17:46:23 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Умар Ибни Хаттоб 2

Дар ҳақиқат,  ҳар як аз ин ҳикоёти таърихӣ  намунаи возеҳ ва равшане аз адолати Умар ибни Хаттоб мебошад. Тавре дидем, Умари Форуқ дар қазияи аввал ҳаққи як нафари қибтии насрониро аз писари Амр ибни Оси араб, ки мусалмон ва фарзанди фармонравое буд ва ин мансабро ба ӯ дода ва кишваре таҳти фармонаш буд, ситонид. Бояд таъкид кард, ки  Амр ибни Ос - сипаҳсолори машҳури мусалмонон сарзамини Мисрро ба фармони Умар ибни Хаттоб фатҳ карда, ба тасарруфи давлати Ислом оварда буд, вале дар назари халифаи дуюми рошидин адолат чизе буд, ки бидуни риояи чизи дигаре бояд иҷро гардад.

 

umar-ibni-khattob-0102Дар қазияи дувум шунидем, ки Умари Форуқ як нафар подшоҳро бо он ҷалол ва шавкати подшоҳӣ барои гирифтани қасос ва адои ҳаққи як нафар араби оддии бадавӣ ҳозир ва маҳкум фармуд ва дар қазияи сеюм фаҳмидем, ки Умари Форуқ сарвари банӣ Умая, фармонравои собиқи Макка-Абӯсуфёнро барои гирифтани ҳаққи мардуми оддии Маккаи мукаррама маҳкум ва ҳукмашро шахсан иҷро фармуд.

Бо каме таваҷҷуҳ ба ҳар як аз ин се қазияи таърихӣ барои мо маълум мегардад, ки Умар чунон ки дар аввалин хутбаи худ дар Масҷиди Набавӣ ва бар минбари Паёмбари Ислом (с) гуфта буд: - "Барои гирифтани ҳаққи заифон аз зӯргӯён ва золимон беш аз пеш сахт хоҳам гирифт", на фақат дар сухан, балки дар амал ба касе таҳвил надод, балки беш аз он чӣ интизор мерафт, ба қавлаш амал кард ва он чиро гуфт, ҷомаи амал пӯшонид.

Ба таври куллӣ, ақидаи Умари Форуқ ин буд, ки мусалмон бояд марди кор бошад, на марди гуфтор, мард бояд камтар ҳарф бизанад, зиёдтар кор кунад, худаш чунин буд ва аз мардум мехост чунин бошанд. Ӯст, ки мегӯяд: -"Ҳар гоҳ Худо бихоҳад қавмеро хушбахт фармояд, онҳоро тавре бор меоварад, ки кирдорашон зиёд бошад ва гуфторашон кам ва агар бихоҳад қавмеро бадбахт фармояд, кору кӯшишро аз онҳо бармегирад ва гуфторашонро зиёд мекунад, яъне некбахтии ҳар қавм дар ин аст, ки камтар сухан бигӯянд ва зиёдтар амал аз худ нишон диҳанд ва баръакс, маҳрумият ва бадбахтӣ ин аст, ки камтар кор кунанд, то битавонанд ваъдаи холӣ ва навиди беҳақиқат ба мардум бидиҳанд".

Таърихи умумии башар ҷуз ин чизи дигаре нишон намедиҳад.

НАЗОРАТИ  УМАР БАР АМАЛИ КОРГУЗОРОНАШ

 Ин як амри табиист, ки ҳар кас ҳар равия ва тарзи кор дорад ва мехоҳад дигарон, махсусан наздикон ва зердастонаш низ монанди худи ӯ бошанд, аз ин рӯ, Умар, ки худаш машъали комили адолат буд, мехост волиён ва умарое барои идораи умури мамлакат ба вилоятҳо бифи-ристад, ки аз ҳар чиҳат одил бошанд ва нисбат ба иҷрои аҳкоми қазоӣ комилан адолатро дар назар бигиранд ва ба ин сабаб, ки ҳамеша нозир ва муроқиби корҳои мансаб-дорони худ буд ва ҳар гоҳ гурӯҳе ё нафаре аз вилоятҳо ба Мадина меомаданд, авзоъи умумии онҳо, тарзи рафтору хислатҳо ва ахлоқи амири онҳо ва чигунагии қазовату аҳкоми содир ва ҷорӣ намудаи амирон ва ҳокимонро аз зердастонаш мепурсид. Ҳар гоҳ ҷавоби яке аз ин пурсиш-ҳо ризоиятбахш набуд, фавран ба таҳқиқу баррасӣ мепар-дохт ва агар собит мешуд, ин амирро аз мансаб барканор менамуд ва каси дигарро ба ҷояш мефиристод.

Умари Форуқ  барои ин ки аз ин бобат ба умаро ва волиёни вилоятҳо ҳушдор диҳад ва умуми мардумро дар ҷараёни кор бигузорад, рӯзе бар рӯйи минбар чунин гуфт:

-Эй мардум, ба Худо қасам, ман коргузорони худро ба сӯйи шумо намефиристам, то шуморо бизананд ё амволатонро ба ноҳақ аз шумо бигиранд, балки онҳоро ба ин хотир мефиристам, ки динатонро ба шумо биёмӯзанд, суннат ва равиши паёмбаратонро ба шумо ёд диҳанд, дар байни шумо ба ҳақ қазоват кунанд ва аҳкомашонро дар байни шумо ба адолат иҷро намоянд. Пас, ҳар касе ки бо ӯҷуз ин рафтор шавад, ҳатман назди ман шикоят кунед, қасам ба он зоте, ки ҷони Умар дар дасти ӯст,  аз амири бадрафтор  қасос хоҳам гирифт.

umar-khatab-0102Умар ибни Хаттоб то он ҷое дар пайи осоиши мардум буд, ки вақте хабар ёфт амири Аҳвоз дар фасли тобистон бар фарози кӯҳе, ки ҳавояш салқинтар аз шаҳр аст, манзил гирифта ва мардуми шаҳр барои арзи умурашон ба сахтӣ ва машаққат ба он ҷо мераванд, номае ба ӯ навишта фармуд, ки хабар ёфтаам дар ҷое нишастаӣ, ки омаду рафти мардум ба назди ту душвор аст, фавран он ҷоро тарк кун ва ба шаҳр бозгард ва коратро ба мардум, чи мусалмон ва чи аҳли зимма, осон бинамо!

Аз баррасии хислатҳо ва хусусиятҳои фитрии инсонӣ ба субут расида, ки ҳар шахси одил меҳрубон аст. Ин ду сифат, яъне адолату меҳрубонӣ лозим ва малзуми якдига-ранд. Умари Форуқ низ чунин буда ва нисбат ба раъияташ меҳр ва муҳаббат дошт, ҳатто бо ақаллиятҳои ғайриму-салмон, ки дар кишвари исломӣ зиндагӣ мекарданд, то метавонист, шахсан бо онҳо мулоқот ва ҳолаташонро пурсон мекард ва низ ҷӯёи аҳволи  бузургони саҳобаи Расулуллоҳ (с)  мешуд.

Дар ин бора ривоят шуда, ки рӯзе ҳазрати Умари Форуқ аз кӯчае мегузашт, чашмаш ба пирамарде афтод, ки бар дари хонае истода, чизе металабид, аз ин рӯ, ба вай наздик шуд ва шахсияту ҳолашро пурсид. Мӯйсафед  арз кард:

-Яке аз раъиятҳои яҳудӣ ҳастам, ки чун пир ва нотавон гаштаам, ниёз ба кӯмак дорам.

Умари Форуқ  ба ҳамроҳонаш фармуд:

-Дар айёми ҷавониаш тибқи фармони ислом аз ӯҷизя (навъе аз молиёт (андоз), ки раъияти ғайримусалмон (аҳли зимма) ба давлат мепардохт), гирифтам, акнун, ки пир ва нотавон шуда, раво нест, ки ӯро ба ин ҳол раҳо кунам. 

Сипас ӯро ба масъули байтулмол супурд, то барояш ҳақ таъйин кунад.

МЕҲРУ ШАФҚАТ АЗ ГӮШАИ АДОЛАТУ ИМОН АСТ

Чун Умари Форуқ фитратан одилу рауф буд, зимомдорон ва коргузоронашро аз байни мардуми  одил ва меҳрубон ихтиёр мекард. Ҳар гоҳ эҳсос мекард, ки нафаре аз онҳо номеҳрубон аст, ӯро дарҳол аз вазифа  барканор мекард. Дар ин бора ривоят шудаааст, ки раёсати ҷоеро ба марде, ки медонист мудаббиру кордон аст, вогузор мекунад. Ӯ ба маҷлиси Умари Форуқ меояд, то ҳукмашро гирифта, ба маҳалли маъмурияташ биравад. Иттифоқан, дар ҳамин вақт яке аз фарзандони хурди  Умар ба наздаш меояд. Халифаи мусалмонон ӯро ба оғӯш мекашад ва мебӯсад. Он мард арз мекунад:

-Ё амиралмуъминин, шумо фарзандонатонро мебӯсед? Ба Худо қасам, ман ҳеҷ гоҳ фарзандамро набӯсидаам.

 Умари Форуқ  мефармояд: 

-Пас ту, ки бо фарзандат меҳр надорӣ, ба Худо қасам, бо мардум бемеҳртарӣ!

Пас ҳукмеро, ки навишта ва ба дасташ дода буд, аз ӯ пас мегирад ва мегӯяд: 

-Ман ҳаргиз кори мусалмононро ба ту ва амсоли ту нахоҳам супурд.

ҚИССАИ УМАРИ ФОРУҚ ВА ГАДО

Шунидам, ки дар як гузаргоҳи танг иттифоқо Умар ибни Хаттоб пойи гадоеро зер кард. Бечора гадо надонист, ки пойи ӯро чӣ касе пахш кард, чунки ранҷидахотир дӯстро аз душман намешиносад. Бинобар ин, асабонӣ шуд ва бо хашму ғазаб гуфт:

-Магар кӯрӣ, ки намебинӣ ва пойи маро зер мекунӣ?

 Умар ба ӯ гуфт:

-Ман кӯр нестам, вале хато кардам ва надонистам. Хоҳиш мекунам, ки гуноҳи ман бибахш.

Оре, чӣ боинсофанд бузургони дин, ки ба зердастонаш ин гуна муомила ва бархӯрди хоксорона мекар-данд. Фардои қиёмат онҳое, ки тавозӯъ пеша карданд, бо камоли ифтихор сари худро боло нигаҳ медоранд, дар ҳоле ки гарданфарозони маъруф дар он рӯз аз хиҷолат наметавонанд сарашонро боло кунанд ва дар ҳоли сарна-гунӣ ва шармандагӣ ба сар мебаранд.

Агар аз он рӯз битарсӣ, аз хатои касе, ки аз ту метар-сад, бибахш ва даргузар. Ҳеҷ гоҳ ба зердастонат ситам макун, ки гуфтаанд:

Макун хира бар зердастон ситам,

Ки дастест болои дасти ту ҳам.

Гирдоварӣ ва таҳияи

Қиёмиддин Сатторӣ

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №06, 12 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi