Ёди рӯзгори ширин
«АҲМАД ЗОҲИР ВА ШОИРАҲО»
(ё истифодаи ашъори «хубони порсигӯ» дар иҷрои Алмоси Шарқ)
Ситораи тобони ҳунарии мардуми порсизабон Аҳмад Зоҳир дар тӯли умри кӯтоҳи худ, аз хеш мероси гаронбаҳое ба ёдгор мондааст. Ин мероси гаронбаҳо имрӯз на танҳо дар хонаи ҳар як форсизабону иронитабор, балки дар хонаи мардуми зиёди шарқ ва ҷаҳон танинандоз аст.
Мардум аз ҳунару овози ширадор ва форам, сурудаҳои ашъори шоирон бо мазмуни хело баланд ва оҳангҳои хело олӣ ва дилчасп дар ин асос эҷод гардида, зиёда аз 42 сол баъди вафоташ ва бо назардошти замони ҳаёташ ва маҳбубият пайдо намуданаш байни ҳамаи халқҳои форсизабону дигар мардумон зиёда аз 55 сол боз ғизои маънавӣ мебардоран. Соатҳо оромии рӯҳӣ меёбанд ва бо суруду оҳангҳои ӯ беш аз беш лаззат бардоштаву бо нерӯи нави созанда ва умедбахш аз қафои кору пайкори рӯзгори пурпечутоби хеш мегарданд.
Тибқи сарчашмаҳои зиёд, аз ҷумла тадқиқотҳои арзишманди дар Тоҷикистон анҷомдодаи устоди зиндаёд Султони Ҳамад, китобҳои шоири хушзавқ Исфандиёр, навиштаҳои адабиётшинос Раҷабалии Худоёрзода, тадқиқотҳо ва асарҳои дар Афғонистон, Эрон, Покистон ва дигар кишварҳо оиди ҳунари Аҳмад Зоҳир, ин булбули хушовози Хуросон бештар аз 500 шеърро аз на камтар аз 100 шоир дар оҳангҳои бастаи худ ва дигар бастакорони ватанию хориҷӣ сурудааст ва чӣ тавре, ки шодравон Султони Ҳамад дар навиштаҳояш нигоштааст,ин рақами охирин нест ва ҷустуҷӯю тадқиқотҳо оиди фаъолияти бекаронаи эҷодии Аҳмад Зоҳир дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Дар ин бобат ба фикри муҳаққиқи нозукбаён ва донишманди аҳмадзоҳиршиноси сатҳи ҷаҳонӣ сад дар сад мувофиқам.
Дар ин асос набояд фаромӯш кард, ки Аҳмад Зоҳир пеш аз ҳама овозхони мардумӣ буда ва ба ҳайси як овозхони ҳаваскор аз байни омма баромада буд ва то охир ҳамроҳи ин насли хело соҳибистеъдод, ганҷинаи тиллоии ҳунармандони ҳаваскори Афғонистон(чи тавре ,ки мегуфтанд амотурон) дар байни халқ буд. Ин гурӯҳ овозхонон аксар мавридҳо бар хилофи овозхонҳои ҳирфавӣ, соҳибкасб, ки дар хизмати давлатӣ ва табақаи болоии ҷомеъа қарор ва сарҳади муайяни баромади худро доштанд, аслан сарҳад надоштанд. Бо иборае соҳибихтиёр буданд. Ин гурӯҳ базмҳои хоси шоҳу гадоҳо, сағиру ҳам кабирро бемаҳдудиятгузорӣ ва фахри иззату пулу мол гарм мекарданд.
Ин амал бошад фикр мекунам, ки пеш аз ҳама хушбахтии порсизабонон аст, зеро Аҳмад Зоҳиру дигар ҳамтоёнаш дар як давраи начандон тӯлонӣ барои мардуми фарҳангдӯстдор аз худ захираи «Ганҷи Қорун»-ро ба ёдгор гузоштаву рафтанд. Бисёре аз сабтҳои Аҳмад Зоҳир аз шабнишиниҳо, маъракаҳои ёру дӯстон, маҳфилҳои рафиқони хеш, бо ҳамон як услуби мусиқии нобу рӯҳнавоз боқӣ мондаанд, ки дигар ба ӯ ва рафиқонаш даст надодааст, то ин оҳангу сурудҳоро дар радио ба таври касбӣ сабт кунанд. Аз ин рӯ чӣ қадар мулоқоту вохӯриҳо бо мардуми оддӣ, шиносону дӯстон анҷом додаву онҷо суруд хондаву сабти магнитофонию патефонӣ шудаанд ҳоло пурра ёфт нашудаанд.
То ҳол, ҳолатҳо ёфт шудани сабти чунин маҳфилҳои хосаю шабинишиниҳо ,ки онҳо сабт гаштаанд хушбахтона ҷой доранд ва иншоллоҳ идома хоҳанд ёфт.
Ҷое хонда будам, ки булбули кӯҳистони тоҷик, устод Акашарифи Ҷӯра шабе дар маҳфили дӯстон ончунон нағмапардозӣ ва сурудхониро бо оҳангҳои мағрубу навозиши сетори худ анҷом додааст, ки чунин оҳангу сурудҳоро дигар ягон иштирокчии он маҳфили оншаба нашунидаанд ва дар ҳақиқат низ ҳамин тавр ҳаст. Ин гунна ашхоси дар олами фарҳанг камшумул, гоҳ-гоҳе дар маҳфили дӯстон мурғи илҳомашон ба хурӯш меоянд, ки захираи маҳфуздоштаи мусиқии худро ошкор месозанд ва филфавр оҳанг месозанду месароянд! Онҳо бешак Рӯдакиҳои санъати даврони хешанд ,ки бадоҳатан оҳанг эҷоду суруд мехонданд!
Тибқи навиштаҳои муҳаққиқони маъруф аз ҷумла устодон Султон Ҳамад, Раҷабалӣ Худоёрзода, шоир Исфандиёр ва муҳақиқоне чун Муҳаммад Зоҳири Сипос, Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ Аҳмад Зоҳир ба шеърҳои зиёди шоирони гузашта ва имрӯзаи порсизабон оҳанг баставу сароидааст ё оҳангҳои дар ашъори ин шуаро бастаи оҳангсозонро навохтаву ашъори онҳоро сароидааст. Дар ин асос бояд гуфт, ки дар қатори шоирони бузурге чун Саъдии Шерозӣ, Бобо Тоҳир ,Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҳоҷӯи Кирмонӣ, Амирхусрави Деҳлавӣ, Мушфиқӣ, Бедил, Абулқосими Лоҳутӣ, Маликушшуаро Баҳор ва дигарон дар эҷоди Аҳмад Зоҳир нақши ашъори занон, бо ибораи дигар «хубони прсигӯ» низ мавқеи хосаро ишғол менамояд. Аз ин рӯ ба хонандаи азиз дар ин бора андак равшанӣ андохтаниям.
Маълум ҳаст, ки адабиёти пурғановати порси нав тӯли бештар аз ҳазору сесад сол идома дошта, дар ҷаҳони шеърофаринии башарият нақши мондагоре дорад. Дар ин асос боиси ифтихори мост,ки дар қатори мардони бузурги порсигӯ аз падарони шеъри порсӣ шурӯъ аз Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ то шоирони бузурги порсигӯи асри ХХ ба мисли Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Халиллулоҳ Халилӣ, Малик уш-Шуаро Баҳор,Нимо Юшич, Аҳмади Шомлу, Нодири Нодирпур , Зиё Қоризода , Мӯъмин Қаноъат ва шогирдони сершумори ӯ , ҳамчунин як зумра бонувони порсизабон низ нақши мондагори худро гузоштаанд. Дар ин радиф меарзад аз Робиъаи Балхиву Маҳастии Хуҷандиву Зебуннисо ва дигарон, ки аз қаъри асрҳову наслҳо доди суханро додаанд ва хушбахтона ин анъана имрӯз бо ашъори шоираҳое чун Парвини Эҳтисомӣ, Фурӯғ, Симин, Гулчеҳра, Гулрухсор, Ҳадиса, Шаҳрия, Меҳринисо, Фарзонабону ва дигарон низ давом дорад ёдовар шуд.
То ҷое ман хондаам ва шунидаам аз тарафи Аҳмад Зоҳир ашъори хеле баланду зебо ва нафиси шоираҳо, бо иборае «Хубони порсигӯ» мисли Фурӯғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ, Қурратулъайн Тоҳира(Фотимаи Заринтоҷ), Шайбонӣ Лӯъбати Воло, Мансураи Атобакӣ, Марями Маликиброҳимӣ ва дигарон бо оҳангҳои ҷаззоби хеш сароидааст. Сурудҳои онон дар байни хазинаи оҳангҳои Аҳмад Зоҳир мавқеъи хоса дошта, аз тарафи мардум бо қаноатмандӣ пазироӣ гардидаанд. Яке аз шоираҳое, ки навиштаҳояш ба гуфте дар долонҳои қароргоҳи ЮНЕСКО садо медоданд ашъори шоираи ҷавонмарги Эрон Фурӯғи Фаррухзод аст.
Ин шоира, шоираи дӯстдоштаи овони донишҷӯии банда ва фикр мекунам, ки ҳамаи ҷавонони солҳои 80-уми асри гузаштаи тоҷиктабор низ буд.
Тибқи бархе аз сарчашмаҳо Фурӯғ баъд аз устоди тавоно,шоири инқилобии Шарқ, устод Абулқосим Лоҳутӣ дар қатори он шоиронест, ки Аҳмад Зоҳир бо ханҷари довудии гулӯи худ ашъори зиёди ӯро бо маҳорати воло ва овози хосаи худ сароидааст. Сурудҳои«Дар баробари Худо»,«Видоъ»,«Даъват»,«Дидори талх»,«Шеъре барои ту», «Асир», «Ҳарҷоӣ», «Баъдҳо» ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд.
Фурӯғи Фаррухзод, ин шоираи машҳури Эрон соли 1935 ба дунё чашм кушодааст. Соли 1953 нахустин маҷмӯъаи шеърҳояш «Асир» чоп гашта, баъдан маҷмӯъаҳои «Девор», «Исён», «Таваллуди дигар»-ро ба табъ расондааст. Эҷодиёти Фурӯғ, дар назми порсизабонон бо андешаҳои тоза, навоварона ва ҷустуҷӯҳои ҷасуронаи як зан, як бонуи Шарқ таҳавуллотеро ба вуҷуд оварда ,номи ӯро дар Аврупо машҳур намудааст.
Фурӯғи Фаррухзод соли 1966 ҳангоме, ки ҳамагӣ 31 сол дошт, дар як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Ашъори ошиқона, пурмазмун,пурдард ва пурнафосати ин шоирабону солҳо боз диққати сарояндагони машҳурро ба худ кашидааст. Аз ин ҷазобияти ашъори малакутии Фурӯғ, Аҳмад Зоҳир низ дар канор намондааст. Хосатан, Аҳмад Зоҳир чанде пеш аз вафоташ шеъри пурдарди ӯро бо номи «Баъдҳо» худ оҳанг баставу бо як эҳсоси пурдард мехонад:
Марги ман рӯзе хоҳад расид,
Дар баҳори равшан аз амвоҷи нур.
...
Оҳ шояд ошиқонам нимашаб,
Гул ба рӯи гӯри ғамнокам ниҳанд.
Ба ин монанд шеъри «Видоъ»-и Фурӯғро низ Аҳмад Зоҳир оҳанги мағрубе баставу бо санъати олӣ иҷро намудааст:
Меравам хаставу афсурдаву зор,
Сӯи манзилгаҳи вайронаи хеш,
Ба худо мебарам аз шаҳри шумо,
Дили шӯридаву девонаи хеш.
Умуман тамоми ашъори аз шоира Фуруғ сароидаашро Аҳмад Зоҳир бо як назокати хоса ва пурсӯзу гудозу сахт таъсиргузор иҷро намудааст.
Ба назар чунин мерасад, ки аз нигоҳи равонӣ, зиндагӣ, дарду азобҳои инсонӣ ва ошиқона Фурӯғу Аҳмад Зоҳир бо ҳам хеле наздиканд. Чун ба зиндагиномаи онҳо назар меандозӣ, ин наздикиро бисёр хуб эҳсос менамоӣ. Марги онҳо қариб дар як синну сол, айёми шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданашон ва боз дар фоҷиаи нақлиётӣ (гарчанде Аҳмад Зоҳир кушта шудааст) қисмати онҳоро ба таври ҳайратафзо ба ҳам монанд мекунад.Меандешам, ки агар Аҳмад Зоҳир лоақал 5-6 соли дигар зинда мемонд, шояд доманаи сурудҳои ӯ бар ашъори Фурӯғ аз рақами 30-40 низ зиёд мешуд.Чун ашъори бисёр дилнавоз ва дардошною муваффақ барои Аҳмад Зоҳир дар китобҳои хонума Фаррухзод хело зиёданд. Танҳо ба гуфти омӯзгори равоншод ва ҷавонмарги тоҷик, педагоги навовар Давлатҷони Зайниддин, ки соли 1966 дар синни 32 солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфтааст: «Эй вақт! Эй вақти сарсахту умри зудгузар монеъа нашав то корамро иҷро кунам» ана ҳамин вақти сарсахту умри зудгузар барои хондану эҷоди мусиқӣ вобаста ба ашъори ин шоираи ҷавонмарг муттаасифона барои Аҳмад Зоҳир фурсат надод!
Шоирае, дигаре ,ки Аҳмад Зоҳир аз ӯ зиёд сурудааст, шоираи номвари тамоми мардуми порсизабон, шоирае, ки дар замонаш ду маротиба барои гирифтани мукофоти Нобелӣ пешниҳод гашта буд, Симини Беҳбаҳонӣ аст. Ин шоираи сеҳрмаҳсул, яке аз бузургтарин ғазалсароён байни бонувон, байни тамоми шоираҳои порсизабони асри ХХ ва ибтидои асри ХХIаст.
Бону Симин дар радифи шоироне, ки ғазалро такмил додаву навовариҳое бар он дохил намудааст ҷой гирифтааст. Мавсуф соли 1927 дар Теҳрон таваллуд гаштаву соли 2014 онҷо вафот кардааст(чӣ хушбахтӣ, ки то замони мо зиставу чӣ бадбахтӣ, ки мо ӯро дар Тоҷикистони азиз пазироӣ карда натавонистем)!
Нахустин маҷмӯъаи шеърҳои Симин «Се тори шикаста» соли 1951 чоп гаштааст. Баъдан маҷмӯъаҳои зиёде чун «Ҷойи пойи озодӣ» (соли 1956). «Чилчароғ» (соли 1957), «Мармар» (соли 1963), «Растохез» (соли 1973), «Хатте зи суръату оташ» (соли 1982), «Дашти аржанг» (соли 1984), «Як даричаи озодӣ» (соли 1996), «Яъне масалан, ин ки…» (соли 2000) ва ғайраҳоро интишор додааст.
Шеъри Симини Беҳбаҳонӣ, бахусус ғазалҳои навоваронаи ӯ таровату зебоии хос, хусусияти ирфонӣ ва фалсафии баланд доранд ва беҳтарин овозхонону бастакорони порсизабонро шефтаи худ чун ашъори Фурӯғ кардааанд.
Дар ин асос Аҳмад Зоҳири бузург бо он шеърфаҳмии басо волои худ аз нафаронест, ки аз ин «баҳри шаддаи марворидии халиҷи Порс», дар канор намонда, аз ашъори устод Симин низ беш аз 10 шеърро интихоб намуда, бар онҳо оҳангҳои марғуб бастааст. Аз ҷумла «Шароби нур» «Як доман гул», «Гули интизор», «Вафодор», «Доми фиреб», «Чӣ гӯям, ки ту худ бохабарӣ», «Осмон холист», «Биравед то бимонам», «Гуфтугӯ», «Нанги ошён» ва ғайраҳо ба ин мисол шуда метавонанд.
Масалан, Аҳмад Зоҳир шеъри «Шохаҳои оҳакӣ»-и ро худ оҳанги дилфиребе баставу хело таъсирбахш ва ҷонгудоз хондааст:
Вой ман беҳудаам,беҳудаам дар корҳо,
Оҳ ман афтодаам,афтода чун беморҳо.
...
Холиам, холитар аз як хоб ё аз як сукут,
Ай шумо, аз зиндагӣ лабрезҳо, саршорҳо!
Ӯ шахсан худаш ба шеъри «Гули интизор» оҳанги дилнишине баставу сароидаас ва имрӯз бисёр маъруф аст.
Чунончӣ,
Зи чӣ ҷавҳар офаридӣ дили доғдори моро,
Кӣ ҳазор лола пӯшад пас аз ин мазори моро?
Бояд гуфт, ки муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Ҷамолиддини Саидзода мақолаи хубе бо номи «Аҳмад Зоҳир ва Симини Беҳбаҳонӣ» навиштааст. Ин мақола шояд аввалин мақолаи таҳлилӣ дар кишвари мо оиди ҳамоҳангии ҳунари Аҳмад Зоҳир ва бону Симин низ бошад ва дӯстдорони каломи Симину ҳунари Аҳмад Зоҳир метавонанд аз он баҳра бардоранд.
Шоираи дигаре, ки аз ашъори ӯ Аҳмад Зоҳири зебопараст баҳра бурдаву сурудааст ин шоираи бузург Қуръатулъайн ё Тоҳира аст. Ин шоираи Эронӣ ,ки номи аслияш Фотимаи Зарринтоҷ ҳаст соли 1814 дар Теҳрон таваллуд шудаву соли 1852 дар айёми ҷавонӣ бар асари дигарандешии худ сари хешро ба бод додааст. Шоира дар таърихи Эрон ва умуман аҳли адабу сиёсати ҷаҳон бо андешаҳои озодихоҳии худ, ҳимояи ҳуқуқҳои зани дар ҷаҳолат истодаи ҷаҳон , шарқу ғарб (он замон зани ғарб низ зери истибдод қарор дошт)хело маъруф ҳаст.Ин зани хеле зебо,ҷасур, бонуи мушфиқу сиёсатмадору ҳуқуқдону ислоҳотхоҳ, шоираи хеле хуб низ буд.
Аз ашъори ин шоираи маъруф, ки бемуҳоббот диққати булбули шӯридаи Шарқ Аҳмад Зоҳирро ҷалб намудааст метавон шеъри «Ҳоли мурғи дил»-ро ки овозхон интихоб намудаву оҳанг баставу сароидааст ва ин суруд имрӯз маҳбуби ҳамагон гардидааст ва дар китоби шоири дӯстам Исфандиёри азиз «Як мушти шеъру як мушти оҳанг» ҷой дода шудааст ,ба ёд овард,ки чунин аст:
Хол ба кунҷи лаб яке турраи мушкфом ду,
Вой ба ҳоли мурғи дил,дона якеву дом ду.
Аҳмад Зоҳир ҳамчунон аз ашъори шоираи дигари эронӣ Шайбонӣ Лӯъбати Воло истифода кардааст. Лӯъбат соли 1932 дар Теҳрон таваллуд гаштаву ҳоло дар Лондон ҳаёт ба сар мебарад. Шеърҳои ин шоира чун ашъори Фурӯғу Симин, солҳои 50-уми асри гузашта дар Эрон чоп гаштаву маҳбуби умум шудаанд.Мавсуф муаллифи маҷмӯъаҳои «Рақси ёдҳо» соли 1956, «Гусаста» соли 1957, «Вақте ки хурӯс мехонад» соли 1964 ва ғайраҳо буда, ашъори баландмазмуну воломаънои озодихоҳонаю ҳимоя аз ҳуқуқи занон дорад.
Аҳмад Зоҳир ба шеъри Лӯъбати Воло «Нигоҳи мунтазир» оҳанги зебо офаридаву хуш сароидааст.Чунончӣ:
Гарчи чашми ту пайи бурдани дилҳост ҳанӯз,
Дидаи мунтазирам ғарқи таманност ҳанӯз!
Аҳмад Зоҳир инчунин аз шоираи маъруфи дигар Мансураи Атобакӣ(Зӯҳра) низ шеъреро бо оҳанги худ сароидааст.
Мансураи Атобакӣ, тахаллуси шоириаш Зӯҳра буда, соли 1922 дар шаҳри Теҳрон таваллуд гаштааст ва ба гуфти шоир Исфандиёр бештар аз ҳама ба мутолиаи осори Мавлои Балх, махсусан «Девони Шамси Табрезӣ» шавқи беандозае доштааст.Дар бораи ҳаёту фаъолияту маҷмӯъаҳои эҷодии ин шоира муттаасифона маводе дастрасам нагашт. Шеъри ин шоира, ки Аҳмад Зоҳир бар он оҳанг баставу хондааст «Бо ёди рӯи ту» ном дошта чунин аст:
«Танҳо тӯӣ, танҳо тӯӣ, дар хилвати танҳоиям,
Танҳо ту мехоҳӣ маро , бо ин ҳама расвоиям».
Тибқи навиштаҳои устод Султони Ҳамад, шоир Исфандиёр ва дигарон Аҳмад Зоҳир ҳамчунин аз шоираи иронӣ Марями Маликиброҳимӣ таронаи «Бигзор бигирям»-ро сароидааст.
Ин шеър ба шарофати оҳанги бастаи Аҳмад Зоҳир ва хониши ӯ бештар аз 40 сол боз байни мардуми порситабор хело машҳур аст.Он чунин аст:
Бигзор бигирям ману ману бигзор бигирям,
Бигзор дар ин нимашаби тор бигирям.
Дар мотами пажмурдаи гулҳои умедам,
Бигзор,ки чун абр ба гулзор бигириям.
Дар бораи ҳаёту эҷоди ин шоира муттасифона каминаи камтарин сарчашмаеро пайдо карда натавонист ва умед ҳаст, ки пажуҳишгарони осору эҷоди Аҳмад Зоҳир ба ин масъала дар оянда равшанӣ хоҳанд андохт.
Ба пиндори банда, агар андеша кунем, Аҳмад Зоҳир аз 500 сурудаи худ шояд каму беш тайи 40-50 сурудаи худро аз шеъри шоираҳои порсизабон шояд интихоб кардаву бо ҷаззобияти хосе сароидааст,ки имрӯз байни мардуми ҷаҳон ва хосатан мардуми порситабор бисёр машҳур ҳастанд.Дар ин асос аминам,ки боз аз шоираҳои дигар низ ашъори зиёдеро Аҳмад Зоҳир шояд хонда бошад ва тадқиқотҳои оянда иншоллоҳ ба ин масъала ҷавоби худро хоҳанд гуфт.
Бояд гуфт,ки шоираи маъруфи таронасарои мо бону Меҳринисо,ки Аҳмадзоҳирро мешинохт ва сазовор ба он низ гашта буд, ки ин «дурри дарӣ» - ро дар кошонаи худ дар шаҳри Кобул меҳмондорӣ намояд, имконияти бузурге дошт, ки чанд таронаи худро ба Аҳмад Зоҳир, барои сароидан пешниҳод намояд ва ин овозхони зиндаёд аз таронаҳои латифи ин шоирабонуи мо оҳангҳои малакутӣ офарад.Дар ин асос ҳамон замони зиндагии Аҳмад Зоҳир шоираи хело ҷавон , вале аллакай дар сатҳи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ машҳури мо, бону Гулрухсори Сафӣ бо ашъори дилчаспи ошиқонаи худ низ имконияте дошт, то ашъораш ба дасти ин хунёгари 1000 соли охири мардуми ориёинажод расад ва Аҳмад Зоҳир бо оҳангҳои мағруби худ онҳоро сарояд. Мутаасифона бар асари ҷавонию камтаҷирибагии ҳаёт ва ё чизи дигар , ин амалҳо аз тарафи ин шоираҳои маъруфи мо сурат нагирифтаанд.Ин боиси афсӯз низ аст!
Ба ҳар ҳол эҷодиёти шоираҳои порсизабон, мояи ифтихори ҳар як фардӣ порсизабон, ҳар як тоҷик бояд буда бошанд, зеро аз ашъори шаҳдбори онҳо Аҳмад Зоҳири бузург шеъри зиёде хондаву оҳангҳои малакутии зиёде офаридааст ва ин навиштаҳои бонувони порсизабон инак беш аз 40 сол баъди вафоти Аҳмад Зоҳир дар ақсои олам, дар хонадони 150 миллион мардуми порсизабон пайваста садо медиҳанд ва ба мардум оромиш ва шодию нишотро ато менамоянд!
Мақсади навиштани ин мақола ба хонандагони азиз ва хосатан дилдодагони овозхону хунёгари мумтози асрҳо ва қарнҳо Аҳмад Зоҳир, бевосита нишон додани саҳму мавқеъи шоирабонуҳои адабиёти порсизабон дар фаъолияти ҳунарии Алмоси Шарқ будааст на чизи дигар.Аслан дар ин хусус суханҳо рафтаанд ,вале хосатан ба истиснои бархе аз навиштаву мақолаҳои алоҳида, оиди мавқеъи шеъри бонувони порсигӯ дар фаъолияти овозхонии Аҳмад Зоҳир камтар чизе гуфта шудааст.Ҳоло он,ки шеъри бонувон дар фаъолияти Алмоси Шарқ нақши мондагоре дорад!
Ин таҳлили то андозае фаврӣ ва сарсарии банда нишон медиҳад, ки мавқеъи занони шоираи порсигӯ дар эҷодиёти Аҳмад Зоҳир ҷои шоистае доранд ва хосатан он чиз низ мароқангез ҳаст,ки аслан қариб ҳамаи шеърҳои ин бонувони ишораёфтаи адабиёти порсӣ-дарӣ-тоҷикиро(ҳарчи мегӯӣ бигӯ-ибораи устод Мӯъмин Қаноат) устоди зиндаёд Аҳмад Зоҳир худаш оҳанг бастаставу сароидааст!
Бояд гуфт,ки Аҳмад Зохир ҳамчунин аз таронаҳои сурудаи бонувони хушилҳом Гугуш мисли «Ҳаргиз бе ту намехандам», «Дунёи зиндонӣ девор аст», «Ба ҳамон қавлу қарору паймон, Маҳастӣ «Ҳамаш дарду ҳамаш ранҷу ҳамаш ғам», «Пас аз ин зорӣ макун», «Султони қалбам ту ҳастӣ , ту ҳастӣ» ва ҳамчунин хонуми турк Умал Син «Гули сангам, гули сангам»-ро бисёр олиҷаноб хондааст.
Хулоса, шоирабонувони ҳамзабони мо низ дар эҷоди шеърҳои зебову фалсафаи баланд дошта, аз мардони сухансарои мо низ ҳеҷкамӣ надоштаанд. Аҳмад Зоҳир эҷоди онҳоро бо як ғановати махсус сурудаву онҳо моли ганҷинаи тиллоии ҳунарии овозхонии мардуми оринажод барои садсолаҳо иншоллоҳ хоҳанд монд.
Ба қавли ҳазрати Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ:
Хубони порсигӯ бахшандагони умранд.
Соқӣ бидеҳ башорат пирони порсоро!
Дар паноҳи яздони пок бошед азизони дил.Омин!
Варқаи Зайниддин,
Узви Иттиҳоди Рӯзноманигорони Тоҷикистон,
Аълочии Матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон