МАСЪУД: «ИСТИХБОРОТ НОҶИИ ҶАНГ АСТ»-4
Хадамоти ҷосусии шӯравӣ дар бораи Масъуд чӣ мегӯяд?
Дар хотимаи ин мақола мехоҳем як чанд иқтибосеро аз рӯзномаҳо ва китобҳои муаллифони русӣ ба таваҷҷӯҳи шумо, хонандагони азиз, пешкаш намоем, ки то андозае таҳаввулоти баҳодиҳиро ба фаъолияти ин абармарди замон, шаҳомату бузургии ин шахсияти барҷастаи таърихи навини инсониятро инъикос менамояд. Баъд аз хатми ҳамон ҳамлаи ҳафтуми артиши шӯравӣ ба болои водии Панҷшер дар баҳори соли 1984, ки қаблан зикраш рафт, дар рӯзномаи «Известия» чунин хабар оиди ҷамъбасти он таҳоҷум дарҷ гардид:
«Муддате дар он ҷо, дар Афғонистон дастаи ғоратгари Аҳмадшоҳи Масъуд фаъолият мекард. ӯ зодаи хонаводаи шоҳист. Дар гузашта Масъуд ҳамсангари Ҳикматёр буд. Баъдан ба сабаби тақсимоти нодурусти молу мулки ғоратшуда дар Панҷшер бо ӯ муноқиша кард ва аз ӯ ҷудо шуда ба Раббонӣ пайваст. Дастаи ғоратгари Масъуд алайҳи мардуми мулкӣ даҳҳо ҷиноятҳо содир кардааст. Аз ин рӯ ҳокимияти халқӣ маҷбур шуд, ки чораҳо бияндешад. Тӯдаи душманон сароҳатан маҳв карда шуданд. Феълан хисоротеро ки ин ғоратгарон расондаанд, ҷуброн мекунанд. Тақсимоти доруворӣ ва маводи хӯрока дар байни деҳқонон идома дорад…».
Расо баъди ҳашт соли чоп шудани ин хабар боз ҳам дар рӯзҳои баҳорӣ, аниқтараш 29 апрели соли 1992 ҳамин рӯзномаи «Известия» хабари мазкурро бори дигар иқтибос оварда, дар шарҳи он менависад:
«Ин «Известия» - и соли 1984 аст. Дар ин хабар ягон ҳарфи росте нест. Минҷумла ватқе сухан дар бораи он меравад, ки гӯё Ҳокимияти халқӣ маҷбур буд чораҳо биандешад. Ҳоло дигар маълум нест ва ҳатто муҳим нест, ки бидонем ин афсонаро дар куҷо таҳия кардаанд? Дар утоқҳои кории сарраёсати сиёсии артиши шӯравӣ ё худ дар рӯи мизи кормандони шӯъбаи таблиғоту ташвиқоти Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ воқеъ дар майдони Қадими Маскав. Вале муҳим он аст, ки сухан дар бораи сангинтарин амалиёти артиши шӯравӣ дар дараи Панҷшер алайҳи Аҳмадшоҳи Масъуд меравад. Дар бораи хунрезтарин ва бемаънотарин амалиёти ҷангие, ки дар тӯли 9 соли ҷанги афғон қушунҳои шӯравӣ мислашро надида буданд».
Сипас Михаил Кожухов муаллифи ин мақола идома медиҳад: «Ҳақиқат дар бораи Аҳмадшоҳ на оне буд, ки рӯзнома навишта буд. Ҳақиқатро дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд дақиқкорона хадамоти шабакаҳои ҷосусӣ ҷамъоварӣ мекарданд ва дар сатри аввали гузоришҳояшон эзоҳи (грифи) «барои истифодаи хидматӣ» мемонданд. Ба таваҷҷӯҳи шумо аснодеро пешниҳод мекунем, ки онро афсарони ГРУ (сарраёсати кашф) – и Артиши Шӯравӣ таҳия кардаанд:
«Аҳмадшоҳи Масъуд («Хушбахт») – лидери гурӯҳи шӯришгарони «Ҷамъияти Исломии Афғонистон», яке аз гурӯҳҳои хеле ҳам фаъоле, ки дар дохили кишвар амал мекунад. Ин гурӯҳ амалиётҳои ҷангии густурдаеро зидди Армияи Шӯравӣ ва ҳокимияти давлатӣ ба роҳ мондааст. Ба пустаҳо ва қатораҳо дар роҳҳои нақлиётии Соланг, вилояти Бағлону Тахор ва Каписо ҳамла меорад.
Аҳмадшоҳ яке аз бузургтарин ва қудратмандтарин саркардаҳои зиддиинқилобӣ ҳаст. Аҳмадшоҳи Масъуд дар баробари он ки ӯ душмани ашаддии сохтори мавҷудаи давлатӣ дар Афғонистони ҳаст, роҳбарони давлатӣ ва ҲДХ Афғонистонро душманони шахсии худ меҳисобад. Миллатчӣ ва зиддишӯравии гузарост. Зидди ҳузури нерӯҳои шӯравӣ дар Афғонистон мебошад.
Бо намояндагони кишварҳои муҳими сармоядорӣ (капиталистӣ) робитаҳои хеле зич дорад. Ба хусус бо майли том бо фаронсавиҳо алоқа барқарор мекунад (озодона ба забони фаронсавӣ ва англисӣ ҳарф мезанад). Маҳорати хуби кордонӣ ва ташкилотчигӣ дорад, хусусиятҳову хислатҳои шахсиаш ба ӯ имкон медиҳанд, ки аз ӯҳдаи сарварии як гурӯҳи бузурги шӯришгарон барояд. Дорои иродаи қавӣ, сарвари қудратманду ҷасур мебошад. Дар расидан бар аҳдофи хеш тардиде надорад, ҳамеша ба қавли хеш устувор аст. Рақиби доно, ҳилагар ва сарсахт аст. Дар байни шӯришгарони қаторӣ ва аҳолӣ нуфуз ва обрӯи баланд дорад.
Эҳтиёткори таҷрибадор аст, дамдузд, шӯҳратпараст, мансабталаб. Таҳлили афроди доираи наздики ӯ имконият медиҳад натиҷа бигирем, ки ӯ куллан ба ягон нафар зердастони худ боварии пурра надорад. Таҷрибаи ҷанги партизанӣ ва инчунин роҳбарӣ кардан ба нерӯҳои бузургҳаҷм дар амалиётҳои густурда, дар амалиётҳои диверсионӣ ва террористиро дорад.
Яке аз намоёнтарин мутахассис, шахсиятҳои низомии инқилоби исломии Афғонистон ба шумор меравад. Ҷаҳонбинии сиёсиву илмиаш хеле васеъ аст. Мутаддаин, ҷиддан аз рӯи шариъат амал мекунад. Дар зиндагӣ қаноатпеша аст. Ба сахтиҳо тобовар. Тарзи либоспӯшиаш мӯътадил, доимо дар сар пакул дорад. Ҳамеша бо худ автомати АКСУ ва таппонча мегирад. Аҳмадшоҳ ҳамеша барои таъмини амнияти худ диққати ҷиддӣ медиҳад.
Муҳофизони шахсияш аз ҷумлаи афроди ба ӯ ниҳоят вафодор хоста гирифта шудаанд. Ҳамеша бо ӯ на камтар аз се муҳофиз аст. Ҳангоми аз як ҷо ба ҷои дигар сафар кардан дастаи муҳофизонаш метавонад то сад нафарро ташкил диҳад. Қароргоҳи муқимӣ надорад. Ҷаласаҳо бо иштироки ӯ одатан дар ҷойҳои амну бехавф, маъмулан дар шароити ҳавои боронӣ ва ё асосан шабона дар зарфи 1 ё 2 соат гузаронида мешаванд.
Баъди ҷаласаҳо ӯ одатан ба самте меравад, ки ҳозирин онро муйян карда наметавонанд. Бо мақсади ба иштибоҳ андохтани рақибонаш дар хусуси ҷои буду бош ва нақшаҳои низомиаш Аҳмадшоҳ ва наздикони ӯ иттилооти бардурӯғ ва гумроҳкунандаро дар байни аҳолӣ паҳн мекунанд. Ин гуна хабарҳоро онҳо тавассути гумоштаҳои худ, ки дар сохторҳои гуногуни ҳукумат, ниҳодҳои низомиву ҳуқуқӣ дорад, аз ҷумла дар вазорати амният ва вазорати дифо, мунташир месозад.
Дар нашри иттилои дурӯғ оиди фаъолияти Аҳмадшоҳи Масъуд инчунин овозаҳое, ки дар хусуси ғалабаҳои ӯ дар ҷанги зидди шӯравӣ ба шакли афсонаву достонҳо дар байни мардуми оддӣ паҳн мешаванд, мусоидат мекунанд. Аксари афғонҳои оддӣ ба ин қиссаҳои ҷангии Аҳмадшоҳ ва ғалабаҳои ӯ боварӣ доранд ва онҳоро дар навбати худ бо иловаҳои зиёд мунташир месозанд». (М.Кожухов «Исламский вождь по имени Масуд», «Известия», 29.04.1992).
Султони ҲАМАД,
(идома дорад)