15:26:50 01-уми Июли 2025 сол

ҲУШДОРИ ПРОФЕССОР ҲАҚНАЗАР НАЗАРОВРО НОДИДА НАГИРЕД!

Дирӯз, 26-уми апрели соли 2011, дар толори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 80-умин солгарди зодрӯзи узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих, профессор шодравон Ҳақназар Назаров конфронси илмӣ таҳти унвони «Ҳақназар Назаров ва масоили таҳқиқи таърихи муосири Афғонистон» баргузор гардид.

Кароматулло ОлимовКонференсияро бо сухани муқаддимавӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиб-президенти Академияи Илмҳои ҶТ узви вобастаи АИ Кароматуллоҳ Олимов кушод. Сипас раиси тозатаъйиншудаи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, узви вобастаи АИ Акбар Турсунов дар бораи хизматҳои ин муаррихи барҷастаи кишвар ва нақши ӯ дар тарбияи кадрҳо суханронӣ намуд.

Дар ин конференси илмӣ олимони шинохтаи тоҷик ва шогирдони шодравон Қосимшоҳ Искандаров, Ҷӯрабек Назриев, Худойбердӣ Холиқназаров,  Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, Раҳматуллоҳ Абдуллоев ва дигарон дар маърӯзаҳои худ паҳлӯҳои мухталифи ҳаёт ва эҷодиёти ин олими афғонистоншиноси маъруфро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Шамсулҳаққи Ориёнфар, вобастаи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон дар боби мавқеи осори Ҳақназар Назаров, махсусан асарҳои дар мавзӯи Афғонистон навиштаи ӯ,  дар омӯзиши таърихи ин кишвар дар байни зиёиёни Афғонистон андешаҳои ҷолиберо ироа кард.

Вале дар ин байн ёддоштҳо ва таҳлилҳои  дӯстон, ҳамкорон ва шогирдони профессор  Ҳақназар Назаров хеле самимӣ, хотирмон ва… омӯзанда ба назар мерасиданд. Аз ин рӯ мо дар ин гузориши худ суханронии се нафари онҳо академик Мӯсо Диноршоев, профессорон Худойназар Асозода ва Абдунабӣ Сатторзодаро тақрибан пурра пешкаши хонандагони сомона  мегардонем. Ҳамчунин чанд лаҳзаеро аз суханрониҳои академик Мӯсо Диноршоев ва Худойназар Асосзода бо усули чандрасонаӣ манзуратон месозем.

 Профессор  Назаров ва ҳодисоти имрӯзи  мамолики араб

Мусо ДиноршоевАкадемик Мӯсо Диноршоев: «Ҳақназар Назаров яке аз олимони муаррихи  бисёр шинохтаи тоҷик буд, ки бевосита бо маъхазҳо кор мекарданд ва ҳама тадқиқоти илмияшон дар пояи истифодаи бевоситаи сарчашмаҳои илмӣ анҷом гирифтааст. Бо Ҳақназар Назарович ҳамкории илмӣ доштем ба ин маънӣ, ки ман дар чанд кори онҳо муҳаррири масъул будам. Дар асари «Авомили сууд ва суқути сомониён» сармуҳаррир будам.

Бояд бигӯям, ки ҳамин асар ҳарчанд, ки дар бораи сабабҳои сууд ва суқути сомониён навишта шудааст, вай барои имрӯз ҳам аҳамияти зиёд дорад. Сабабҳое, ки Ҳақназар Назаров нишон медиҳад дар байнашон яке аз сабабҳои суқути сомониҳоро аз ин иборат медонад, ки онҳо дар муносибат бо мардуми туркнажодҳое, ки   онҳоро дар ҷанг шикаст дода ҳамчун ғулом ба дарбор оварда  буданд, хатоии ҷиддӣ содир карданд.

Ба онҳо чунон роҳ кушоданд, ки то сарлашкарӣ  ва  оқибат то ҷудо кардани Афғонистон аз давлати сомониён рафта расиданд.  Ва дар мавриде, ки қарахониҳо ба Бухоро ҳуҷум карданд, сомониҳоро дастгирӣ накарданд. Яке аз сабабҳои шикасти сомониёнро Ҳақназар Назаров дар ҳамин дониста буд. Гумон мекунам, ки ҳамин хавф ҳозир ҳам ҳаст… Яъне асаре, ки Ҳақназар Назаров сӣ- чил сол пеш навишта буданд, то имрӯз аҳамияташро гум накардааст.

 

 

Бинобар ин китоб бояд ҳамеша дар мадди назари мо бошад, то аз хатоҳои содир кардаи сомониён, ки боиси суқути давлатдориашон шуд, эмин бошем. Дар дигар кори Ҳақназар Назаров «Аҳвол ва осори Ҷамолиддини Афғонӣ» низ ман муҳаррири масъул будам. Агарчӣ ин асари таърихӣ бошад ҳам, вале ҳоло ҳам аҳамияти бисёр муҳими амалӣ дорад. Ақидаи Ҷамолиддини Афғонӣ дар бораи Иттиҳоди исломӣ  дар рӯзҳои мо боз аз нав аҳамияти худашро нишон дода истодааст.

Ҳамин воқеаҳое, ки дар ҳамин шабу рӯзҳо дар мамлакатҳои араб ба вуқӯъ афтодаанд ва ҳаракатҳои мамлакатҳои узви НАТО ва Америка нисбати онҳо нишон медиҳад, ки ҳақиқатан ҳам мамлакатҳои араб ва на танҳо мамлакатҳои араб,  балки тамоми мамлакатҳои шарқ, бояд як иттиҳод дошта бошанд. Мутаассифона, на арабҳо, на мамлакатҳои дигари Шарқ аҳамияти ҳамин Иттиҳодро то ба ҳол ҳис накардаанд.

Агар ҳақиқатан ҳам аҳамияти ҳамин Иттиҳодро чуноне, ки Ҷамолиддин Афғонӣ гуфта буд ва чуноне, ки  профессор Ҳақназар Назаров инро дар китобаш шарҳу эзоҳ медиҳад, роҳбарони мамолики араб дарк мекарданд, ин воқеаҳо ба ин тарзе, ки имрӯз содир шуданд ва сурат гирифтанд, ба вуқӯъ намепайвастанд.

Бинед, ин ки Америка ва аврупоиҳо ба муқобили Ливия муттаҳид шудаанд, кори аҷаб нест. Вале ин ки Кувайт бо онҳо ҳамроҳ мешавад, ин аҷаб аст. Ин аз он дарак медиҳад, ки онҳо муттаҳид нестанд. Лигаи мамлакатҳои араб ҳам бетараф ҳастанд. Бинобар ин ҳам назарияи Иттиҳоди исломии Ҷамолиддини Афғонӣ ва ҳам ин китобе, ки Ҳақназар Назаров дар ҳамин маврид навиштаанд, ҳамин рӯз ҳам аҳамияти бисёр зиёди амалӣ доранд.

Мо инро бояд дар назар дошта бошем.  Китоби дигаре, ки Ҳақназар Назаров навиштанд, ҳамин китоби «Мақоми Тоҷикон дар таърихи Афғонистон аст. Ман як мисоли мушаххас меорам. Дар китоби «История Афганистана»-и Гонковский навишта шудааст: «… таджики полностью асиммилировались с паштунами и сейчас в Афганистане таджиков нет». Китоб соли 1973 навишта шудааст.

Дар ҳамин китоб дар коғази cафед бо хати сиёҳ навишта шудааст, ки «… тоҷикон комилан бо паштунҳо омезиш ёфтаанд ва имрӯз дар Афғонистон тоҷик нест». Дар муқобили ҳамин гуфтаҳо Ҳақназар Назаров китоби «Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон»-ро менависад. Магар ҳамин бузургтарин хизмати як олим дар дифои ҳаққу ҳуқуқи тоҷик ҳисоб намешавад? Ҳақназар Назаров агар чизи дигаре ҳам намедошт бо ҳамин китобаш ӯ дар таърихи илми тоҷик  абадӣ мақоми сазовор касб мекард.

Ин китоб ҳам мисли китобҳои дигараш то ба ҳол аҳамияти худро гум накардааст. Чунки то ба ҳол ин масъала дар Афғонистон ба таври бояду шояд ҳал нашудааст. Ва шояд ин масъала дар оянда низ мавриди назар бошад ва ақоиде, ки Ҳақназар Назаров дар ин китоб баён мекунад дар оянда коромад хоҳад шуд.

 Ҳақназар  Назаров назари ҳақ дошт, гапи ҳақро мегуфт…

Худойназар АсозодаПрофессор Худойназар Асозода: Аз аввали соли 1971 то поёни соли 1973 мо бо Ҳақназар Назаров дар як муҳит, дар як шароит бо маъданшиносони Афғонистон кор кардем. Аз як кас пурсиданд, ки бародари шумо чӣ касе ҳаст? Ӯ ҷавоб додааст, ки намедонам. Бо бародарам ягон дафъа ҳамсафар нашудам. Мантиқро бубинед. Ман Ҳақназар Назаровро дар сафари сесола шинохтам. Cе соли фаъолияти Ҳақназар Назаров дар Кобул ва атрофи Афғонистон аз сӯҳбатҳо  бо шоҳидони ҷанги Бачаи Сақову дигару дигар ин як дунё, як ҷомадони калон мавод ҷамъ карда буд.

Бовар кунед дили ман ба Ҳақназар Назаров бисёр месӯхт. Зеро бо ҳамин қадар манзалати илмӣ ӯ ҳамагӣ тарҷумон буд.  Вале дар ҳақиқат номаш бо худаш мувофиқ буд. Назар ҳақ дошт. Гапи ҳақро мегуфт. Дар Афғонистон як Тоҳири Бадахшӣ буд. Ҳамин Тоҳири Бадахшӣ тақрибан ҳамарӯза бо Ҳақназар Назаров буд.  Ҳақназар Назаров бисёр маводҳоро бештар аз Тоҳири Бадахшӣ мегирифт.

 

 

Дар навбати худ Тоҳири Бадахшӣ барои Ҳақназар Назаров маводҳоро тавассути шогирдони сершумораш аз тамоми Афғонистон: аз Бадахшону Ҳироту Мазори Шарифу ғайра ҷамъоварӣ мекард. Дар ин ҷо гуфтанд, ки Ҳақназар Назаров маводҳоро шахсан аз сарчашмаҳо худаш мегирифту таҳқиқ мекард. Ин дуруст аст. Ба замми ин ӯ дурустии маводҳои ин сарчашмаҳоро боз аз шоҳидони воқеаҳо мепурсид. Бо муаррихон ҳамсӯҳбат мешуд (яктоаш Ҷамолиддини Сиддиқӣ буд) ва тавассути онҳо иттилои сарчашмаҳоро месанҷид.

Китоби устод Назаров зинда ҳаст, гӯё ҳаст…

Абдунаби СатторзодаПрофессор Абдунабӣ Сатторзода: «Ман аз навиштаҳои устод Ҳақназар агар ҳамту ҳисоб кунам, панҷ китобашонро хонда будаам, пурра бо қалам. Чун алоқа доштам ба Афғонистон, ба худи устод ва ба масъалаҳое, ки дар ин китобҳо баён мегардид бинобар ин ин китобҳоро мехондам. Шояд ман иштибоҳ кунам, вале ба назари ман беҳтарин асари устод Ҳақназар Назаров ҳамин «Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон» ҳаст.

Маъзарат мехоҳам аз таърихшиносону таърихнигороне, ки дар ин ҷо ҳузур доранд.  Таърих худаш як чизи мурда ҳаст. Лекин таърихшиносони мо, махсусан дар замони шӯравӣ, ин таърихро ба тарзе баён мекарданд, ки мурдаи мурдатарин мешуд. Аммо китоби устод Ҳақназар Назаров зинда ҳаст. Таърихи гӯё ҳаст. Бисёр воқеаву фикру андешаҳое, ки дар ин китоб ҳастанд, зинда ҳастанд, гӯё ҳастанд.

Дар замони шӯравӣ дар байни уламои тоҷик аввалин касе, ки дар илм дар бораи буду бош ва ё мавҷуд будани ҳуввияти яқ қавме бо номи тоҷик дар Афғонистон ошкоро сухан кард, ҳамин Ҳақназар Назаров буданд. Ёдатон ҳаст мо донишҷӯ будем. Дар Тоҷикистон  кӯшиш мекарданд аз он, ки дар Афғонистон тоҷикон зиндагонӣ менамоянд, сарфи назар кунанд.

Будани қавмеро бо номи тоҷик дар Афғонистон нодида бигиранд. Умуман аз гуфтани гап метарсиданд. Чанд маҷмӯа дар он вақтҳо чоп шуда буд бо номи «Фолклори даризабонони Афғонистон», «Зарбулмасал ва мақолҳои даризабонони Афғонистон». Албатта даризабонҳо онҷо ҳастанд. Вале аз тоҷик гуфтан мо метарсидем. Дар Тоҷикистон кӯшиш мекардем дар сатҳи бисёр боло бигӯем,  ки онҳо афғон ҳастанд. Забони мо дар ин ҷо тоҷикӣ ҳаст.

Забони онҳо дар онҷо дарӣ ҳаст ва мустақил ҳаст ва гуногун ҳаст. Ҳамин гуна мақолаҳо менавиштанд.  Аммо ин кас аввалин касе буданд, ки гуфтанд дар он ҷо тоҷикон ҳастанд ва тоҷикон кам нестанд ва нақши бисёр муҳиме доранд. То китоби устод Ҳақназар Назаров ман гумон мекардам, ки  онҳое, ки ба муқобили англисҳо мубориза бурданд ва англисҳоро аз онҷо пеш карданд, ҳамон мардуми афғон ҳастанд. Вале баъд дидем, ҳис кардем, ки касоне, ки бевосита дар ин муборизаҳо ширкат карданд,  тақрибан ҳама қавми тоҷик буданд.

Дар хусуси эҳсоияҳо (омор). Дар Афғонистон ягон эҳсоияи расмии сартосарӣ нашудааст. Аммо аз он ду эҳсоияе, ки устод Ҳақназар Назаров дар китобашон ёд мекунанд дар солҳои 1978-1979 дар онҳо ҳам дар яке 44 фисад ва дар дигаре 57 фисад аҳолии Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд. Вале дар маълумотномаҳое, ки дар Институти Шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ чоп шудааст, дар он ҷо менависад, ки  тоҷикон дар Афғонистон каме бештар аз cе миллион нафаранд. Ё дар китоби «Язык дари» шумораи тоҷиконро се миллион нишон додаанд.

Баъдан дар нашрҳои минбаъда ду миллион карданд. Ман дар Донишгоҳи Кобул чор сол кор кардам. 13 факулта дошт. Фақат дар як факултааш, дар факултаи забон ва адабиёти пашту, ба забони пашту дарс мегуфтанд. Ҳамон солҳо як эҳсоия дар Кобул гузашт. Аҳолии Кобул як миллиону шашсад ҳазор нишон дода шуд, ки аз он 900 ҳазораш тоҷикон буданд.

Ин китоби устод Ҳақназар Назаров шоистаи он аст, ки на танҳо дар доираи ин конференсе, ки дар институт доир мешавад, балки дар миқёси сартосарии ҷумҳурӣ таҳлил шавад, тарғиб шавад, ташвиқ шавад. Чаро? Мо эҳтиёҷ дорем. Зеро  масъалаи бисёр доғи мо масъалаи худшиносӣ ҳаст. Мо барои он ки худамонро шинохта бошем, тоҷикон худашонро шинохта бошанд, бояд ин китоб тарғибу ташвиқ шавад. Мутаассифона тарғибу ташвиқ бисёр кам шудааст.

Мо ифтихор дорем, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем. Маъзарат мехоҳам. Ман чандин борҳои дигар гуфтаам ва навиштаам мо, тоҷикони Тоҷикистон, миллати комил нестем. Аммо дар Афғонистон ман дидам, бовар кардам, дар он ҷо тоҷикон миллати комил ҳастанд. Мо бояд аз онҳо  шинохтани худро сабақ гирем».

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ