13:41:19 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Таъсиси Покистон низ дар наврӯз аст

Расо 74 сол пеш 23 марти соли 1940 дар шаҳри Лоҳури онвақта Ҳиндустони Британӣ (мустамликавӣ) ҳамоиши мусулмонони нимҷазираи Ҳинд баргузор шуд. Иштирокчиёни ҳамоиш якдилона ба қароре омаданд, ки дар нимҷазираи Ҳинд давлати мустақили мусулмононро таъсис диҳанд.

pakistanprotests100112Қарори мазкур, ки бо номи Тасвибномаи Лоҳур машҳур аст, зербинои таъсиси Ҷумҳурии Исломии Покистон гардид. Баъди 7 сол, аниқтараш 14 августи соли 1947, дар харитаи ҷаҳон давлати нав бо номи Покистон ("Сарзамини покҳо") пайдо шуд. Ҳарчанд забони давлатии Покистон урду бошад ҳам 90 дар сади Суруди миллӣ ("Қавмӣ тарона")-и он барои тоҷикон фаҳмост.

Муаллифи он Ҳофизи Ҷоландарӣ аст. Воқеан, дар шимоли шаҳри Душанбе деҳаест, ки Ҷоландар ном дорад. Матни Суруди миллии Покистон чунин аст:

Пок сарзамин шод бод,

Кишвари ҳасин шод бод.

Ту нишони азми олишон

Арзи Покистон,

Маркази яқин шод бод.

Пок сарзамин ко низом,

Қуввати ухуввати авом.

Қавм, мулк, салтанат,

Тобанда поянда бод,

Шод бод манзили мурод.

Парчами ситораву ҳилол,

Раҳбари тараққиву камол,

Тарҷумони мо зи шони истиқбол,

Сояи Худои Зулҷалол.

Тавре мебинем, дар ин ҷо ба ҷуз мисраи "Пок сарзамин ко низом" (низоми сарзамини пок) дигар ҳама мисраъҳо ба забони форсиянд. Аксари мардуми Покистон, мисли тоҷикон пайрави мазҳаби Имом Абуҳанифа раҳматуллоҳи алайҳ мебошанд. Шоири миллии Покистон Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аст, ки аксари ашъораш ба забони форсист. Ҳамарӯза радиои Покистон ба забони форсӣ барномаҳои махсусро пахш мекунад.

Дар аксар макотиби олии Покистон факултаҳои забон ва адабиёти форсӣ амал мекунанд. Маҷаллаи "Суруши Исломобод" пурра ба забони форсӣ нашр мешавад. Дар вилояти Балуҷистон ва мавзеъҳои шимолии Покистон (Гилгит, Чатрор) форсизабонон зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистонро аз Покистон ҳудуди 15 километрии қаламрави Афғонистон ҷудо мекунад. Ҷумҳурии Исломии Покистон дар қатори Эрону Афғонистон аз ҷумлаи нахустин кишварҳоест, ки соҳиб - истиқлолии Тоҷикистонро ба расмият шинохта буд.

Покистон яке аз кишварҳои зудрушдёбандаи Осиёи Ҷанубӣ ба шумор меравад. Маҷмӯи махсулоти дохилии он ба 225, 14 миллиард доллар баробар аст. Ба гуфтаи иқисодшиноси британӣ Ҷим О Нил соли 2050 Покистон аз ҷиҳати ҳаҷми иқтисодиёт 18-умин кишвари бузурги ҷаҳон хоҳад гашт. Агар рушди иқтисодиёти Покистон бо ҳамин суръат идома ёбад, соли 2050 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии он 3,33 триллион долларро ташкил хоҳад дод. Коршиносони Хазинаи Байналмилалии Асъор низ ба он назаранд, ки Покистон дорои иқтидори бузурги иқтисоди аст. Он ҳафтумин қудрати ядроии ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳукумати Покистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 бо кӯмаки Чин 5 нерӯгоҳи барқи атомӣ созад. Аллакай дар наздикии шаҳри Карочӣ сохтмони ду нерӯгоҳи барқи атомӣ бо иқтидори ҳар кадоме 1100 мегаваттӣ оғоз шудааст.

Япония, Чин, ИМА, Канада, Олмон, Британияи Кабир, Сингапур, Эрон ва кишварҳои арабии халиҷи Форс шарикони асосии тиҷоратии Покистон ба шумор мераванд. Покистон яке аз кишварҳои бузурги содиркунандаи матоъҳои пахтагин, маснуоти чармгарӣ, маснуоти заргарию сангҳои қиматбаҳо, лавозимоти варзишӣ, доруворӣ, меваю сабзавот, семент ва нуриҳои минералӣ мебошад.

dukhtarhoi-pokiston00012Хонандагони гиромӣ хуб дар ёд доранд, ки соли 2007 нархи семент дар бозорҳои масолеҳи сохтмонии кишварамон якбора баланд рафт. Баъди аз Покистон ворид намудани сементи хушсифату арзон нархи семент дар бозорҳои мамлакат ба танзим даромад. Ҳамчунин тоҷирон аз Покистон шакар, мева, сабзавот, доруворӣ ва дигар маҳсулотро ба Тоҷикистон меоранд. Аз Тоҷикистон ба Покистон асосан хушкмева, нахи пахта ва фулузот содир мешавад.

Дар рушди хамкориҳои дуҷониба ифтитоҳи пули байнимарзӣ дар мавзеи Панҷи Поён нақши муҳим мебозад. Тавассути роҳҳои мошингарди Афғонистон молро аз шаҳри Пешовар дар як шабонарӯз ба Тоҷикистон овардан мумкин аст.

Ба гуфтаи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳусайн тайи се соли охир ҳаҷми робитаҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвари дӯст қариб 5 маротиба афзуд. Агар соли 2011 ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистону Покистон 21 миллион долларро ташкил дода бошад, соли 2013 ин рақам қариб ба 100 миллион доллар расид. Имкон дорад, ки ҳаҷми ҳамкориҳо аз ин ҳам зиёд шавад. Аммо алҳол барои густариши бештари робитаҳо якчанд монеаҳо мавҷуданд:

Чунончи, имрӯз Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо Покистон роҳи ҳавоӣ надорад. Ин рафтуомади соҳибкоронро мушкил месозад. Чунончи, ҳафтаи сипаришуда як гуруҳ сарварони палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Исломии Покистон ба кишвари мо омада буданд. Намояндаи Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Покистон (FPCC) М.А. Ҷаббор изҳор намуд, ки бо вуҷуди наздик будани масофа миёни Душанбеву Исломобод меҳмонони покистонӣ тавассути Туркия дар 20 соат омаданд. Албатта чунин сафари дурудароз хастакунанда буда, ба фаъолияти кори кас бетаъсир намемонад.

Сардори ҳайати тиҷоратии Покистон Президенти Палатаи савдо ва саноати Равалпиндӣ Довуд Ориён пешниҳод намуд, ки ба хотири сабук шудани рафтуомади тоҷирон ҳарчи зудтар бояд Созишномаи сеҷониба миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баста шавад. Ҳоло ки чунин созишнома ба имзо нарасидааст, соҳибкорони покистонӣ маҷбур мешаванд, ки борашонро дар сарҳади Афғонистон ба мошинҳои боркаши ронандагони афғон бор кунанд. Ин вақту маблағи зиёдатӣ талаб мекунад.

Ба гуфтаи Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ яке аз ояндадортарин бозорҳо ба шумор мераванд. Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои кишварҳои узви ЭКО, Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат бо Покистон робитаро густариш медиҳад. Дар назар аст, ки тирамоҳи ҳамин сол дар шаҳри Душанбе намоиш ва фурӯши маҳсулоти Покистон, ҳамчунин фурӯши маҳсулоти соҳибкорони Тоҷикистону Покистон баргузор шавад. Ин боз як қадами босубот дар таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст хоҳад буд.

Сайфуддини Суннатӣ барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi