ИСТИБДОД ВА САРКӮБИ ШӮРАВӢ: РУСИЯ ТОВОН МЕПАРДОЗАД?
Шӯрои ҳуқуқи башари Русия, як ниҳоди иҷтимоъии вобаста ба раёсати ҷумҳури ин кишвар, масъулияти Иттиҳоди Шӯравӣ барои қатлҳои ом ва Ҷанги Дувуми Ҷаҳониро эътироф кард. Ин дар ҳолест, ки Русия худро вориси Иттиҳоди Шӯравӣ медонад ва ба ин далел, соҳибназарон мегӯянд, ки масъулияти ин ҷиноёт ҳамакнун бар дӯши давлати ин кишвар низ хоҳад буд.
Шӯрои ҳуқуқи башари Русия тарҳи барномаи давлатиеро пешниҳод кардааст, ки гиромидошти хотираи қурбониён ва осебдидагони сиёсатҳои саркӯбгаронаи давлати Шӯравиро дар назар дорад. Таҳиякунандагони ин барнома пешниҳод кардаанд, ки дар куллияи манотиқи Русия бояд лавҳаҳои ёдгорӣ гузошта ва осорхонаҳои солҳои истибдод таъсис дода шаванд. Ба ҷабрдидагони истибдоди Шӯравӣ пардохти ғаромат низ дар назар гирифта шудааст.
Муаллифони ин тарҳ пешниҳод кардаанд, ки тадорукот барои гиромидошти хотираи ҷабрдидагон набояд ба сурати "иттиҳом алайҳи гузаштагони худ ва паст задани эътибори худ" роҳандозӣ шавад. Дар лоиҳаи ин барнома омадааст, ки тадорукот барои гиромидошти хотираи ҷабридидагон бояд ба ибтикори давлати Русия дар куллияи кишварҳои шӯравии собиқ ва сусиёлистӣ роҳандозӣ шавад.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки ҳарчанд Русия аз ин сиёсатҳо бештар осеб дидааст, вале эътирофи масъулияти қатлҳои ом ва истибдоди Шӯравӣ ба боло рафтани эътибори Русия дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ мусоъидат хоҳад кард.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, аз таҳияи чунин як барнома истиқбол кард ва гуфт, ки ин амр далели "истиқлоли" Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, дар тасмимгириҳояш аст.
Вай афзуд: "Чунин кореро дар замони оқои Путин интизор доштан ғайримумкин буд. Зеро вай худ дастпарвари замони истибдод ва намояндаи КГБ буд. Вале оқои Медведев намояндаи насли ҷавон аст, ки ба афкори замони истибдод олуда нест. Чунин ба назар мерасад, ки ин иқдом аз сӯйи худи Президент Медведев сурат гирифтааст."
Аз сӯйи дигар, оқои Мулоҷонов бар ин назар аст, ки дар гузашта талошҳои мақомоти вақти Русия барои аз дӯш андохтани масъулияти ин кишвар барои саркӯбҳо ва истибдод дар замони шӯравӣ бенатиҷа анҷом ёфта ва ҳоло ин кишвар ночор аст масъулияти худро бипазирад.
Дар гузашта кишварҳое, назири ҷамоҳири соҳили Болтик, Укройн ва Мулдовӣ, аз давлати Русия барои қатли ом ва сиёсатҳои истибдодгарона дар замони Шӯравӣ дархости ҷуброн карда буданд. Ҳарчанд ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз мавқеъи ин кишварҳо пуштибонӣ кард, вале Русия ба пардохти ғаромат омода нашуд.
Ба ин далел, Парвиз Муллоҷонов бар ин назар аст, ки ҷониби Тоҷикистон набояд аз давлати Русия пардохти ҷубронро тақозо кунад. Зеро ин амр ғайривоқеъӣ ба назар мерасад ва баръакс, метавонад дар равобити миёни ду кишвар мушкил эҷод кунад.
Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди оқои Муллоҷонов, Тоҷикистон дар пайи истибдоди замони Шӯравӣ хисороти ҷиддие бардоштааст. Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон дар чанд марҳила теъдоди зиёде аз зиёиён боздошт ва кушта шудаанд.
Гузашта аз ин, ба гуфтаи вай, дар пайи мубориза бо босмачиҳо ё мухолифони давлати Шӯравӣ дар солҳои 1930 то чиҳил дарсади ҷамъияти манотиқи ҷануби кишвар водор шудаанд, ки Тоҷикистонро тарк кунанд.
Ба гуфтаи оқои Муллоҷонов, дар даҳаи 1920 Артиши Сурхи Шӯравӣ ба раҳбарии Будённий бидуни риъояти ҳуқуқи инсон теъдоди зиёде аз сокинон дар ҷануби Тоҷикистонро ба қатл расондааст ва ин мавзӯъ то ҳол аз сӯйи таърихшиносон ба сурати зарурӣ таҳқиқ нашудааст.
Зимнан, Султони Ҳамад, ҷомеъашиноси тоҷик, бо такия ба манобеъи Русия мегӯяд, ки дар амалиёти Артиши Сурхи Шӯравӣ алайҳи босмачиҳо танҳо дар соли 1929 ҳудуди 300 ҳазор аз ҷамъияти Тоҷикистон кушта шудаанд. Ба гуфтаи вай, дар солҳои салтанати Ҷузеф Истолин низ даҳҳо ҳазор нафар аз атбоъи тоҷик кушта шудаанд ё дар урдӯгоҳҳои Сибир солҳо ба таври ройгон ба корҳои сангин водошта шудаанд.
Парвиз Муллоҷонов дар посух ба ин суол, ки дар сурати эътирофи масъулияти қатли ому истибдод дар замони Шӯравӣ, оё Тоҷикистон метавонад ба бознигарӣ дар тақсимоти марзии кившарҳои Осиёи Марказӣ низ умед бандад ё хайр, гуфт, ки ин амал судманд нест.
Ба гуфтаи вай, ҳарчанд тақсимоти марзӣ дар замони сиёсати истибдодгаронаи Шӯравӣ сурат гирифта, вале интишори матни сӯҳбатҳои аъзои ҳайъатҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мақомоти вақти Тоҷикистон худ нахостаанд шаҳрҳои Бухоро ва Самарқандро ба қаламрави кишвари худ шомил созанд.
Парвиз Муллоҷонов зимни шарҳи тасмими Русия дар мавриди эътирофи масъулияти Иттиҳоди Шӯравӣ барои қатлҳои ом ва сиёсати истибдодӣ гуфт, ки он идда аз атбоъи тоҷик, ки аз ин сиёсатҳо ҷабр дидаанд, набояд ба дарёфти ҷуброн аз давлати Русия умед банданд.
Вале Султон Ҳамад мегӯяд, ки баръакс, давлати Тоҷикистон барои дарёфти чунин ғаромат ё товон аз Русия барои атбоъи осебдидаи худ дар истибдоди Шӯравӣ талош кунад. Вай афзуд: "Давлати Олмон то ҳол ба атбоъи хориҷие, ки дар урдӯгоҳҳои Олмони нозӣ ҷабр дидаанд, ҳуқуқи бознишастагӣ пардохт мекунад. Яъне дар таҷрубаи ҷаҳонӣ ин як амри маъмулӣ аст ва атбоъи тоҷик низ бояд дархости чунин ҷуброн аз Русияро кунанд."
Ба эътиқоди оқои Ҳамад, агар Русия мехоҳад худро як кишвари мутамаддин муъаррифӣ созад, пас бояд ба осебдидагони сиёсатҳои истибдодгаронаи худ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҷуброн пардозад.
Дар ҳамин ҳол, Раҳмон Ӯлмасов, муъовини раиси Донишгоҳи муштараки исловии Тоҷикистону Русия, тасмими давлати Русия ба эътирофи масъулияти қатли ом ва саркӯбҳои даврони Шӯравиро қабул надорад. Вай мегӯяд, ки ҳоло дар ин замина таҳқиқоти мукаммале анҷом нашудааст ва "ҷомеъа намедонад, ки дар он солҳо мушаххасан чи зулму истибдоде нисбат ба мардум шудааст."
Вай аз он изҳори таъаҷҷуб мекунад, ки чаро давлати феълии Фаронса масъулияти сиёсатҳои Наполеон Бонапартро бар ӯҳда намегирад ё давлати Итолиё масъулияти корҳои Мусоллиниро ба дӯш нагирифта, вале Русия давлати Шӯравиро ба иртикоби ин ҷиноёт муттаҳам мекунад.
Ба эътиқоди оқои Ӯлмасов, чунин амали давлати Русия наметавонад ҷавомеъи кившарҳои ҳамсудро муттаҳид созад ва баръакс, метавонад ба ангехтани низоъ мунҷар шавад. Вай мегӯяд: "Ҳоло рӯшан нест, ки агар босмачиҳо дар набард бо Артиши Сурх пирӯз мешуданд, вазъи Тоҷикистон чи гуна мешуд. Болшевикон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хидмати зиёде кардаанд."
Вале дар посух ба ин иддаъо, ки дар солҳои истибдоди истолинӣ теъдоди зиёде аз рӯшанфикрони тоҷик кушта шуда ва ё ба Сибир фиристода шудаанд, оқои Ӯлмасов мегӯяд, ки ин мавзӯъ бояд мушаххас шавад, ки ҳар нафаре барои чи ҷурме маҳкум шуда буд. Ба гуфтаи вай, дар он солҳо бо талоши Бобоҷон Ғафуров Тоҷикистон тавонистааст аз сиёсати истибдодӣ ва саркӯбгаронаи истолинӣ камтар хисорат бубинад.
Би-Би-Си