15:17:31 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ёди рӯзгори ширин

Ӯ РАФТ, ВАЛЕ ДАР ҚАЛБИ МО ҲАМ ЗОҲИРУ ҲАМ ҲУВАЙДО МОНД

Султони Ҳамад

Зоҳир Ҳувайдо ҳам ин дунёи фониро падруд гуфт. Боз садои як булбули беошёну бехонумон ва овораи дур аз гули рухи Ватан абадан хомӯш гардидРӯзи 5-ми марти соли 2012 бар асари касалии саратон дар шаҳри Ҳамбурги Олмон, дар сарои ғурбат, дур аз ёру диёр, дар синни 67-солагӣ Зоҳир Ҳувайдо ҷон ба Ҷонофарин таслим кард. Ӯ аз худ панҷ фарзанд: Жола, Ораш, Алӣ, Лайло, Масеҳ ва наздик ба дусад таронаи ноб ба ёдгор гузошт. Ҳазорҳо нафар алоқаманди садои нодири ин овозхони маъруф дар Тоҷикистони азиз ҳам имрӯз дар сӯги марги ӯ даст ба дуо бардошта аз Парвардигори бузург барояш биҳишти баринро орзу мекунанд. Худованд ба бозмондагонаш сабри ҷамил бидиҳад.

Аз Дайкундӣ то Кобул

zohir-huvaydo

Зоҳир Ҳувайдо 28-уми феврали соли 1945 дар минтақаи Дайкундии Ҳазораҷоти Афғонстон дар оилаи як тиҷори миёнаҳол чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Падари ӯ Муҳаммад Исмоили Моил, ки табъи шоирӣ дошту танбӯр менавохт ва гоҳ-гоҳе барои таскини дили худ овозхонӣ низ мекард, бисёр мехост, писари калониаш Зоҳир касби духтуриро пеша кунад. Чунки як бародараш дар синни 21-солагӣ аз касалии сил ҷавонмарг шуда буд ва ӯ бисёр мехост, ки дар хонавода як духтури шахсӣ дошта бошанд.

Вале қазову қадар тамоман чизи дигареро дар лавҳи зиндагонияш навишта будааст... Дере нагузашта худи Муҳаммад Исмоили Моил  низ аз касалии сил вафот мекунад. Дар ин вақт Зоҳир ҳамагӣ ҳафт сол дошт. Чун дар Мазори Шариф баъди марги падар зиндагӣ барои оилаи онҳо тоқатнопазир мегардад, модари Зоҳир Зӯҳрабону Зоҳиру бародаронаш Кабиру Мунирро гирифта ба Кобул меояд. Дар Кобул дар як хонае иҷоранишин шуда дар муассисаи Нисвон ба дӯзандагӣ машғул мегардад.

Зоҳири ҳафтсола бошад дар назди мӯзадӯзе шогирдӣ мекунад ва ба модараш дар таъмини рӯзгор кӯмак мерасонад. Зоҳир аз 9 солагӣ ба мактаб меравад. Дар лисаи «Истиқлол» то синфи 9 таълим гирифтааст. Ба мусиқӣ аз хурдсолӣ дилбастагӣ дошт. Ҳанӯз ҳангоми панҷсола будани Зоҳир падараш барои ӯ ва бародараш Кабир устодеро аз ҷумлаи овозхонҳои маҳалии Мазори Шариф ба хотири ёд додани навохтани бархе аз созҳои мусиқӣ истихдом карда буд. Ҳамон вақт бародарон дар назди он овозхони маҳаллӣ навохтани ҳармонияро ёд гирифта буданд.

Баъдан дар Кобул мустақилона найнавозиро ёд мегиранд. Шодравон Зоҳир Ҳувайдо боре дар яке аз мусоҳибаҳояш ҳамон давраи найнавозиашро дар Кобул ба ёд оварда гуфта буд, ки ҳамсояҳо бо найнавозияш шабҳангомҳо мухолифат мекарданд. Мегуфтанд, ки садои найро шунида морҳо аз лонаҳои худ ба он мавзее, ки най навохта мешавад, сарозер мешаванд, ки ин барои ҳаёти бошандагони онҷо хатар дорад. Вале бо вуҷуди баъзе камбудиҳову ин гуна мамониатҳо Зоҳир Ҳувайдо ва бародараш Кабир Ҳувайдо роҳи худро ба саҳнаи ҳунари мусиқӣ рӯз ба рӯз ҳамвор мекарданд.

Баъди ба воя расидан бародарон бо ҳамроҳии овозхони шинохта Азиз Ошно як гурӯҳи ҳунарии омотуронро таъсис доданд, ки баъдан бархе аз аъзои ин даста дар тамоми Афғонистон машҳуру маъруф шуданд. Ҳамин тариқ дигар онҳоро барои ҳунарнамоӣ кардан ба радио ва телевизиони Афғонистон даъват мекунанд. Онҳо дар тую маъракаҳои мардум ширкат меварзанд, дар толорҳои мӯҳташам консертҳо доир мекунанд, дар студияҳои мухталиф албомҳои хешро сабт мекунанду мунташир месозанд.

Зоҳир Ҳувайдо ва Аҳмад Зоҳир

Айнан дар ҳамин солҳо ситораи Аҳмад Зоҳир дар уфуқи мусиқӣ тулӯъ карда буд. Аҳмад Зоҳир ва Зоҳир Ҳувайдо ҳарду дар Афғонистон ва берун аз он алоқамандон ва ҳаводорони зиёд доштанд. Байни ҳаводорони садои Аҳмад Зоҳир ва Зоҳир Ҳувайдо сари масъалаи аз ин ду кӣ беҳтар месарояд, ҳамеша баҳсу мунозираҳо ҷараён дошт. Бархе мегуфтанд, ки Зоҳир Ҳувайдо беҳтар мехонад, қисмати дигар мегуфт, на, Аҳмад Зоҳир хубтар месарояд. Ин баҳс то рӯзи марги Аҳмад Зоҳир идома дошт. Дар як барномаи телевизионие, ки он ба як солагии рӯзи ба шаҳодат расидани Аҳмад Зоҳир ихтисос дода шуда буд, Зоҳир Ҳувайдо бо сухани хеш ба ин баҳси аз ҷиҳати мантиқӣ нодуруст нуқта гузошт.

zohir-huvaydo

Ӯ гуфт: «Модари гетӣ дар сад соли дигар овозхонеро бад ин бузургӣ ба монанди Аҳмад Зоҳир таваллуд нахоҳад кард». Бузургонро бузургон қадр медонанд. Дар вақти дар ҳаёт будани Аҳмад Зоҳир Зоҳир Ҳувайдо бо ӯ муносибатҳои ҳасана дошт. Дар ин бора наворҳои аудиёии маҳфилҳое, ки дар онҳо ин ду нафар ширкат варзидаанду тарона хондаанд, шаҳодат медиҳанд. Ҳатто дар хондани яке аз аввалин таронҳои сабтнамудаи Аҳмад Зоҳир суруди «Охир ай дарё ту ҳамчун ман дили девона дорӣ» мо садои Зоҳир Ҳувайдоро мешунавем.Замоне Аҳмад Зоҳир дар радиои Кобул мудирияти шӯъбаи овозхонҳои омотурро ( калимаи фаронсавӣ ҳаст, ба маънои шавқии худҷӯш, ҳаваскор С. Ҳ.) ба ӯҳда дошт.

Дар яке аз суханрониҳояш дар радиои Кобул ба ҳайси мудири ин шӯъба Аҳмад Зоҳир аз он ифтихор мекунад, ки бо Зоҳир Ҳувайдо барин овозхони маъруфи кишвар ҳамкорӣ дорад. Воқеан Зоҳир Ҳувайдо як суруди эҷодкардаи Аҳмад Зоҳирро бо номи «Гар зулфи парешонат бар дасти сабо уфтад» бар ғазали Ҳофизи Шерозӣ хеле зебо сароидааст. Ин сурудро Аҳмад Зоҳир понздаҳ сол баъди хондани Зоҳир Ҳувайдо худ низ мехонад ва дар албоме сабт менамояд). Дар навбати худ Аҳмад Зоҳир ҳам дар маҳфилҳо чандин таронаҳои эҷоднамудаи Зоҳир Ҳувайдоро мехонд.

Барои мисол дар ин ҷо аз таронаи машҳури «Субҳ дамиду рӯз шуд ёри шабина хона рафт» ном мебарем, ки оҳангаш моли Зоҳир Ҳувайдост ва шеъраш ба қалами Шоҳ Шуҷоъ тааллуқ дорад. Дар як сӯҳбаташ Зоҳир Ҳувайдо мегӯяд, ки чанд рӯз қабл аз марги Аҳмад Зоҳир онҳо якҷо як сурудеро бо номи «Субҳидам рафтам бичинам фориғ аз гулзор гул» бар матни Аҳмад Гулчини Маонӣ барои дуэт хондан омода карданд. Мутаассифона, марги Аҳмад Зоҳир нагузошт, ки нияти наҷиби онҳо ҷомаи амал пӯшад, яъне онро сабт кунанд ва дар консертҳо якҷо бихонанд. Зоҳир Ҳувайдо ҳар гоҳе дар консертҳояш ин сурудро мехонд, аз ин ҳамкориҳояш бо Аҳмад Зоҳир ёд мекарду оҳе аз дили пурҳасрат мекашид.

Зоҳир Ҳувайдо дар Эрон

Шӯҳрати Зоҳир Ҳувайдо солҳои ҳафтодум солшумории мелодӣ марзҳои Афғонистонро убур карда дар Эрону Тоҷикистон, Покистону дигар кишварҳо паҳн мешавад. Боре дар Кобул дар хонаи шоир ва таснифсози афғон Абдулаҳмади Адо, ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ки ба Тоҷикистон низ омада буду як озмунеро бо номи ғазали «Дарё» миёни шоирони тоҷик дар саҳифаи ҳафтаномаи дӯстдоштании «Адабиёт ва санъат» роҳандозӣ карда буд, Зоҳир Ҳувайдо суруди машҳури эронии «Маро бибӯс»-ро мехонад. Дар он маҳфил шоири эронӣ Ҳабибуллоҳи Булур, ки ба ҷаҳонпаҳлавони машҳурӣ эронӣ дар гӯштингирӣ Ғулом Тахтӣ ҳаққи устодӣ доштааст, ҳузур доштааст ва хондани ин суруд ба ӯ хеле писанд меояд.

zohir-huvaydoХулоса бо ташвиқӣ Ҳабибуллоҳи Булур ва кӯмаки бархе аз дӯстонаш Зоҳир Ҳувайдо соли 1972 ба Эрон барои иҷрои чанд консерт сафар мекунанд. Ӯ дар баробари консертҳо додан дар барномаҳои телевизионӣ низ ширкат менамояд. Фаридуни Фаррухзод, бародари шоираи машҳури Эрон Фурӯғи Фаррухзода дар барномаи ихтисосии худ дар яке аз телевизионҳои Эрон «Салом, ҳамсоя» бо Зоҳир Ҳувайдо сӯҳбати фаромӯшношудание барпо карда буд.

Дар яке аз барномаҳои дигар шабакаи телевизионии Эрон Зоҳир Ҳувайдо суруди машҳури «Камарборики ман»-ро мехонад. Рӯзи дигар ин сурудро дар сар то сари Эрон алоқамандони таронаҳои ноб такрор ба такрор мешуниданд. Овозхонҳои эронӣ ба ин суруд мароқ зоҳир намуданд.

Бо хоҳиши онҳо ин сурудро Зоҳир Ҳувайдо бо ҳамроҳии чор нафар хонандаи эронӣ бонувон Шаҳло ва Сомон ва ҷанобон Куруш ва Меҳрдод, яъне квинтет ё худ панҷгона хонда дар ширкати «Музик тайм» сабт намуда пешкаши ҳаводорони мусиқӣ карданд. Ин албом, ки танҳо аз як суруд иборатбуд, пурфурӯштарин диски сол шуд.

Зоҳир Ҳувайдо ва Тоҷикистон

Зоҳир Ҳувайдо ба Иттиҳоди Шӯравӣ, ба хусус ба Тоҷикстон, як меҳру муҳаббати беандоза бузурге дошт. Соли 1976 бо кӯмаки бахши фарҳангии Сафорати Шӯравӣ дар Афғонистон ӯ барои таҳсил ба Консерваторияи ба номи П. Чайковскии Маскав меояд. Дар он ҷо ӯ дар шӯъбаи вокал якҷо бо оҳангсози тоҷик Шодмон Пӯлодӣ, писари шоири шодравон Тилло Пӯлодӣ таҳсил намудааст. Ба гуфтае мутахассисини мусиқии рус садои қавии ӯро хеле дӯст доштаанд ва орзу мекардаанд, ки сарояндаи операвии мисли садои ӯ дошта бошанд. Зоҳир Ҳувайдо моҳи декабри соли 1976 аввалин маротиба ба Тоҷикистон меояд.

Дар Душанбе ӯ бо ҳамроҳии овозхони шинохтаи тоҷик шодравонТоҷиддини Муҳиддин ва ансамбли эстрадии «Гулшан» дар толори филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки феълан дар он ҷо бинои телевизиони «Сафина» ҷойгир шудааст, консерти муштараке доир менамоянд Нависандаи ин сатрҳо, камина, он вақт муаллими мактаби миёнаи шаҳрчаи Ҷилликӯли ноҳияи Колхозобод будам.

Хабари баргузор шудани чунин як консертро аз як мухлиси таронаҳои Аҳмад Зоҳир, ронандаи автобуси масири Колхозободу Ҷилликӯл, фаҳмидам ва махсус барои дидани ин консерт ба Душанбе омадам. Дар ин консерт асосан Тоҷиддини Муҳиддин ва Зоҳири Ҳувайдо ҳунарнамоӣ карданд. Дар аввал Тоҷиддин Муҳиддин баъдан Зоҳири Ҳувайдо ва дар охир ҳарду чанд суруди дугона хонданд.

Ду суруди дуэт хондаи онҳо нағз дар хотирам мондааст. Яке суруди Аҳмад Зоҳир «Ошиқи рӯят ман» буду дигаре суруди худи Зоҳир Ҳувайдо «Ду чашми нози ту ҳамранги дарё». Баъдан ҳардуи ин суруд дар репертуари Тоҷиддин Муҳиддин мавқеи муҳимро ишғол мекарданд. Суруди дуввумро имрӯзҳо духтари марҳум Тоҷиддин Муҳиддин Шабнами Тоҷиддин низ дар консертҳояш месарояд. Ба маврид аст, ки таронаҳои эҷоднамудаи Зоҳир Ҳувайдоро овозхонҳои тоҷик зиёд хондаанд ва имрӯзҳо низ мехонанд. Барои мисол шодравон Муборакшо Мирзошоев чанд суруди Зоҳир Ҳувайдоро хондааст, Шабнами Сурайё имрӯз таронаи машҳури Зоҳир Ҳувайдо «Чӣ дидӣ, чӣ шунидӣ»-ро бо услуби ба худ хос мехонад ва хуб ҳам мехонад.

Зоҳир Ҳувайдо бори дигар ба Тоҷикистон тобистони соли 1980, як сол баъди марги Аҳмад Зоҳир, омада буд. Баҳриддини Бадал як тан аз овозхонҳои тоҷик ба ёд меорад, ки Зоҳир Ҳувайдоро мутрибони шинохтаи дастаи Аҳмад Зоҳир трумпетнавоз Фақирмуҳаммади Нангиёлай ва саксафоннавоз Исмоили Аъзамӣ ҳамроҳӣ карда буданд. «Вақте, ки аз онҳо аз Аҳмад Зоҳиру ҳамкориҳояшон бо он Алмоси Шарқ пурсон мешудем бо оҳе аз дили пурдарду ашке бар рухи зард қиссаҳои талхи ин марди нотакрори олами мусиқиро мекарданд»-, мегӯяд Баҳриддин.

Вале қиссаҳои Баҳодури Неъмат, Ҳунарпешаи Мардумии Тоҷикистон, солисти ансамбли эстрадии овозадори «Гулшан», аз сафари эҷодиашон ба Кобул дар охирҳои апрели соли 1981 баръакс хушҳолкунандаанд. Зоҳир Ҳувайдо дар консерти ансамбли эстрадии «Гулшан» ва ансамблии рақсии «Зебо» дар меҳмонхонаи «Интерконтинентал» масъулияти барандагиро ба дӯш доштааст. Ӯ дар ин ду се соати идома ёфтани барномаи консертӣ тавонистааст, ки ҳозиринро бо комёбиҳои мусиқии муосири тоҷик ва намояндаҳои шинохтаи он ошно бикунад. Дар ин консерт Зоҳир Ҳувайдо бо шодравон Хурмо Ширинова суруди машҳури «Ай кабки дарӣ, биё ба паҳлӯям»-ро дуэт хонданд.

Зоҳир Ҳувайдо ва таронаҳояш

Зоҳир Ҳувайдо асосан оҳангҳои эҷоднамудаи худро месароид. Ӯ табъи шоирӣ низ дошт. Матни баъзе аз таронаҳояшро худаш эҷод кардааст. Масалан оҳанг ва матни сурудҳои «Аз дили ман рафтаӣ берун ба Худо», «Аз ин ҷо то Шамолӣ кор дорам», «Шаб ба хилват чашми гирён бо туам, бо ёди ту», «Ай паричеҳра мижгонсиёҳ», маҳсули қалами худи Зоҳир Ҳувайдо мебошанд.

Ӯ таронаҳои эҷоднамудаи оҳангсозони дигарро низ месароид. Масалан аввалин хонандаи суруди машҳури «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад», ки оҳангаш эҷоди Фазлаҳмади Найнавоз ва матнаш аз Ҷалолиддини Румист, мебошад. Баъдан ин сурудро қариб ҳамаи овозхонҳои машҳури Афғонистон хондаанд. Таронаҳои эҷоднамудаи устод Қосим, Абдуҷалил Залонд ва дигаронро низ месароид. Зоҳир Ҳувайдо бештар таронаҳои барояш эҷоднамудаи бародараш Кабири Ҳувайдоро, ки ҳам навозандаи чирадасти пиону ва аккордеон ҳаст, мехонд.

Дар тӯли тақрибан панҷоҳ соли фаъолияти овозхониаш теъдоди таронаҳояш аз сарҳади дусад тарона убур намекунад. Дар муқоиса бо дигар овозхонҳо ва оҳангсозон чандон сермаҳсул набуд. Кам мехонду хуб мехонд. Вале ҳар як таронаи хондаи ӯ мондагор аст. Ин таронаҳо ҳам аз ҷиҳати матн, оҳанг, тарзи иҷрои он дар дараҷаи баланди маслакӣ эҷод шудаанд.Зоҳир Ҳувайдо дар тамоми мавзӯҳо: ишқӣ лирикӣ, иҷтимоӣ, меҳан, панду ахлоқӣ тарона сурудааст. Вале васфи касеро ва ё соҳибмансаберо накардааст. Ҳунарашро сарфи ҷамъ кардани сарвати моддӣ ҳам нанамудааст. Таҳлилу омӯзиши таронаҳои Зоҳир Ҳувайдо худ як мактабу як достон аст.

Зоҳир Ҳувайдо ба ғайр аз овозхонӣ дар театр ва синамои Афғонистон чандин нақшҳои ҷолиберо иҷро кардаву аз худ хотираҳои некеро дар ин самт низ боқӣ гузоштааст.

Зоҳир Ҳувайдо дар дил орзуҳои зиёде мепарварид. Яке аз онҳо навиштани китобе дар бораи таърихи мусиқии муосири афғон ва дигаре рӯи сафҳа овардани ёддоштҳояш дар бораи дӯсти ҷавонмаргаш Аҳмад Зоҳири шаҳид буд. Мо намедонем, ки то кадом андоза ин орзуҳояш амалӣ шуданд. Вале медонем, ки фарзандонаш, Жолаву Ораш ва Алӣ, ки имрӯз дар ҳамон пайраҳаи падари бузургворашон гом мебардоранд, роҳи ӯро идома хоҳанд дод ва номбардорони падар хоҳанд буд…

Бале, ӯ рафт. Вале дар қалби алоқамандони садояш абадан ҳам Зоҳиру ҳам Ҳувайдо мемонад.



Шарҳҳо   

 
0 #6 Ахмад 09.03.2013 23:38
Саломи гарму чушон аз шахри Душанбе.Агар имконият дошта бошед суханхои байти Шох Шучоъ,Субхи дамиду руз шуд,ёри шабина хона рафт.дастраси мо мекардед.Ташаку ри бепоён!
 
 
+3 #5 Guest 07.04.2012 21:27
Бо арзи салом Дарвеши азиз, Овораи Диёр ва дигар муштариёни сомонаи Рузгор.Бо орзуи хушихову комёбихо дар рузгори хар яки Шумо ва хам ин Рузгори мову Шумо.
Матни таронаи "Ох чи хуш омади сафо карди, Чи ачаб шуд, ки ёди мо карди" моли шоири маъруфи Эрон Эрач Мирзо мебошад.Оханги онро худи Ахмад Зохир сохтааст. Ахмад Зохир ин сурудро бо каме тафовут ду маротиба сабт кардааст. Бори аввал соли 1976 дар радиои Кобул ва маротибаи дуввум дар студияи "Афгонмузик" соли 1977 (Албоми 10 -"Ёри бевафо"). Аз дах байти газали Эрач Мирзо Ахмад Зохир дар ду вариант панч байти зеринро истифода кардааст:
Ох, чи хуш омади, сафо карди!
Чи ачаб шуд, ки ёди мо карди!
Аз чи пахлў сахар буланд шуди?
Ки тафаќќуд бар бенаво карди!
Офтоб аз кадом самт дамид?
Ки ту имрўз ёди мо карди?
Бевафои магар чи айбе дошт?
Ки пушаймон шуди, вафо карди!
Бо ту хеч ошти нахохам кард,
Аз хамон рах, ки омади, баргард.
 
 
+3 #4 Guest 07.04.2012 14:19
Салом ба кулли хонандаву бинанда ва шунавандаи Сомонаи "Рузгор". Дуогуи он хастем, ки Худованд зиндагии хамаи мову шуморо мисли "Рузгор" рузгори хуб насиб карда бошад. Ташаккур ба кормандони сомонаи "Рузгор"....... ..
 
 
+5 #3 Guest 06.04.2012 23:04
Ба чавоби суолам аз Шумо миннатдорам!
Маъзарат, ки даст дода... .
Пиромуни охангу матни зебои "Oh, сhi khush omadi, safo kardi!" каме маълумот гар менавиштед... ?
Бо эхтиром!
 
 
+4 #2 Guest 05.04.2012 18:07
Ташаккур Дарвеши азиз, барои алокаманди ва вокунишхои зебоятон ба маводхои сомонаи мо.
Акнун посух ба суолатон. Матни суруди зебои "Зи санг нест калби ман, биё ки об мешавад"-ро Ахмадшох Азхари Файзбор навиштааст. Уро бештар хамчун Ахмадшохи Азхар мешиносанд. Аз Газна, аз мулки Саноии бузург аст.Соли 1975 вафот кардааст. Мутаассифона, китоби ашъорашро натавонистааст, ки ба чоп бирасонад. Мегуянд охангсоз низ будааст. Вале дар таснифсоз буданаш, яъне таронасаро буданаш шакку шубха нест.Ба гуфтае матни аввалин сурудеро, ки Ахмад Зохири нотакрор дар радиои Кобул сабт кардааст, яъне "Гар куни як наззора мезебад, мезебад"-ро У навиштааст. Матни таронахои дигари Ахмад Зохир "Агар бахор биёяд, таронахо хохам хонд", "Бевафо ёрам, карда гам борам" моли Ахмадшохи Азхар мебошанд. Ахмадшохи Азхар барои дигар овозхонхои Афгонистон, аз кабили Хонум Жило, Шамсиддин Масрур, устод Хамоханг ва гайра низ тасниф навиштааст.Руха шро Худованди бузург шод бигардонад.
Бо эхтиром Султони Хамад.
 
 
+3 #1 Guest 04.04.2012 16:47
Рухаш шод бод!
Ташаккур ба Султони Хамад!
Як суоле дорам:
суруди зеботарин "Зи санг нест калби ман", ки Зохир Хувайдо ва Ахмад Зохир бо чозибаи нотакрор хар ду мехонданд, ба калами ки таалук дорад?
Сипосгузорам!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi