16:37:01 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВО ҲАСРАТО, КИ МУЛКИ БУХОРО ХАРОБ ШУД...

(Андешае чанд перомуни китоби Ҷамшеди Шӯъла - «Ҷиҳоди миллати
Бухоро ва ҳаводиси лақай дар Шимоли Ҳиндукуш»)

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар натиҷаи табадуллоти болшевикӣ ва истилои Бухоро аз ҷониби нерӯҳои русҳо 2 сентябри соли 1920 вопасин амири Бухоро - Сайид Олимхон аввал ба мулки Ҳисор ва пас аз шаш моҳ ба хоки Афғонистон фирор намуд ва раъияти кишвари худро ҳаволаи тақдир кард. Пас аз Инқилоб аморати Бухоро ҷумҳурии мардумӣ эълон гардид ва ҳукумати онро дастнишондаи болшевикҳо, ки онҳо дар таърих бо номи «ҷавонбухориён» машҳуранд, ба даст гирифтанд.

Аз рӯзҳои нахустини истилои Бухоро нерӯҳои истиқлолталаб ва ватанхоҳ аз ҳар гӯшаву канори кишвар ба мубориза ва пайкор алайҳи таҷовузгарони болшевик бархостанд. Ин ҷунбиши муқовимат ва озодихоҳӣ дар таърихнигории даврони шӯравӣ ва то ба ҳол чун як ҳаракати иртиҷоӣ ва зиддимардумӣ бо номи таҳқиромези «босмачигарӣ» ёд мешавад. Дар бораи ин ҷунбиши милливу озодихоҳии мардуми мусалмони Осиёи Миёна ҳазорон рисолаҳои «илмӣ» ва осори «адабӣ» таълиф гардида, филмҳои зиёди мустанад ва бадеъӣ ба навор гирифта шуданд. Мутаассифона, ҳамаи ин осор аз дидгоҳи танги синфӣ ва табақотӣ эҷод гардидаанд ва ин ҷунбишро бо ранги сиёҳу муғризона тасвир ва арзёбӣ намудаанд, ки дар натиҷа дар шуъур ва пиндори мардуми мусалмон ва ғайримусалмони Иттиҳоди Шӯравӣ нақши манфӣ гузоштанд. Ба ибораи дигар бигӯем, симои намояндагони ин ҷунбиши милливу озодихоҳӣ дар ойинаи қаҷнамои таърих ва адабиёти даврони Шӯравӣ бозтоби худро пайдо кард. 

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки оё моҳияти ин ҷунбиш манфӣ ва иртиҷоӣ буд? Дар ҳақиқат, ҳаракати муқовимат дар асл аз рӯи моҳияти иҷтимоӣ ва таркиби аносири худ хеле пурихтилоф ва мураккаб ба ҳисоб меравад. Дар ҷунбиши мазкур асосан афроди ватандӯсту озодихоҳ ва истиқлолталаб гирди ҳам омада буданд, вале бояд аз рӯи инсоф ва ҳақиқат бигӯем, ки ба ин ҳаракат унсурҳои фурсатталабу ҷиноятпеша, роҳзану авбош низ ҳамроҳ гардида буданд, ки ба дуздиву ғорат ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ даст мезаданд. Ин ҷиҳати масъаларо набояд нодида гирифту инкор кард. Бояд хотирасон кард. ки ин падида ва аъмоли манфӣ ҳангоми рух додани ҳама гуна табаддулот ва инқилобҳо дар дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон рух додаанд ва медиҳанд, аз ин рӯ, дар ин росто ҷунбиши муқовимати Бухоро низ истисно нест. Зеро ин ҳаракат дар замони пуртаҳлукаву пурошӯб ва хунин арзи вуҷуд намуд ва табиъист, ки аз ин фурсати муносиб унсурҳои ҷиноятпеша низ истифода намуда, дар либоси муҷоҳидин ба аъмоли баду хабисонаи худ машғул гардида, ба ҷунбиши милливу озодихоҳӣ исноду бадномӣ оварданд. Вале ба таври умум, ин ҳаракат моҳияти милливу озодихоҳӣ дошт ва ҳадафу мақсади он истиқлолияти кишвар, раҳоӣ аз қайди ғуломӣ ва зулму ситами аҷнабиён, ҳимояи дини мубини Ислом, нангу номус ва муқаддасоти миллӣ буд. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки агарчи аз истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 17 сол сипарӣ мегардад, то ба ҳол дар бораи ин ҳаракати милливу озодихоҳӣ дар илми таърихшиносии мо ягон асари ҷиддӣ таълиф нагардидааст. Пажӯҳишгарони тоҷик то ба имрӯз ба анъанаҳои коммунистӣ сахт содиқ монда, ин ҷунбиши муқовиматро бо номи таҳқиромези «босмачигарӣ» ва муборизони воқеъии роҳи озодӣ ва истиқлолият «босмачиён», яъне чун дуздону роҳзанон ном мебаранд ва моҳияти онро иртиҷоӣ ва манфӣ дар таърихи халқи тоҷик ва дигар мардумони Осиёи Марказӣ мешуморанд. Ҳол он ки дар ҳақиқат ин ҳаракат заминаи истиқлолияти имрӯзаи ҷумҳуриҳои минтақаро асос гузоштааст. Аз ин рӯ, ба андешаи мо бояд дар замони истиқлолият нисбати таърихи гузаштаи халқи худамон бояд таҷдиди назар намоем, моҳияти аслии ин ҷунбиши милливу озодихоҳиро бо тамоми ҷанбаҳои мухталифи мусбат ва манфиаш мавриди баррасии ҷиддӣ қарор бидиҳем. Набояд нисбати таърихи халқамон таҳриф ба кор барем ва онро аз дидгоҳи танги синфӣ ва муғризона баҳо диҳем. Зеро ин амали ношоистаи моро таърих намебахшад. Шоир ва нависандаи бузурги доғистонӣ Расул Ғамзатов дар ин маврид барҳақ гуфтааст: «Агар ба гузашта бо таппонча тир парронем, оянда ба мо бо тӯп тир хоҳанд зад».

Қобили зикр аст, ки солҳои охир чанд сарчашмаи муҳими таърихӣ дастраси муҳаққиқон гардид, ки тибқи онҳо тасаввурот ва андешаи мо роҷеъ ба ин ҳаракати милливу озодихоҳии халқҳои Осиёи Марказӣ хеле тағйир меёбад. Муҳимтарини манбаҳои таърихӣ китобҳои «Шӯриши босмачиён»-и таърихшиноси турку тотор Закӣ Валидии Тӯғон (Валидов) ва «Ҷиҳоди миллати Бухоро ва ҳаводиси лақай дар Шимоли Ҳиндикуш»-и Ҷамшеди Шӯъла ба шумор мераванд. Ҳар дуи ин асар дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба чоп расидаанд. 

Ин ҷо мехоҳам чанд андешаи худро роҷеъ ба асари Ҷамшеди Шӯъла баён кунам. Нахуст бояд бигӯем, ки муалифи ин китоб яке аз шахсиятҳои намоён ва нависандаву рӯзноманигори маъруфи Афғонистон мебошад. ӯ аслан тоҷики чоҳобии (чаёбии) Шимоли Афғонистон буда, тайи солиёни зиёд дар вазифаҳои баландпояи вилояти Бадахшону Қатаған ифои вазифа намудааст. Ҷамшеди Шӯъла чандин сол сардабирии рӯзномаи вилоятии «Иттиҳод»-ро ба ӯҳда дошт. Се дафъа вакили Шӯрои Миллии Афғонистон (Луйи Ҷирга) интихоб гардида, манофеъи мардуми тоҷик ва форсизабони Афғонистонро дифоъ намудааст.

 Ҷамшеди Шӯъла осори зиёде таълиф намудааст, аз ҷумла: «Тафсири сураи Валъаср», «Ёддоштҳои зиндон», «Ҷиҳоди миллати Бухоро ва ҳаводиси лақай дар Шимоли Ҳиндукуш», «Савонеҳи Мирзо Абдулқодири Бедил», «Мухтасари савонеҳи Орифи Чоҳобӣ», «Таърихи паҳлавонони Чоҳоб», «Ғазалиёт», «Қасоид», «Таърихи адабиёти Бадахшон», «Сайри дабистони Бадахшон», «Фишурдаи ду хуни ҷигар ё панднома ба ду фарзанди ҷавон», «Шабҳои танҳоии зиндон ва фикри аҳволи Ватан», «Мунозира бо кӯҳ ва бо Шердарвоза», «Аризаи манзум ба боргоҳи Яздони пок ва Шоҳи лавлок», «Ариза ба ҳузури пешвои умум», «Мухаммасот», «Рубоиёт», «Зиндагонии ман», «Асп ва ифтихороти он».

Ӯ китоби «Ҷиҳоди миллати Бухоро...»-ро ҳангоми маҳбуси сиёсӣ буданаш дар зиндони Деҳмазанги Кобул таълиф намудааст ва аз аҳамияти хосе бархурдор аст. Зеро чуноне дар боло ёдовар шудем, дар аҳди шӯравӣ то ба ҳол ҷунбиши милливу озодихоҳии мардумони мусалмони Осиёи Миёна дар солҳои бистуму сиюми қарни ХХ алайҳи таҷовузи болшевикиро ба таври яктарафа, аз нигоҳи синфию табақотӣ бо нигоҳи муғризона таҳқиқу баррасӣ мегардад. Асари мазкур дар бораи ин ҷунбиш ва ҳаводиси хунин ва пурихтилофи ин давра маълумоти пурарзиш медиҳад.

Ҷамшеди Шӯъла дар бахши аввали китоби худ роҷеъ ба таърихи бостонӣ ва маркази дини Ислому дин будани Бухорои шариф, шукӯҳу шаҳомати тамаддуни ориёии ин сарзамин дар гузашта, вазъи сиёсии иқтисодӣ, иҷтимоиву маънавии аморати Бухоро дар арафаи табаддулот, сиёсати Русияи подшоҳӣ дар аҳди амир Олимхон, хотимаи Ҷанги Ҷаҳонии Аввал, Инқилоби Октябр, зуҳур ва иқтидори комунистон дар Русия, Бухоро баъд аз Инқилоби Октябр, ҳамла болои маркази салтанати Бухоро, суқути Дорурсалтанат ва эълони ҷумҳурият дар ин кишвар, гурези амир Олимхон ба Ҳисор ва султаи инқилобӣ дар Бухоро, ҷунбиши умумии милливу озодихоҳӣ, ҳуҷум ва ҳамлаи болшевикон ба вилоятҳо ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ, фирори амир Олимхон ба Афғонистон, шӯриши нерӯҳои миллӣ пас аз фирори амири Бухоро, намуди чеҳраҳои ҷанг ва шӯриш алайҳи болшевикон, сарони муҷоҳидин ва дастабандии қувваҳояшон: Давлатмуҳаммадбӣ (Давлатмандбии Балҷувонӣ), Махдуми Фузайл, Шайх Баротмуҳаммад, Аллоҳназар туқсабо, Туғайсарӣ, Ашӯр туқсабо, Иброҳимбек, Анварпошо, Сомипошо ва дигарон маълумоти зарурӣ ва пурқимат медиҳад. 

Муаллиф дар ин асар тамоми вазъи нобасомон, хароби сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фасоди ахлоқиву маънавии умаро ва соҳибмансабони аморати Бухороро нуктасанҷона, бо далелу бурҳонҳои қотеъ баён мекунад ва ҳақиқатнигорона ва дилсӯзона менависад:

«Аз подшоҳ гирифта то раъият ҳама дар хоби харгӯш ва аз бодаи ҷаҳолати ваҳшат ва фасод мадҳуш. Гӯё файласуф ва мутафаккири олами Шарқ ва Ислом Мирзо Бедил ҳамин ҳасби ҳоли барои ҷомеъаи имрӯзаи Бухоро гуфтааст:

Ҳарзакориҳои ин дунҳимматон аз ҳад гузашт, 
Баъд аз ин он беҳ гар коре кунам, мотам кунам.

Назму идора не, аскару имтизом не, илму ҳаё ва адабу ахлоқ не, фикри ободиву амнияти мамлакат не, ақаллан дар муқобили ҳамин рафторҳои ноинсонона ва лоуболона аз худ ва бегона шарм не, аз хатарот ва ибтилоти гиребонгири қарибулвуқӯъ тарсу бим не, мушти таррори беҳаё ва лоубол ва як ҷаҳон расвоӣ машҳуд. Албатта, ин танҳо дар Бухоро набуд, ки мушти авбоши бесиёсат он сарзамини бузурги фарҳанги дариро ба нобудӣ кашониданд, дар маҷмӯъ сарзамини Шарқ ин шеваи душманони хираву ҳӯш ва таъақули ом аст. Ва ақибмондагӣ ва барбодии Шарқ бидуни шак аз таъсири раҳбарӣ ва ҳукмронии мафосид (фосидон) ва ҷуҳало (ҷоҳилон) буда ва чунин вазъи маззалатбод идома дорад. Саъдӣ алайҳираҳма ҳамин тоифаро гуфтааст:

Ҳукумат ба дасти касоне хатост,
Ки аз дасташон дастҳо бар Худост.

Хулоса, хоке ки ба вуфури (бисёр будани) чунин каромату неъмат ба фоҷеъаи чунин, ки дар боло хондед, идора мешуд ва рӯзгор мегузаронид. Барои ба хок супоридани подшоҳӣ ва аморате бо номи Бухоро, яъне мамлакате бо ин шукӯҳу ҷалоли таърихӣ ва зебоӣ баҳонае ба кор буд ва боде мехост аз тарафе ҳаракат кунад, то ин тобути мутаҳаррик зери хоки нестӣ гардад ва кишвари муъаззаме дар қалби Осиё дарҳам ва барҳам шавад.
 
Аз фитнаи замона аҷаб доругир шуд,
Халқе ба дасти душмани дин дастгир шуд,
Дилҳо нишонаи пари пайкони тир шуд,
Аз зулми рус парданишинон асир шуд,
Во ҳасрато, ки мулки Бухоро хароб шуд,
Дин шуд залилу душмани дин комёб шуд.

Чархи фалак чи ҳодиса афканд дар ҷаҳон,
Печида дуди зулм бар атрофи осмон,
Барбод шуд хазинаи деринаи Каён,
Ҳаргиз зи умри рафта наёбад нишон.
Во ҳасрато, ки мулки Бухоро хароб шуд,
Дин шуд залилу душмани дин комёб шуд.
  
Бо гиря ваҳшиёни биёбон рамида гуфт,
Мурғи чаман зи шохи гулистон парида гуфт,
Маҳтоб шуд ҳилолу ба қадди хамида гуфт,
Ориф зи дида ашки надомат чакида гуфт:
Во ҳасрато, ки мулки Бухоро хароб шуд,
Дин шуд залилу душмани дин комёб шуд».


Сипас Ҷамшеди Шӯъла дар фаслҳои баъдии асараш доир ба ба зиндагиномаи Анварпошои турк, омадани ӯ ба мулки Бухоро, набарду муборизаҳои вай бар зидди Артиши Сурхи болшевикӣ иттиллоъи муфассал ва пурарзиш медиҳад. 
Дар робита ба ин мавзӯъ бояд ёдовар шавем, нақш, мақом ва саҳми ин шахсияти машҳури таърих дар ҷунбиши муқовимати нерӯҳои истиқлолталаби Бухоро, шахсият, ҳадафу мақсади ӯ то ба ҳол дар илми таърихшиносӣ рӯшан нагардидааст. Аксари пажӯҳишгарони даврони шӯравӣ ва таърихшиносони имрӯзаи Тоҷикистон Анварпошоро чун як моҷароҷӯи (авантюристи) сиёсиву низомӣ ба қалам медиҳанд.

Ҳол он ки ин шахсияти тасодуфӣ набуда, балки як чеҳраи намоёни сиёсӣ, домоди халифа Абдулҳамид ва Вазири ҳарби хилофати исломии Усмонӣ буда, дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон шуҷоъат ва корнамоиҳои зиёде нишон додааст. Вале баъди ба шикасту нокомӣ ба Маскав меравад ва бо Ленин мулоқот менамояд ва бо тавсияи пешвои Инқилоби Русия барои ором намудани вазъи Осиёи Миёна ба Бухоро меояд. Дар ин ҷо бо сабабҳои номаълум хати маши худро дигар карда, ба сафи муҷоҳидин мепайвандад ва баъди муборизаҳои хунин ва барору нобарориҳо дар мулки Балҷувони Тоҷикистон аз дасти аскарони сурх ба шаҳодат мерасад. 

Ҷамшеди Шӯъла нақши Анварпошо ва афсарони туркро дар муборизаи милливу озодихоҳии Бухоро бориз ва бузург медонад. ӯ роҷеъ ба ин қазия дуруст қайд мекунад: 

«Қароре, ки дар боло ишора шуд, вусули (пайвастани) туркҳои Истанбул дар асари тадобири ҷангияшон ва ҳусни идора ва шаҳамоти Анварпошо вазъияти ҷанг тағйир кард ва ба куллӣ шакли дигаре гирифт. Ба дастаҳои муҷоҳидин ба воситаи футуҳот ва пешрафтҳои пай дар паяшон илова бар ин ки ба маънавиёти худи онҳо афзуда шуд, эҳсосот ва ҷаззобати онҳо дучанд ва сечанд гардида, аз тамоми нуқоти дур ва наздик аҳолӣ бо дилгармии зиёд ба суфуфи (сафҳои) муборизин ва муҷоҳидин мепайвастанд ва теъдодашон афзуда мерафт. Кори ҷанг ҳам чуноне ки ишора шуд, дар асари тадобири маъқул ва таъбияҳои олимона ва мудаббиронаи Анварпошо ва ҳамдастонаш ранг ва равнақи фавқулъодда гирифта, ҳар рӯз овозаи футуҳот ва комёбиҳои қуввои (қувваҳои) қавмӣ баланд мегардид». 

Оре, маҳз қобилияти ҷангӣ ва сипаҳсолории Анварпошо имкон дод, ки нерӯҳои истиқлолталаби Бухоро аскарони сурхро пайи ҳам шикаст дода, шаҳри Душанберо ишғол намуданд ва нерӯҳои низомии болшивиконро то Бойсун ба ақиб партоянд. Вале дар ин марҳала бо хиёнати баъзе аз саркардагони размандагон ба шикаст мувоҷеҳ гардиданд. Дар ин миён бар асари зиддият Иброҳимбек Анварпошоро дастгир намуда, зиндонӣ мекунад, вале бо дахолати Эшони Султон ва Давлатмандбӣ ӯро аз қайди маҳбусӣ озод месозад. Анварпошо ба Балҷувон рафта, тамоми дастаҳои муҷоҳидинро атрофи худ гирд овард, вале Иброҳимбек ва сарбозонаш ба ӯ итоъат немекунанд. ӯ мехоҳад, ки аз ҳамин ҷо муборизаи худро вусъат ва густариш диҳад, аммо бахт ёвараш намегардад. Дар Балҷувон, дар рӯзи иди Қурбон аскарони сурх ногаҳонӣ ҳуҷум карда, Анварпошо ва Давландмандбиро ба шаҳодат мерасонанд.

Ҷамшеди Шӯъла манзараи ҳодисаи онрӯзаро аз забони шоҳиди ҳол, ҷилавсарҳанги Давлатманди Балҷувонӣ, ҳамдиёри худ Гадобойи Тарозукаши Чоҳободӣ хеле муассиру муфассал баён мекунад ва дар ин ҷо ду марсияи шоири номвари Афғонистон Орифи Чоҳободиро дар шаҳодати ин ду марди мубориз меорад, ки аҳамияти таърихӣ ва адабиро моликанд. Зеро ин қабил сурудҳо ва таронаҳои таърихӣ, ки солҳои бистум ва сиюм эҷодгардида чун осори таблиғотии зиддишӯравӣ ба пуррагӣ аз байн бурда шуда буданд. Бинобар ин марсияҳои мазкур аз қабили чунин сурудҳои таърихӣ мебошанд ва дорои аҳамияти калони таърихиву адабиянд ва месазад, ки пораеро ин ҷо дарҷ намоем:

Эй дӯстон, зи ғусса як қисса сар кунам,

Аз хуни ашк домани Ислом тар кунам.

Ин дард то ба чанд буд дар дилам ниҳон,
Бояд бурун зи рахнаи чоки ҷигар кунам.

Месӯзад аз ҷафои фалак узв, узви ман,
Рамзе гар аз шаҳодати Анвар хабар кунам.
Таскин наёфт хотирам аз гиря, дӯстон,
Доғи ғамаш чӣ гуна аз дил бадар кунам?
Оташ фитод хирмани умраш ба бод рафт,
Акнун раво бувад, ки бар оташ гузар кунам...


Бахши дуюми китоби мазкур ба зиндагинома ва моҷарои Иброҳимбек бахшида шудааст. Муаллиф нахуст роҷеъ ба таъриху суннату ойин, тарзи зиндагонии мардуми лақай, решаҳои нажодиашон истода гузашта, сипас тарҷумаи ҳоли Иброҳимбекро аз овони кӯдакӣ то фарҷоми муборизаҳои ӯ муфассал баён мекунад. Таърихнигори варзида ва воқеъанигори нуктасанҷ аҳвол ва моҷарои вайро баъди ба Афғонистон паноҳ бурданаш қадам ба қадам ба риштаи таҳрир мекашад. 

Дар ин ҷо қайд кардан лозим аст, ки баъди шаҳодат расидани Давлатманбии Балҷувонӣ ва Анварпошои турк аскарони сурх ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои Иброҳимбек пурзӯр мекунанд ва ӯ маҷбур мешавад, ба хоки Афғонистони ҳамҷавор фирор намояд. Дар Афғонистон дар он айём амир Амонуллоҳхон ҳукумат меронд ва муносибаташ бо Русияи Шӯравӣ хубу ҳасана буд. Аз ҳамин ҷо буд, ки агарчи амири Бухоро - Олимхонро дар яке аз қасрҳояш ҷой дода буд, вайро ба сурати назарбанд нигоҳ медошт ва аз тарси Русияи болшевекӣ нисбати муҷоҳидини Осиёи Миёна муносибати хайрхоҳона зоҳир намекард. Аз ин рӯ, на худ онҳоро аз лиҳози моддиву маънавӣ дастгирӣ мекард ва на эшонро имкон медод, ки аз хориҷ кӯмаки молӣ, аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ дарёфт кунанд ва хоки Афғонистонро чун пойгоҳи низомии хеш истифода баранд.

Амир Амонуллоҳхон азбаски англисҳоро шикаст дода, ливои истиқлолияти кишварашро барафрохта буд ва мехост сиёсати мустақилонаи зиддиистеъмории хешро пеш барад, ин амали вай бар табъи абарқудрати онрӯзаи ҷаҳон - Британияи Кабир созгор наомад. Аз ин рӯ, гумоштагону ҷосусони англисҳо мардумро алайҳи режими Амонуллоҳхон бархезонданд, ки дар натиҷа аз фурсати муносиб истифода бурда, пас аз дусад соли ҳукмронии паштунҳо бори нахуст аз миёни қавми тоҷик, айёри ҷавонмард Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ ки дар таърих бо лақаби таҳқиромези Бачаи Саққо ёд мешавад, сари қудрат омад. Ба назар чунин мерасад. ки дар пурзӯр гардидани нерӯҳои зиддипаштунӣ муҷоҳидони тоҷику ӯзбаки Осиёи Миёна, ки ба Афғонистон паноҳ бурда буданд, як навъ мусоидат намуданд. Аз ин ҷо буд, ки баъди ба сари қудрат омадан Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ ба Иброҳимбек ва дигар нерӯҳои муҷоҳидини Бухоро кӯмаки моливу маънавӣ кард, то аморати Бухороро аз чанголи нерӯҳои болшевекӣ озод намоянд. Аз ҷумла, ба Иброҳимбек ду ҳазор милтиқи олмонӣ, тир ва муҳимоти зиёди ҷангӣ тӯҳфа намуд. Ин амали Ҳабибуллоҳхони Калаконии тоҷик ба раҳбарони вақти Русияи Шӯравӣ писанд наафтод ва онҳо дар пайи вожгун сохтани ҳукумати ӯ даст ба иқдомот заданд.

Онҳо бо собиқ Вазири дифоъи Афғонистон - Нодирхон (падари Зоҳиршоҳ) тамос гирфтанд, ки ба муборизаи ӯ кумак мерасонанд, ба шарте, ки баъди ба сари қудрат омаданаш пойгоҳи низомии муҷоҳидин ё ба истилоҳи маъмулгашта «босмачиён»-и Осиёи Миёнаро дар кишвараш решакан намояд. Нодирхон ба ин пешниҳод розӣ мешавад. Русҳо ба мақсади заъиф сохтани иқтидори низомии Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ бо сардории собиқ сафири мухтори давлати Афғонистон дар Русия Ғуломнабихони Чархӣ беш аз ду ҳазор сарбози худро ба Шимоли Афғонистон ворид намуданд ва баъди ҷангҳои хунин ва шикастани нерӯҳои низомии Ҳабибуллоҳхон шаҳри Мазори Шарифро ишғол намуданд. Вале сардамдорони Иттиҳоди Шӯравӣ аз сабаби мунташир гардидани хабари таҷовуз дар матбуоти кишварҳои хориҷӣ барои накоҳидани обрӯву ҳайсияташон дар арсаи байналмилалӣ нерӯҳои низомии худро аз Афғонистон бозпас гирифтанд. 

Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ агарчи нерӯҳои паштунтабори Нодирхонро чанд бор шикаст дода бошад ҳам, бо иллати сиёсатмадори варзида набудан ва таҷрибаи зарурӣ надоштанаш маҷбур шуд бо Нодирхон гуфтушунид намояд. Нодирхон ба ӯ ваъда дод, ки агар муқовимату муборизаро бас кунад ва ҳукуматро ихтиёрӣ супорад, зинда монданашро кафолат медиҳад. Ҳабибуллохони содадилу зудбовар ба ин қарордод имзо гузошт ва ҳукуматро ба дасти мухолифинаш супорид. Вале Нодирхон ноҷавонмардона ин айёри далер ва садҳо тан аз наздикону дӯстон ва ҳазорон нафар мардуми тоҷики Афғонистонро бо иттиҳоми «сақавӣ», яъне ҷонибдори Ҳабибуллохони Калаконӣ будананашон ба қатл расонид.

Баъди ба сари қудрат омаданаш Нодирхон аз пайи несту нобуд сохтани Иброҳимбек ва дигар муҷоҳидини паноҳбурдаи Бухоро гардид. Ба ин мақсад ӯро аз мавзеъи Чаҳордараи Қундузи Афғонистон ба Кобул даъват кард. Вале Иброҳимбек азбаски кордидаву ботаҷриба буд ва тақдири амир Ҳабибулохони Калаконӣ барояш сабақи талх шуда буд, ба доми найранги ӯ наафтид ва ба дарбори Нодирхон нарафт. Бо таҳрики русҳо Нодирхон бар зидди Иброҳимбек лашкар кашид. Сарбозони Иброҳимбек беш аз шаш ҳазор нафарро ташкил медоданд ва онҳо дигар чораи халосӣ наёфта, баҳри дифоъи худ ба лашкари Нодирхон даргир шуданд. Азбаски Иброҳимбек маҳорати хуби лашкаркашӣ дошт, чандин маротиба нерӯҳои паштунтаборро ба шикаст мувоҷеҳ кард.

Вале азбаски дар ин диёр ғариб ва бегона буд, аз ҷониби мардуми Афғонистон дастгирӣ наёфт ва рӯз то рӯз ҳалқаи нерӯҳои ҷангии паштунӣ тангтар мешуд ва оқибат пас аз шикастҳои пай дар пай бо дусад сарбози боқимондааш рӯди Омӯро гузашт. Дар соҳили рости ин дарё сарбозонашро раҳо кард ва бо дувоздаҳ нафар ҳамдастони содиқаш худро ихтиёран таслими аскарони сурх намуд. Бо ҳамин моҷарои Иброҳимбек дар Афғонистон ва диёри Мовароуннаҳр поён ёфт.

Ҷамшеди Шӯъла ба таври умум ба муборизаи милливу озодихоҳии мардуми мусалмони аморати Бухоро таваҷҷӯҳу дилсӯзӣ зоҳир намудааст ва аксари сарони ҷунбиши муқовиматро тавсиф менамояд ва дар ҳаққашон суханони нек мегӯяд, вале нисбати Иброҳимбек назари манфӣ дорад. ӯ агарчи қобилияти ҷангӣ, шуҷоъат, матонат ва силаҳшӯрии ин сипаҳсолорро эътироф мекунад, вале вайро як шахсияти бесаводу тангназар ва худҳоҳу бузургманиш, беандешву носипос меҳисобад, ки гӯё дар натиҷаи моҷароҷӯии вай дар Афғонистон ошӯбу ҷангҳои хуношом рух доданд ва ҳазорон нафар аз ду ҷониб қурбон гардиданд. Муаллиф аз ҷумла чунин менигорад:

 «Баъдҳо ҳам ки дида шуд, ин мард дар ҳеҷ маслиҳате сар дарнаёварда, ҷуз ин ки як теъдод аз мардуми дардманд ва озодихоҳ дониста, надониста даври ӯ ҷамъ шуданд ва ӯ бидуни кадом ҳадафи муайян ва мушаххас бо номи ғозӣ ва муҷоҳид ба кӯҳу дашт ва дара гаштугузор намуда. Асбоби хисораи мардумро фароҳам кард, дигар барои миллати мустазъаф (бечора) мудофеъи тасҳилотӣ ва барнома фароҳам наовард, то ба ормони худ даст ёбад. Ҳам мебинем, ки хоки Бухроро чӣ сон бо адами созошкории иттиҳод бо соири муҷоҳидин ва хомсанҷиҳои хеш тарк кард ва чӣ гуна ба як мамлакати ором ва исломӣ паноҳ овард ва ин ҷо чӣ аъмол ва афъоле аз худ нишон дод. 

Оре, мушт намунаи хирвор, лакҳо хонавори муслимини муҳоҷир, ки паноҳгузини хоки тангбоши Афғонистон шудаанд, дар асари роҳ ва равиши ин мард бо номи «муҷоҳид ва ғозии дунёи Ислом»? Чӣ номи нек ва иззату обрӯ ва эътибор мемонад ва дар муқобили пешомади эҳсонкоронаи мардуми Афғонистон худи ӯ ва қавми паноҳгузину беҷову пойи ӯ чӣ аксуламале нишон медиҳанд? Инак, ба шарҳи моҷароҳо ва равиши маъқул ва номаъқули давраи ҳаёти санавӣ ва ҷанҷолбарангезиҳои ӯ дар ватани худамон - Афғонистон пардохта мешавад. Ҳарчанд таърих афсонаҳо ва достонҳои зиёде аз ин қабил дорад, мардони ҳодисасози таърих мутобиқи аҳвол ва бардошти худ тасомим (тасмимҳо) гирифтаанд, аммо ин шеваи қазовоти мо дар ин ҷо ва дар хусуси ин мард, ки номи «муҷоҳид»-ро болояш гузоштаанд, мутакко (бо такя) ба басо фактҳо ва ҳақоиқ аст, ки тайи он чароғи инқилоб дар Бухоро хомӯш шуд, муҷоҳидини воқеъӣ аз саҳна рафтанд, ивази ҷиҳод дар сарзамини Бухорои таърихӣ ошӯбу ҷанг ба хоки Афғонистон кашида шуд ва оқибат ҳам нооқибатандешона ва саҳлангорона бо қимати табоҳе ва ӯҳдадор шудани масъулияти қатл ва нобудии ҳамсангони худ, ки шояд ҳам садҳо тани онҳо дарди Ватан ва миллатро доштанд, ҳамаро даргири интиқомҷӯӣ ва ғазаби давлати Афғонистон, бахусус қавми ҳокими даруни давлат (паштунҳои ҷанубӣ) гузорад ва худ таслими руси душмани таърих ва фарҳанги минтақа шуд ва ифтихори муқовимати Бухоро, ки бесабаб ба ӯ часп дода шуда буд, бо хунбаҳои садҳо ҳазор тоҷику ӯзбак ва турк, аз ҷумла Анварпошои турк ва Давлатмуҳаммадбӣ ба баҳои арзон фурӯхта шуд».

Вале чуноне дар боло гуфта гузаштем, асли ин қазия он тавре нест. ки таърихнигори афғон ба қалам додааст, балки ҳамаи ин даргириҳо ва хунрезиҳои рухдода дар натиҷаи бозиҳои пасипардагии абарқудратони ҷаҳон ба вуқуъ омадаанд. Зеро сарварони Русияи болшевикӣ мехостанд, ки ба василаи Нодирхони дастнишондаи худ решаи ҷунбиши муқовимати мардуми мусалмони Осиёи Миёнаро дар хоки Афғонистон решакан намоянд, бинобар ин ин фитнаву дасисаро роҳандозӣ карданд, ки аз дарди сари нерӯҳои истиқлолталаб ва озодихоҳ халос шаванд. Чунончи худи Ҷамшеди Шӯъла низ дар асараш қайд кардааст, Иброҳимбек дар Афғонистон бетарафиро ихтиёр намуда буд ва ҳатто ба Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ дар мубориза алайҳи мухолифонаш кӯмак ва ҳамдастӣ накард, бо вуҷуди ин Нодирхон бо таҳрики хоҷагони худ - русҳои болшевик ҳамларо болои нерӯҳои Иброҳимбек оғоз намуд. Дар чунин вазъият Иброҳимбек ва сарбозони вай барои дифоъи хеш ба ҷангу пархош бархостанд. Ба қавли Шайх Саъдӣ бигӯем:

Вақти зарурат чу намонад гурез,
Даст бигирад сари шамшери тез.


Ёдовар бояд шуд, ки роҷеъ ба ошӯб ва моҷарои Иброҳимбек ва саркӯбии ӯ дар Афғонистон асноду мадракаи дигаре низ дастраси муҳаққиқон гардидаааст, ки асли ҳаводиси хунини он замонро рӯшан месозанд ва хилофи навиштаҳои ин асари Ҷамшеди Шӯъла мебошанд. Ин нуктаро донишманди маъруфи Афғонистон, доктор Равон Фарҳодӣ дар сарсухани китоби мазкур чунин таъиду таъкид намудааст:

 «Дар ин китоб чеҳраи Иброҳимбек, ки дар Мовароуннаҳр бар зидди сипоҳи болшевик ҷангида буд, тарсим гардидааст. Ман қаблан аз забони чандин марди мӯйсафед аз аҳли Шимоли кишвар шунида будам, ки Иброҳимбек ба манфиъати мардуми Шимоли Афғонистон рафтор намекард. Албатта, як идда касон ӯро ба ҳайси як муҷоҳиди бузурги Ислом муаррифӣ мекунанд. Нависандаи ин китоб чун тавоноии ташхиси шамоили одамиёнро доштааст, мулоқотҳои хешро бо вай ҳикоя мекунад ва зимнан қазовати худро дар бораи шахси Иброҳимбек ба ишора мегирад ва дониста мешавад, ки Иброҳимбек худ аз мардуми авом буда, назариёт ва аҳдофи олӣ надоштааст. Нависандаи марҳум ба мо хабар медиҳад, ки Иброҳимбек сиёсатмадори олимақом набуд ва ба чанги худхоҳӣ ва худбинӣ вфтода, қудрати дурандеширо надошт.

Ба таври зимнӣ бояд хабар бидиҳам, ки асноди дигаре дар бораи Иброҳимбек кашф шудааст, хосса авроқе, ки аз назди марҳуми мағфур Вазир Муҳаммадвалихони Дарвозии Бадахшӣ боқимонда бо ҳиммати хонаводаи вай ба мо расидааст ва дар оянда донишманди афғонӣ, доктор, хонум Санзал Навид онро ба чоп хоҳад расонид ва маънии он аснод, ки аз назари таърихӣ муқобил бар ин китоб мебошад, аз рӯйи ин авроқ рӯшан мешавад».

Дар робита ба ин мавзӯъ ба як қазияи дигар рӯшанӣ андохтан ба маврид аст. Чуноне ки дар боло тазаккур додем, ин таҷовузи нахустини русҳо ба Афғонистон дар соли 1929 мебошад. Ҷамшеди Шӯъла дар асари худ собит карданӣ мешавад, ки нерӯҳои низомии воридгардида бо сарварии Ғуломнабихони Чархӣ, ки беш аз ду ҳазор нафаррро ташкил медоданд, русҳо набуданд, балки довталабони афғоние буданд, дар собиқ аморати Бухоро кор ва зиндагӣ мекарданд. Ба гуфти муаллифи асар ин иқдом аз ҷониби собиқ амири фирории Афғонистон Амонуллоҳхон сурат гирифта буд ва русҳо танҳо аз лиҳози аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ онҳоро таъмин намуданду халос. Вале сарчашмаҳои дигари дастрасшуда гувоҳи онанд, ки аксари кулли ин нерӯҳои ҷангиро сарбозони рус ташкил медоданд.

Яке аз чунин санадҳо ёддоштҳои собиқ корманди баландпояи амнияти Шӯравӣ Григорий Оқобеков (Агабеков) мебошад, ки иштирокчии бевоситаи ин амалиёти ҷангӣ мебошад ва солҳои сиюм аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба хориҷ фирор кард ва китоби худро бо номи «Хотироти Оқобеков (Агабеков)» ба чоп расонид. ӯ дар ин асари худ тасдиқ ва таъйид мекунад, ки аксари кулли ин дастаи мазкурро ҷангиёни рус ташкил медоданду бо навтарин аслиҳаву муҳимот ва тӯпу тайёраҳои бомбандоз муҷаҳҳаз буданд ва ҳадафи онҳо аз байн бурдани ҳукумати Ҳабибуллоҳхони Калаконии тоҷик ва муборизин ё ба истилоҳи маъмули даврони шӯравӣ «босмачиён»-и Осиёи Миёна буд.

Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро русҳои болшевик намехостанд, ки тоҷикон дар Афғонистон сари қудрат бошанд? Ба ин савол аз хотироти Оқобеков низ посухи рӯшан пайдо намудан мумкин аст. Аз ҷумла ӯ гуфтугӯи худро бо муъовини раиси Комисарияти Халқии Итиҳоди Шӯравӣ (Нарком) Карахан чунин ёдовар шудааст:

«Шумо медонед, ки ман (яъне Карахан - Қ.С.) бо Нодирхон сару кор доштанро авлотар медонам, нисбат ба он ки бо Бачаи Саққо (яъне Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ - Қ.С) дошта бошам ва мегӯям, ки чаро? Бачаи Саққо тоҷик, яъне дар Туркистон (яъне Осиёи Миёна - Қ.С) хешу ақрабо дорад, барои таҷовуз ба сарҳади мо қасд хоҳад кард, баръакси ӯ, Нодирхон паштун аст ва нерӯи худро ба тарафи сарҳади Ҳиндустон равона месозад». (Ниг. Г. Оқобеков. «Иғвои соли 1929, Афғонистон», рӯзномаи «Тоҷикистон», 24.07.1992).
Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби муаррихи тоҷик, Сайиди Саъдӣ мебошад, ки навиштааст:«Ин таҷовуз ва иғвогарӣ бо дастур ва роҳбарии И.В.Сталин содир гардид. Дар баҳори соли 1929 қувваҳои асосии низомии Бачаи Сақо дар ҷануби кишвар дар муҳорибаҳои зидди дастаҳои Амонуллоҳхон ва Муҳаммаднодирхон қарор доштанд. Дар Шимоли мамлакат аскарони давлатӣ хеле кам монда буданд.

Дар ҳар шаҳр дастаи хурди аскарон ва марзбонон ҳузӯр доштанд. Аскорони рус ба теъдоди қариб ҳазор нафар бо шаш ҳавопаймо ва чандин тӯпу пулемёт аз Тирмиз ба бандари Ҳайратон ва аз он ҷо ба шаҳри Мазори Шариф ҳуҷум карда, онро ишғол намуданд. Баъд аз ин ба шаҳрҳои Хулм ва Айбаки вилояти Самангон ва пас аз тасарруфи ин шаҳрҳо ба шаҳри Бағлон ҳамла намуданд. Ҳадафи тири ишиғолгарон асосан мардуми ғайринизомӣ қарор мегирифт. Таҷовузгарон бисёр маҳалҳоро хароб мекарданд. Қувваҳои низомии русҳо баъд аз фишори созмонҳои байналмилалӣ ва пас аз он ки дар ҷануби мамлакат сипоҳи Муҳаммад Нодирхон аз тарафи артиши тоҷикон торумор карда шуд, ноилоҷ ва ноумедона бо фармони И.В. Сталин ба ақиб баргаштанд. Дар натиҷаи ин таҷовуз 8 ҳазор одами Афғонистон кушта шуданд, ки аксаран мардуми бедифоъ ва бегуноҳ буданд. Аз русҳо аз 120 сарбоз ба қатл расиданд.

Империалистони Русия аз аввал муқобили он буданд, ки дар сари давлати Афғонистон тоҷикон бошанд. Зеро онҳо намехостанд, ки тоҷикон муттаҳид ва нерӯманд бошанд. Қудратманд гардидани тоҷикон ба манфиъатҳои сиёсии русҳо дар минтақаи Хуросони Шимолӣ, ки онҳо дар тасарруфи худ доштанд, халал ворид мекард. Бинобар ин онҳо намехостанд ва ҳоло ҳам намехоҳанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ тоҷикони Мовароуннаҳр (Хуросони Шимолӣ) ва Афғонистон (Хуросони кӯчак) рӯзе бо ҳам муттаҳид ва якпорча гарданд. Ин ниятҳои империалистони русро собиқ муншии Ҳизби Демократики Афғонистон Наҷмиддин Ковиёнӣ ба хубӣ дарк кардаааст: 

«Албатта, дар даврони имперотурии Маскав нерӯҳое буданд, ки аз ифои нақши одилонаи тоҷикҳо дар қудрат, дар саҳми одилонаи онҳо дар ҳукумат ҷилавгирӣ менамуданд. Ба хотири ин ки то таъсиргузории онҳо ба тоҷикони Осиёи Миёна сурат напазирад ва ҳалқаи васл дар миёнаи ҳавзаи фарҳангии забони форсӣ, ки дар минтақаи мо беш аз сад миллиён инсон ба он сухан мегӯянд, эҷод нагардад». (Ниг. Сайиди Саъдӣ. Мухтасари таърихи сиёсии тоҷикони Афғонистон, Душанбе, нашриёти «Оли Сомон», 1995, саҳ. 49-52). 

Пас суоле пайдо мешавад, ки чаро Ҷамшеди Шӯъла ҳақиқати ҳолро баён накарда, ба роҳу восита кӯшидааст, ки аъмол ва рафтори ношоистаи ҳукуматдорони паштунтабори вақти Афғонистонро дар саркӯбии нерӯҳои истиқлолталаби Бухоро сафед кунад? Ба андешаи мо азбаски муаллифи китоб яке аз саркардагони қавми мазлуми тоҷик ва даризабони Афғонистон буд ва ҳамеша манфиъатҳои ҳамқавмони худро дар қиболи сиёсати нажодпарастӣ ва қабиласолории паштунҳои ҳокиму худсар дифоъ мекард ва бо иттиҳоми «миллатгароӣ» панҷ сол дар зиндони Деҳмазанги Кобул ранҷу азоб кашида, ин асари худро ҳангоми маҳбусияш таълиф намудааст, аз бими он ки навиштаҳояш ба дасти ҳукуматдорони вақти кишвараш наафтад, натавонистааст ҳақиқати ҳолро дарҷ намояд. Фарзанди арҷманди ӯ доктор Ҷамроди Ҷамшед, ки алҳол муқими Олмон аст, дар сарсухани китоби «Ҷиҳоди миллати Бухоро...» сабаби асосии зиндонӣ гаштани падарашро маҳз дифоъ аз ҳуқуқҳои поймолшудаи ҳамқавмони худ, яъне тоҷикон ва муборизаи зидди сиёсати қабиласолории паштунии қиблагоҳаш медонад. 

«Шӯъла баъд аз кори матбуъот дигар ҳаргиз пушти маносиби (мансабҳои) расмӣ нагашта, сирфан се бор ба Ҷиргаҳои Бузурги Миллӣ (Луя Ҷиргаҳо) санавоти (солҳои) 1320,1334, 1343 ба намояндагии мардумӣ қабулӣ дод ва дар пойтахти кишвар дар ин маҷолис (маҷлисҳо) саҳм гирифт. Аз он ҷумла дар Луйи Ҷиргаи қазияи Паштунистон бо исрори намояндагони сафҳаи Шимол ва самти Ғарби кишвар хитобае эрод намуд, ки сахт мавриди ғазаб ва қаҳри сардор Муҳаммаддовуд - Садри Аъзами вақт қарор гирифт. Муддатҳои баъдӣ ҳузури Шӯъла ба зиндон ба қавли худаш зимни далоили (далелҳои) дигаре аз ҳамин рухдод низ манша мегирад. 

Шӯъла ҷиҳати насохтан бо авзоъи фоҷеъанок ва мунҳати (пасти) ҳайсиятрафтаи қабиласорӣ (сиёсати миллатгароии паштунҳои ҳокимро дар назар дорад - Қ.С), мудатҳои мадиде ба зиндонҳои Чоҳоб, Бағлон ва Кобул ба сар бурд» (Ниг. Доктор Ҷамроди Ҷамшед. Сарсухани китоби «Ҷиҳоди миллати Бухоро...»).

Оре, маҳз зери фишор доимӣ ва азобу ранҷи зиндон буданаш сабаб гардидааст, ки ин нависандаи мубориз хиёнатҳо ва ноҷавонмардиҳои амир Нодирхони паштунро нисбати Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ, қатли ом намудани қавми ситамдидаи тоҷики Афғонистон ва саркӯбии муборизони паноҳбурдаи ҷунбиши муқовимати Бухороро ифшо намояд, вагарна асари ӯ саршор аз ифтихороти миллии ориёӣ, ба вижа тоҷикӣ аст. Аммо чуноне таъйид ва таъкид шуд, ин китоб маҳсули замони маҳбусии муаллиф аст ва ӯ қабоҳат ва разолати ҳукуматдорони вақти кишварашро наметавонист ошкор бинависад. Зеро Раиси Ҷумҳури вақти Афғонистон Муҳаммаддовудхон низ писари бародари Нодирхон буд ва сиёсати қабиласолории аҷдоди худро пеш мебурд ва ин шахси муборизро ба зиндон андохту писари арҷманд ва рӯзноманигори боистеъдодаш - Қосими Шӯъларо ба шаҳодат расонид. Аз ин рӯ, ифшои ҳақиқати ҳаводиси он давр метавонист боз ба сари Ҷамшеди Шӯъла хатароти зиёд биёварад. Аз ин ҷост, ки вай ба қавли доктор Равон Фарҳодӣ дар баъзе мавридҳо «хатопӯшӣ» карда, аз ибрози ҳақиқати ҳол истиҳола варзидааст.

Боз ба як нуктаи дигар равшанӣ андохтан лозим меояд. Дар илми таърихшиносии шӯравӣ ва то ба ҳол ин ақида роиҷ аст, ки гӯё Иброҳибекро аскарон ва калтакдорони сурх ҳангоми амалиёти ҷангӣ ба асорат гирифта бошанд. Вале дар китоби «Ҷиҳоди миллати Бухоро...» қайд карда мешавад, ки баъди ҷангҳои хунин дар Афғонистон, барору нобарориҳо ва танг шудани ҳалқаи муҳосира Иброҳимбек мехоҳад, ки аз ду роҳ аз Афғонистон худро берун кашад: яке аз тариқи Мазори Шариф ба Эрон ба Туркия ва дигаре тавассути Бадахшону Читрол ба Ҳиндустон биравад, вале нерӯҳои афғонӣ пеши роҳашро мегиранд ва ӯ нақшаи кашидаи худро амалӣ карда наметавонад. Билохира вай ноилоҷ ба хоки Тоҷикистон гузашта, бо дувоздаҳ нафар наздиконаш ихтиёран таслим мешавад. Муаллиф дар ин бора чунин маълумоти муҳим додааст:

«Ҳақиқат ҳамон аст, ки Иброҳимбек аз вақте ки аз Кобул дар асри Ҳабибуллохони Калаконӣ ба Тахору Бадахшон омад, иртиботе байни ӯ ва писари амаш (амакаш), ки қумондони қазоии Душанбе буд, пайдо шуда ва шахсе ҳам аз ҳамон вақт муаззаф буд то бурдани аҳволи ҷонибайнро васила шавад. ӯ ҳангоме ки маҷбурӣ худро ба Пордарё (Мовароуннаҳр) зад, он ҷо роҳи фирору наҷот наёфт, чору ночор ба ҳамон тамаъи хоми ваъду ваъиди писари амаш аз Душанбе, бо дувоздаҳ нафар, ки яке он ҳамон қосиди хидматгор ва ҷонсупори ӯ буд, равонаи Ҳисор шуд. Баъд аз ин ки ба қаряи (деҳаи) худ ба манзили писари амаш мерасад, бар ҳасби интизор ва тартиботе, ки ба истиқболи ӯ гирифта шуда буд, ҳамон соат тавассути қувои (қувваҳои) макфии (махфии ) аскарӣ гирифтор ва ба Душанбе бурда шуда ва аз он ҷо ба Маскав эъзом (фиристода) шуд. Қумондони қазоӣ - писари ами ӯ аслан аз хутут (хатҳо, номаҳо) ва рафту омади қосид ба назди ӯ дар зарфи ин қадар муддат, ки аз Кобул омада, хабаре ҳам надоштааст.

Иброҳимбек тавре ки хондед, соле маҳбус ва зинда буд ва шурӯъи Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум эъдом (кушта) ва ахбору ҷароид (рӯзномаҳо) хабари эъдомашро (ба қатл расиданашро) шоеъ ва аксу сурати эъдомашро дар ҷароид нишон доданд. Аз сарони лақайҳо онҳое, ки баъд аз Иброҳимбек дар дараҷаи дуввум қарор доштанд, онҳое, ки аз оби Омӯ гузашта худро таслим дода буданд, мисли Эгамбердии лақай, Иноқча-бачаи Давлатмуҳаммадбии Балҷувонӣ, аксарашон дар худи ҷойҳои дастгиршуда: Кӯлоб ва Фархор ба шаҳодат расиданд».

Қазияи ихтиёран таслим шудани Иброҳимбек ва ҳамроҳонашро генерали маъруфи шӯравӣ Мелкумов, ки дар байни мардуми куҳансоли Ҷануби Тоҷикистон, бахусус сокинони Ёвону Ғозималик бо лақаби Ёқубтӯра машҳур аст ва дар шикаст додану аз байн бурдани дастаҳои ҷунбиши муқовимати Осиёи Миёна саҳми бориз дорад, дар китоби хотироти худ «Туркистониҳо», ки солҳои шастум дар Маскав ба забони русӣ нашр гардидаст, тасдиқ мекунад. Вале ҳангоми тарҷума ва нашри тоҷикии ин асар гуфта мешавад, ки дар мавриди дастгир шудани Иброҳимбек муаллиф ба саҳву хатоӣ роҳ додааст, бинобар ин, асли ҳодиса аз забони шоҳиди воқеъа, дасгиркунандаи «қурбошӣ» - Муқим Султон оварда мешавад. Ҳол он ки борҳо аз забони мӯйсафедони шоҳиди ҳол шунидаем, ки Муқим Султон аслан корнамоие нишон надода, саиси Иброҳимбек будааст ва дар фарҷом гӯё гуфта бошад, ки ту солҳои дароз ба ман содиқона хизмат кардаӣ, акнун моро бурда, таслими Ҳукумати Шӯравӣ намо, як умр обрӯву иззат меёбӣ ва мартабаи қаҳрамонӣ мегирӣ.

Намедонем ин ривоятҳо то кадом дараҷа ҳақиқат доранд, вале худи Муқим Султон барои ин «корнамоӣ» соҳиби ордени олии давлатӣ ва сазовори унвони баланд - Қаҳрамони Ҷанги Гражданӣ гардид ва то ба охири умраш гули сари сабади маҳфилҳои Тоҷикистон буд. Дар бораи «корнамои» и ӯ чандин китобҳо таълиф гардида, ба чоп расидаанд. Барои насли ҷавони кишварамон симои вай намунаи ватанпарастӣ ва қаҳрамонӣ ба шумор мерафт ва онҳо дар рӯҳияи «корнамои»-и ин шахсият тарбия карда мешуданд. Вале то ба имрӯз ҳақиқати ин қазия низ аз ҷониби таърихнигорони тоҷик рӯшан карда нашудааст, ки дастгир шудани вопасин саркардаи муборизини муқовимати Бухоро чӣ гуна сурат гирифта буд?  
Хонандаи соҳибзавқ аз мутолиъаи ин китоби шавқовар ва пурмӯҳтаво, ки ба сабки равон ва ширини форсии дарӣ навишта шудааст, лаззати зиёди маънавӣ мегирад. Қобили қайд аст, ки муаллиф забони дарии Афғонистонро ба таъбири мардумӣ тоҷикӣ меномад. Аз ҷумла, дар боби «Забони Тахористон» чунин менависад:

«Забони умумии мардум, ки ба шаҳрҳо, идорот, деҳот, дашту дара ва бозорҳо ривоҷ дорад, ҳамон забони дарист, ки ба забони омма тоҷикӣ гуфта мешавад. Арабҳову балуҷҳо, билкулл забонҳои арабӣ ва балуҷиро надониста, ба дарии порсӣ такаллум мекунанд. Тавоифи (тоифаҳои) туркзабон ва паштузабон, ки дар фомили (хонаводаи) хеш ва миёни худ табъан ба забонҳои ӯзбакиву туркманӣ ва пашту такаллум доранд, дар ҷамъиятҳову бозорҳо ва идороти давлатӣ ҳама ба ҳукми аксарият ба тоҷикии дарӣ ҳарф мезананд. Ба сурати умум метавон гуфт, ки забони маъмул ва умумӣ дар ин манотиқ ҳамон забони порсӣ аст. Забони пашту дар ин авохир тарафи таваҷҷӯҳи ҳукумат қарор гирифта, дар макотиб ва курсҳо таълими иҷборӣ дода мешавад». 

Муаллиф дар ҳама ҷо аз таъриху тамаддуни бостонии ориёӣ бо ифтихор ҳарф мезанад ва саҳми мардуми тоҷик ва форсизабонро дар ғановати тамаддуни ҷаҳонӣ бузург медонад, Бухороро маҳди забони порсии дарӣ ва фарҳангу адабиёти оламшумули ориёӣ мешуморад ва афсус мехӯрад, ки чунин як сарзамини бобаракат ва адабпарвару мутамаддин поймоли қавмҳои ваҳшиву аҷнабӣ гардидааст.

Қайдҳои Ҷамшеди Шӯъла дар бораи мулки Бухоро, ба вижа маълумоти таърихӣ, ҷуғрофиёӣ, мардумшиносӣ ва оморияш басо ҷолиб ба назар мерасад. Аз ҷумла вай дар бораи вилоятҳои Ҳисору Балҷувон иттилоъи дақиқ ва аҷиб дода менависад: 

«Гуворотарин ва сиҳатбахштарин обу ҳаво дар мамлакати Бухоро ҳамин обу ҳавои Ҳисор ва Балҷувон мебошад. Бо доштани кӯҳҳои баланд ва майдонҳои ҳамвор, рӯдборҳои соф ва шаффоф ва хурӯшон Ҳисор аз вилоёт ва қитъаъоти гузида ва писандидаи Бухоро ба ҳисоб меравад. Аҳолии Ҳисор ва Балҷувон, онҳое, ки ба кӯҳистонот ва сутуҳи муртафеъ (сатҳҳои баланд) зиндагӣ доранд, ақвоми тоҷикия буда, умуман ба забони дарии порсӣ (тоҷикӣ) мисли Афғонистон такаллум мекунанд. Одоби муъошират ва тарзи зиндагиашон мисли соири аҳолии Бухоро шабеҳ ба зиндагии мардуми сафаҳоти Шимоли Афғонистон мебошад. Дар либосу хӯроку русуму зиндагӣ, дину ахлоқ аз ҳам фарқе надоранд.

Дар замони подшоҳии Бухоро, яъне ним қарн қабл дашти Данғараи Ҳисори Шодмон алафчар ва дашти парваришгоҳи галла ва раммаи машҳур ва васеъе буд, ки боён ва галадорон аз тамоми вилояти Ҳисор ва Балҷувон маношии (чорпои) худ, хусусан галлаҳои аспашонро он ҷо бурда раҳо мекунанд. Дигар он маҳал мӯҳтоҷ ба нигаҳбонӣ ва ва додани хорубор (хӯрока) ва улуфа (алафҳо) ва таҳияи ҷои раҳоиш барои ҳайвонот набуд. Об ҳам, ҷӯйҳои гуворои кофии равон, алаф ба андозаи зиёд мавҷуд, ки ба истилоҳ об болои себарга ва себарга болои об: «Ҳаво мӯътадил, бӯстон дилкаш аст».

Ҳар гоҳ зимистон бисёр сахт намеояд, маноширо (чорпояшонро) мардум аз он ҷо намеоваранд. Дашти Данғара ба воситаи доштани мавқеъияти хурраму сарсабз ва шодоб чарогоҳи худаш дар он замон шӯҳрати зиёд дошт, бойҳо ва ва молдорони Афғонистон, ки аз он ҷо дидан карда буданд, зикри маззияти (зиёд будани) чарогоҳе ва шодобии он марғзор ҳамеша вирди забонашон буд. Алафзор чунин будааст, ки аз галаҳои фаровони аспҳо дар миёни алафзори он дашт танҳо сару гардани аспҳо намоён шуда, дигар тана ва тамоми вуҷуди бадани аспи калон ва курраҳои аспон ва тойҳо дар миёни буттаҳои алаф гум будааст. 
Басо дида ва шунида шуда то Инқилоби Бухоро ва зуҳури бошевикҳо аз Ҳазрати Имом, Толиқон, Рустоқ, Чоҳоб, Оҳанқалъа дуздҳо рафта, аспҳоро ҳай карда меоварданд, ки баъ аз як моҳ, ду моҳ соҳиби галла аз сирқа (дуздида) шудани галлааш хабар мешуд, ҳатто ба воситаи вусъати дашт ва касрати (бисёрии) алафзор ривоҷи галабон гирифтан низ надоштанд».


Хулосаи калом, асари «Ҷиҳоди миллати Бухоро ва ҳаводиси лақай дар Шимоли Ҳиндукуш»-и шодравон Ҷамшеди Шӯъла бо вуҷуди камиву костӣ барои омӯзиши амиқи таърих, мардумшиносӣ, фарҳанг ва адабиёти мардуми мусалмони Осиёи Марказӣ, қабл аз ҳама тоҷикон ва форсизабонон, таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҷунбиши милливу озодихоҳии солҳои бистуму сиюми қарни бист дар сарзамини бостонии Бухоро сарчашмаи муҳим ва пуразиш ба шумор меравад. 

Инак, андешаҳои худро бо як пора шеъри Шоири Халқии Тоҷикистон, шодравон Лоиқ Шералӣ ҳусни мақтаъ мебахшем, ки фоҷеъаи Бухороро басо самимӣ ва ҳақиқатнигорона ба риштаи тасвир кашидааст:

Ҳайф, ҳайфи тӯшаҳо аз роҳҳои дури Таърих!
Дод, дод аз дидаҳои кӯри Таърих!
Дод, аз он таърихсозоне, ки он вақт,
Дод, аз худношиносоне, ки он вақт
Бар сари таърих гуфтӣ бар сари як фарди аксулинқилоб
Рехтанд оташ, рехтанд об...
Ин замон андар Бухорои шариф,
Худшиносон худфидоӣ мекунанд,
Нохудогоҳон худоӣ мекунанд.
Он Бухоро,
Он қадамгоҳи бузургон
Шуд адамгоҳи бузургон...  

   
Қиёмиддини Сатторӣ  



 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi