11:26:13 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САДО ДАР КРЕМЛ-4

Давлат Усмон-собиқ сардори ситоди нирӯҳои мухолифини тоҷик, аз забони шоҳидони ҳол, ки баъдҳо барояш қисса карда буданд, мегӯяд, ки дар ҳамла дар дидбонгоҳи 12-уми дастаи марзбонии ноҳияи Маскав шояд 7 ё 8 размандаи арабӣ ширкат доштанд. 

Ӯ дар бораи теъдоди муҷоҳиддин афғонӣ арқоми мушаххас дар даст надоштааст, вале ба қавли ӯ муҷоҳиддин афғонӣ низ дар ин ҳамла саҳми муассир боқӣ гузоштаанд. Аҳмади Иброҳим бо истинод ба чанд нафар ширкаткунандагони ин набарди хунин, менависад, ки теъдоди размандагони арабӣ ҳамагӣ ба 2 нафар мерасиданд, ки яке Авс ном дошту дигаре Абдулазиз. Дар мавриди ширкати муҷоҳиддин афғон ӯ низ маълумоти дақиқ надодааст.

 

Сарфи назар аз ин, ҳадс задан мумкин аст, ки онҳо низ мисли арабҳо дар ин ҳамла нақши муҳимеро бозидаанд. Чаро? Ба хотири он ки ҳоло нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин аз таҷрибаи зиёди ҷангӣ бархӯрдор набуданд. Маҳз аз ҳамин сабаб, дар охири соли 1992 ва баҳори соли 1993 гурӯҳҳои спетснази Русия ва Ӯзбакистон онҳоро дар як муддати хеле кӯтоҳ шикаст дода, маҷбур намуда буданд, ки ба Афғонистон паноҳ баранд. 

Вале муҷоҳиддини арабиву афғонӣ, ки се сол қабл шӯравиро дар Афғонистон шикаст дода буданд, тактикаву стратегияи русҳоро хеле хуб медонистанд, бинобар ин, аз заъфҳои эшон хеле хуб истифода менамуданд.

Табиист, ки ҳангоми ҳамла ба як дидбонгоҳи хеле муҷаҳҳаз ва намунавии русҳо размандагони мухолифини тоҷик ба ёрии гурӯҳҳои соҳибтаҷриба ниёз доштанд. Бидуни чунин гурӯҳҳо ҳамлаи муассире, ки метавонист дар сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳро ҷалб кунад, имкон надошт. Ва аз ҳама муҳимтар, шикаст рӯҳияи ҷангии худи размандагони мухолифинро натанҳо поён мебурд, балки шояд рӯҳафтодагӣ онҳоро фаро мегирифт. 

Ин аст, ки барои ҳукумати фирории тоҷик дар Афғонистон як пирӯзии барқосо зарур буд. Шикаст ва суқути дидбонгоҳи 12-ум нишон дод, ки онҳо дар муҳосиботи худ иштибоҳ накардаанд. Ба хок яксон кардани ин дидбонгоҳ ва ҳам буридани каллаҳои марзбонон то кадом андоза ҷиддӣ будани хатари ҷангро барои ҳама маълум кард. 

Сокинони огоҳи ноҳияи Маскав то ҳол қисса мекунанд, ки ба марзбонҳои қабл ба хизмат даъватшуда, аскарони навдаъватшуда наворҳо видеоии ҳамин марзбонҳои каллабуридаро нишон дода, метарсонданд, ки ҳамеша барои набард омода бошанд ва ҳеҷ гоҳ ҳангоми қаравулӣ хоб накунанд, то чунин сарнавишт ба сарашон наояд. Аммо размандагони мухолифини тоҷик буридани каллаҳои марзбонҳоро ҳеҷ гоҳ ба гардан нагирифта, онро инкор мекунад.

Шикасти нируҳои Русия дар ҳангоми ин ҳамла мухолифини тоҷикро ба сатҳи як нирӯи муассири сиёсиву низомӣ дар сатҳи як байналмилалӣ баровард. Чаро? Ба он хотир, ки ҳадафи чунин як ҳамлаи густурда на нирӯҳои заъифи артиши Тоҷикистон, балки дидбонгоҳи марзбонони Русия қарор гирифта буд. Ин маънои эълони ҷанги ошкор бо он кишварро дошт. 

Кохнишинони Кремл ҳам то кадом андоза ҷиддӣ будани вазъиятро хуб дарк карданд. Яъне, агар бо мухолифини тоҷик музокирот сурат нагирад, Маскав бояд барои як ҷанги комилан айёр бояд тайёр мешуд, мисли ҷанги Афғонистон, ки дар он русҳо ҳамагӣ чор сол қабл шикаст хӯрда буданд. Оғози ҷанги чирикӣ дар Тоҷикистон маънои идомаи ҷанги Афғонистонро дошт. Русия барои чунин ҷанг комилан омода набуд, зеро боз як бори дигар дар муқобили ғарб ва кишварҳои исломӣ қарор мегирифт. 

Анҷоми он аз қабл маълум буд, маҷбур мегашт, ки минтақаи Осиёи Миёнаро барои ҳамеша тарк кунад.

Русҳо боз як бори дигар ин таҷрибаро озмоиш кардан намехостанд, зеро ин давлат аз як тараф фалаҷ шуда буд, аз тарафи дигар мисли собиқ шӯравӣ имконоти зиёди моливу пулӣ надошт. Ҷомеаи Русия баъди шикаст дар Афғонистон ҳоло дуруст ба худ наомада буд, бинобар ин, намехост боз дар як ҷанги дигар дар кишваре, ки бо Афғонистон ҳаммарз буд, ширкат кунад. 

Аз ин рӯ маҷбур шуд, ки бо ҳарду ҷониби даргири ҷанги Тоҷикистон иртиботи наздик барқарор кунад ва онҳоро барои пиёда кардани аҳдофи худ истифода кунад. Чун кохнишинони Кремл бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ буданд, намехостанд дар ҷанги Тоҷикистон вазъият аз зери назораташон барояд. 

Аксар муаллифони русӣ иддао доранд, ки яке аз чеҳраҳои калидии ҳамла ба дидбонгоҳи 12-ум қумондони чеченитабори урдунӣ Хаттоб буд, ки баъдҳо дар даврони ҷанги русу чечен солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000-ум хеле машҳур гардид. Бародари командири дидбонгоҳи 12-ум Иван Майборода, ки ҳангоми ҳамла ба Сари Ғор дар ҳамон ҷо ҳузур дошт, дар филми «12 застава», ки коргардонаш Лариса Верещагина мебошаду он соли гузашта таҳия гардидааст, чунин қисса мекунад: вақте ки нахустин бор аз тариқи телевизион симои Хаттабро дидам, ба ёдам омад, ки ман ӯро аз наздик ҳангоми ҳамлаи мухолифини тоҷик ба дидбонгоҳи 12-ум дида будам. 

Аммо чунин иддао дуруст ба назар намерасад, зеро дар тӯли 4 сол мубориза дар Афғонистон аз таҷрибаи бузурги ҷанги партизанӣ бархурдор гардида буд. Ба ин хотир, агар бигӯем, ки размандагони тоҷик шогирдони ӯ буданд, шояд иштибоҳ накунем. Русҳо ба ин боваранд, ки размандагони тоҷикро мулло Абдураҳим ва арабҳову афғонҳо роҳбарӣ мекарданд. Аҳмад Иброҳим ин иддаоро инкор мекунад ва ӯ номи чанд нафар командирони гурӯҳҳоро ҳангоми ин ҳамла ном мегирад.

Давлат Усмон мегӯяд: яке аз размандагони араб, ки дар ин муҳориба ширкат карда буд, фарзанди кадом шайхи хеле сарватманду машҳури Аморати Муттаҳиддаи Араб буд. Ҳар қадар, ки падараш саъй кардааст, ӯ ба ҷанги Тоҷикистон наравад, ба ин кор муваффақ нагардидааст. 

Ва ин ҷавон дар набарди дидбонгоҳи 12-ум кушта шуд. Аз майдони ҷанг ҷасади ӯро мухолифин бароварданд ва баъдан ба Пешовар интиқол доданд. Падараш як ҳавопаймо равон карду ӯро ба кишвари худ бурда гӯронданд.

Тамоми расонаҳои гурӯҳи Русия бо истинод ба марзбонҳо шурӯъ аз моҳи июли соли 1993 менависанд, ки ин ҳамла ногаҳон сурат гирифта буд, аз ин рӯ, дар нахустин лаҳзаҳои набард командири дидбонгоҳи 12-ум, лейтенанти калон Михаил Майборода ба қатл расид. 

Дар аксар мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва хотираҳо доир ба ин мавзӯъ ишора мешавад, ки марзбонҳо муқовимати шадид нишон додаанд, алалхусус онҳо корнамоии экипажи БМП-ро, ки дар арафаи ин ҳамла аз полки дивизияи 201-ум воқеъ дар Кӯлоб барои ёрӣ ба марзбонҳои дидбонгоҳ омода буд, зикр мекунанд.

Дмитрий Коняхин филме таҳия кардааст, ки он дар ҳамон рӯзи 12-уми июли соли 1993 ба навор гирифта шудааст. Касоне, ки ин филмро дидаанд, шояд ба хубӣ дарк карда бошанд, ки ба марзбонон чӣ гуна ҳамлаи шадиде сурат гирифтааст. 18 нафаре, ки аз майдони набард берун мебароянд, ҳама дар ҳолати шок буданд. 

Муовини командири дидбонгоҳ Андрей Мерзликин, ки баъди кушта шудани лейтенанти калон Майборода командирии дидбонгоҳро ба зимаи худ гирифта буд, ҳатто дуруст рапорт дода наметавонад. Забонаш лакнат пайдо карда, номи марзбонҳоро ба хотир оварда наметавонист. Ин муҳориба шояд аз камтарин набардҳо дар таърихи Русияи муосир бошад, ки якбора 6 нафар ширкаткунандаи он барои корнамоӣ унвони қаҳрамони он кишварро гирифтаанд. 

Инҳо аскари қаторӣ Сергей Борин, Владимир Евланов, Сергей Сушенко, Игор Филкин (ҳама баъди марг), Сергей Евланов ва Андрей Мерзликин мебошанд. Ба ифтихори онҳо имрӯз дар зодгоҳҳояшон мактабҳову кӯчаҳо ва ғ. номгузорӣ мешаванд. Худи дидбонгоҳи 12-ум номи дидбонгоҳи «25 қаҳрамон»-ро гирифт. 25 нафар онҳоеанд, ки ҳангоми ҳамлаи мухолифин ба расонда шуда буданд. 

Аммо дар тӯли ин ҳама солҳо расонаҳои гурӯҳии Русия боре ҳам ба ёд наовардаанд, ки 18 нафар марзбони зинда дар натиҷаи корнамоии аскари қатории тоҷик Мирбақо Додоҷонов зинда монда будаанд. Аз ин рӯ, шояд ӯ аз ҳама бештар барои гирифтани унвони «Қаҳрамони Русия» ҳақ дошт. Ӯ буд, ки ҷони худро ба каф гирифта, охирин қутти тирро овард ва марзбонҳо онро миёни худ тақсим карда, бо сардори лейтенант Мерзликин ҳалқаи мухолифинро рахна карда, аз майдони набард баромада буданд. Кӣ медонад, шояд ӯ ҳам дар ягон шаҳри Русия мардикорӣ карда бошаду корнамоии ӯро дигар касе дар ёд надошта бошад. 

Ин ҳеҷ ҷои тааҷҷуб надорад, замоне бобоҳои мо барои озод кардани сарзамини рус аз юғи фашизм қаҳрамонӣ нишон дода буданд, аммо инро ҳатто дар сатҳи роҳбарияти олии Русия ба ёд овардан намехоҳанд, чи расад ба корнамоии як нафар тоҷик? Аксар муалифони рус иддао мекунанд, ки марзбонҳои дидбонгоҳи 12-ум аз худ қаҳрамонии бемислу монанд нишон додаанд. Шояд ин дуруст ҳам бошад, ҳарчанд ки онҳо майдони набардро тарк карда буданд. 

Аммо ҳоло биёед бубинем, ки ин муҳориба дар ёди худи ҳамлагарон чи гуна нақш бастааст? 

Алиҷон- як тан аз ҳамлагарон ба журналист Аҳмади Иброҳим чунин қисса мекунад: «ҳар нафаре, ки аз мо ба шаҳодат мерасид, на аз тири яроқҳои мухофизони дидбонгоҳ, балки аз захми тӯпҳои русҳо, ки чандин километр аз маҳали воқеа парронда мешуданд, ҳалок мегардиданд. Муҳофизони дидбонгоҳ бошанд, ба гумонам ҳеҷ гуна қаҳрамонӣ нишон намедоданд. Фақат берабту бенизом аз яроқҳои бешумори дар ихтиёрдоштаашон ҷониби мо мепарронданд».

Ширкаткунандаи дигари ин набард Сафар роҷеъ ба ин ҳамла чунин мегӯяд: «Вақте дидам, ки БТР-и русҳо ҷавонони кӯлобиро сар бардоштанд намегузошт, бо як хез сад метро гузашта, худро паси санге гирифтам ва бо мушакдоз-гранатомёт БТР-ро нишон гирифтам. Чун кори БТР тамом шуд, дидам, ки дуртар аз ман пулемёти ДШК ба кор даромад. Чанд давр зада, бо «подствольник» ин пулемётро аз кор баровардам. Вақте ки баргаштам, мулло Абдураҳим ба ман эрод гирифт, ки «чаро пештозӣ мекунӣ, мабодо қурбон мешудӣ, ман ба волидайни ту чӣ ҷавоб медодам?».

Ҳар чӣ ҳам бошад, шикаст дар дидбонгоҳи 12-ум Кремлро маҷбур кард, ки дар сиёсати худ нисбат ба ҷанги Тоҷикистон тағйирот ворид кунад, зеро дар акси ҳол ташаббус ба дасти дигарон мегузарад ва он гоҳ тамоми асбоби фишанг аз дасташ берун меравад. Ин буд сабаби аслии сафари Евгений Примаков-собиқ сардори Хадомоти разведкаи хориҷии Русия ба Афғонистону Эрон. Ва кори музокироти сулҳи Тоҷикистон ҳам замоне авҷ гирифт, ки вазъият дар минтақа комилан тағйир ёфту Евгений Максимович вазири хориҷаи Русия таъин гардид. 

Кремл бо дарназардошти манфиатҳои худ дар Тоҷикистон бо ёрии муттаҳиддини худ ҷонибҳои даргири ҷанги Тоҷикистонро рӯзи 27-ми июни соли 1997 ба ҳам овард ва Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Сулҳе, ки нахустин гоми онро баъди ҳамла ба дидбонгоҳи марзбони 12-умт дастаи марзбонии ноҳияи Маскав дар моҳи июли соли 1993 гузошта буданд.

Нуралӣ Давлат, 
ҳафтаномаи «Фараж»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi