Ёди рӯзгори ширин
«АҲМАД ЗОҲИР ВА СЕРГЕЙ ЕСЕНИН»
«Гарм мо ба гарди домани марде намерасем,
Шояд, ки гарди домани марде ба мо расад».
(Ба хотираи ҷовидонаи ин ду шахсияти бузург ва ҳунармандони соҳаи фарҳанг,синамо,адибон ,рӯзноманигорони Тоҷикистони азиз ,ки ҷони худро дар ду соли охир бар асари бемории «Ковид-19» бохтаанд бахшида мешавад).
Дар ин мақола сухан дар бораи ду шахсият, ду абармарди фарҳангию адабии асри ХХ , ки яке бо навиштану дигаре бо овозхонии худ ҷаҳонгир шудаанд ва муттассифона зиндагиро чун шиҳобпорае, ки лаҳзае медурахшаду зуд нопадид мешавад хоҳад рафт. Ин шахсиятҳои бузурги олами фарҳангӣ, ки зиндагии дардолуд ва саранҷоми пурфоҷиаашон ба ҳам шабеҳ аст яке овозхони маъруфи Шарқ ва хосатан мардуми порсизабон Аҳмади Зоҳир ва дигаре шоири маъруфи рус Сергей Есенин ҳастанд.
Хонандаи закитабъи ман хуб медонад, ки камина дар мақолаи худ «Аҳмад Зоҳир, Султони Ҳамад ва дигарон...» дар соли 2021 қайд намуда будам, ки ҳаёту мамоти ин ду нобиға ба ҳамдигар бисёр монанд аст ва ваъда дода будам, ки дар ин хусус мақолае хоҳам навишт.
Аз ин рӯ дар ин фурсат навиштаҳои ночизи худро барои хонандагон, дустдорони ҳунару истеъдоди фавқулъоддаи Аҳмад Зоҳир ва Сергей Есенин пешниҳод менамоям.
Бояд гуфт, ки дар адабиёти асри ХХ-и шӯравии рус Сергей Есенин шоири навпардозест, ки бо истеъдоди волои шоирии худ дили мардумро ба ваҷ овардаву бо навгониҳои хеш дар шеъри муосири рус инқилоберо ба вуҷуд овардааст. Ин шоири маъруфи рус соли 1895 дар деҳаи Константиновои губернияи Рязан дида ба олам кушодааст.Падару модараш аз фарзандони оддии деҳотии рус буданд.Сергей Есенин замони кӯдакӣ ба шеър гуфтан оғоз карда , бо ин шеъргӯии худ ҳамдеҳагонашро ба шигифт меовард.
Ноқилони осору рӯзгори Есенин менависанд, ки он шеъреро, ки ин шоири мактаббача бадеҳатан пагоҳӣ ба забон мебаровард, то бегоҳӣ аллакай фарогири ҳама деҳа, фарогири ҳама кулбаи деҳотиён мешуд.
Аз ҳамон замон дар ҳаракатҳои ин бачаи деҳотӣ бешаку шубҳа як аъмоли ғайриоддӣ, як истеъдоди худовандӣ ба назар мерасид. Ҳис мешуд, ки ин наврас, як истеъдоди бузурги табиие дорад, ки он дар дигарон нопайдост. Он истеъдоди худовандии дар ин наврас пайдогашта, тавонист дар оянда ӯро ба шоири маъруфтарини Руссияи асри пор табдил диҳад.
Аввалин чакидаҳои хомаи ин шоири навраси деҳотӣ пеш аз саршавии ҷанги якуми ҷаҳон дар нашрияҳои даврии русиягӣ пайдо гашта, аз ба майдони адаб баромадани як шоири оянда хеле тавоно гувоҳӣ медоданд.
Дере нагузашта ин шоири худрӯй , ки асосан устоде надошт ва шеърҳои ҳаваскорона менавишту гоҳ-гоҳе онҳоро аз назари омӯзгорони мактаби деҳа мегузаронид, мақсади илмомӯзӣ ва гирифтани касбро ба худ ихтиёр менамояд. Ӯ озими шаҳри Петроград (Сакт-Петербург) мешавад.
Фақру бенавоӣ ва то андозае деҳотӣ будану надоштани роҳнамое, ки ӯро ба долонҳои донишгоҳҳои Петроград Москва барад, ахиран Сергейи ҷавонро чун ҳуруфчин ба матбаае дар шаҳри Санкт-Петербург мебарад ва он ҷо низ шеърҳои ӯ дар нашрияҳои даврӣ чоп мешаванд. Навиштаҳои Сергей Есенин ба зудӣ дар дилу дидаҳои мардуми адабпарвари Руссия ҷой ва мавқеъ пайдо менамоянд.
Шоир бо навпардозиҳои худ дар шеъри русӣ навовариҳои зиёде дохил карда, дар муддати кӯтоҳ ба яке аз шоирони маҳбуби рус, ки ахиран шӯҳрати офоқ гардид табдил меёбад.
Ашъори Сергей Есенин бо соддагӣ, хушбаёнӣ, нафисию зебоӣ,савти мусиқавии худ чун марвориду забарҷад тобишу таровате доштанд ва қалби мардумро ба шӯру шавқ меоварданд. Есенин шоири деҳотиасл аст ва ҳаёти деҳотиёну ҷангалзори рус дар ашъораш мавқеи махсус дорад.
Шоир бар замми ин аз ашъори шоирони форс чун Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём маъво гирифтааст ва бесабаб нест, ки шаш маротиба кӯшиши сафари Эрон, бахусус Шероз намудааст. Ашъори ӯ бо номи «Савтҳои форсӣ» дар доираи адабии Руссия шӯру шавқи беандозаеро ба вуҷуд овард.
Тарҷумаҳои ин «Савтҳои форсӣ»дар кишварҳои форсизабон чун Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ху қабул гашта, дар қатори Гёте ва Пушкин ӯ шоири маҳбуби мардуми порсизабон гашт.
Есенин шоири лирик аст ва ашъори ӯ бо савтиёти махсуси мусиқӣ, нафисию нозукӣ ва зебогӣ, хонанда ва хосатан овозхонону бастакоронро ҳамон давраҳои фаъолияташ зуд ба худ ҷалб мекард. Бесабаб нест, ки ашъори ӯ аз ҷониби чанд насли бастакорону сарояндагони рус корбаст ва суруда мешаванд.
Шоир табиатан инсони зебо, ҳунарманд буд ва асбобҳои мусиқи мисли гитор ва талянка(як нав асбоби мусиқии русӣ аз намуди гармон)-ро низ хуб менавохту суруд низ мехонд.
Шоири озодагӯй ва то андозае шартакигӯй низ буд, ки дар он замони таҳаввулотҳои бузург, инқилобҳои февралӣ ва октябрии соли 1917, ҷанги шаҳрвандии солҳо 1918-1921, на ба ҳар кас, хосатан сурхҳо ва сафедҳо чунин амали озодани ӯ маъқул мешуданд (гарчанде, ки ҳам сафедҳо ва ҳам сурхҳо ӯро барои истеъдоди баланди шоириаш қадр мекарданд.)
Есенин табиатан одами зиндадил, меҳрубон, дилсӯз ва фарди хело оддӣ буда, дар ҷомеъаи он замон рафиқони зиёд ва обрӯи баланде доштааст. Ба ин шоири навпардозу зебо, хонумҳои зиёде ошиқ мешуданд ва ӯ чанд маротиба оиладор шудаву аз ду завҷаҳояш бо сабабҳои гуногун ҷудо гаштааст.
Зиндагонии озодонаи шоир асосан бо навиштаҳое то андозае рӯи росташ хотираи ҳам ҳукумати Руссияи подшоҳӣ ва ҳам ҳукумати болшевикии шӯравиро низ гоҳ-гоҳе ба ташвиш меовард, лекин ба ҳар ҳол баъди инқилоб ҳукумати болшевикии вақт ба ӯ эҳтиром мегузошт ва милитсионерҳо чандин маротиба ӯро баъди боданӯшию хархашааш дар тарабхонаҳо ҷавоб дода ва ё ба хонааш бурдаанд.
Ӯ низ мисли шоирони дигари насли инқилобӣ чун Маяковский, Багритский ва дигарон ашъори инқилобие чун достонҳои чун «Ленин», «Достони 36» ва ғайраҳоро навиштааст, лекин ба ҳар ҳол барои ҳукумати инқилобӣ, ӯ бо озодии баён ва тарзи зисташ то андозае бегона боқӣ мемонад.
Сергей Есенин моҳи декабри соли 1925 дар меҳмонхонаи Санк-Петербург худро ба дор овехта ба ҳалокат мерасонад. Навиштаҳо ва филмномаҳо оиди куштори ӯ мавҷуд ҳастанд. Тибқи баъзе аз сарчашмаҳо шоир тарафи ҳукумати болшевикӣ, чун «шахсияти ҳукуматро ба чолишкашанда ва шубҳаовар» гӯё ба қатл расонида шудааст.
Зиёда аз 96 сол боз сари муаммои аз тарафи, кӣ ва чаро куштани ӯ баҳсҳо давом дорад. Агарчанде, ки тибқи маълумотҳои расмӣ ва ҷои азназаргузаронӣ маълум ҳаст,ки ӯ даст ба худкушӣ задааст, лекин мухлисонаш бар он боваранд, ки ӯ худро накуштаву аз ҷониби ҳукумати вақти болшевикӣ кушта шудааст ва барои ин далелҳои сершумореро низ пеш меоранд.
Баъди вафоташ номи Сергей Есенин бо ашъори баландмазмунаш дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷи кишвар бисёр машҳур гашт ва бо номаш садҳо кӯчаву хиёбон, театру кинотеатр, шаҳраку деҳот гузошта шудааст. Донишгоҳи давлатии шаҳри Рязан номи ӯро дорад. Ҳамасола Рӯзи Есенин бо тантана ҷашн гирифта шуда, ба номаш медали тиллоӣ ва мукофоти байналмилалии адабӣ таъсис дода шудааст.
Ашъори лирикии ӯро хонандаи ҷавони рус ва дигар миллатҳо аз ҷумла тоҷикон имрӯз низ бо завқ мехонанд. Аз ашъори ӯ бастакорону овозхонони рус мисли В.Лопатов, В.Козин, Ю.Гуляев, М.Магамаев, В.Висотский, Л.Зикина ва миллатҳои дигар , хосатан мардуми собиқ Иттиҳоди Шуравӣ истифода намуда оҳанг баставу сароидаанд ва ин амал аминам, ки оянда низ давом хоҳад кард.
Дар ҳамин асос агар мо ба ҳаёту фаъолияти Алмоси Шарқ- Аҳмади Зоҳир назар афканему ҳаёту фаъолияти ӯро бо Сергей Есенин муқоиса намоем хоҳем дид, ки ҳаёту фаъолияти ин истеъдодҳои худруй ва модарзодӣ ба таври шигифтаангез ба ҳам монандӣ доранд.
Аҳмад Зоҳири бузург низ аз замони наврасӣ ба эҷоди мусиқӣ дода шуда, аз аввалин фаъолияти эҷодию таронасарои худ маҳбуби дилҳо гашта буд. Ӯ низ мисли Сергей Есенин маълумоти олӣ нагирифта, гули худрӯй ва хушбӯи олами адабу фарҳанги ҷаҳонӣ мисли ин шоири бузург гардид.
Тибқи навиштаи ҳолдонҳо аз ҷумла хотираҳои устод Ҷурабек Назрӣ,шоира Меҳринисо,устоди зиндаёд Султони Ҳамад ва дигарон Аҳмад Зоҳир ҷавони зебо, меҳрубон, дилсӯз, некбин ва худотарсе будааст. Ҳамаи ин хислатҳо дар ҳаёту зиндагии Есенин низ ҷой дошт.
Аҳмад Зоҳир як шахси хоксор ва худотарсе буда, ки аз сурудаҳояш аз ашъори малакутии Мавлои Балх, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон бӯи худованд меомад. Ӯ фақирпараст буд ва дар маҳфилҳои мардуми оддӣ бе ягон гуфтугӯ иштирок ва баромад мекард. Дасти бечорагонро мегирифт, ки дар ин хусус навиштаҳои устод Султони Ҳамад,хоҳарбузурги устод Аҳмад Зоҳир ва дигарон дар равоқи таърих ба ёдгор мондаанд.
Сергей Есенини бузург низ дар доираи дӯстони деҳотӣ ва шаҳрии худ ҷою мақоме дошт ва ҳаргиз ин шоир аз онҳое, ки аз байни қишри оддии ҷамъият баромадаанд рӯй натофта , то охири умр низ бо деҳотиёни азизи худ мукотиба дошт ва аз онҳо дар канор намонда буд. Ӯ низ муноҷот ва навиштаҳое чун суруду нолаҳои Аҳмад Зоҳир дорад.
Ба Аҳмад Зоҳиру истеъдоди худовандии ӯ ҳама вақт бонувони зебо ошиқ мешуданд ва чунин амалро нисбати шоири маъруфи лирики рус Сергей Есенин метавон ба мушоҳида гирифт.
Ҳарду ҳам дар зиндагию издивоҷ то андозае номуваффақ бар асари ҷудошавӣ низ буданд.Сергей Есенин якчанд маротиба издивоҷ намудаву аз се издивоҷ соҳиби 4 фарзанд (3 писар ва 1 духтар), Аҳмад Зоҳир бошад ду маротиба издивоҷ кардаву соҳиби 3 фарзанд(2 писар ва 1 духтар) гашта буданд.
Ҳам дар сурудҳою оҳангҳои нафиси эҷодкардаи Аҳмад Зоҳир ва ҳам дар ашъори Сергей Есенин мавзӯи ошиқӣ, ищқу муҳаббат ва зебоӣ ҷою мавқеи хосаи худро доранд.
Масалан, Аҳмад Зоҳир ҷое ин таронаро бо оҳанги Найнавоз чи хуш месарояд:
Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту,
Сина чок-чокам ман ҳамчу Каҳкашон бе ту.
Шишаҳо ҳама холӣ,созҳо ҳама хомӯш,
Бенамак бувад имшаб, базми ошиқон бе ту.
Сергей Есенин бошад дар шеъри ошиқонаи худ чунин менигорад:
Акнун ба хаёли ишқи дерин,
Ман менигарам ба ширмаҳтоб,
Меҷӯямат аз хаёли ғамгин,
Мебинамат аз даричаи хоб.
Ё ҷои дигаре Аҳмад Зоҳир чунин суруди хазини ошиқонаеро аз эҷодиёти шоир Хушанги Соя вобаста ба ҷудоии ногузири ошиқон бо ханҷари довудии хеш аз гулӯ сар медиҳад:
Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш медиҳӣ,
Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ.
Дастам намерасад, ки дар оғуш гирамат,
Эй моҳ ,бо кӣ даст дар оғуш мекунӣ?
Есенин бошад ба ин маънии ҷудоӣ аз ёр ,шеъри хуберо иншо намудааст:
Ба ёдам ҳаст мегуфтӣ ту бо ман:
«Замони ишқварзӣ бигзарад чун,
Фаромӯшам кунӣ шояд тамоман,
Ба ёди дигаре гардида Маҷнун».
Ҳамчунин мавзӯъи ишқи сӯзони Ватан дар сурудаҳои Аҳмад Зоҳир ва ашъори Сергей Есенин баланд садо дода, мавқеъи хосе низ дорад.
Сари ин мавзӯъ овардани шеъри ҷонсӯзи устод Лоҳутӣ «Мейҳан, эй мейҳан», ки аз тарафи Аҳмад Зоҳири хушному хушовоз бо маҳорати том сароида шудааст кофӣ хоҳад буд:
Танида тору пудам дар ёди ту мейҳан ,эй меҳан,
Бувад лабрез аз ишқат вуҷудам мейҳан, эй меҳан!
Сергей Есенин низ дар ашъораш пайваста аз сарзамини бекаронаи Руссия, ҷангалзорҳои коҷдору осмони софу беғуборӣ он бо меҳру муҳаббати бандоза пайваста ёдоварӣ менамояд:
Масалан, ӯ доири ин мавзӯъ чунин менигорад:
Ҳавои Рус боронист,
Заминаш бӯи каҳ дорад.
Ман аз рӯзаш намегӯям,
Шабаш як пора маҳ дорад.
Умуман ашъори Сергей Есенин дорои мавзӯъҳои гуногуни ҳаётӣ, иҷтимоӣ, ирфонӣ, ишқӣ, ватандӯстӣ ва ғайраҳо мебошад.Дар ашъору сурудаҳои ин ду нобиғаи ҷаҳонӣ яъсу ноумедӣ, дарду доғу фиғон аз дурию фироқ, проблемаҳои вазъи иҷтимоии ҷомеъа, мавзӯъи модари мушфиқ низ равшан ба назар мерасанд.
Масалан, Аҳмади Зоҳир месарояд:
Ман нагӯям,ки маро аз қафас озод кунед,
Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.
………….
Ошёни мани бечора агар сӯхт, чӣбок!
Фикри вайрон шудани хонаи сайёд кунед.
Сергей Есенин бошад чунин мисраҳоро эҷод мекунад:
Тахтадузе наяму ҷоҳили одамбезор,
Назадам тир ба зиндонии беболу паре.
Ман фақат як сабуки кӯчагии ҳарҷогард,
Во кунам лаб ба табассум сӯи ҳар раҳгузаре.
Мавзӯъи модар ва ҷудои аз модари мушфиқ ҳама вақт дар эҷодиёти ин нобиғагон нақши муайяни худро доштааст.
Аҳмад Зоҳир нисбати даргузашти модари азизи худ таронаи ҷонгудозеро бо оҳанги дилпоракунандаи худ эҷод намуда месарояд:
Бинозам қалбипокат, модариман,
Бигардам даври хокат, модари ман!
Сияҳшудрӯзгориман, сияҳшуд,
Худоё, модарам аз ман ҷудошуд.
Ҷои дигар бар марги ҷонсӯзи модар чунин навҳасароӣ мекунад:
Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ,
Модари ман, ахтари ман, гавҳариман, бозбамандеҳ,
Модари нозпарвари ман боз ба ман деҳ.
Мавзӯъи модари меҳрубон чуноне, ки аз ашъори Сергей Есенин бармеояд ҳеҷ гоҳ аз ӯ дур набудааст ва ӯ низ барои модари худ чун шамъ месӯхтаст. Чунончӣ,
Субҳ ояд боз аз дунболи субҳ,
Гӯиё ҷавдор дорад ранги дуд.
Ин замон ,эй модари ранҷури ман,
Дар дилу дар дидаам ёди ту буд.
Ё дар шеъри «Мактуб ба модар» шоир чунин гуфтааст:
Зиндаи то ба ҳанӯз эй кампир?
Ман дуогӯи сари сахти туям.
Дар ҳама рӯи ҷаҳони дилгир,
Ҷуз хайёли ту надорам ҳамдам.
Дар шеъри «Ҷавоб» бошад шоир ба модар чунин муроҷиат намудааст:
Модари ҷон!
Чун бихобӣ дар миёни барфбод?
Аз гулӯи лола ояд
Ҳар нафас фарёду афғон!
Чи тавре,ки гуфтем Сергей Есенин асбобҳои мусиқи мисли гитор, талянка ва дигар асбобҳои мусиқии русиро навохта ва суруд низ мехонд ва бесабаб нест,ки дар ашъораш аз асбобҳои мусиқӣ низ ёд намудааст.
Масалан, дар як шеъраш менигорад:
Талянка нола дорад, менолад аз ҷудоӣ,
Зирфуни ман куҷоӣ? Зирфуни ман куҷоӣ?
Талянка мекашидам ман ҳам ба шомгоҳон,
Ҳангоми навҷавонӣ дар давраи ҷавонон.
Ё дар шеъри «Руси даргузар» минигорад:
Эй гитори дилнавоз,
Бонг зан , гулбонг зан!
Ба ин маъно Аҳмад Зоҳир, ин сарояндаи бузург мутриби хушнавозе низ буд ва асбобҳои гуногуни мусиқирои мисли гитор, аккордеон, фоемма, кларнет, синтизатор ва ғайраро низ моҳирона навохта метавонист.
Дар сурдҳои сароидааш низ аз асбобҳои мусиқӣ махсусан най ёдоварӣ намудааст. Чунончӣ, шеъри зеринро бо оҳанги мағруб хуш сароидааст, ки имрӯз маҳбуби дилҳост:
Ман найнавозам, най менавозам,
Шабҳои маҳтоб най менавозам!
Ё ҷои дигар месарояд:
Ҳамчу най менолам аз савдои дил,
Оташе дар сина дорам ҷойи дил!
Таронаҳои то андозае яъсу ноумедӣ ва норозигӣ аз ҷомеъаи давр дар эҷоди ҳар ду ба назар мерасад. Сергей Есенин аз кишвари болшевикии шуравӣ, Аҳмад Зоҳир аз кишвари инқилобию коммунистии Афғонистон то андозае норозӣ низ буданд. Чӣ монандии ҳайратоваре!
Монандии зиёди онҳо дар гуфтор, рафтор, зиндагӣ, ки барои ҳокимиятҳои нави ба сари қудрат омадаи Руссияи Шуравӣ ва Афғонистони коммунистӣ шахсиятҳои то андозае шубҳаовар метофтанд низ ба назар мерасад. Чун ҳар ду дар замони хеш маҳбуби халқ буданд ва бо ибораи дигар халқ онҳоро мепарастид , нисбаташон ҳукуматдрони вақт то давраи муайян чизе гуфта наметавонистанд. Ин ҷо низ монандиҳои хело зиёд дар ҳаёту фаъолияти ин ду нобиғаи даврон зиёд ба чашм мерасад.
Бояд гуфт, ки онҳо низ чун фарди ҷомеъаи худ аз навгониҳою табадулотҳои ҷомеъа дар канор набуданд. Шоир Сергей Есенин бо номи «Ленин» достон навиштааст ва достони инқилобии «Достони 36» ва дигар навиштаҳо низ оиди инқилоб моли ӯянд.Чунончӣ,дар достони «Ленин» шоир менигорад:
Мекунанд бовар,ки «Ленин мурдааст»?
Ҳеҷ гаҳ! Ҳарчанд дил озурдааст.
Дар раҳи Ленин вафодорӣ кунанд,
Кори ӯро дар амал ҷорӣ кунанд…
Ба ҳамин монанд Аҳмад Зоҳир низ замони табадуллоту сарнагун гаштани Муҳаммад Зоҳиршоҳу тахти шоҳии ӯ ва ҷумҳурӣ эълом гаштани Афғонистонро хуш қабул кардаву онро фоли неке барои ояндаи кишвараш медонист(гарчанде, ки баъдан ба амалкарди Муҳаммад Довудшоҳ дар давлатдорӣ сахт изҳори норизоӣ мекард) ва дар он давраи дури соли 1973, замони ҷумҳурӣ эълон гаштани Афғонистон таронаеро ба ин муносибат бо рағбат месуруд.
Чунончӣ,
«Муборак, муборак,
Ҷумҳурии мо муборак»!
Ё худ сурудаи дигари машҳуре дорад:
«Шодӣ кунед ай дӯстон, ман шодаму осудаам,
Бӯи ҷавонӣ бишнавед дар пайкари осудаам».
Инҷо низ вобаста ба вазъи инқилоби Саври соли 1978 ин тарона пайдо гаштааст.
Бояд гуфт,ки Аҳмад Зоҳир ба худованди ҳамабин ихлоси тамоме дошт ва аслан бештари сурудаҳои ӯ ба худованди яккаву ягона бахшида шудаанд ва дар ин хусус устод Султони Ҳамаду дигарон зиёд гуфтанду навиштаанд.
Чунончӣ Аҳмад Зоҳир ҷое ғазали бону Симини Беҳбаҳониро чи хуш мехонад:
Аз тангнои маҳбаси торикӣ,
Аз мунҷалоби тираи ин дунё.
Бонги пур аз ниёзи маро бишнав,
Ох, эй Худои қодири беҳамто.
Ё ҷои дигар аз ашъори малакутии Мавлои Балх месарояд:
Рав, сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун,
Тарки мани хароби шабгарди мубтало кун.
Моему мавҷи савдо, шаб то ба рӯз танҳо,
Хоҳӣ, биё бубахшо, хоҳӣ бирав ҷафо кун!
Дар ҳамин асос шоир Сергей Есенин низ ҳеҷ гоҳ аттеист набудаву аз худованд низ ёд намудааст(гарчанде замони шӯравӣ ин масъаларо зиёд нодида мегирифтанд).Чуночӣ,
Дар қади пасткӯчаҳои Маскав,
Ё худо маргам муқаррар кардааст.
Ё ҷои дигар менависад:
Аз калисо ба замин мерезад,
Сояи тираи ҳузновари шом.
Он чиз шигифтаангез ҳаст,ки ҳарду ҳам дар бораи марги дар пешистодаи худ тарона сароидаанд.
Масалан, Сергей Есенин навиштае дорад:
Хуб донам, ки қариб аст, қариб,
На ба ҷурми ману на ба ҷурми дигаре,
Биравам ба буни девори мазор,
Сар ниҳам дар қабати хоки таре.
Аҳмад Зоҳир бошад, чанде пештар аз марги фоҷиавияш таронаи пурсӯзу гудози Фурӯғи Фарухзодро сароидааст:
Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид,
Дар баҳори ори аз авмоҷи нур.
Оҳ шояд ошиқонам нимашаб,
Гул ба рӯи гӯри ғамнокам ниҳанд.
Бояд гуфт,ки ин ҳарду симоҳои барҷастаи ҷаҳонии фарҳанг ва адаб ошиқи зебоию зебопарстӣ буданд ва фасли баҳор, фасли зебои худовандӣ, арӯси солро ба ҷон мепарастиданд ва дар эҷодиёташон низ ин мавзӯъ ҷою мавқеъи осаи худро дорад.
Сергей Есенин дар шеъри «Баҳор» менигорад:
Пас ба сар каш, эй дили ман,
Атри гулҳои баҳорон!
Завқ кун
Бо шеърҳои тозаву тар!
Аҳмад Зоҳир бошад чи хуш сароидааст:
Агар баҳор биёяд , таронаҳо хоҳам хонд,
Таронаҳои хуби ошиқона хоҳам хонд.
Мавзӯъи маю майгусорӣ низ дар эҷодиёти ин шахсиятҳои фаромиллӣ зиёд ба чашм мерасад(агарчанде,ки майю майгусории Аҳмад Зоҳир дар бисёр ҳолатҳо аз навиштаҳои ирфонии шоирони орифи адабиёти клссикии форсӣ сарчашма гирифтаву маънои болотару волотар ва рӯҳониро дар худ доро мебошанд).
Сергей Есенин, ки дар зиндагӣ дар ҳакиқат ба маю майгусорӣ рағбати зиёде дошт дар ин хусус зиёд навиштаҳо дорад.
Чунончӣ,дар шеъри «Мактуб ба модар» менависад.
Сари худро гирифта
Рафти аз хона
Ба майхона,
Ба гирдоби хумори май…
Ба ин монанд дар шеъри «Руси даргузар» менависад:
Хуб донам,
Ҳасратамро май натвон чора кард.
Тарки май ҳам
Ҳифз нанмояд диламро аз завол.
Аҳмад Зоҳир низ бо истифодаи ибораҳои «маю майгусорӣ» таронаҳои дилчасперо сурудааст.Чунончӣ,аз ашъори малакутии Мавлои Балх,ки инҷо маю магусорӣ комилан дигар маънӣ дорад сурудааст.
Ман масту ту девона ,моро кӣ барад хона,
Кам зан ду се паймона.
Ҷойи дигаре шеъри Шоҳвалӣ Валии Таронасозро бо оҳанги ӯ чи хуш сароидааст:
Имшаб харобам соқӣ,
Пур тобу табам соқӣ,
Пур кун ба дасти худат,
Ҷоми шаробам соқӣ.
Масъалаи муроҷиат ба шахсияти худ, дар навиштаи Сергей Есенин ба чашм мерасад.Чунончӣ,
Кистам, ман чистам?
Орзупарвар,хаёлӣ.
Костам дар торикистон нурҳои чашми худ.
Сарф кардам зиндагиро бо ҳама дар маридаш,
Сарф кардам бо ҳама ҳарчи маро буду набуд.
Аҳмад Зоҳир бошад ба ҳамин монанд таронаи мағруберо бо оҳанги дилнишине месарояд:
Кистам ман?- Раҳнавард,овораву девонае,
Доғи Маҷнунам, зи дасти бекасӣ афсонае.
Не қабули зоҳидам ман, зи пири майфурӯш,
Не ба масҷид роҳ доданд, не дар он майхонае
Ҳар ду ҳам дар даврони ҷавонӣ, марзҳои кишварҳои худро убур намудаву машҳур гардида буданд.
Ҳар ду ҳам яке 30 ва дигаре 33 сол умр дидаанд.Шӯҳрати ҳардуи онҳо баъди марг ҳазорон бор боло рафт. Навишта ва сурудаҳои ҳар ду ҳам ба таври ҳайратовар аз насл ба насл мегузаранд ва эҷодиёти онҳо ҳама давраҳо маҳбубу мӯди охирин барои наслҳои ҷавон будааст(аминам,ки оянда низ чунин хоҳад буд).
Аҳмад Зоҳир бо сеҳри овозхонии худ мавқеъу манзалати забони порсиро ба дуриҳои дур ва хело боло бурд.Сергей Есенин бошад бо маҷмӯъаи «Савтҳои форсӣ»-и худ , ки ба бисёр забонҳои халқҳои ҷаҳон тарҷумаву нашр гаштаанд,дар тарғиби шеъри порсӣ,шоирони порсизабон ва тамадуни ин мардуми ориёитабор хизмати волоеро анҷом додааст.Бо иборае ҳарду ҳам дар саросари ҷаҳон дар тарғиби адабиёту фарҳанги мардуми порсизабон нақши мондагореро аз худ ба ҷой гузоштаанд.Инҷо низ монандии зиёди то андозае тааҷҷубовар ба назар мерасад!
Куштори ҳар ду ҳам далеҳои шубҳабарангези зиёдеро дар худ доро мебошанд. То имрӯз низи баҳсҳо сари ин фоҷиаҳо яке 96 сол ва дигаре 42 сол боз давом доранд , ки ин амал низ фикр мекунам, ки натиҷаи бузургии онҳост.
Меандешам, ки агар Аҳмад Зоҳир бо ашъори Есенин ва хосатан «Савтҳои форсӣ» шинос мешуд, ҳатман аз ин ашъор месуруд.
Ин буд чанд сатри банда оиди монандии ҳаёту фаъолияти ин ду ситораи ҳунару адабии ҷаҳонӣ, ин ду нури ҳама вақт равшантар аз рӯшноӣ.Шояд ин мақола таҷрибаи аввалини таҳлилӣ низ доири ин мавзӯъ бошад ва аз хонандагони азиз барои шитобзадагӣ ва осемасар тайёр намудани он маъзарат мехоҳам, чун доираи таҳлили ин мавзӯъ бисёр васеъ ҳаст, вале каминаи камтарин вақти камтарро бар асари корҳои хизматӣ дар ихтиёр дорад.
Умед мебандем, ки шояд тавониста бошем қадре ҳам бошад ҳаводрони ашъори Сергей Есенини бузург ва Аҳмад Зоҳири азизро бо ин навиштаҳои худ қадре низ шод намуда бошам.
Хотираи ин нобиғаҳои ҳама давру замонҳои башарият шод бошад.
Омин!
Варқаи Зайниддин, узви ИЖ ҶТ