01:52:11 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МАСЪУД: «ИСТИХБОРОТ НОҶИИ ҶАНГ АСТ»-3

Гулбидин даст ба террори Масъуд мезанад


Дар таркиби баъзе ҳизбҳои сиёсии Афғонистон, аз ҷумла Ҳизби Исломии Гулбидин Ҳикматёр, Ҷунбиши Толибон гурӯҳҳои махсуси террористие буданд, ки вазифаи асосии онҳо аз байн бурдани рақибони сиёсӣ, алалхусус шахсиятҳои шинохтаи низомию сиёсӣ будааст. Аз ин рӯ хадамоти иттилоотии Аҳмадшоҳро зарур буд, ки гумошта ва омилони худро дар дохили ин аҳзоб ба хусус дар сатҳи роҳбарияти низомии он дошта бошад.

 

Масалан, зиддияти Гулбидин бо Аҳмадшоҳи Масъуд ҳанӯз дар даврони ҳукмронии Муҳаммад Довуд шурӯъ шуда буд. Аҳмадшоҳи ҷавон, дар даврони донишҷӯиаш дар Институти политехникии Кобул махфиёна узви Наҳзати Ҷавонони Мусалмони Афғонистон буд. Гулбидин дар ин созмон бахши низомии онро сарварӣ мекард. Ҳикматёр террори шахсиятҳои давлатӣ ва сиёсиро яке аз роҳҳои асосии расидан ба аҳдоф медонист.

Аҳмадшоҳ бошад ин тарзи муборизаро инкор мекард. ӯ ҷонибдори дар байни мардум, ба хусус низомиёни давлатӣ пайдо намудани тарафдорон ва ба шӯриши мусаллаҳона даъват кардани онҳо буд. Бисёр аз муҳаққиқони таърихи Афғонистон бар онанд, ки зиддиятҳои байнихудии ин шахсиятҳои барҷастаи даврони навини ин кишвар маҳз аз ҳамин дидгоҳи онҳо ба тарзу услуби мубориза барои озодӣ ва истиқлолият маншаъ мегирад. Ҳарчанд иллату сабабҳои зиёди дигаре низ вуҷуд доранд ва аз онҳо низ ёдовар мешаванд.

 

Гулбидин агар ҳар навъ василаи низомӣ, аз ҷумла террорро барои расидан ба ҳадаф таъид карда бошад, Аҳмадшоҳи Масъуд аз аввал зидди ин тарзи муборизаи расидан ба аҳдоф буд. Билохира кор ба ҷое расид, ки Гулбидин борҳо нақшаи террори худи Аҳмадшоҳи Масъудро низ тарҳрезӣ намудааст ва кӯшишҳо ба харҷ додааст, ки онҳо амалӣ бишаванд. Чунончи дар сӯиқасди 9 – уми июли соли 1989 дар минтақаи Тангии Фархори вилояти Тахор ба ҷони Аҳмадшоҳ пайваста танҳо ба фазли Худовандӣ Масъуд ҷон ба саломат бурд.

 

Дар ин сӯиқасд 32 тан аз ҳамсангарон ва саргурӯҳҳои низомии Аҳмадшоҳи Масъуд ба дасти қумандон Саид Ҷамол, ки аъзои Ҳизби Исломии Ҳикматёр буд, ба шаҳодат расиданд. Баъди дастгир шуданаш Саид Ҷамол дар ҷараёни бозпурсӣ эътироф намудааст, ки раҳбарияти Ҳизби Исломӣ тасмими бо роҳи террор аз байн бурдани Аҳмадшоҳро қабул кардааст. Баъдан ин гуфтаҳои Саид Ҷамол исботи худро пайдо карданд. Ходимони амниятии Аҳмадшоҳ аз нақшаи чандин сӯиқасдҳо сари вақт огоҳ шуда, онҳоро хунсо кардаанд.

 

Сохтори ниҳоди иттилоотии Масъуд

Тибқи иттилооти аз манбаъҳои наздик ба Аҳмадшоҳи Масъуд ба даст омада сохтори ниҳоди иттилоотӣ ва зиддииттилоотии Аҳмадшоҳи Масъуд шакли ба худ хосеро доро буд, ки аз сохтори иттилоотӣ ва зиддииттилоотии маълуми кишварҳои ҷаҳон ва аҳзоби сиёсӣ тафовут дошт. Ба ибораи дигар бигӯем Аҳмадшоҳи Масъуд ду ниҳоде дошт, ки ҳамзамон ҳадафи онҳо таъмини иттилоотӣ ва амниятии ӯ ва ҷабҳаи ӯ буданд.

 

Яке аз ин ниҳодҳоро кумитаи иттилоот мегуфтанд, ки расман дар сохтори низомӣ арзи вуҷуд карда буд ва нафарҳои масъули худро дошт. Масъулини онро одамон аксаран мешинохтанд ва бо онҳо оиди масоили амниятӣ дар тамос мешуданд. Раҳбари ин кумитаро Аҳмадшоҳи Масъуд худ таъин мекард ва ӯ шахсан ба Аҳмадшоҳ аз натоиҷи кораш муттасил гузоришҳо таҳия менамуд. Раҳбари кумитаи иттилоот расман масъули таъмини амнияти ҷабҳа ва минтақаи таҳти тасарруф ба ҳисоб мерафт.

 

Вале дар баробари ин кумита Аҳмадшоҳи Масъуд созмоне иттилоотӣ ва зиддииттилоотие дошт, ки шахсан худи ӯ ба он роҳбарӣ мекард. Ва касе дар бораи мавҷудияти ин созмон, тарзи фаъолияти он иттилои дақиқ надошт. Кормандони ин созмони амниятии Аҳмадшоҳи Масъуд умдатан аз намояндагони ақшори мухталифи ҷомеа, ба хусус аз онҳое буданд, ки тибқи вазифаи худ дар сохторҳои гуногуни ҳукуматӣ, низомӣ, сафоратхонаҳо, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои гуногуни кишварҳои душман аз нуқтаи назари амниятӣ ва иттилоотӣ мавқеъҳои муҳимеро ишғол мекарданд ва имконияти хуби ба даст овардани иттилоот ва ё расондани таъсири мусбат бо раванди воқеот ба манфиати ҷабҳаи Аҳмадшоҳи Масъуд ва манотиқи таҳти нуфузи ӯро доштанд.

 

Дар воқеъ ниҳодҳои иттилоотии Аҳмадшоҳи Масъуд на фақат маълумотеро касб мекарданд, ки танҳо марбути ҷабҳа буд ва ё танҳо аз хусуси ҳамлаҳои эҳтимолии нерӯҳои низомии шӯравӣ ва қувваҳои ҳукуматӣ ба сангарҳои ӯ хабар медоданд.

 

Даҳҳо маротиба шудааст, ки тавассути иттилооти огоҳкунандаи аз манбаъҳои хеле муҳим ва эътимодбахш расида аз чандин сӯиқасдҳо ба ҷони Аҳмадшоҳи Масъуд пешгирӣ карда шудааст. Барои мисол танҳо соли 1984 хадамоти иттилоотӣ ва зиддииттилоотии Аҳмадшоҳи Масъуд беш аз 12 нақшаи сӯиқасд ба ҷони ӯро ифшо ва хунсо намудааст. Чунончи таҳти роҳбарии собиқ президенти Ҷумҳурии Афғонистон Наҷибуллоҳ, ки ҳамон солҳо раиси Хадамоти Амниятии давлати Афғонистонро ба ӯҳда дошт, якчанд лоиҳаи нақшаи аз байн бурдани фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд тарҳрезӣ шудааст.

 

Барои амалӣ кардани нақшаҳои тарҳрезӣ шуда ҳукумати Афғонистон ҳамон вақт беш аз як миллион доллар ихтисос дода будааст. Ин маблағи ҷудошуда барои омӯзиш додани террористҳо, таҳияи лавозимоти зарурӣ аз қабили васоити гуногуни ҷосусӣ ва истихдоми нафарҳои кӯмаккунанда масраф шудааст. Аксари ин нақшаҳо дар марҳилаи аввали татбиқшавиашон кашф мешуданд ва хунсо мегардиданд. Дар ин кор ёрдамчиёни пинҳонии ӯ, ки дар ХОД расман фаъолият мекарданд, нақши ҳалкунанда мебозиданд.

 

Масалан мутахассисони соҳа корманди ХОД Комронро барои аз байн бурдани худи Аҳмадшоҳи Масъуд омӯзиши махсус дода буданд. ӯ мебоист ё аз тариқи додани заҳр ва ё аз тариқи тирпарронӣ Аҳмадшоҳи Масъудро ба қатл мерасонд. ӯ бояд зери пӯшише вориди минтақа мешуд ва нақшаро дар мавриди мусоид амалӣ мекард.

 

Одамони наздики Аҳмадшоҳ, ки аз ин нақша хабардор буданд, Комронро ба он талқин карданд, ки баробари ворид шудан ба дараи Панҷшер худашро ба мақомоти амниятии Аҳмадшоҳи Масъуд ифшо кунад ва бо ҳамин ӯ хизмат барои миллати Афғонистон хоҳад кард ва инчунин бо итминони комил метавон гуфт, ки ҷони худро низ ҳифз хоҳад кард. Комрон, ки ҷавони дурандеши ватанпараст ва озодидӯст буд, ин маслиҳатро пазируфт ва баробари дохили хоки Панҷшер шудан пеши Аҳмадшоҳ рафт ва асли қазияро изҳор кард.

 

Комрон дар баробари ин иқроршавӣ асноду далелҳои муассиреро пешниҳод кард, ки барои шакку шубҳа овардан ба гуфтаҳояш истидлоле намонда бошад. Ба ҷуз ин Комрон дар бораи ХОД ва шеваи бархӯрди ӯ бо муҷоҳиддин, услуби кории онҳо, иттилооти қимматеро пешниҳод кард.

 

Ба ғайр аз касби иттилооти зарурӣ дар мавриди ҳамлаҳои эҳтимолии болои қароргоҳҳои муҷоҳиддин, хунсо кардани сӯиқасдҳо ба ҷони фармондеҳон, ходимони амниятии Аҳмадшоҳи Масъуд корҳои муҳими дигареро бо истифода аз шеваву усулҳои мухталифи кори иттилоотӣ анҷом медоданд. Масалан, бо додани иттилои бардурӯғ ба душман ба иштибоҳ андохтани онҳо ва бо ҳамин онҳоро маҷбур кардан ба тасмимгирии нодуруст, ки дар натиҷа ба шикаст меовард. Намунаи ин корро мо дар мисоли болоӣ оиди фаъолияти кормандони иттилоотии Аҳмадшоҳи Масъуд пеш аз ҳамлаи ҳафтуми шӯравиҳо ба Панҷшер дидем.

 

Истифода аз усаро шеваи кори У буд

Яке аз сабабҳои асосии дар дохили душманон хуб кор кардани хадамоти амниятии Аҳмадшоҳи Масъуд дар он буд, ки бо усарои ҷангӣ муомилаи хуб мекарданд. Ҳамеша мекӯшиданд онҳоро аз тариқи далелҳои мантиқӣ, машварату маслиҳат мутақоиди худ созанд. Дар натиҷаи чунин корбарӣ усаро аксаран омодагии худро барои ҳамкорӣ кардан бо ҷабҳаи Аҳмадшоҳи Масъуд, минҷумла хадамоти амниятии ӯ изҳор мекарданд.

 

Дар натиҷа созмони иттилоотии Аҳмадшоҳ на танҳо аз ин усаро иттилои дақиқ, саривақтӣ ва муҳимро мегирифт, балки аҳёнан ин асиронро дар корҳои иттилоотии худ васеъ истифода мебурд. Масалан, зери пӯшишҳои зиёд вориди дастгоҳҳои иттилоотии созмонҳои ҷосусии кишварҳои душман мекард. Билохира ҳамин тарзи корбарии ӯ буд, ки чандин сӯиқасдҳоеро, ки истихбороти низомии Покистон (ISI) алайҳи ӯ созмон дода буд, кормандони амниятиаш сари вақт хунсо карданд.

 

Мутаассифона, чаҳорчӯбаи ин мақола имконият намедиҳад, ки раванди ифшои даҳҳо сӯиқасдҳои дигареро, ки баъзеашон ба гуфтаи шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд «шоҳкориҳои созмони зиддиҷосусиаш» буданд, муфассалан дар ин ҷо шарҳ бидиҳем. Ин кор ва сабабҳои асосии ба вуқӯъ пайвастани сӯиқасди 9 – уми сентябри соли 2001 – ум, ки бар асари он Аҳмадшоҳи Масъуд ба шаҳодат расид, бояд мавриди омӯзиш баррасӣ ва таҳлили чуқур қарор бигирад, то парда аз асрори ин ҷинояти мудҳиш ва ноҷавонмардона бардошта шавад.

 

Баъзеҳо дар ин ҷо мумкин саволеро матраҳ намоянд, ки агар хадамоти иттилоотӣ ва зиддииттилоотии Аҳмадшоҳи Масъуд ончунон тавоно буд чаро аз ин сӯиқасд ба ҷонаш пешгирӣ накард. Бале, хоҳу нохоҳ ин савол матраҳ мешавад ва ҷавоби худро интизор аст. Вале ҳоло дар ҳамин мақтаи замонӣ ҳаминро аниқ гуфтан мумкин аст, ки душманони ӯ ягона нуқоти заъфи ӯро ноҷавонмардона истифода бурданд. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамеша ба дастаи муҳофизонаш таъкид менамуд, ки ба талошии (кофтукови шахсӣ) хабарнигорону журналистон роҳ надиҳанд.

 

Дар замоне, ки муҳоҷирини тоҷик дар хоки Афғонистон ба сар мебурданд, ҳамин гуна имтиёзро онҳо низ доштанд. Маҳз рӯзноманигорон ва тоҷикони муҳоҷир бо амри Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳузури ӯ бидуни навбат ва талошӣ пазируфта мешуданд. Чунин рафтори Аҳмадшоҳи Масъудро нисбати журналистону тоҷикони овора танҳо нишонаи эҳтироми баланд доштани ӯ ба ин гурӯҳи одамон маънидод кардан мумкин буду бас.

 

Тибқи иттилооти ба даст омада якчанд лаҳза қабл аз мулоқот бо террористони араби дар либоси хабарнигор зуҳуркарда раиси Кумитаи амниятии Аҳмадшоҳи Масъуд инженер Орифи Сарварӣ аз фармондеҳ Масъуд хоҳиш мекунад, ки аз ин мулоқот даст бикашад ва иҷозат бидиҳад, ки арабҳоро ба далели машкук буданашон ҳабс карда бозрасӣ намояд. Вале Аҳмадшоҳ ин дархости раиси Созмони амниятиашро рад мекунад.

 

Буздилону рӯбаҳсифатон ва шағолтинатон аз ин хислатҳои башардӯстонаи ин инсони комил номардона истифода карданд. Агарчи имрӯз то андозае парда аз асрори ин бузургтарин сӯиқасди асри 21 бардошта шуда бошад ҳам, вале гузашти айём исбот хоҳад кард, ки ҷузъиёти он чи гуна буданд.

 

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi