18:45:31 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҷанг ва сулҳи Афғонистон

Бобоҷони Шафеъ, шореҳи сиёсии "Рӯзгор"

Амрико ва муттаҳидонаш тадриҷан ба поёни ҳузури низомии худ дар Афғонистон наздик мешаванд. Бештар аз як соли дигар мондааст, ки онҳо ин кишварро тарк гӯянд. Вале ба назар мерасад миёни ваъдаву ният ва амал фосила ҳоло зиёд аст. Онҳо гоҳ монданианд ва гоҳи дигар рафтанӣ, агар монанд на ба ин шакл, вале дар манотиқи дигар. Аммо ин ҳам сару садо аст. Ҳадафи қудратмандон аз даст надодани он чизест, ки беш аз даҳ сол пеш бо баҳонаи саркӯбии терроризм ба минтақа сарозер шуда буданд.

Аз ифшогариҳои Бзежинский то ҳақиқати Афғонистон

war in afghanistan 2013Ҳамеша агар мехоҳам дар бораи ҳузури хориҷиён дар Афғонистон нависам, гуфтаҳои сиёсатшиноси машҳур ва яке аз тарроҳони сиёсатҳои амниятии ИМА Збигнев Бжезинский ба ёдам мерасад. Мавсуф дар замони худ ёвари президенти вақти Амрико Ҷимми Картер буд ва ҳатто бо гузашти солиёни дароз ва солхӯрдагӣ ҳоло ҳам як таҳлилагари матраҳ дониста мешавад.

Вай ҳамоно гузаштаро бо имрӯз қиёс мекунад ва назароти ҷолибро аз вазъи ҷаҳони муосир баён медорад. Вале ҳама таҳлилҳои ӯ марбут ба Амрико ва сиёсатҳои Кохи Сафеданд. Боре ҳам нашуда, ки иштибоҳоти сиёсиро вай хурдагирӣ карда бошад, вале бо ибрози назари нав ҳам раванди ҳодисотро пешгӯӣ мекунад ва ҳам тарҳеро пешниҳод менамояд, ки Кохи Сафед онро муфид ва арзишманд медонад.

Ду сол қабл дар сӯҳбате бо маҷаллаи фаронсавии "Le Nouvel Observateur" фикри ҷолибро баён дошт, ки аслан ифшои ду сирри муҳим дар сиёсатҳои пасипардагии Амрико буд. Вай иқрор шуд ва тайид кард, ки СРУ соли 1978 хабари вуруд ба Кобулро тарҳрезӣ ва овоза кард ва ҳадаф аз он таҳрики Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Аммо Кохи Сафед нияти дигар дошт.

Вай мехост бидонад, ки оё Маскав кӯшише ба ҳамла ба Афғонистон мекунад ё на ва тибқи ҳамон лоиҳа агар Шӯравӣ ба Афғонистон ворид намешуд, пас ин корро худи ИМА анҷом медод. Ба дигар маънӣ, ба ҳар сурат кишвари ҳамсояи мо зери таҷовузи бегонагон бояд мемонд. Вале Маскав аз доми фиреб бехабар зуд қушунҳои худро вориди Афғонистон кард ва ҳамин тариқ 10 сол дар ин сарзамин ҷангид, худро абгор кард, вале билохира шармандавор аз он хориҷ гардид.

Дар суҳбати ёдшуда Бзежинский инро  муҳимтарин ва коромадтарин дурӯғе донист, ки ИМА аз он баҳраҳои зиёд бардоштааст. Аммо нуқтаи ҷолиби сӯҳбати сиёсатшинос на ин, балки посухи вай ба саволе буд, ки хабарнигор аз пушаймонӣ ҳарф мезад ва мегуфт, ки ҷанги даҳсола Афғонистонро хеле хароб кард, ҳазорҳо танро кушт ва миллионҳо нафаро бехонаву дар ва сарсону саргардон дар ақсои олам намуд. Збигнев Бзежинский ба суол бо суол посух медиҳад:

"Пушаймонӣ аз чӣ? Он амалиёти махфӣ беҳтарин ва арзишмандтарин ғоя буд. Вай он имконро фароҳам овард, ки русҳо дар доми афғонӣ дармонанд. Шумо мехоҳед ман аз ин пушаймон шавам?  Вақте шӯравиҳо расман аз марз гузаштанд, ман ба президент Картер навиштам: "Ана акнун ба мо имкон пайдо шуд, ки барои Иттиҳоди Шӯравӣ Ветнами худашро ба вуҷуд оварем". Ин муқовимате буд, ки оқибат  ба пошхӯрии империяи Шӯравӣ оварда расонд".

Оре, мутаассифона, дар олами муосир сиёсат пушаймонӣ надорад ва банда ҳам ҷое нахондаам, ки дар ин ё он кишвари қудратманди ҷаҳон сарваре аз ҷабри ба сари садҳо ҳазор нафар омада изҳори таассуф карда бошад. Чуноне дар боло дидем, на Картер, балки ҳамин Бзежинский, ки ба иқрори худаш аз тарроҳони ҳамон дурӯғи фиребо буд, пушаймон нест ва дар ин иқдом танҳо ба дом афтодани русҳоро мебинад, на хонабардушии миллионҳо тан ва куштаву захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар афғонии бенаворо.

Ман ин иқтибосотро, ки шояд каме тӯлонӣ шуд, беҳуда наёвардам. Даҳ соли таҷовузи  Шӯравӣ ҳам гузашт ва беш аз даҳ соли Амрико ҳам мегузарад. Вале суол ҳамоно матраҳ аст ва ҷавоб мехоҳад: аз ин ду ҷанг қудратҳо чӣ ба даст оварданд ва ба Афғонистон чӣ нафъ расид?

Амрико иштибоҳи Шӯравиро такрор накард, балки дар ҳадафи худ ноком монд. Қабл аз вуруд барои таҳлилгарони умури амниятӣ рушан буд, ки Вашингтон гузаштаи худ дар Ветнамро такрор мекунад ва ин кишвар бо ҷумла муттаҳидонаш бо гузашти муддате бо як шикасти шармандаовар хоки онро тарк менамоянд. Барои Шӯравии вақт роҳи наҷот аз варта мавҷуд буд ва барои ақиб нишастан эҳтиёҷе ба ин ё он кишвари дигар надошт.

Берун аз марзи Афғонистон аз ҳар гӯшае (хоҳ аз Панҷи поёну Хоруғ, хоҳ аз Термизу Туркманистон) берун мерафт, мулки худаш буд. Ва ҳар куҷо мустақар мешуд, боз ҳам қаламрави худаш буд. Ин мушкили Амрико ва муттаҳидонаш аст, ки дохил шуданд ва ҳоло ду сол аст, ки роҳи наҷот меҷӯянд. Гоҳ аз домани Покистон медоранд ва гоҳи дигар кишварҳои пасошӯравии ҳаммарз бо Афғонистон ва ҳатто Русияро хоҳиш мекунанд. Илоҷе надоранд, ба ҷуз бо пардохти гарон сарбозони худро аз чанги  марг наҷот бахшанд.

Ва ҳамин худ шикаст аст. Ҳарчанд генерал Демпси нишони дигари хатарро ба мушоҳида гирифтаст. Сарвари кумитаҳои муттаҳидаи неруҳои мусаллаҳи ИМА генерал Мартин Демпси, ки ҳафтаи сипаришуда дар Сенати ИМА суханронӣ мекард, аз оқибатҳои эҳтимолии шикасти Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон ҳарф зад. Вай ҳамзамон таъкид намуд, ки аз ин шикаст бӯҳрон дар Афғонистон поён намеёбад ва бесуботӣ на танҳо сар то сари ин кишварро фаро мегирад, балки метавонад ба мамолики ҳамсояи он паҳн гардад.

Генерал Демпси гуфтааст, ки Амрико бояд баъди соли 2014 низ ба ҳузури низомии худ дар Афғонистон идома диҳад. Ин дар ҳолест, ки коршиносони масоили байналмилалӣ ва амниятӣ борҳо изҳори назар кардаанд, ки субот дар Афғонистон ва минтақа танҳо баъди хуруҷи ишғолгарон бармегардад.

Вале ба назар мерасад хуруҷи ИМА аз Афғонистон ҳатто баъди соли 2014 низ ба як масъалаи баҳсбарангез табдил мешавад. Бахусус, тӯли ду моҳи охир коршиносон ва мутахассисони зиёде рӯи ин масъала изҳори назар карданд ва хулосаи ҳамагон рӯи як нукта гиреҳ мехӯрад: ҳеҷ имкон надорад Вашингтон тасмим гирад, ки билохира Афғонистонро бояд тарк кунад. Ҳарчанд қаблан гуфта мешуд, ки охирин сарбози амрикоӣ поёни соли 2014 аз Афғонистон хориҷ мешаванд.

Толибон ҳам шитоб доранд, амрикоиҳо низ

Дар остонаи хуруҷ аз Афғонистон ба назар мерасад гурӯҳҳои ситезаҷӯ фаъолтар мешаванд. Қатли афроди низомӣ, ки тибқи хабарҳо аксариятро хориҷиён ташкил медиҳанд, баёнгари он нукта аст, ки Толибон ва ҳар гурӯҳи дигари мухолифони низоми Кобул фурсати муносибро барои қасду қасос истифода мебаранд. Ба гунаи даврони Шӯравӣ, ки муҷоҳидон шаҳру навоҳиро пурра зери тасарруф дошта бошанд ва бо ҳукумати Кобул аз мавқеъи зӯр вориди гуфтушунид шаванд, ҳоло дида намешавад.

Дар замони таҷовузи Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳҳои муҷоҳидин вилоятҳоро комил зери тасарруф дароварда буданд ва ба муҷарради хуруҷи Артиши Сурх бо як ҳамлаи  фаврӣ Кобулро ишғол намуданд. Вале ҳоло Толибон ин гуна пойгоҳи мӯътамади низомӣ дар дохил надоранд ва ҳар амале ҳам сурат мегирад, аз ҷониби маргталабон анҷом мешавад, ки ё мошинеро инфиҷор медиҳанд ва ё худро миёни мардум ба хотири тарсу ваҳм андохтан миёни ишон метарконанд.

Вале гоҳ-гоҳе ҳам ҳамлаҳои мусаллаҳона назири ҳуҷум ба фурудгоҳи Кобул рух медиҳанд, ки онҳоро ҳоло метавон талошҳои парешони бесуботгардонии вазъ номид. Жюзеф Маро, таҳлилгари масоили амниятии Британияи Кабир мегӯяд "ҳамлаҳои кӯчаки интиҳорӣ шояд таҳрикоте ҳастанд, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро аз нерӯмандии Толибон ва ба онҳо пайвастани Ҳаракати исломии Узбакистон ва эҳтимолияти вахим шудани вазъ дар минтақа ҳушдор медиҳанд.

Ин на рафтан, балки мондан аст

Талошҳои имрӯзаи Кохи Сафед ва муттаҳидонаш на барои рафтану  барнагаштан аст, балки онҳо боз муддате дар  ин қаламрав боқӣ мемонанд ва ҳеҷ касро ёрои  он ҳам нест, ки муқобилият кунад. Имрӯз дар сатҳи генералҳо ва сиёсатмадоронаш ғояҳои бесуботии эҳтимолӣ дар минтақа баъди хуруҷи НАТО аз Афғонистон таблиғ мешавад. Яъне, вазъи Афғонистон ба гунаест, ки баъди соли 2014 ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказиро инфиҷор медиҳад. Ин дар ҳолест, як сабаби хуруҷ аз Афғонистон бечорагии НАТО ва муттаҳидонаш дар назди гурӯҳҳои ситезаҷӯи афғонӣ буд.

Мутахассисон ва коршиносони ҳарбии Британияи Кабир баъди таҳлили фарогири вазъи низомӣ дар Афғонистон ба ин хулоса расидаанд, ки нерӯҳои НАТО қудрати онро надоранд, ки мавзеъҳои Толибонро тасарруф намоянд. Ҳамчунин онҳо кафолати онро намебинанд, ки баъди соли 2014 низоми дастнишондаи Карзай пойдор бимонад. Ҳатто агар вазъ дар дохили Афғонистон ба эътидол ояд ҳам гумон аст роҳбарияти имрӯза дар қудрат бимонанд. Худи афғонҳо бар ин назаранд, ки ҳамсоягонашон ва бахусус, Покистон намехоҳад ҳукумати Кобул муваффақият дошта бошад.

Темур Обидов, коршинос ва раиси Шӯрои муассисони "Eurasian Dialogue"-Узбакистон бар ин назар аст, ки ҷониби Амрико Афғонистонро чун омили таъсири худ дар минтақа мехоҳад истифода барад. Ва ҳадафи стратегии он маълум аст: кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро аз ҳамкориҳои наздик қабл аз ҳама бо Русия ва Чин боздорад ва барои расидан ба ин ҳадаф метавонад ба рушди роҳҳои алтернативии оҳан ва автомобилгард аз тариқи Афғонистон ба бандарҳои Покистон ва Халиҷи Форс, ҳамчунин уқёнуси Ором монеъ шавад". Ин коршинос ҳарчанд мушаххас намегӯяд, вале ишора дорад, ки Амрико метавонад аз ҳар омили бесуботкунандаи вазъ истифода барад ва бо ин васила ба зарур будани ҳузураш дар минтақа таъкид намояд.

Дар гузашта ИМА талоши зиёд дошт, ки нерӯҳои худро аз роҳи Покистон хориҷ кунад. Вале ҳукумати Зардорӣ ҳамкорӣ накард ва иллаташ нақзи пайвастаи ҳарими ҳавоии Покистон ва қаламрави он бо баҳонаи мубориза зидди Толибон буд, ки муҷиби марги даҳҳо мардону занони бегуноҳ ва ҳатто тифлон шуда буд. Аммо баъди интихоби Навоз Шарифи амрикогаро барои Вашингтон имкони хубе пеш омад, ки масъаларо дубора баррасӣ кунад ва ризояти ӯро ба даст орад. Вале ба назар мерасад барои Амрико интиқоли пусмасраф аз хоки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бо илоҷе мустақар кардани нерӯҳояш дар минтақа муҳимтар аз ҳар пешниҳоди дигар аст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi