18:53:42 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҶИӮ: ҶУМЪАБОЙИ НАМАНГОНӢ-2

Бо вуҷуди андешидани чораҳои эҳтиётӣ охирҳои моҳи ноябри соли 1999 ба агентураи хадамоти махсуси яке аз кишварҳои ИДМ муяссар гардид, ки ба Ҷумъабойи Намангонӣ сӯиқасди нахустинро ташкил намояд. Ба ӯ заҳри таркибаш номаълум доданд. Ҳарчанд тамоми моҳи декабр хеле азоб кашид, аз марг наҷот ёфт. Баъди ин сӯиқасд роҳбарият ва ҳайати шахсии хадамоти амнияти ҶИӮ "Истихборот" ва "Амният" пурра дигар карда шуданд. 

Баъди муддате Ҷ. Намангонӣ барои идомаи табобат Шпилёнро тарк кард ва озими Афғонистон шуд. Ба истиснои ҳамин як муддати кӯтоҳ Ҷумъабойи Намангонӣ ва Мирзо Зиеёв, новобаста аз вазъиятҳои ба вуҷудомада дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон дар ин кишвар қарор доштанду амалиётҳои ҳарбиро тарҳрезӣ ва баргузор мекарданд, ҳол он ки қумондонҳои дигари ИМТ ҳар сари чанд вақт ба Афғонистон мерафтанд ва дубора бармегаштанд. Бояд қайд кард, ки дар зиддияти дохилии Тоҷикистон ҷузъу томҳои артиши ӯзбекистон низ иштирок доштанд. Шаҳрҳои Душанбеву Регар бо кӯмаки онҳо аз дастаҳои мусаллаҳи ИМТ озод карда шуданд. Мухолифин дар ҷараёни амалиёт ба Комсомолобод ва баъдан ба минтақаҳои кӯҳистони Тавилдара ронда шуданд.

 

Баробари ин як қатор дастаҳои мусаллаҳи ИМТ бо сарварии қумондон Эшони Дароз аз онҳо ҷудо шуда, дар ноҳияи Ғарм ҷойгир шуданд. Дар озодкунии Душанбею Турсунзода полки моторӣ-тирандозии 192-юм нақши асосӣ бозидааст, ки фармондеҳаш полковник Маҳмуд Худойбердиев буд. Турсунзода (Регар) ҳамчун шаҳри рушдкардаи саноатии замони Шӯравӣ тасодуфан ба маркази задухӯрдҳои ҳарбӣ табдил наёфтааст.

Дар Турсунзода корхонаи арзиз фаъолият мекард ва аз содироти калони ин намуди маҳсулот даромади калон ба даст меомад. Мубориза барои шаҳр таҳти шиори ҷанг ба муқобили "ваҳҳобизм" оғоз гардид. Зери назорат гирифтани корхонаи мазкур барои М. Худойбердиев барои ҷамъоварии сарват имконияти калон фароҳам меовард ва аз ҳамин сабаб вай онро ба зудӣ фатҳ кард. Дар вазъияти ба вуҷудомада ӯзбекистони ҳамсоя манфиатҳои махсуси худро пайгирӣ мекард ва ҳузури ҷузъу томҳои алоҳидаи артиши он дар шаҳри Турсунзода ҳам бесабаб набуд. М. Худойбердиев ба имкониятҳои худ боварӣ ҳосил карда, аз таҳти назорати Душанбеи расмӣ берун шуд ва аз итоат ба ҳукумат саркашӣ кард.

Баъдтар, пас аз тезутунд шудани вазъияти дохилии сиёсӣ вай ташаббускори ғояи таъсиси вилояти мухтор дар ҳайати Тоҷикистон шуд, ки марказаш бояд шаҳри Турсунзода мегардид. Зеро аҳолии бештари онро ӯзбакҳо ташкил мекарданд. Ин гоми аввали ҳодисаҳое буд дар таърихи ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки бо номи "Исёни полковник Худойбердиев" маъруф аст. Дар натиҷаи он вай аз вазифааш сабукдӯш гардид ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гардид. Оқибат М. Худойбердиев бо ҷонибдорони худ Тоҷикистонро тарк кард ва дар ӯзбекистон пинҳон шуд. Метавон гуфт, ки оғози зиддияти муносибатҳои байниҳамдигарии ду давлати ҳамсоя дар нимаи дуюми солҳои 90-ум аз ҳамин ҷой маншаъ мегиранд.

Бо вуҷуди ин далели кӯмакҳои Тошканд ба Тоҷикистон дар солҳои барои он душвор раднашаванда аст. Кӯмак на танҳо тавассути қувваи зинда ва техника расонида мешуд, балки он дар таъмини амнияти иншоотҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими хоҷагии халқ низ ба мушоҳида мерасид. Ҳамчунин нақши мусбати полковник М. Худойбердиевро низ қайд кардан аз рӯи адолат аст. Таҳти фармондеҳии ӯ бисёр шаҳру деҳоти Тоҷикистон аз нерӯҳои ИМТ озод карда шудаанд.

 

Бино ба гуфтаҳои шоҳидон, М. Худойбердиев ҳамчун лашкаркаши даврони ҷанги дохилӣ бо сахтгирию дағалӣ ва маккорӣ фарқ мекард, вале ба қумондонҳо на ҳама вақт ғалаба насиб мегардад.

Полки 192-юми моторӣ-тирандозӣ, ки сарварии онро вай бар ӯҳда дошт, дар деҳаи Миёнадеҳ аз ҷониби нерӯҳои ИМТ таҳти роҳбарии Ҷумъабойи Намангонӣ ва Мирзо "Ҷага" Зиёев пурра торумор карда шуд. Ба полковник Худойбердиев муяссар гардид, ки бо андаке боқимондаҳои ҳайати шахсӣ халос шавад, вале як қатор сарбозони полки 192-юм ба асорат афтоданд. Талафот дар байни низомиҳо аз ҳар ду тараф ва ҳам аз байни аҳолии осоишта низ буд. Дар натиҷаи торумори полки 192-юм дастаи Ҷ. Намангонӣ ба миқдори зиёд техникаи вазнину яроқу аслиҳа, маводи ғизоӣ, доруворӣ ва лавозимоти ҷангӣ ғанимат гирифтааст.

Артиши ҳукуматӣ дар ҷанг бо нерӯҳои ИМТ шумораи асосии техникаи зиреҳпӯш (танк, БМП, БТР), тӯпҳои артиллерӣ, силоҳҳои зенитиро аз даст додааст. То имрӯз дар канорҳои роҳҳою соҳили рӯдҳо техникаҳои дар он ҷанг вайроншудаву баъдан зангзадаро дидан мумкин аст. Муҷоҳидҳои дастаи Ҷ. Намангонӣ дар ноҳияи Тавилдара ҳамчунин ба андозаи назаррас техникаи ҳарбии дивизияи 201-уми Русияро ғанимат гирифтаанд. 

Чи хеле ки иштирокдорони ҳодисаҳои он давра қайд мекунанд, ҷанги дохилии Тоҷикистон ба муносибатҳои сиёсии байнидавлатӣ дар фазои пасошӯравӣ дигаргуниҳои муайян ворид кардаанд. Байни Русияву ӯзбекистон барои таъсир ба Тоҷикистон рақобати пинҳонӣ оғоз гардид. Расман мавқеи Федератсияи Русия дар ҷанги дохилӣ характери мудохилаи ошкороро надошт. 

Вале ҷониби Русияро дар марҳилаи мазкур кадрҳои собиқи системаи давлатии Шӯравӣ намояндагӣ мекарданд ва онҳо метавонистанд бо истифода аз қолабҳои ба таври сунъӣ сохташуда, ки яке аз онҳо мафҳуми "ваҳҳобизм" буд, иғвогариҳои калонҳаҷми идеологиро ташкил намоянд. Аз гузашта ёдовар шуда бояд гуфт, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравии собиқ, аз ҷумла Осиёи Миёна ҳеҷ вақт вожае ба мисли "ваҳҳобизм" вуҷуд надошт. Дар асл он бофтаи тахайюлоти КГБ-и Иттиҳоди Шӯравӣ буда, ҳангоми зиддиятҳои Тоҷикистон санҷида шуд, ки самари талхи онро халқи тоҷик кашидаасту мекашад.

Аз ҷумлаи масъалаҳои махсусан нозук ва ноаёни зиддияти дохилии Тоҷикистон пешниҳоди кӯмакҳои ҳарбӣ-техникӣ ба ҷонибҳои даргир мебошад. Намояндагони оппозитсияи мусаллаҳи тоҷик бар онанд, ки низомиҳои Русия бештар ба ҷониби ҳукумат ва камтар ба ҷониби мухолифин кӯмак мерасониданд ва мехостанд бо ҳамин роҳ ҳузур ва таъсири худро дар ин ҷой таъмин карда бошанд. Имрӯз вожаи "ваҳҳобизм" қариб, ки ба ҳукми фаромӯшӣ супорида шудааст ва ба ҷойи онҳо мафҳумҳои нави "терроризм"-и байналмилалии исломӣ ва "экстремизм" пайдо шудаанд, ки маҳсули идеологҳои Ғарб аст.

Бо вуҷуди он, ки ҳузури ҷузъу томҳои артиши ӯзбекистон дар ҳудуди Тоҷикистон на ба Душанбе маъқул буду на ба Маскав, ҳокимияти Тоҷикистон дар давоми муқовимати дохилӣ заиф гардида, ба пурра шикаст хӯрдан наздик шуда буд ва онро танҳо кӯмаки дивизияи 201-уми Русия наҷот дод. Бе кӯмаки ин дивизия ҳокимияти Тоҷикистон барвақт сарнагун мегардид. Дар ин лаҳза масъалаи "осоиши ҷонибҳо" ба миён гузошта шуд, ки аз тарафи кишварҳои дигари ИДМ низ дастгирӣ ёфт. Ин замон Қувваҳои Мусаллаҳи мухолифини тоҷик таҳти роҳбарии Мирзо "Ҷага" Зиёев, Ҷ. Намангонӣ, Мулло Абдулло ба Душанбе хеле наздик омадаву дар масофаи 10-15-километрии он қарор доштанд.

Танҳо адами ваҳдати дохилӣ ба ИМТ имконият надод, ки ба пирӯзӣ ноил гардад. Ғалабаи наздикро интизор нашуда ва аз пешниҳоди 30 фоизи мансабҳо дар ҳокимият ба завқ омада, роҳбарияти ИМТ ин шартҳоро қабул кард. Манбаъҳо вазъиятро шарҳ дода, ба он таваҷҷӯҳ кардаанд, ки сафҳои мухолифинро пештар аз ҳама Ҳизби демократии Тоҷикистон бо сарварии М. Искандаров вайрон кардааст. Тибқи шартномаи тасвибшудаи истиқрори сулҳ пешвои демократӣ ба сохторҳои ҳукуматӣ дохил гардид ва қариб 10 сол дар вазифаҳои гуногун фаъолият кард. Баъд бо иттиҳоми омода кардани табаддулоти давлатӣ ба мӯҳлати 20 сол равонаи зиндон карда шуд.

Размандаи машҳур Ҷумъабойи Намангонӣ асосгузори қариб ҳамаи сохторҳои экстремистии Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон буд. ҳалли вазифаҳои ҳарбӣ, сиёсати дохилӣ ва берунаи созмон ва ҳамчунин фаъолияти Шӯрои Олии он, ки дастаҷамъӣ будани қабули қарорҳоро доир ба масоили муҳим таъмин мекард, зери назорати ӯ қарор доштанд. Ҷ. Намангонӣ ва размандаи дигари машҳур Т. Юлдошев якҷоя масъалаҳои бахши молиявиро, ки иборат аз пайдо кардани манбаъҳои маблағ буд, ҳал мекарданд ва ҳамчунин нақшаҳои вазифаи комплексиро доир ба омодагии сохторҳои ҶИӯ ба вазъиятҳои фавқулодда таҳия менамуданд.

Корҳои ҷалби сарбозони нав ба сафҳои ҶИӮ, амалӣ кардани чорабиниҳо доир ба ташкили нақшаҳои коррупсионӣ, ки ба харидани ходимони сиёсиву амалдорони давлатӣ аз кишварҳои шомили ҳадафҳои ҶИӮ равона гардида буданд, аз самтҳои авлавиятноки фаъолияти Ҷ. Намангонӣ маҳсуб мешуданд. Нақшаҳо ва вазифаҳо дар бобати безарар кардани рақибон ҳам дар дохили ҶИӯ ва ҳам берун аз он низ аз зери назари ӯ мегузаштанд.

Системаи мудофиавии ҶИӮ ва интихоби ҳайати муҷоҳидон моликияти шахсӣ ва дахлнопазири Ҷумъабой буд. Бо истифода аз маблағҳое, ки одатан бо роҳҳои ғайриқонунӣ ҷамъ мешуданд, Ҷ. Намангонӣ тавонистааст, ки Ҷунбиши исломии ӯзбекистонро тақрибан 90 фоиз бо яроқу аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, доруворию сарулибос таъмин намояд. ҶИӯ танҳо дар марҳилаи аввали таъсис ва фаъолияташ камбудии маблағро эҳсос мекарду халос.

Характери экстремистии Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон, ки боиси ғайриқонунӣ эълон шудани ин созмон шуда буд, масъалаи таъмини амнияти роҳбарияти олии онро ба миён меовард. Роҳбарияти ҶИӯ мефаҳмид, ки кӯшиши онҳо барои сарнагун кардани ҳокимияти расмии ӯзбекистон берун аз тавваҷҷӯҳи сохторҳои қудратии ин кишвар нахоҳад монд ва аз ҳамин сабаб дар як муддати кӯтоҳ дастаи муҳофизони шахсӣ ташкил карда шуд. Ба қавли шоҳидҳо, ташкили системаи таъмини амният ва ҷузъу томи муҳофизин, интихоби номзадҳои эҳтимолӣ ба "дастаи махсус" таҳти назорати роҳбари қаноти ҳарбии ҶИӯ сурат мегирифт.

Муҷоҳидҳои интихобшудаи яккачин ба машқҳои пуршиддати ҷисмонӣ ва курсҳои омӯзишии технологияҳои нави инженерӣ, системаҳои мухобироти моҳворавӣ, қабул ва фиристодани маълумотҳои рамзӣ фаро гирифта мешуданд. Бо мақсади мустаҳкам кардани потенсиали техникии он дастаи таъсисшуда бо фармоиши Ҷумъабойи Намангонӣ воситаҳои навтарини мухобирот, телефонҳои моҳворавӣ, радиостансияҳои навтарини радиусашон гуногун ва аснодҳои дигар, ки сохти Ҷопону Олмон буданд, харидорӣ шуданд. Ҳамчунин аз тарафи ин дастаи муҳофизони Ҷ. Намангонӣ истифода шудани радиотехникаи инглисӣ ба қайд гирифта шудааст.

Асад Аскаров, Саид Амин,
мақола дар сайти easttaim.ru ба нашр расидааст. 
Онро ҳафтаномаи «Дунё» тарҷума кардааст.

(Давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi