бораи Аҳмади Зоҳир меравад гуфтаниҳо бисёр аст, аммо боз ҳар қадар мегӯем поён надорад. Аз чӣ хотир? Аз он хотир, ки ҳам садояш, ҳам таронаҳояш сирри аҷибе дорад, ки ҳеҷ кашф намешаванд.

Агарчӣ аз марги ӯ 34 сол гузашта бошад ҳам, ба гумонам, ӯ аз зиндаҳо ҳам зиндатар аст. Зеро вай моро ҳам субҳ, ҳам шом, ҳам дар сафар, ҳам дар базмгоҳ ва ҳам дар танҳоӣ ҳамроҳ аст. Агар ҷойе, ки худаш мехонад хуб, агар ҷойе, ки ӯ нест, мо худамон месароем. Аз хондани сурудҳои Аҳмад Зоҳир аз ҷониби занҳо ё мардҳо таронаҳои ӯ ягон зарра хароб намешаванд.

Агар ба шарте тахассуси иҷрокунанда мутрибиву сарояндагӣ бошад. Аммо дигар шахсон низ метавонанд аз сурудҳои устод Аҳмад Зоҳир истифода баранд. Гӯш кунанд, бихонанд. Гумон мекунам бо устод ҳар қадар робита дошта бошанд, барои онҳо ҳамон қадар хубтар аст. Зеро аз ҷаҳони маънӣ ва садои беғашу таронаҳои орифона берун намешаванд. Худованд ҷойяш ҷаннат бошад. То он даме, ки забони форсӣ ҳаст, Аҳмад Зоҳир ҳаст".

4.ahmad-zahir 67-solagiДар ин консерт дар қатори овозхонҳое, ки  маъмулан танҳо сурудҳои Аҳмад Зоҳирро мехонанд ва то ин вақт барои доираи васеи мухлисони Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон шинос буданд, аз қабили Асадуллоҳи Шамсӣ, Аслиддини Бадал, Шералӣ Ашӯров, Алӣ Сабурӣ, Ҳақназари Давлат, Сӯфӣ Зафар, Қайси Азиз, Шамсиддини Азиз боз овозхонҳое  ба мисли Аҳмадҷон Исматӣ, Баҳодур Табаров, Назаршо Хушназаров, Абдулло Асроров ва Ораз ном ҷавоне бори аввал аз саҳна ҳунарнамоӣ карданд ва мақбули тамошобинони сершумор гардиданд.

Дастаи навозандагони мусиқӣ, ки дар он мутрибони чирадаст Хуршед ва Зафари табланавоз, Раҳматуллоҳи найнавоз, Акбари навозандаи ионика, Ғуломалӣ ва Зоҳири рубобнавоз, Сироҷиддини навозандаи труба шомил буданд, таҳти роҳбарии Абубакри Азиз хеле хуб ҳунарнамоӣ карданд.

Раҳбарияти Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ба тамоми ширкаткунандагони консерт, Иттифоқи нависандагон (махсусан ба Аҳлиддини Ҳисорӣ), раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва кормандони умури дохилаи ноҳияи Сомонӣ барои мусоидат карданашон дар баргузории ин чорабинӣ изҳори сипос мекунад.

"Лаъли Бадахшон" ёде аз гавҳари ҳунар кард

8.ahmad-zahir 67-solagiМаҳфиле, ки дар Хонаи адибон баргузор гардид, танҳо чорабиние дар Душанбе набуд, ки дар он аз Аҳмад Зоҳир ёд карданд ва таронаҳояшро суруданд. Рӯзи 15-уми июни соли 2013 Кохи консертии Тоҷикистон низ пур аз тамошобин ва мухлиси таронаҳои Аҳмад Зоҳир буд. Таваккалшоҳи Ширинбек, овозхони ансамбли "Лаъли Бадахшон"-и ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барномаи махсуси ҳунариеро таҳти унвони "Ба ёди булбули шӯридаи Шарқ Аҳмад Зоҳир" таҳия ва ба намоиш гузошт.

Таваккалшоҳ, ки худ овозхони ҳирфаӣ ҳаст ва аз тамоми нозукиҳои оламӣ мусиқӣ хабар дорад ва дарду сӯзи овозхонро хуб дарк мекунад, бо як дарду гудоз таронаҳои Аҳмад Зоҳирро пешкаши ҳаводорони садои гирояш намуд. Дастаи мутрибони ансамбл, махсусан трумпетнавози он Қурбонҳусайн, ки нафасҳои гарми худро дар шакли садои сеҳрангезе ҳадяи шунаванда менамуд, ҳозиринро афсуну ҷоду мекард.

Чи қадар бузург аст, муҳаббати Аҳмад Зоҳир дар қалби мухлисон ва ҳаводоронаш, ки аз дурдасттарин гӯшаи Ватани азизамон, аз як ноҳияи куҳистонии аз ҳар ҷиҳат дарканормонда бо вуҷуди доштани ҳазорон мушкилоти рӯзгор гурӯҳе бо созу асбобҳои мусиқияшон бархоста ба пойтахт меоянд, мардумро гирди ҳам меоранд то изҳори муҳаббат ба садову истеъдоди овозхони дӯстдоштаашон бикунанд. Чи қадар бузург аст Аҳмад Зоҳир…

Чи қадар бузург будан даркор аст, ки қадру манзалати як ҳунарманди асилро мунсифона эътироф куниву ҳурматашро ба ҷо биёрӣ. Аҳсант ба Таваккалшоҳи Ширинбеки ширинсадову ширингуфтор ва дигар мардуми шарифу фарҳангдӯсти Ишкошими азиз, ки бо фарҳанги асил ишқ меварзанд.

Воқеан, дар поёни консерти ансамбли "Лаъли Бадахшон" ровии ширинсухан Гулдастшоҳ эълон дошт, ки дар Ишкошим дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир тасмим гирифтаанд, ки рӯзи 14-уми июни соли 2015 ҷашни 68-умин солгарди зодрӯзи Аҳмад Зоҳир - ин дурри ноёби ҳунарро дар наздикии кӯҳи Лаъл, дар Ишкошим, таҷлил хоҳанд кард. Худо кунад, ки ин бузургмардон, ки ба қадри мардони бузург мерасанд, дар татбиқи ин нияти хайри хеш комёб шаванд. Омин!

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi