02:10:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТОҶИКИСТОН ВА АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - 1

Дар сӣ соли ахири қарни гузаштаи таърихи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бузургтарин ва маъруфтарин сипаҳсолор, сиёсатмадор буд, ки беш аз дигар ҳамтоёни худ на танҳо дар Афғонистон, балки дар минтақа ва ҷаҳон низ пайваста мавриди тавваҷҷӯҳи сиёсатшиносон, таҳлилгарон, журналистон ва солноманависон қарор гирифтааст. Агарчӣ дар шарҳи ҳол ва дар бораи ҷанбаҳои мухталифи зиндагонии ӯ ҳазорҳо мақолаву ҷилд-ҷилд китобу рисолаҳо навишташуда бошанд ҳам, вале чунин ба назар мерасад, ки бисёр самтҳои фаъолияти сер соҳаву бисёр паҳлӯи ин абармарди таърих ҳоло ҳам ба таври бояду шояд омӯхта нашудаанд ва аз сӯи олимону пажӯҳишгарон, нависандагону солноманигорон кашф нагардидаанд. 

MasoodБарои мисол бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистони азиз дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд аз шеъру мақолаву лавҳа шурӯъ карда то асарҳои бузургҳаҷм, аз қабили повесту роман ва достонҳои назмӣ, хеле зиёд эҷод гардида, барномаҳои телевизионӣ таҳия шуда бошанд ҳам, вале гиреҳ аз мавзӯи Аҳмадшоҳи Масъуд ва Тоҷикистон, иртиботи ӯ бо ин кишваре, ки онро Ватани дуввуми худ медонисту барои мардуми азияткашида ва ояндаи дурахшони ин сарзамин кӯшишу талошҳои самаранок ба харҷ дода, заҳматҳои беназире кашида буд, ҳанӯз ҳам ба пуррагӣ нокушода мондааст.

 Бале, муаллифони мухталиф дар бораи нақши Аҳмадшоҳи Масъуд дар сулҳи байни тоҷикон, кӯмаки ӯ ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон паноҳанда шуда буданд, то андозае ба таври умумӣ гуфтаанд. Вале дар ин бора ва дар дигар мавзӯъҳое, ки бо мавзӯи Тоҷикистон ва Аҳмадшоҳи Масъуд иртибот мегиранд, ҳанӯз суханҳои ногуфта хеле зиёд аст ва онҳо бояд ба тадриҷ баён шаванд ва бузургиву шаҳомати ин фарзонамарди таърихи муосири миллати тоҷикро пеши ҳаммиллатонаш ва ҷаҳониён бори дигар рӯшантару возеҳтар бисозанд. 

Мо кӯшидем дар ин навиштаи худ каме ҳам бошад ба  саҳифаҳои торики ин масъала, бо такя ба китобу мақолаҳои муаллифони мухталиф, ҳуҷҷатҳои расмӣ ва алалхусус бо истифода аз сӯҳбатҳои дӯстони хеле ҳам наздики Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон, бахусус сарварони собиқи вазорати амнияти кишвар генералҳои мӯҳтарам Сайидамир Зуҳуров ва Сайиданвар Камолов, ки ифтихори бо ӯ ба манфиати ҳарду кишвари ҳамсоя ва мардумони он ҳамкории зич карданро доштанд, равшанӣ адозем. Банда муддатҳои зиёд ҳам дар Афғонистони замоне, ки коммунистон дар сари қудрат буданд ва ҳам дар Афғонистоне, ки муҷоҳиддин дар он ҳукумат мекарданд, иқомат доштам ва аз мушоҳидаҳои бевоситаи худ дар ин навиштаам низ истифода кардаам.  

Номи Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон кай пайдо шуд?

Авввалин бор дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон солҳои 80-уми асри гузашта, баъди он ки Артиши Советӣ ба хоки Афғонистон бо баҳонаи расондани кӯмаки интернатсионалистӣ ба мардуми ин кишвар дохил гардид ва дар он ҷо ба муқовимати шадиди муҷоҳиддин рӯ ба рӯ омад, тавассути матбуоти шўравӣ маълумот дода шуд. Маҳз ҳамон давра дар матбуоти  Иттиҳоди Шўравӣ, азҷумла дар матбуоти Тоҷикистон низ, ки як ҷузъи матбуоти шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд, чун дар бораи дигар қумандонҳои ҷиҳодии Афғонистон гоҳ-гоҳе хабару мақолаҳо дарҷ мегардиданд. 

 

Дар ин хабару мақолаҳо Масъуд ва дигар роҳбарони ҷиҳодиро дузду роҳзан, қотилу ғоратгар, умуман ҳамчун душманони давлат ва миллати Афғонистон ба қалам медоданд. Ин хабарҳоро ҳамон вақт бо ишора аз роҳбарони Маскав, тамоми расонаҳои хабарии Тоҷикистон нашр мекарданд. Бо вуҷуди он ки матбуот сари мардуми шўравӣ таъсири бузурге дошт, вале бояд гуфт, ки на ҳама дар Тоҷикистон ба ин гуфтаҳо бовар мекарданд. Зеро дар ин байн бархе инсонҳои  кунҷкове буданд, ки манбаъҳои дигари хабариро ҷустуҷӯ мекарданд ва иттилои дигархелтаре дар ин мавзўъ пайдо менамуданд. Ва ин манобеъ асосан барномаҳои радиоҳои кишварҳои хориҷӣ, ба хусус, бахши форсии радиои Би Би Си, бахши тоҷикии радиои «Озодӣ», радиои Эрон ва радиои «Овози дӯст»-и Покистон, ба шумор мерафтанд. 

Ин қабил расонаҳои хабарӣ ҷанги Афғонистонро на ҳамчун кӯмаки интернатсионалистии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишвар, балки ҷанги як давлат алайҳи давлати дигар талаққӣ мекарданд.  Ва дар бораи муҷоҳиддин низ маълумоти дигархелтаре ироа мекарданд. Онҳоро муҳофизони Ватан, дину фарҳанг, мудофеъони марзу буми Афғонистон медонистанд. Дар бораи матонату шуҷоат ва далериву ҷасорати онҳо қиссаҳо мекарданд, онҳоро васфу тараннум менамуданд. Ба ҷуз радиоҳои хориҷӣ боз манбаъҳои дигаре низ буданд, ки ба як қисми мардум хабарҳои ростро дар бораи вазъи Афғонистон мерасонданд. 

Чунин манбаъҳоро инсонҳое ташкил медоданд, ки соҳиби иттилооти воқеъбинонатаре буданд. Онҳо азҷумлаи ашхосе буданд, ки ба ҳайси сарбоз, тарҷумон, мушовир ба Афғонистон фиристода мешуданд ва бо чашми худ вазъияти Афғонистонро медиданд ва аз ҳақиқати ҳол бохабар мегардиданд. Аввалан ин қабил афрод афғонҳоро ҳамқавму ҳамзабон ва ҳамдин дониста кӯшиш мекарданд, ки ҳини дар Афғонистон буданашон нисбати онҳо (онҳое, ки зидди ҳукумати вақти Афғонистон мубориза мебурданд) амалҳои бадро раво набинанд, аз додани озору азият ба афғонҳое, ки ба ҷурми душман будан зери пайгарди қонун қарор мегирифтанд, худдорӣ кунанд. 

Маъмулан ана ҳамин қабил инсонҳо баъди бозгашти худ ба Тоҷикистон дар бораи Аҳмадшоҳ ва муҷоҳиддин нуқтаи назари дигар медоштанд ва ҳарчанд  дар миёни мардум иброз намудани нуқтаи назаре, ки мухолифи идеологияи коммунистӣ буд дар пай хатари ҷиддӣ дошт, ин қабил инсонҳои аз Афғонистон баргашта дар маҳфилҳои хоса тавсифи Аҳмадшоҳ ва пайравони ӯро мекарданд. 

Масалан, яке аз ҳамсӯҳбатони мо Сайидамир Зуҳуров, ки дар Афғонистони солҳои 80-ум ба ҳайси тарҷумон ва мушовири яке аз қумондонҳои шӯравӣ адои хидмат кардааст, мегӯяд, ки Масъуд аз дигар фармондеҳони ҷиҳодӣ бо он фарқ мекард, ки дар минтақаи таҳти назорати ӯ ба аҳолӣ муносибати нек мекарданд, ба касе зулмро раво намедиданд, касеро зӯран ба ҷабҳа ба сарбозӣ намебурданд, ба аҳли оилаи касоне, ки ба ҷабҳа даъват мешуданд, кӯмаки моддӣ мерасонданд. 

Бояд таъкид кард, ки фаъолияти ҷабҳаашро Масъуд на чун аксари фармондеҳони дигар аз ҳисоби кишту кори маводи мухаддир, балки аз ҳисоби фурӯши сангҳои қимматбаҳо, ки дар Панҷшеру Бадахшон одамони ӯ бо роҳи меҳнати ҳалол ба даст меоварданд, ба роҳ монда буд. Муҳимтар аз ҳама вақте аскарони шӯравӣ ба асорати муҷоҳиддини Масъуд меафтоданд, онҳоро сарбозони Масъуд озору азият намедоданд, балки бо онҳо муносибати башардӯстона мекарданд.  

Аз ин рӯ дар ин манотиқ мардуми оддиро алайҳи ӯ ба мубориза бархезондан ва аз онҳо зидди ӯ истифода бурдан кори номумкин буд. Ин вазъиятро фармондеҳии шӯравӣ низ хуб медонист. Чунин рафтори ҷавонмардонаи Масъуд болои генералҳои рус низ таъсири худро гузошта буд. Маъмулан генералҳои рус дӯст намедоштанд, ки муҷоҳиддинро бо суханони нек ёд кунанд, вале  аз истифодаи ибораи «Шери Панҷшер» дар ҳаққи Аҳмадшоҳи Масъуд худдорӣ намекарданд. Яъне онҳо низ эътироф мекарданд, ки Масъуд Шери дараи Панҷшер аст ва ифтихори тоҷикони тамоми дунё. 

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

(идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/tarih/3081-2010-09-09-10-50-18.html 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi