00:28:18 14-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил - II

Расул Ғамзатов, шоири халқии Доғистон

Шомил Муҳаммадтоҳир ал-Кароҳӣ ном як котиб дошт. Имом ӯро ҳаргиз ба ҷойҳои хатарнок намефиристод. Муҳаммадтоҳир аз ин кори вай хеле норизо буд ва боре гуфт: -Имом, ё дилат аз ман пур нест? Мон, ман ба ҷанг дароям.

imam shamil 547878-Агар ҳама ҳалок шаванд ҳам, ту бояд зинда монӣ. Ҷойи сарбози шамшерзанро ҳар кас гирифта метавонад, лекин ҷойи таърихнависро-не. Ту қиссаи набардҳои моро навишта, китоб бикун. Муҳаммадтоҳир китобро ба охир нарасонида, фавтид, аммо писараш асари падарро анҷом дод. Ин китоб "Барқи шамшери Имом Шомил дар баъзе набардҳо" ном дорад. Худи Шомил китоби зиёде дошт. Вай китобҳои худро дар муддати бисту панҷ сол ба даҳ хачир бор карда, аз ҷое ба ҷое мекашонд. Ӯ бе китоб зиндагӣ карда наметавонист. Баъд дар кӯҳи Ғуниб ҳангоми таслим шудани худ Шомил хоҳиш кард, ки китобҳояш ва шамшерашро ба ӯ бимонанд.

Вақти дар шаҳри Калуга зиндагӣ карданаш ҳамеша китоб мепурсид. Ӯ мегуфт: "Ба айби шамшер чандин набард бохта шуд, аммо ягон бораш бо айби китоб набуд".

Вақте ки Ҷамолиддин аз Русия баргашт, имом ӯро маҷбур кард, ки либоси кӯҳистонӣ бипӯшад, лекин ба китобҳояш даст нарасонид. Ба онҳое, ки "китобҳои кофирҳоро ба дарё партофтан даркор" мегуфтанд, ӯ чунин ҷавоб дод: "Ин китобҳо дар сарзамини мо ба сӯйи мо тир напаррондаанд. Онҳо авулҳои моро оташ назадаанд, одамонро накуштаанд. Ҳар кӣ китобро хор бикунад, хор мешавад".

Кас акнун мехоҳад бидонад: Ҷамолиддин ҳамроҳи худ аз Петербург чӣ гуна китобҳо оварда буд? Доғистониён, азбаски алифбои худро надоштанд, гоҳе суханони нодирро ба забонҳои бегона сабт менамуданд. Ин навиштаҳо катибаҳои гаҳвора, ханҷар, шифти хона, санги мазор буданд. Ин суханҳо ба арабию туркӣ, ба гурҷию форсӣ навишта шудаанд. Чунин китобҳои нақшин басе зиёданд,  шумор надоранд, аммо ягон чизро ба забони модариат хонда наметавонӣ. Кӯҳистониён номи худро навишта натавониста, онро дар сурати шамшер, асп, паранда, кӯҳ тасвир менамуданд.

ҚИССАИ КОРНОМАҲОИ ИМОМ ШОМИЛ

Моҳи августи соли 1859 дар кӯҳи Ғуниб Имом Шомил аз болои аспи ҷангӣ фуромада, чун асири бузург дар назди князи рус Барятинский ҳозир шуд. Шомил пойи чапашро андаке пештар, ба рӯйи санг гузошт, дасти росташро ба дастаи шамшер ниҳод ва ба кӯҳҳои атроф нигоҳи тирае афканда, гуфт:

-Сардор! Ман бисту панҷ сол ҷангида, шаъну шарафи ин кӯҳистон ва ин кӯҳистониёнро муҳофизат кардам. Нуздаҳ захми баданам дард мекунад ва ҳеҷ сиҳат намеёбад. Акнун ман асир мешавам ва сарзаминамро ба дасти шумо медиҳам.

-Бас аст афсӯс хӯрдан. Хуб сарзамин доштаӣ: ҳамааш сангу сахра.

-Сардор, бигӯй, ки дар ин ҷанг ҳақ ба ҷониби кӣ буд: ба ҷониби мо, ки сарзаминамонро "кишвари зебо" гӯён ситоиш мекардему барояш ҷон медодем, ё ба ҷониби шумо, ки ин сарзаминро наҳ мезадеду ҳамчунин барояш мемурдед?

Шомили асирафтодаро то Петербург дар муддати як моҳ бурданд.

Дар Петербург императори  Русия аз ӯ суол кард:

-Кишвари ман ба назарат чӣ хел намуд?

-Мамлакати бузург, хеле бузург.

-Имом, бигӯй, агар медонистӣ, ки давлати ман чунин бузургу тавоност, ба муқобилаш ин қадар дуру дароз меҷангидӣ ё кори оқилона карда, сари вақт таслим мешудӣ?

-Охир, шумо хурду камқувват будани сарзамини моро дониста истода, ба мо ин қадар дуру дароз ҷангидед-ку!

Дар дасти падарам як мактуби Шомил, аниқтараш видоъномаи ӯ буд. Инак, он мактуб:  "Кӯҳистониёни ман! Кӯҳҳои урён, саҳроҳои бепаҳнои худро дӯст доред. Ин кӯҳҳо ба шумо сарвату дороии зиёде набахшиданд, аммо бе ҳамин сахраҳо сарзамини шумо сарзамин нест, бе сарзамин мардуми бенавои кӯҳистон озод нест. Барои ин сахраҳо биҷангед, онҳоро эҳтиёт бикунед. Бигузор, аз садои шамшерҳои шумо рӯҳи ман шод гардад".

Шомил садои шамшерҳои мардуми кӯҳистонро минбаъд ҳам басо шунидааст, агарчи онҳо акнун баҳри мақсадҳои дигар меҷангиданд…

***

Ҳамроҳи Шомил ду писараш ҳам асир афтода буданд. Ҳаёти ин ду писар ду хел ҷараён гирифт. Писари хурдӣ- Муҳаммадшафеъ генерали артиши подшоҳии Русия шуд. Калониаш Ғозимуҳаммад ба сарзамини Туркия ҳиҷрат намуд.

Рӯзе ба назди ман як зани солхӯрда омад, ки дар тан либоси туркӣ дошт. Ин зан гурҷӣ будааст ва дар ҷавонӣ ба турке расида, чил сол дар Истанбул зиндагонӣ кардааст. Сипас шавҳараш мурдааст ва зан бо сабаби танҳо монданаш ба Гурҷистон баргаштааст. Ҳамин зан ба назди ман омад. Сабаби омаданаш ин буд: вақти дар Истанбул зиндагонӣ карданаш бо кадоме аз зурриёти писари аз ҳама хурдии Шомил дӯстӣ доштааст.

-Аҳволашон чӣ хел? - пурсидам ман.

-Бад.

-Барои чӣ?

-Барои он ки Доғистон надоранд. Агар медонистед, ки онҳо дар он ҷо чӣ хел пазмони Ватананд! Амалдорон баъзан онҳоро меранҷонанд, замини дар ихтиёр доштаашонро кашида гирифтанӣ мешаванд. "Кашида гиред,- мегӯянд зурриёти имом.-Мо аздусар Доғистон надорем, замини дигар бароямон арзише надорад". Ба Ватан баргаштани маро фаҳмида, -идома дод гурҷизан, - хоҳиш карданд, ки Доғистонро зиёрат бикунам, ба авули Шомил, ҷойҳои ҷангидаи ӯ равам, шуморо ёфта бинам. Онҳо ба ман ин рӯймолро дода, илтимос карданд, ки шумо ба он як каф аз хоки Доғистон баста ба онҳо фиристед.

Ман рӯймолро паҳн кардам. Дар рӯйи он бо ҳуруфи арабӣ бахядӯзӣ шуда буд: - "Шомил". (Шомил - шакли кӯтоҳшудаи номи Шамуил аст. Шамуил яке аз паёмбарони барҳаққи Худованди бузург мебошад.-(Шарҳи таҳигар Қ.С.)

Нақли гурҷизан ба ман таъсир кард. Ваъда додам, ки аз хоки Доғистон мефиристам. Дар ин хусус ман бо пирони кишварам маслиҳат кардам.

-Ба одамоне, ки дар диёри бегона зиндагонӣ мекунанд, оё хоки кишвари моро фиристодан меарзад?

-Касони дигар мебуданд, фиристодан лозим набуд, аммо ба авлоди Шомил фиристон,- ҷавоб доданд пирон.

Як пирамард ба ман аз авули Шомил як каф хок оварда дод ва мо хокро ба он рӯймол бастем. Пирамард гуфт:

-Ин хоки кишварамонро ба онҳо фирист, лекин бигӯй, ки ҳар зарраи ин хок бебаҳост. Ба онҳо навис, ки зиндагӣ дар ин сарзамин акнун дигар шудааст, давру замонҳои нав расидааст. Ҳамаашро навис, то ки донанд, вале ба мактуб навиштанам ҳоҷат намонд. Дере нагузашта, худам ба Туркия рафтам. Туҳфаи гаронбаҳоро низ ҳамроҳи худ бурдам.

Ман дараки зурриёти Шомилро ёфтам, аммо дидор муяссар нашуд. Ба ман гуфтанд, ки як абераи имом ба куҷое рафтааст, шояд ба Макка бошад. Абераҳои дигараш Наҷоват ва Наҷият ҳам ба назди ман набаромаданд. Якеро гуфтанд, ки сардард аст, дигареро гуфтанд, ки хуруҷи дил гирифтааст… Хоки кишварамро ба кӣ диҳам? Дар он ҷо боз аварҳо буданд, вале онҳо Доғистонро ихтиёран тарк карда буданд. Он дам ман фаҳмидам, ки Шомили онҳо дигар будасту Шомили ман дигар.

***

Вақте ки Шомил дар кӯҳи Ғуниб истеҳком сохт, ӯро ягон илоҷи таслим кардан набуд, аммо хоине ёфт шуд, ки ба душман пайроҳаи махфиро нишон дод. Фелдмаршал княз Барятинский ба он кӯҳтистонии хиёнатгар тилло инъом кард.

Баъдтар, вақте ки Шомил дар Калуга буд, хоин ба хонаи падар баргашт, аммо падар гуфт:

-Ту кӯҳистонӣ не, ту одам не, ту-хоин. Ту писари ман нестӣ!

Падар инро гуфту писарро сар зад ва сари ӯро ҳамроҳи тилло аз болои шах ба рӯд партофт. Падар ҳам дар авули худ дигар истодаву ба чашми мардум нигариста натавонист. Ӯ аз кирдори писараш нанг мекард. Ба куҷое сарашро гирифта рафт ва аз ҳамон вақт инҷониб аз ӯ ному нишоне нест.

Кӯҳистониён ҳоло ҳам, агар гузорашон ба ҷойи сари хоинро партофтагӣ афтад, санг афканда мегузаранд. Мегӯянд, ки ҳатто парандагон ҳангоми аз болои ин шах гузаштан чунин садо медиҳанд: "Хоин, хоин!"

(идома дорад)

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi