07:17:53 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶИӮ: ҶУМЪАБОЙИ НАМАНГОНӢ-3

Чӣ хеле ки дар боло қайд кардем, таърихи Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон, ки бо роҳи зӯрӣ табдил додани сохтори давлатиро ҳадафи худ қарор додааст, бо марҳилаҳои муҳими ҷанги дохилии Тоҷикистон сахт алоқаманд аст. Дар ин бобат фарзияҳои шахсии иштирокдорони бевоситаи ин ҷанг дар бораи вусъати ҳодисаҳо баъди сулҳу оштии ҷонибҳои даргир хеле ҷолиб ба назар мерасад. Рақибони ҳукумати кунунии Ӯзбакистон аз ҶИӮ қайд мекунанд: 

Тошканд, ки орзуи лидери минтақаи Осиёи Марказӣ буданро дар дил мепарварид, барои мустаҳкам кардани нуфузи худ дар Тоҷикистони баъдиҷангӣ кӯшишҳо ба харҷ додааст. Яке аз воситаҳои амалӣ кардани ин мақсад полковники машҳури ҷанҷолӣ М. Худойбердиев буд. Моҳи ноябри соли 1998 Маҳмуд Худойбердиев дар садри як ҷузъи мусаллаҳ аз ҳудуди Ӯзбакистон ба вилояти Суғд ҳамла кард ва шаҳри Хуҷандро ишғол намуд. 

Вале воҳидҳои низомии Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик, ки дар ҳайаташон размандагони ҶИӮ низ буданд, якҷоя бо нерӯҳои ҳукуматӣ дастаҳои полковники исёнгарро аз ҳудуди вилояти Суғд берун карданд. Баъди ин ҳодиса, бо сабабҳои маълум, Ҷ. Намангонӣ ва ҶИӮ имконият пайдо мекунад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон озодона будубош дошта бошад. Вазири умури хориҷии ҳамонвақтаи Тоҷикистон Талбак Назаров далели ҳузури Ҷ. Намангониро дар ҳудуди Тоҷикистон тасдиқ кардааст.

Ноҳияи Тавилдараи Тоҷикистон шоҳиди задухӯрдҳои сахти байни қувваҳои ҳукуматӣ ва дастаҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик шудааст. Дар ин ҷанг, ки солҳои дароз тӯл кашид, ҳар ду тараф ҳам талафотҳои калони ҷонию техникӣ додаанд. Боз як далели дигари ҷолибро қайд кардан бамаврид аст. Моҳи сентябри соли 1994 «бо мақсади кӯмак ба ИМА» дастаи муҷоҳидҳои араб бо сарвари Хаттоб (дар доираҳои террористӣ бо лақаби «Араби Сиёҳ» машҳур аст) ба ноҳияи Тавилдара омадааст. Лекин лидерҳои Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик ҳузури зархаридҳои хориҷиро лозим надонистанд. Дастаи Хаттоб муддате дар Тоҷикистон меҳмон монда, баъд дар Чеченистон пайдо шуд.

Тақдирҳои қумондонҳои Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик Мирзо «Ҷага» Зиёев, Ҷумъаи Намангонӣ, Шайх, Раҳмон Гитлер, Эшони Дароз, Ҳакими Бангӣ, Мулло Абдулло то андозае ба ҳам монанд буданд. Кариб ҳамаи онҳо аз оилаҳои заҳматкашони деҳот ва хизматчиёни хурд буданд. Бино бар шаҳодати манбаъҳо, ҳеҷ кадом аз онҳо маълумоти динӣ надоштааст ва онҳо мусулмонҳои оддии намозхон будаанду халос. 

Масалан, генерал Мирзо «Ҷага» Зиёев пештар дар ноҳияи худ тракторрон будааст ва баъд вазири вазъиятҳои фавқулоддаи Тоҷикистон шудааст. Баъди ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ байни Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик ва ҳукумати расмӣ соли 1997 як қисми қумондонҳо-Раҳмон Гитлер, Мулло Абдулло ва дигарон силоҳҳои худро ба замин нагузоштанд ва оппозитсияи оштинопазири тоҷикро ташкил доданду алайҳи ҳукумати ҷумҳурӣ ва лидери Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ фаъолият мекарданд. Бо сабабҳои гуногун танҳо як созмон – Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон, ки аллакай соҳиби инфраструктураи ҳарбӣ ва дастаҳои мусаллаҳи худ буд, метавонист иттифоқчии оппозитсияи оштинопазири тоҷик бошад.

Барои ҳамкорӣ бо Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон дар давраи ҳодисаҳои Тошкент, солҳои 1999-2000 барои несту нобуд кардани дастаи Мулло Абдулло кӯшиш карданд. Ҳамон вақт баъди анҷоми як амалёти махсус хадомоти матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки «даста торумор карда шудааст ва 40 кас бо сарварии Мулло Абдулло боздошт ва ҳабс гардиданд». Вале дертар иттилоъ расид, ки дастаи Мулло Абдулло тавонистааст ба хоки Афғонистон гузарад ва ба сохторҳои ҷунбиши «Толибон» ҳамроҳ шавад. 

Соли 2001 ҳукуматдорони Тоҷикистон қумондони мазкурро мавриди ҷустуҷӯйи байналмилалӣ эълон карданд. Моҳи феврали соли 2002 дар васоити ахбори омма хабаре пайдо шуд, ки гӯё Мулло Абдулло дар натиҷаи як амалиёти ҳарбии амрикоиҳо ба асорат афтодааст. Вале дар асл вай он вақт дар шаҳри Қарочии Покистон зиндагӣ мекард. Айнан ҳамон вақт ҳукуматдорони Тоҷикистон дар бораи дастгир ва ҳабс гардидани Мулло Абдулло изҳороти расмӣ пахш намуданд. 

Вале моҳи майи соли 2009 хабар расид, ки Мулло Абдулло бо дастаи сарбозонаш ба водии Рашт ворид шудааст. Бино ба маълумоти рӯзномаи «Коммерсант», Мулло Абдулло бо дастаи иборат аз сад разманда ба Тоҷикистон баргаштааст. Вай дар деҳаҳо гашта, бо мӯйсафедон вохӯрдааст ва гуфтааст, ки аз саргардонӣ дар кишварҳои бегона хаста шудасту қарор додааст, ки ба ватан баргардад». Бино ба маълумотҳои сарчашмаҳои мо, Мулло Абдулло аз Афғонистон бо дастаи қариб 200-нафараи муҷоҳидон баргаштааст, ки қисми зиёди онҳоро хориҷиён (чеченҳо, тоҷикҳои Афғонистон) ташкил медиҳанд. Ҳукумат барои несту нобуд кардани онҳо қувваҳои худро сафарбар кардааст.

Иқомати дуру дароз дар Тоҷикистон Ҷумъаи Намангониро водор намуд, ки дар ин ҷой оила барпо намояд. Зани аввали ӯ духтаре будааст бо номи Нозия аз ноҳияи Язғуломи Бадахшон. Бисёрии размандагони дастаи Ҷумъабой язғуломӣ будаанд, ки ин мардум бо тифоқию муттаҳидии худ фарқ мекунанд.

Ба ҳодисаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон дахл карда, дар бораи ашхоси машҳуре нақл кардан лозим меояд, ки ба Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик муқовимат мекарданд. Онҳо шахсиятҳое буданд, ки дар таърихи зиддияти дохилии Тоҷикистон нақши намоён гузоштаанд: Сангак Сафаров, Лангарӣ Лангариев, Файзалӣ Саидов – лидерҳои Ҷабҳаи Халқии Тоҷикистон. Сангак Сафаров, ё «Бобои Сангак» якуми январи соли 1928 дар деҳаи Шугнов ба дунё омадааст. Соли 1953 падари ӯ репрессия шуда буд. 

Ду додараш аз гуруснагӣ мурдаанд ва бародараш соли 1939 аз озодӣ маҳрум гардидааст. Худи Сангак Сафаров бори аввал соли 1951 ҳабс шудааст. Ва на ба сабабҳои идеологӣ: ӯ ҷинояти оддӣ содир карда буд, ҷинояти мошиндуздӣ. Соли 1957 барои бо мошин пахш карда куштани пиёдагард ӯ бори дуюм аз озодӣ маҳрум гардид. Баъди ба озодӣ омадан дар боғи марказии шаҳри Душанбе ба ҳайси буфетчӣ кор кардааст. 

Соли 1964 барои одамкушӣ боз зиндонӣ гардид. Дар маҳбаси воқеъ дар ноҳияи Совети (ҳоло Темурмалик) вилояти собиқии Кӯлоб дар байни маҳбусон исён барпо кард ва барои ин амалаш мӯҳлати ҳабси ӯ шаш сол зиёд карда шуд. Дар маҷмӯъ «Бобои Сангак» 23 соли умри худро дар паси панҷара гузаронидааст. Баъди ба озодӣ баромадан Сафаров дар буфети тарабхонаи «Лаззат»-и шаҳри Кӯлоб кор мекард. Соли 1992, баъди оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон, Сангак Сафаров сарвари Фронти халқӣ гардид.

Шахсияти дигари муҳими Ҷабҳаи халқӣ Файзалӣ Сайдов ба ҳисоб мерафт. Ӯ 5-уми январи соли 1963 дар совхози ба номи Кӯйбишев )ҳоло ба номи Ф. Саидов) таваллуд шудааст. Дар оила онҳо ҳашт нафар фарзанд буданд-се писар ва панҷ духтар. Падараш соли 1992 кушта шуд. Баъди хатми синфи 8-уми мактаби миёна Файзалӣ ба яке аз омӯзишгоҳҳои ҳунаромӯзии (ПТУ) шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шуд. 

Дар флоти уқёнуси Ором хизмат кардааст. Соли 1987 ба политехникуми Душанбе дохил гардид. Дар комбинати бофандагии шаҳри Душанбе кор кардааст. Соли 1989 ба «Тоҷикатлас»-и шаҳри Қӯрғонтеппа гузашт. Охирин ҷойи кори ӯ комбинати либосбарории шаҳри Қӯрғонтеппа будааст. Қумондони Ҷабҳаи Халқӣ Лангари Лангариев ҳам дар оилаи оддӣ ба дунё омадааст. Аввал коргар будааст ва баъд дар омӯзишгоҳи ҳунаромӯзӣ касби ронандагӣ ва тракторрониро аз худ кардааст. Соли 1985 мактаби миёнаи милисаи шаҳри Чимкенти Қазоқистонро хатм намудааст.

Дар ҳодисаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон Мулло Ҳайдар, Мулло Абдураҳим ва Мулло Қиёмиддин ҳам нақши муайян гузоштаанд. Мулло Ҳайдар яке аз аввалин шахсиятҳои мазҳабӣ буд, ки ба муқобили «ваҳҳобизм», яъне мухолифин садо баланд кард. Мулло Абдураҳим ҳамчун шахсияти мазҳабӣ бино ба қонунҳои шариат ва сифатҳои шахсии худ кӯшиш мекард, ки адолатро риоя карда бошад. 

Солҳои охири ҷанги дохилӣ вай ҳамроҳи Иттиҳоди Мухолифини Тоҷикистон буд. Набояд фаромӯш кард, ки дар ҳодисаҳои таърихи ҷаҳонӣ идеология нақши муҳим бозидааст. Аммо дар корзорҳои амалиётҳои ҳарбӣ бисёр вақт фаромӯш мекунанд, ки маҳз идеяву шиорҳо одамонро ба сангарҳою задухӯрдҳои зидди ҳамдигар тела медиҳанд. Баъди оштии ҷонибҳо номҳои ин ходимони динӣ ба ҳукми фаромӯшӣ супорида шуданд ва тақдири минбаъдаи онҳо чӣ гуна буд, пурра маълум нест. 

Танҳо ба М. Худойбердиеву дастаи ӯ муяссар гардид, ки аз моҷароҳои сиёсати дохилии ҳамонвақтаи Тоҷикистон раҳо ёбанд. Метавон гуфт, ки Ӯзбакистон ӯро наҷот дод, дар акси ҳол мумкин буд тақдири қумондонҳои дигари Ҷабҳаи Халқӣ ба сари ӯ ҳам биёяд. Бино ба баъзе маълумот «полковники исёнгар имрӯз бо дастаи худ дар яке аз ҷузъу томҳои махсуси артиши Ӯзбакистон, ки вазифаҳои фавқулоддаро иҷро менамояд, хизмат мекунад».

Асад Аскаров, Саид Амин
Мақола дар сайти easttaim.ru ба нашр расидааст. 
Онро ҳафтаномаи «Дунё» тарҷума кардааст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi