15:17:15 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МЕРОСИ СОСОНИЁН: ЭРОНШАҲР Ё ШИКАСТ ДАР БАРОБАРИ АЪРОБ

Вақте ки аз Сосониён ном бурда мешавад, шояд аввалин чизе, ки ба зеҳни як эронӣ хутур мекунад, шикасти ин силсилаи подшоҳӣ дар баробари сипоҳи аъроб бошад. Ҳамон шикаст буд, ки ба ҳокимияти тӯлонии аъроби мусулмон бар Эрон ва эҷоди таҳаввулоти амиқи фарҳангӣ дар ҷомеъаи Эрон мунҷар шуд. 

sasanianДар хусуси суқути Сосониён ҳамвора ин назария матраҳ будааст, ки Сосониён ба далели ситамгарӣ аз ҳимояти умумӣ бархӯрдор набуданд ва бо ҳамлаи аъроб мардум барои гурез аз чанги онҳо дарҳоро ба рӯйи аъроб гушуданд. Аммо як муҳаққиқи аҳди сосонӣ мегӯяд, ки ин дидгоҳ дақиқ нест ва ҳатто онро ғайримунсифона мехонад. Тураҷи Дарёӣ, устоди риштаи эроншиносӣ дар донишгоҳи Колифурниё ва нависандаи китоби "Эроншиносӣ: зуҳур ва суқути як имперотурӣ" ба забони инглисӣ, мегӯяд, ки мероси Сосониён барои Эрон бисёр бузургтар аз шикаст дар баробари аъроб аст. Сосониён дар қарни севуми мелодӣ дар Эрон ба қудрат расиданд ва дар авосити қарни ҳафтум дар ҳамлаи аъроб шикаст хӯрданд, то бисоти охирин ҳукумати подшоҳии пеш аз ислом дар Эрон барчида шавад. 

Мавзӯъе, ки пас аз 1350 сол ҳамчунон ва шояд акнун таҳтушшуъоъи барқарории муҷаддади як ҳукумати исломӣ дар Эрон ба шакле пурранг бар зеҳни эронӣ соя афкандааст. Оқои Дарёӣ мегӯяд нигоҳе, ки Сосониёнро ба хотири шикаст муқассир мешиносанд, таҳти таъсири ду омил дар Эрон шакл гирифтааст. Ӯ ишора мекунад, ки ағлаби китобҳое, ки дар мавриди шикасти сосонӣ дар муқобили аъроб дар қарни бистум мунташир мешуд, таҳти нуфузи дидгоҳи кумунистӣ буд. 

Ӯ, ки худ ба хотири фурӯпошии Сосониён ба ин бахш аз таърихи Эрон алоқаманд шудааст, мегӯяд: "Бештари китобҳое, ки аз русӣ ба форсӣ тарҷума мешуд, масалан корҳои марҳум Кишоварз, ки осори Клашников ва ғайраро ба форсӣ бармегардонд, ин диди табақотиро дар мо ба вуҷуд овард, ки масалан чун мӯбадон ба мардум фишор меоварданд, мардум дарҳоро боз карданд ва ҳукумати сосонӣ дар муқобили аъроб аз ҳам пошид." 

Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ӯ, бо шуюъи миллигароӣ дар даврони Паҳлавӣ дар Эрон ва авҷ гирифтани ин дид, ки эрониён дар гузашта абарқудрати муҳимме будаанд, ин дидгоҳ тақвият шуд, ки бо эҳсосоти зиддиъарабӣ - побараҳна хондани аъроб - ҳам ҳамроҳ буд. 

Ӯ дар мавриди суқути Сосониён мегӯяд: "Бале, ин шоҳаншоҳӣ нобуд ва ғорат шуд, вале артиши аъроб чандон ҳам побараҳна набуд. Алъон мутолеъоте анҷом шудааст, ки нишон медиҳад артиши аъроб чи қадар муҳкам ва хуб буда, ки на танҳо эрониҳо, балки румиҳо, балки туркон ва чиниҳоро шикаст доданд. Бино бар ин, мо набояд ин диди ғайриъодилонаро дар мавриди Сосониён дошта бошем." 

Эроншаҳр ва "Худойнома"

Китоби тозаи оқои Дарёӣ, "Эроншиносӣ", ахиран барандаи ҷоизаи беҳтарин асари таҳқиқӣ дар бораи Ховари Миёна аз сӯйи Анҷумани бритониёии мутолеъоти Ховари Миёна шудааст. Ӯ қаблан китоби "Суқути Сосониён"-ро дар Эрон ба чоп расонда буд ва чанд кутуби дигар дар бораи ҳамин мавзӯъ нигоштааст. Тураҷи Дарёӣ мегӯяд, ки мерос ва аҳаммияти Сосониён барои тамаддуни эронӣ аз шикаст дар баробари аъроб бисёр фаротар меравад. 

Мероси муҳимме, ки Сосониён барои Эрон ба ҷо гузоштанд, ба гуфтаи ӯ, шаклгирии мафҳуми Эрон ба унвони як фарҳанг ва миллат аст: "Ин бовар ва ин диди эроншаҳрӣ ё маниши эроншаҳрӣ ё эронӣ аз давраи сосонӣ сарчашма гирифтааст... Сосониён аввалин силсилае дар Эрон ҳастанд, ки идеяи Эроншаҳрро ба унвони як идеяи сиёсӣ ва ҳувияти фарҳангии эрониён барпо мекунанд. Муҳиммтарин мероси Сосониён ин аст, ки мо акнун 1800 сол аст бо ин идея зиндагӣ мекунем. Мо пайдоиши ин идеяро мадюни Сосониён ҳастем." 

Яке аз аносири муҳимми шаклгирии ин мафҳум пайдоиши "Худойнома" дар замони Сосониён аст. Ин ҳамон китобе аст, ки "Шоҳнома" аз он сарчашма гирифтааст. Оқои Дарёӣ мегӯяд: "Аҳаммияти дигари Сосониён ин аст, ки дар замони Хусрави Анӯшервон, дар ҳамон қарни севум, таърихи миллии Эрон ба номи "Худойнома" тадвин мешавад. Ва он таърих ва ёде аст аз гузашта, он чи ки эрониён буданд, аз куҷо омаданд, чи гуна ҷаҳон оғоз шуд, то замони фурӯпошии шоҳаншоҳии сосонӣ." 

Китоби "Худойнома" аслан ба забони паҳлавӣ буд, ки аз миён рафтааст, вале эрониён онро дар авоили давраи исломӣ тарҷума карданд. 

Қудрати марказӢ ва қонун

Оқои Дарёӣ мегӯяд: "Яъне сосониҳо на танҳо ҷойе ба номи Эроншаҳр дуруст мекунанд ва идеяҳои фарҳангӣ барои эрониҳо ба вуҷуд меоваранд, балки таърихе ҳам барои эрониҳо ба вуҷуд меоваранд." 

Дарвоқеъ, таърихи суннатии мо, ки дар "Шоҳнома" рақам мехӯрад ва дар мутуни форсӣ, аз ҷумла "Форснома"-и Ибни Балхӣ ва ғайра (дида мешавад), ҳама зойидаи ҳамин "Худойнома" ё "Шоҳнома"-и давраи сосонӣ аст." Сосониён аз 224 то 651 мелодӣ, яъне барои беш аз 400 сол бар минтақаи васеъе, ки замоне илова бар фалоти Эрон, Ироқи имрӯз ва бахше аз Афғонистону Покистонро дар бар мегирифт, ҳукумат карданд. 

Ардашери Бобакон, Хусрави Анӯшервон ва Баҳроми Гӯр номҳое ошно барои эронӣ аст, ки ҳама ба давраи сосонӣ бармегарданд. Оқои Дарёӣ дар бораи рози бақои тӯлонии Сосониён мегӯяд: "Ин як ҳукумати марказӣ бар ҳасби қонун аст, ки ин яке дигар аз абъоди муҳимми идеи эроншаҳрӣ аст ва барои ҳамин ҳам барои 400-у анде сол ба ҷо мемонад." 

Вай мероси Сосониёнро ин тавр хулоса мекунад: "Ман фикр мекунам, ҳама ба хотири Сосониён аст, ки мо имрӯз кишваре ба номи Эрон, таърихе суннатӣ ба номи "Шоҳнома" ва ҳувияти эронӣ дорем." 

Тасвире ҷадид

Оқои Дарёӣ, ки поённомаи дуктуриаш дар донишгоҳи Колифурниё дар Лус-Онҷелесро дар бораи суқути сосонӣ навиштааст, мегӯяд масъалае, ки дар он замон зеҳни ӯ ва дигар донишҷӯёни таърихҳои бостонро машғул мекард, ин буд, ки чаро алоқамандон ба таърихи сосонӣ ҳанӯз бояд ба китоби Артур Кристенсен, ки дар соли 1944 навишта шуд, муроҷеъа кунанд. 

Ӯ мегӯяд, ки яке аз дӯстонаш дар риштаи дуктурӣ дар заминаи таърихи Рум ҳамвора изҳори таъаҷҷуб мекард, ки ҳарсола даҳҳо китоб дар бораи имперотурии Рум мунташир мешавад, масъалае, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар мавриди Сосониён содиқ нест. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Тураҷи Дарёӣ, аз 1944 то кунун иктишофоти зиёде анҷом шуда ва мадорик ва манобеъи ҷадиде дар дастрас қарор гирифтааст, ки метавонад тасвири ҷадиде аз Сосониён ироа диҳад. 

Ӯ мегӯяд барои ҳамин тасмим гирифт китобе бинависад, ки абъоди мухталифи ин давраро дар бар гирад ва саъй карда, ки манобеъи моддиро дар канори кутубе бигузорад ва ба унвони як таърихдон як диди куллӣ ба даст диҳад. Панҷ фасли китоби "Эроншиносӣ: Зуҳур ва суқути як имперотурӣ" ба мазҳаб, иқтисод, адабиёт ва таърихи сиёсии Эроншаҳр мепардозад. 

Ричорд Фрой, эроншинос аз донишгоҳи Ҳорворд, дар бораи ин китоб навиштааст: "Эроншиносӣ", асари Тураҷи Дарёӣ, ҳовии ҷузъиёти бисёр бештаре нисбат ба ҳамаи корҳои қаблӣ дар мавриди ин мавзӯъ, бо мавод ва манобеъи мутаъаддиди ҷадид аст. Ин асар як шоҳкори таҳқиқотӣ аст ва охирин сухан дар бораи эроншиносӣ дар аҳмаи заминаҳо хоҳад буд." 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/tarih/4278-2011-01-27-18-40-17.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi