04:58:58 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САДО ДАР КРЕМЛ-3

Як иллати дигари шикастро мутахассисони соҳаи низомӣ баъди омӯзиши дидбонгоҳи 12 дар он диданд, ки он аз лиҳози ҳарбӣ дар мавқеи номусоид барои худи марзбонон сохта шудааст. Яъне он дар ҷуқурӣ сохта шуда буд, бинобар ин ҳангоми ҳамлаи ногаҳонӣ осебпазир гардид. 

Шояд замоне ки онро бунёд карданд, яъне даҳсолаҳо қабл, чунин хатарро аз имкон берун медонистанд. Имрӯз мо танҳо метавонем чандин фарзияро пешниҳод кунем, вале посухи дақиқро имрӯз пайдо кардан кори мушкил аст. Мо танҳо ҳаминро илова мекунем, ки вақте масъалаи аз нав бунёд кардани дидбонгҳои 12 дар Сари Ғор ба миён омад, онро дуртар аз дидбонгҳи кӯҳна, дар мавқеи хеле хубтар бино намуданд. Мухолифини мусаллаҳ аз он ки дидбонгоҳ дар чуқурӣ буд, хеле хуб истифода карданд.

 

Онҳо дар торикии шаб бо қаиқҳои резинӣ дарёро убур карда, дар баландиҳову теппаҳо мавқеъ гирифта, оташ кушоданд. Дар чандин хотироти марзбонҳои зиндамонда ёдоварӣ мешавад, ки посбонҳо мухолифинро диданду оташ кушоданд, шояд ҳамин хел ҳам бошад, вале ҳамлаи ногаҳонӣ кори худро кард. 

Ин шабохун задан маънои дар ғафлат гирифтани марзбононро низ дошт. Ҳар нафаре, ки аз илми низомӣ бохабар аст, хуб дарк мекунад, ки ҳангоми шабохун задани душман зуд ба худ омадан кори осон нест. Марзбонҳо низ дар чунин ҳолат афтида буданд. 

Ва боз бояд зикр гардад, ки ду рӯз қабл аз ҳамлаи мухолифин роҳбарияти дидбонгоҳ тасмим мегирад, ки аскаронро аз нуқтаи иттико ё такягоҳ (опорный пункт) ба казарма баргардонад. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки вазъият дар марз хеле муташанниҷ буд. Чаро ин кор сурат гирифт? Шояд ба он хотир, ки ду-се рӯз қабл командири даста Майборода зодрӯз дошт? Чизе, ки ҳам бошад, мо имрӯз наметавонем ба ин савол низ посух бигӯем.

Шояд дар санадҳое, ки баъди ба хок шудани дидбонгоҳ коммисия тартиб дода буд, посух вуҷуд дошта бошад. Зарбаи ногаҳонӣ хеле сангин буд. Шояд аксари марзбонҳо дар ҳамин оғози ҳамлаи ғайриинтизор ба ҳалокат расида бошанд, зеро казармае, ки дар он марзбонҳо хоб мекарданд, дар дақиқаҳои нахустин мавриди оташ қарор гирифта буд. 

Дар чунин ҳолат касе, ки худро зинда ба берун кашиду аз хонае, ки силоҳҳо нигоҳ дошта мешуданд, силоҳашро гирифта тавонист, муқовимат нишон дод. Аммо оё ин кори осон буд? Дар зери тирборони шадид берун шудан аз казармае, ки аз ҷониби мухолифини ҳукумат тирборон мешуд? Фикр мекунам, ки на. Дар чунин шароит беҳтар ин мебуд, ки марзбонҳо иштибоҳи нобахшидании худро ба гардан гирифта, мегуфтанд, ки мо иштибоҳ кардем, ки аз марз убур кардани мухолифинро роҳ додем. 

На танҳо роҳ додем, балки онҳо моро дар ғафлат гирифта, балки дар ягона роҳи мувосилотии мо мина ҳам хобонданд ва ба ин хотир, онҳое, ки ба ёрии мо шитофтанд, дар роҳ дармонданд. Ва чандин соат дар фосилаи 5 километр дармонданд. То минаҳоро пок карданд, ки аксари марзбонҳо кушта шуда буданд.

Аммо ба ҷои ин бархе муаллифони русӣ кӯшидаанд, ки гуноҳро ба сари аскари қатории тоҷик Бобоҷонов зананд, ки гӯё ӯ мухолифинро дида, ба ҷои он ки дидбонгоҳро ба по хезонад, фирор кардааст. Воқеан, Бобоҷонов дар рӯзи дигар бо пулемёте, ки 200 тир доштааст, дар дидбонгоҳи 12-ум пайдо шуд. Аммо оё ӯ воқеан фирор кардаву ягон тир холӣ накарда буд? Ба ҳар сурат ин фарзия шояд чандон дуруст набошад, зеро агар ӯ воқеан ҳам мегурехт, пас, бо медали Русия сарфароз гардонида намешуд. 

Ҳоло ин иттиҳом дарди бахайр аст. Як хабарнигори рус бо номи Михаил Летов баъди наздики як даҳсола аз ин мавзеъ дидан карда, менависад, ки мардуми маҳал медонистанд, ки ҳамла сурат мегирад, бинобар ин, шабона аз минтақа фирор карданд. Оё ин воқеан ҳам чунин аст? Ва баъдан аз шарми хиёнат ба марзбонон дигар ба ин минтақа барнагаштанд. Оё воқеан ҳам чунин шуда буд? 

Фикр мекунам, ки ин иттиҳомоти чандон ҷиддӣ нест, зеро дар миёни мардум ҳатман як нафар агент аз миёни сокинони маҳаллӣ ба марзбонон нияти мухолифинро барои мавриди ҳамла қарор гирифтани дидбонгоҳи 12-ум ҳатман мерасонд. Дар миёни беш аз 100 хонавода махфӣ нигоҳ доштани чунин барнома кори хеле душвор ба назар мерасад. 

Гузашта аз ин, ин муаллиф фаромӯш мекунад, ки дар байни марзбонон тоҷикон низ кам набуданд. Агар мардуми маҳал ин сирро медонистанд, ақаллан ба хотири наҷот додани ҳамин ҳамшаҳриҳои худ ин сирро ба марзбонҳо мерасонданд. Вале майор Летов иддао мекунад, ки баъди суқути дидбонгоҳ мардум аз шарм ба минтақа барнагашт. Фикр мекунам, ки сабаби барнагаштани мардум ин нест, ки ӯ мегӯяд, балки он аст, ки дар тӯли даҳсолаҳои охир аз замони шикасти босмачиҳо ин нахустин бор буд, ки ба Сари Ғор ҳамла сурат мегирад ва беш аз нисфи марзбонҳои он кушта мешаванд. 

Оё баъди он ки дидбонгоҳ суқут кард, мардум метавонист дигар ба марзбонҳо бовар кунад, ки амнияташонро таъмин мекунанд? Албатта не. Дар ҳоле, ки онҳо ҷони худро наҷот дода натавонистанд, чи гуна ҷони сокинони маҳалро наҷот медиҳанд? Ҳоло ба ин рӯйхат бингаред, ки киҳо ҳангоми ҳамлаи ногаҳонӣ ба қатл расидаанд.

Борин Сергей Николаевич
Веревкин Андрей Анатольевич
Ҷумъаев Маҳмадулло Садирович
Елизаров Владимир Федорович
Каримов Азаматҷон Нозирхонович
Кологреев Юрий Владимирович
Колотигин Сергей Александрович
Куликов Михаил Геннадевич
Кусюнбаев Айрат Салихянович
Магомаев Рабодан Магомедович
Майборода Михаил Викторович
Мухин Алексей Константинович
Николашкин Николай Николаевич
Никонов Дмитрий Леонидович
Петроченко Александр Владимирович
Саъдуллоев Темур Абдуқодирович
Сич Сергей Владимирович
Сушенко Сергей Александрович
Улибин Леонид Владимирович
Умаров Назир Ҳасратович
Ураимов Саибҷон Раҳматонович
Филкин Игорь Викторович
Халитов Рахиф Алфович
Хайриддинов Аслиддин Шамсиддинович
Чашин Андрей Викторович

Мегӯянд, ки дар дидбонгоҳи 12-ум чунин ҳамларо интизор набуданд, зеро дар моҳи май ва июн задухӯрдҳои шадид дар минтақаҳои дигар сурат гирифта буд. Гузашта аз ин, барои ҳамла ба дидбонгоҳи 11-ум кори осонтар буд, онҷо марзро убур кардан чандон мушкилӣ надошт. 

Шояд командири дидбонгоҳи 12-ум тибқи ҳамин мантиқ рафтор карда, лейтенанти калон Михаил Майборода ду рӯз қабл аз ҳамла марзбононро ба казарма баргардонда буд? Ва ин ҳам дар ҳоле, ки дар миёни дидбонгоҳи 11-ум ва 12-ум мухолифин марзро гузашта, баъди ҷангҳои шадид мавқеъ гирифта буданд. Аммо роҳабрияти марзбонҳои Русия дар Тоҷикистон барои саркӯб кардани онҳо шитоб намекард. 

Чаро? Шояд ба он хотир, ки мехостанд ҷанги тӯлониро дар Тоҷикистон ба роҳ андозанд? Ва дар оташи ин ҷанг равған рехта, дастони худро гарм кунанд? Оё ин амал тибқи ҳамон назарияи ҷанги идорашаванда сурат намегирифт? Капитан Разумовский менависад, ки нирӯ барои саркӯб кардани мухолифини тоҷикро ҳамеша доштанд, аммо ҳар бор, ки онҳоро дар остонаи суқут қарор медоданд, аз боло фармон меомад, ки ҳамла ба мухолифини ҳукумати Тоҷикистон қатъ гардад.

 

«Мулоқоте, ки бо Андрей Мерзликин як ҳафта қабл аз ҳамла ба дидбонгоҳи 12-ум сурат гирифта буд, ба ёд омад.

-Намефаҳмам, чӣ воқеа рух дода истодааст. – Дар «Тург» «дух»-ҳомавқеъ гирифтаанду ба мо иҷоза намедиҳанд, ки ба онҳо даст расонем.

-Яъне, чӣ хел иҷозат намедиҳанд?

-Мегӯянд, ки гӯё онҳо мо «вовчик»-ҳоро муҳофизат мекунанд.

-«Дух»-ҳо шуморо муҳофизат мекунанд? Ту маст нашудаӣ?

-Ман-ку маст нашудаам, - ранҷида гуфт Мерзликин. – Ин дар боло ҳарорати касе баланд шудааст. Шояд ба ҳамин хотир чунин фармонҳоро содир кунад.

Мерзликин ҳақ баромад. «Дух»-ҳо як моҳ дидбонгоҳро назорат карданд, тайёрӣ диданду баъд зарба заданд. Он номаълуме, ки фармон медод, ки ба «дух»-ҳо даст расонда нашавад, албатта, зарар надид. 25 нафар ба ҳалокат расид». (мақолаи «Что моя жизнь? Спецназ!...». Аз сомонаи интернетии дастаи марзбонии 117-и ноҳияи Маскав гирифта шудааст. – Н.Д.).

Тасвир кардани ин набард кори осон нест, зеро муаллифони зиёде ба он таваҷҷӯҳ кардаанд ва ҳар кадоме аз забони марзбонон онро обуранги бадеӣ додааст. Ҳатто нависанда Матсуопуло низ дар мавриди ин дидбонгоҳ ва марзбононе, ки мавриди ҳамлаи мухолифини тоҷик қарор гирифта буданд, навиштааст. 

Аммо марзбононе, ки дар форумҳо ширкат кардаанд, аксаран аз навиштаҳои бисёре аз муаллифон интиқоди шадид ба амал овардаанд. Албатта, барқарор кардани ин набард бо тамоми ҷузъиёташ кори осоне набуд, зеро набард он қадар шадид оғоз буд, ки касе наметавонист тамоми он манзараро пурра бубинад. 

Бинобар ин ҳар кас чизеро, ки дид ва ё дар ёдаш монд, ҳамонро ба аъзои комиссияи тафтишотие, ки барои омӯзиши шикасти дидбонгоҳ омада буд, қисса кард. Ва шояд бархеи дигар хотироти худро ба журналистон низ гуфтаанд.

Ба ҳар ҳол, мавриди ҳамла қарор гирифтани яке аз дидбонгоҳҳои намунавии марзбонони русӣ дар Тоҷикистон дар матбуоти ин кишвар ба таври хеле густурда инъикос шудааст. Ҳар сол ин рӯз хотираи 25 нафар аскари ба қатл расидаи марзбонро ёд мекунанд. Ба номи эшон дар зодгоҳҳояшон мактабҳову кӯчаҳоро номгузорӣ кардаанд. Аммо дар бораи ҷониби дигар, яъне ҳамлагарон ба ғайр аз як мақолаи Аҳмади Иброҳим дигар чизе навишта нашудааст…

Нахустин саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз ҳамин дидбонгоҳ. Ба қавли онҳое, ки дар ин ҳамла ширкат карда буданд, ба он хотир, ки дидбонгоҳи 12-ум аз дидбонгоҳҳои намунавӣ буд. Шикасти он таъсири рӯҳӣ низ дошт. Хабарнигори варзидаи тоҷик Султони Ҳамад мегӯяд, ки роҳбарияти мухолифини тоҷик, ки дар Афғонистон паноҳ бурда буданд, ба унвони президенти Русия ва модарони аскароне, ки дар марзи Тоҷикистон хизмат мекарданд, номае навиштанд ва тақозо карданд, ки барои бозгашташон ба ватан халал ворид накунанд. 

Ин нома ба хабарнигори «Московские новости» Ивлева дода шуд ва ӯ баъди бозгашт аз сафари Афғонистон онро дар рӯзнома интишор намуд. Аммо ин ҳушдор сарфи назар гардид. Чаро? Ин барои мо маълум нест. Ва ҳамчунин дар бораи он ки киҳо дар тарҳрезӣ ширкат кардаанд, маълумоти муфассал дар даст нест. Фарзияи тарафи Русия маълум аст. Ҳамла бо ширкати аскарони дивизияи 55 таҳти роҳбарии Қозӣ Кабир ва қумондони тобеи ӯ Қорӣ Ҳамидулло ва муҷоҳиддини афғону арабӣ сурат гирифта будааст.

Нуралӣ Давлат, ҳафтаномаи «Фараж»  
(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi