23:00:33 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҶИӮ: ҶУМЪАБОЙИ НАМАНГОНӢ-1

Дар васоити ахбори омма перомуни лидери «Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон» Ҷумъабойи Намангонӣ бисёр хабарҳо, ҳар гуна маълумоту қиссаҳое ба назар мерасанд, ки як қисмашон объективӣ бошанд, қисми дигарашон беасосу ғаразнок ва ё бофтаи хаёлҳо мебошанд. 

Мо мақолаеро пешниҳоди хонандагон мекунем, ки дар асоси хотираҳо ашхоси ба доираи Ҷ. Намангонӣ наздик, иштирокчиёни бевосита ва шоҳидони ҳодисаҳои зиёди марбут ба таърихи пайдоиши Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистон (ҶИӮ), фаъолияти ледерҳои он, шахсиятҳои алоҳидаи звенои роҳбарикунандаи ин созмони террористӣ, ки номаълум боқӣ мондаанд, навишта шудааст. Ҷумъабой Ҳоҷиев (тахаллусаш Ҷумъабойи Намангонӣ) 12 июни соли 1969 дар деҳаи Хоҷаи назди шаҳри Намангон, дар оилаи оддӣ таваллуд шудааст.

Пас аз хатми синфи ҳаштум вай таҳсилро дар омӯзишгоҳи ҳунаромӯзии № 28-и шаҳри Намангон идома медиҳад. Баъди ба балоғат расидан ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват мешавад. Хизмати фавриро дар нерӯҳои ҳарбӣ-десантӣ адо кардааст. 

Баъди тайёрии ҳарбӣ дар Витебск бахше аз ҷузъу томҳои қувваҳои ҳавоӣ-десантӣ, ки Ҷумъабой Ҳоҷиев ҳам дар ҳайати он буд, ба ҳудудҳои округи ҳарбии Туркистон равон карда шуданд, ки аз ҳамин ҷой таҳвили сарбозони шӯравӣ ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон сурат мегирифт.

Баъди адои курсҳои тайёрии иловагӣ дар қисмҳои ҳавоӣ-десантии мустақар дар шаҳри Ашқобод Ҷумъабой Ҳоҷиев ба Афғонистон фиристода мешавад. Ана ҳамин тавр оғоз мегардад фаъолияти ҳарбии сарфармондеҳи ояндаи Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон. Устодони нахустини ӯ генералҳову афсарони артиши шӯравӣ буданд, ки дар набардҳои зидди муҷоҳидини афғонистонӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтаву обутоб ёфта буданд. Иштирок дар амалиётҳои ҳарбӣ ба Ҷумъабой Ҳоҷиев имконият дод, ки ҳамчун десантчии обутобёфта ва ҷасуру далер ба камол расад ва ин таҷрибаи бойи андӯхтаи ӯ дар оянда барояш лозим мешавад.

Баъди фориғ шудан аз хизмати ҳарбӣ Ҷумъабой Ҳоҷиев ба ватан бармегардад. Ӯро дар ин ҷой фазои тамоман дигар интизор буд. Он вақтҳо мардуми шӯравӣ дар муҳити озоди шаҳрвандӣ зиндагӣ мекарданд, ки сабабаш бозсозӣ ва ошкорбаёнии эълоншуда буд. Перомуни дигаргуниҳо дар вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии Ӯзбакистони солҳои 90-уми садаи гузашта хонанда метавонад ба силсиламаводҳои ба Т. Юлдошев бахшидаи мо муроҷиат намояд. 

Таърихи пайдоиш ва фаъолияти Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон бо шахсиятҳои Ҷумъабой Намангонӣ ва Тоҳир Юлдошев сахт вобаста аст. Доир ба муносибатҳои байниҳамдигарии ду пешвои созмон, ақидаву мулоҳиза, нақшаву мақсади онҳо маълумот надошта, дар бораи созмони мазкур тасаввурот пайдо кардан душвор аст. Ашхоси борикбину нуқтасанҷ, ки дар сафҳои ҶИӮ будаанд, аз нозукиҳову умқи муносибатҳои байни Т. Юлдошев ва Ҷ. Намангонӣ аз наздик ошно буданд ва онҳо ба ҷузъиётҳои наву номаълуми ҳодисаҳои он даврон рӯшанӣ меандозанд. 

Аз нуқтаи назари онҳо, Т. Юлдошев аз Ҷ. Намангонӣ як навъ ҳароси зоҳиран беасос доштааст ва гумон мекардааст, ки ӯ барои лидери мутлақи созмон шудан саъю талош дорад. Ин садде буд дар муносибатҳои байниҳамдигарии ду сарвари ҷунбиш, ки муддати дароз Тоҳир Юлдошевро ором намегузошт.

Лекин агар Ҷумабойи Намангонӣ дар сар чунин орзую ҳавас мепарварид, амалӣ кардани онҳо кори саҳл буд. Зеро вай дар байни аъзои ҷунбиш обрӯю эътибор ва нуфузи калон дошт ва аксари муҷоҳидин тайёр буданд, ки ҳар як фармони қумондони худро бечуну чаро иҷро намоянд. Дар асл Ҷумъабой Намангонӣ мақсади ғасби ҳокимиятро надошт, ҳарчанд Тоҳир Юлдошев ба вай то охир бо назари шубҳа менигарист. Мухолифати байниҳамдигарии лидерҳоро фаъолияти фитнаангезҳое, ки дар ҳайати ҶИӮ буданд, аз қобили Билол, Зубайр ибни Абдураҳим, Юнусхон (Юнус Абдураҳмонов), Юсуфхон боз ҳам тезу тундтар мекарданд.

Онҳо аз вазъияти ба вуҷудомада барои ҳадафҳои шахсии худ истифода бурданӣ шуда, нақшаҳоеро рӯи кор меоварданд, ки боиси оҳиста-оҳиста бад шудани муносибатҳои байни ду «доҳӣ» мегардид. Барои чунин ашхос ҷамъ овардани пулу сарват ва касби шӯҳрат аз хизмати содиқонаву беғараз ба дину умури ҷинбиш авлотар буд. Онҳо дониши хуби динӣ надоштанд ва китобҳои диниро бо забони арабӣ қариб хонда наметавонистанд, вале дар дасисакорию иғвогарӣ устодони касби худ буданд ва мехостанд зиндагии серу пуру бофароғат дошта бошанд. 

Лекин онҳо барои расидан ба ин ҳадафҳои худ коре намекарданд. Тамоми хусумату бадбиниҳои шахсӣ, озору ҳасад ва проблемаҳои дигаре, ки эшон ҳангоми зиндагиашон дар Намангон доштанд, бо худ оварданд ва фитнаву дасисаро акнун дар ҳайати ҶИӮ идома дода, бо ҳамин роҳ дар сафҳои созмон низоъ меандохтанд. Барои чунин кирдору рафтор ин ашхос баъдтар ҷазои муносиб дидаанд.

Барои чунин амалҳо, ки боиси низову хархаша, гурӯҳбозӣ, вайрон шудани тартиботи дохилӣ шуда буданд, Билол, Юнусхон, Юсуфхон, Иброҳим-ака, домулло Абдувалӣ, Акрамро додгоҳи шариатӣ ба ҳабси шашмоҳи маҳкум кард ва Зубайр ибни Абдураҳим бошад, бо ихтори ҷиддӣ (выговор) ҷони худро халос кард. Албатта, ҳамаи онҳо дар дил нисбати Т. Юлдошев кинаю адоват мепарвариданд ва интизори лаҳзаи мувофиқ мешуданд, ки баъди марги Ҷумъабой Намангонӣ фароҳам омад. Гурӯҳи мазкур аз итоат ба амири ҶИӮ сарпечӣ карда, оқибат аз ҳайати он хориҷ мешавад.

Худи Ҷумъабой Намангонӣ ҳам таҳсилоти махсуси динӣ надошт ва танҳо «Қуръон»-ро бо забони арабӣ қироат карда метавонисту халос. Вале ҳамчун мутахассиси ҳарбӣ дар Намангону ҶИӮ кам касоне пайдо мешуданд, ки бо вай рақобат карда тавонанд. Албатта, дар камолоти ӯ тайёрии ҳарбӣ дар қисмҳои элитии Артиши Шӯравӣ, иштирок дар амалиётҳои ҳарбии Афғонистон дар ҳайати қувваҳои ҳавоӣ-десантӣ, таҷрибаи андӯхтааш дар ҷанги Тоҷикистон дар ҳайати нерӯҳои ҳарбии Иттиҳоди мухолифини тоҷик нақши калон бозидаанд.

Ғайр аз ин, вай қобилияти калони ташкилочигӣ ва маҳорати хуби пайдо кардани маблағро дошт ва барои роҳоӣ аз вазъиятҳои душвор роҳҳои ғайримуқаррариро истифода мебурд. Бино ба маълумоти шоҳидон, дар натиҷаи саъю талошҳои лидерҳои ҶИӮ дастаҳои мусаллаҳи он тақрибан 90 дар сад бо яроқу аслиҳа, сару либос, доруворӣ, маводи ғизоӣ аз ҳисоби маблағу манбаъҳои худӣ таъмин будаанд.

Таҷрибаи калони роҳандозии ҷанги партизаниро Ҷумъабой Намангонӣ ҳангоми шомил буданаш ба ҳайати нирӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик (ИМТ) андӯхтааст. Бояд тазаккур дод, ки таърихи пайдошавии Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ба ҷанги дохилии Тоҷикистон зич вобаста аст. Соли 1992 Ҷумъабой Намангонӣ, Тоҳир Юлдошев ва 30 нафар ҳамсафони онҳо Ӯзбакистонро тарк карда, ба дастаҳои мусаллаҳи ИМТ-и воқеъ дар вилояти Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон пайвастанд, ки дар он ҷой шӯълаҳои ҷанги дохилӣ аланга мезаданд.

Маҳз дар ҳайати дастаҳои мусаллаҳи ИМТ Ҷумъабой Намангонӣ ва Тоҳир Юлдошев таҷрибаи роҳандозии ҷангҳои партизанию тахрибкориро андӯхтанд, системаи ҷалбу тайёр кардани силоҳбадастонро омӯхтанд, нерӯ ва принсипҳои силоҳи идеологиро, ки ба принсипҳои ҷиҳоди исломӣ такя мекарду аз он эмиссарҳо ва ҷалбкунандаҳои силоҳбадастон барои ба роҳи худ даровардани ҷавонон моҳирона истифода мебурданд, дарк намуданд.

Ин ҷой лозим медонем сухане чанд дар бораи сабабҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон гуфта бошем. Ба ақидаи шоҳидҳои ҳодисаҳои ҳамонвақта, дар Тоҷикистон ҳама чиз ранги дигар мегирифт, агар интихоботи ҳамондавраи раисҷумҳур шаффоф ва ҳаққонӣ мебуд. Ба ақидаи мухолифин, ҳамон вақт Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аксарияти раъйҳои интихобкунандагонро ба даст овардаву дар интихобот пирӯз шуда буд (Дар нахустин интихоботи умумихалқии раисҷумҳури Тоҷикистони мустақил ба ҳайси номзад марҳум Раҳмон Набиев иштирок доштанд. Чӣ хеле ки маълум аст, Д. Худойназар узви ҲНИТ набуд. Вай нерӯҳои мухолифи ҳукуматро намояндагӣ мекард, ки ба ҳайати он аҳзоб ва созмонҳои зиёди дигар низ шомил буданд-Идораи «Дунё»).

Лидерҳои ҳамон вақт дар сари ҳокимиятбуда барои пинҳон кардани натиҷаҳои интихобот шумораи зиёди маҳбусонро аз зиндонҳо озод карда, онҳоро мусаллаҳ намуданд ва барои амалӣ кардани як қатор иқдомҳои иғвогарона истифода намуданд, ки он боиси ташаннуҷи вазъияти ҷамъиятиву сиёсии кишвар гардид. Нерӯҳои беруна ҳам, ки барояшон ба сари ҳокимят омадани ҳизби исломӣ қобили қабул набуд, дар барафрӯхтани оташи ҷанги дохилии Тоҷикистон нақши худро гузоштаанд.

Лидерҳои ояндаи ҶИӮ дар задухӯрдҳои ҳарбӣ аз ҷониби дастаҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик бевосита ширкат варзидаанд. Дар яке аз чунин ҷангҳо Т. Юлдошев захм бардошта ва ҳамроҳи размандагони дигари маҷрӯҳи ИМТ ба Афғонистон фиристода шуд. Ҷумъабой ҳамроҳи исломиҳои Ӯзбакистон, ки шуморашон дар Тоҷикистон торафт зиёд мегардид, комилан ба ҳайати дастаҳои мусалаҳи ИМТ шомил мегардад. Нуфузу обрӯй ва сифатҳои шахсии Ҷумъабой Намангонӣ мақбули пешвои ИМТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гардид ва мавсуф ба Ҷумъабой ҳамеша «писарам» гӯйн муроҷиат мекард, ки ин гувоҳии муносибатҳои боварибахши байни онҳо буд.

Баъдан ҳамчун узви комилҳуқуқи ИМТ Ҷумъабой Намангонӣ бо қумондонҳои маъруфи мухолифини тоҷик, аз қабили Мирзо «Ҷага» Зиёев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Шоҳ, Мулло Абдулло, Шайх, Раҳмон Гитлер, Холид, Панҷара, Эшони Дароз шахсан шинос мешавад ва ба онҳо муносибатҳои дӯстона барқарор мекунад. Ҷумъабой Намангонӣ ҳамчунин бо вазири умури хориҷаи ИМТ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода шинос мешавад, ки ҳамон вақт дар Афғонистон қарор дошт ва баъди муддате ба Туркманистон омад, ки аз он ҷой равобити берунаи ИМТ-ро роҳандозӣ мекард. Дар марҳилаи аввали ҷанги дохилӣ нерӯҳои мухолифин заъфи худро ҳис карда, рӯй ба Афғонистон меоварданд.

Ҷумъабой бо дастаи худ дар Шпилён ном деҳоти на он қадар калони ноҳияи Тавилдара ҷойгир шуд. Ҳавлии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам дар ҳамин деҳа буд ва барои зиндагии мухтор (автономӣ) ҳамаи шароитҳоро дошт. Дар ҳамин хона Ҷумъабой Намангонӣ бо ду зан ва кӯдаконаш ҷой гирифт. Хона бо назардошти хусусиятҳои маҳал сохта шуда буд. ҳавлӣ баландие ҷойгир буд ва тамоми гирду атроф шабу рӯз таҳти назорати дастаи ӯ қарор дошт. Дар баландиҳо тӯпҳои зенитӣ ва пулемёт гузошта шуда буданд. Умуман, аз ҷиҳати тактикӣ ҳама чиз моҳирона ба нақша гирифта шуда, ҷо ба ҷой гузошта шуда буд. Дар ҳолати ҳуҷум ба деҳа бартарии стратегӣ ба ҷониби Ҷумъабой Намангонӣ буд.

Асад Аскаров, Саид Амин
Мақола дар сайти easttaim.ru ба нашр расидааст. 
Онро ҳафтаномаи «Дунё» тарҷума кардааст.


(Давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi